ОСИЁИ МИЁНА МАЙДОНИ БАРХӮРДИ ҚУДРАТҲОСТ
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи муштараки маҷолиси улё ва суфлои порлумон эълом кард, ки Тоҷикистон кишварҳои ҳамсояаш дар Осиёи Марказиро ҳаргиз беоб нахоҳад гузошт. Дар ҳоле ки кишварҳои болооб ва поёноби рӯдхонаҳои фаромарзии Сир ва Омӯ бар сари шеваи истифода аз манобеъи оби минтақа ихтилофи назар доранд, таҳлилгарон аз бурузи ихтилофоти эҳтимолии густардатаре миёни ин кишварҳо дар оянда ҳушдор медиҳанд.
Тоҷикистону Қирғизистон аз захоири зиёди об бархӯрдоранд, вале Ӯзбакистону Туркманистон ва Қазоқистон заминҳои фарохе доранд, ки ба об ниёз дорад. Бавижа, Ӯзбакистон, барои обёрии мазореъи густардаи панбааш ниёзманди об аст.
Аммо Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз захоири нефту гоз бебаҳраанд, мехоҳанд аз энержии обӣ барои таъмини ниёзҳои худ истифода кунанд. Ба ин тартиб, Президент Раҳмон дар посух ба нигаронии кишварҳои поёноб, бавижа Ӯзбакистон, аз коҳиши эҳтимолии обитминон додааст, ки кишвараш монеъи ҷараёни об ба ин кишвар нахоҳад шуд.
"Майдони бархӮрди қудратҳо"
Қабл аз ин, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаводиси ахири Қирғизистон ишора кард ва гуфт, ки кишвараш хоҳони барқарории ҳарчи сареъи сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя аст. Вай гуфт: "Ҳаводиси Қирғизистон барои мо боъиси нигаронӣ набуда наметавонад, ҳарчанд ин кори дохилии онҳост. Мардуми мо чунин ҳаводисеро аз сар гузарондааст. Мо медонем, ки чи оқибат дорад ва мо хостори ба эътидол омадани вазъият дар онҷо ҳастем. Мо ҳамсоя ҳастем."
Оқои Раҳмон ҳамчунин гуфт, ки ҳаводиси Қирғизистон нишон медиҳад, ки Осиёи Миёна бори дигар дар майдони бархӯрди абарқудратҳо ва рақобатҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Бисёре аз соҳибназарон мегӯянд, ки сарнагунии Қурбонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистон, дар пайи ошӯбҳои хушунатомези ахир, раҳбарони кишварҳои дигари минтақаро низ ваҳшатзада кардааст, дар ҳоле ки мардуми ин кишварҳо бо эҳсоси ҳамдилӣ ба қирғизҳо менигаранд.
Аммо Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, ахиран дар ҷараёни дидораш бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, гуфт, ки чунин арзёбии таҳлилгарон "бемаънӣ" аст. Вай афзуд, ки ҳар кишвари минтақа шароити хосси худро дорад ва итминон дод, ки "касе дар Ӯзбакистон бо мардуми озодипарасти қирғиз ҳамраъй нест" ва вуқӯъи чунин ҳаводисе дар кишвари ӯ баъид аст.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бораи ҳаводиси Қирғизистон то кунун ибрози назар накарда буд, ба назар мерасад, ки аз вазъияти ин кишвари ҳамсоя ва эҳтимоли густариши бесуботӣ ба кишварҳои дигари минтақа нигарон аст.
Оқои Раҳмон гуфт, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар тӯли таърихи даврони истиқлолаш ҳаргиз тағйир накарда ва ин кишвар ҳамчунон хоҳони он аст, ки минтақаи Осиёи Миёна "на нуқтаи бархӯрдҳои ҳассоси абарқудратҳо", балки "нуқтаи пайванди онҳо" бошад. Вай хитоб ба мардум ва мақомоти Тоҷикистон низ гуфт дар чунин шароити ҳассос бисёр муҳтот бошанд ва ҳар гомеро дидаву санҷидабардоранд: "Мо бояд ҳамаи корҳоро ба нафъи халқу ватани худ анҷом диҳем."
