АЗ ӮЗБАКИСТОН БА ДОДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШИКОЯТ МЕБАРЕМ
Олимҷон Салимзода, раиси кумитаи равобити байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоъоти Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ дар бораи ихтилофоти байни Тоҷикистону Ӯзбакистон назароташро баён кард. Вай дар мусоҳиба бо ҳамкорамон Искандари Фирӯз аз ҷумла изҳор дошт, ки дар сурати идомаи эҷоди мавонеъ аз сӯйи Ӯзбакистон, мақомоти тоҷик водор мешаванд аз ин кишвар ба додгоҳҳои байналмилалӣ шикоят бубаранд.
Оқои Салимзода, таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Дар атрофи тарҳҳои энержии Тоҷикистон ҳоло дар Ӯзбакистон сару садоҳои мухталифе пахш мешаванд. Таъкид мешавад, ки гӯё иҷрои ин тарҳҳо ба кишварҳои поёноби минтақа таъсири манфӣ хоҳад дошт. Инсофан, бояд бигӯем, ки дар сурати иҷрои ин тарҳҳо мушкилоти аслии Тоҷикистон, яъне камбуди нерӯи барқ дар ин кишвар, ҳал мешавад.
Аз сӯйи дигар, тавлиди нерӯи барқи обӣ, ки беолоиш аст, бозгӯйи талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масоили муҳити зист ва таъмини нерӯи барқи арзон барои кишварҳои минтақа ҳам ҳаст. Ҳамчунин, ҳоло ҷониби Ӯзбакистон бо фаъолияти корхонаи олуминиюми Тоҷикистон низ мухолифат мекунад, ки гӯё он фазои атрофро олуда мекунад. Ин ҳам баҳонаест, ки воқеъият надорад.
Таъаҷҷуб мекунам, ки чаро ҷониби Ӯзбакистон ин масоилро 10-15 сол қабл матраҳ накарда буд ва акнун дар ин замина иқдом мекунад? Вале мутмаинам, ки фаъолияти “Талко” ба вазъи муҳити зисти минтақа ҳеҷ таъсири манфие надорад. Аз сӯйи дигар, дар ширкати “Талко” теъдоди зиёде атбоъи ӯзбак, рус ва тоҷик кор мекунанд ва мутмаинам, ки дар оянда ин ширкат ҳамчунон бо номи “корхонаи дӯстӣ” боқӣ хоҳад монд.
Вале ҷониби Ӯзбакистон бо пеш овардани баҳонаҳои маснуъӣ, монеъаҳоеро барои Тоҷикистон эҷод кардааст, ки ҳадафи аслии онҳо ҷилавгирӣ аз сохтмони нерӯгоҳҳо мебошад. Чунин монеъасозӣ ва баҳонапешоварӣ дар фазои беолоиши минтақа халал ворид месозад.
Манзур аз монеъасозӣ, ки Шумо мегӯед, таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон дар Ӯзбакистон аст?
Дуруст. Ҳоло ҷониби Ӯзбакистон бо чунин баҳонае пеши роҳи қаторҳои Тоҷикистонро гирифтааст ва онҳоро моҳҳо дар қаламрави худ нигоҳ медорад. Ин хилофи қавонини байналмилалӣ аст, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбакистон онҳоро тасвиб кардаанд. Коло ва маводди ин вогунҳо ҳама барои “Роғун” нест. Бештари он вогунҳо ҳомили маводди сӯхт барои кишоварзон ва ё ғизо аст. Ва он ҳам умдатан моли тоҷирон мебошад, на давлати Тоҷикистон. Фикр мекунам давлати Ӯзбакистон бояд сареъан сари ин мушкил андеша кунад, зеро ин ду кишвар бояд ҳамвора сунани неки ҳамсоягиро ҳифз кунанд. Батакрор мегӯем, ки Тоҷикистон ҳаргиз алорағми манофеъи кишварҳои ҳамсоя иқдоме анҷом нахоҳад дод.
Фикр мекунед, дар зудтарин фурсат ин мушкил ҳалли худро хоҳад ёфт?
Дар дунё коре нест, ки ҳалли худро надошта бошад, аз ҷумла, ин мушкил низ. Боздошти вогунҳо мухолифи муқарарроти байналмилалӣ аст. Фикр мекунам, ки аз ин амр бояд ҳарчи зудтар бо мудохилаи созмонҳои байналмилалӣ аз роҳи музокирот ва гуфтушунидҳои диплумотик ҷилавгирӣ шавад. Монеъа дар роҳи қатор бояд ҳарчи зудтар рафъ шавад, дар акси ҳол ҷониби Ӯзбакистон бояд ҷарима шавад. Гузашта аз ин, манъи вогунҳо ба суди ин кишвар ҳам нест, зеро даромадҳоеро аз даст медиҳад.
Оё Тоҷикистон метавонад Ӯзбакистонро барои ин амр ба додгоҳ бикашад?
Чаро не? Ин дурандешии тоҷикӣ аст, ки давлати Тоҷикистон бо мулоҳизоти ҳамсоягӣ то ҳол ба ин иқдом рӯ наовардааст. Вале идомаи таъвиқи вогунҳо ва хароб шудани мавод ва колоҳои тоҷикистонӣ моро водор месозад, ки ночор ин қазияро ба додгоҳҳои байналмилалӣ бикашем.
Оқои Салимзода, ҳаводиси ахир дар Қирғизистонро чи гуна арзёбӣ мекунед?
Тоҷикистону Қирғизистон, ки кишварҳои ба ҳам дӯст мебошанд, ҳаммарз низ ҳастанд ва ба ин далел ҳаводиси ахир дар ин кишвар моро нигарон сохтааст. Мақомоти тоҷик пайваста ҷараёни ин ҳодисаро пайгирӣ мекунанд ва умедворем, ки куллияи масоили ин кишвар дар чаҳорчӯби қавонин сурат бигирад.
Ҳарчанд ин ҳама ҳаводис умури дохилаи ин кишвар маҳсуб мешавад, вале мо хоҳони барқарории ҳарчи зудтари субот дар Қирғизистон ҳастем ва мутмаинем, ки мардуми қирғиз ҳаргиз роҳи хушунатро пеш нахоҳад гирифт.
Ба назари Шумо, сабаби сар задани ин ҳодисаҳо чӣ аст?
Ҳоло корширносон дар ин бора назароти мухталифе ироа мекунанд, вале ҳанӯз як назари муштараке пешниҳод нашудааст. Ба назари ман, мушкилоте, ки ҷомеъаи Қирғизистон бо он рӯбарӯ шуд, хосси кишварҳои дигари минтақа ҳам ҳаст. Бо ин вуҷуд, таҳлили амиқи ҳаводиси Қирғизистон фурсати бештареро мехоҳад, то коршиносон тавонанд куллияи омилҳои ин амрро матраҳ кунанд.
Вале фикр намекунед, ки дар ҳаводиси Қирғизистон омилҳои хориҷӣ низ буданд?
Чунин назарот ҳам ҳастанд. Вале чун ман дар дохили Қирғизистон набудам, ҳоло аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ мекунам.
Аз сӯҳбати Шумо сипосгузорам.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/2128-2010-04-16-17-00-17.html