13:13:37 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/21_--01-a-aaaaaaima-2-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/21_--01-a-aaaaaaima-3-3.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/21_--01-a-aaaaaaima-2-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/21_--01-a-aaaaaaima-2-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/21_--01-a-aaaaaaima-3-3.jpg'

ҲАМКОРИИ МАҚОМОТҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ТОҶИКИСТОН БО САФОРАТИ ИМА

21 апрел Сафир Кен Гросс 22 корманди Вазорати корҳои дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хатми барномаи дуҳафтаинаи таълимии оиди тафтишоти воқеаҳои террористӣ табрику таҳният намуд. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида барои гузаронидани барномаи таълимии мазкур ба миқдори умумии 101 500 доллари амрикоӣ саҳм гузоштааст.

 

Курси таълимии оиди тафтишоти воқеаҳои террористӣ сеюм курси Кӯмаки зиддитеррористии (ATA) соли 2010 мебошад, ки аз ҷониби Идораи минтақавии амнияти ИМА сарпарастӣ мешавад. Аз соли 2002 инҷониб беш аз 350 кормандони расмии Тоҷикистон ба фаъолияти таълимии таҳти сарпарастии ATA фаро гирифта шудаанд, ки хазинаи он  маблағи умумии 6 миллион доллари амрикоро ташкил медиҳад. Барномаҳои таълимӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон доир мегарданд.

 

Сафири ИМА Гросс иброз дошт, ки Иёлоти Муттаҳида муносиботи ҳасанаи  худро бо Ҳукумати Тоҷикистон қадрдонӣ мекунад ва мунтазири ҳамкории давомнок ва дастовардҳои умумӣ аст. Кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва прокурорҳо фаҳмиши худро оиди усулҳои ҳуқуқӣ ва дар сатҳи байналмиллалӣ эътирофшудаи гузаронидани пурсиши шахсони гумонбари терроризм такмил доданд.

 

Курси таълимӣ таҷрибаи кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро дар мубориза бо  терорризм тавассути таъқиби бомуваффақияти қонунии террористон дар судҳои байналмиллалӣ ва Тоҷикистон бой намуд.

 

Бахши Барномаи кӯмаки зиддитеррористӣ соли 1983 дар ҳайати Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис ёфтааст. Он механизми муқими Ҳукумати ИМА мебошад, ки ба ҳукуматҳои ҳамкори муборизи фаъоли зидди терроризм барномаҳои таълимӣ, таҷҳизот ва технологияро таъмин мекунад.

 

Курси таълимии тафтишотии мазкур яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакдиҳанда мебошад, ки Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз номи мардуми Амрико амалӣ менамояд. Аз соли 1993  халқи Амрико барои барномаҳои кӯмакдиҳандае, ки рушди иқтисодӣ, ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва системаҳои амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, беш аз 900 миллион доллари амрикоӣ пешкаш намуд.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2167-2010-04-21-18-53-52.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854