Ба ин тартиб, дар ҳоле ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаводиси ахири Қирғизистонро бештар ба авомили хориҷӣ иртибот медиҳад, ҷомеъашиносон таври дигар фикр мекунанд. Онҳо муътақиданд, ки фақр ва фасоди густарда мардуми қирғизро ба сарнагунсозии давлати Боқиев водор кардааст ва дар сурати беҳбуд наёфтани зиндагии мардум вуқӯъи чунин ҳаводисе дар кишварҳои ҳамсоя низ баъид нест.
"Худамон ҳал кунем"
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ишора ба нақши авомили хориҷӣ ҳамчунин кишварҳои минтақаи Осиёи Миёнаро ба ҳаллу фасли муштараки мушкилоти мавҷуда бидуни дахил сохтани кишварҳои дигар фаро хонд ва гуфт, ки "касе мушкилоти моро беҳтар аз мо намефаҳмад."
Сипас, вай нигарониҳои бархе аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбакистон, дар мавриди иҷрои тарҳҳои энержии обиро бепоя хонд ва гуфт "Тоҷикистон ҳаргиз қасди яккатозӣ дар ин майдонро надорад" ва манофеъи кишварҳои ҳамсояашро ба назар хоҳад гирифт.
Оқои Раҳмон афзуд, ки Тоҷикистон омодагии худро барои анҷоми таҳқиқоти иқтисодию иҷтимоъӣ, фаннӣ ва зистмуҳитии тарҳи "Роғун" иброз дошта ва худи ӯ шахсан пас аз имзои як санади ҳусни тафоҳум бо Бонки Ҷаҳонӣ дар ин бора ба ҳамаи кишварҳои ҳамсоя иттилоъ додааст.
Аммо ба гуфтаи вай: "Мо аз СММ ва созмонҳои дигари молии байналмилалӣ хостем, ки бозрасии фарогире дар мавриди системи куҳнаи обрасонӣ дар минтақа, вазъи истифодаи муассир аз захоири об ва вазъи зистмуҳитии он анҷом диҳанд, то ба иттиҳомоти бепоя посух дода шавад."
Ишораи оқои Раҳмон дар ин ҷо ба кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон аст, ки ҳамвора бо иҷрои тарҳи нерӯгоҳи обии "Роун" ибрози мухолифат карда ва коҳиши эҳтимолии оби рӯдхонаи Омӯ дар пайи иҷрои ин тарҳро хатаре ҷиддӣ барои арсаи кишоварзӣ ва муҳити зисти минтақа хондааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин иддаъои Тошкандро такзиб карда ва баръакс худи Ӯзбакистонро ба истифодаи номуассир аз манобеъи об, ки боъиси хушкшавии дарёчаи Орол шуда, муттаҳам мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ишора кард, ки Тоҷикистон бо вуҷуди захоири бузурги обӣ танҳо 5-7 дарсади ин захоирро масраф мекунад ва бунёди нерӯгоҳҳо дар ин кишвар ҳеч хатаре барои ҳамсоягон эҷод намекунад. Вай бо ишора ба эҳтимоли вахим шудани вазъи таъмини оби тоза дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар оянда гуфт: "Пешниҳоди мо дар мавриди таъмини оби тозаи ошомиданӣ аз кӯли Сарез ҳануз ҳам побарҷост."
"Мо нефту гоз надорем"
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз кишварҳои ҳамсоя даъват кард, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки Тоҷикистон захоири бузурги нефту гоз надорад ва барои таъмини энержӣ танҳо ба истифода аз захоири обияш ниёзманд аст, вазъияти ин кишварро бадурустӣ дарк кунанд.
Вай афзуд: "Мо ҳаққи зиндагии осуда дорем. Тибқи ойиномаи СММ ҳар кишвар метавонад аз сарватҳои табиъие, ки дорад ба нафъи мардум ва кишвараш истифода кунад. Тоҷикистон ҳам аз захоири энержии обӣ истифода хоҳад кард, аммо ҳамсоягонашро беоб нахоҳад гузошт!"
Клик Гузориши қаблӢ дар ин бора
Президент Раҳмон дар паёми худ ба порлумон ҳамасола масоили мухталифи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоъии Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Вай ин бор ҳам зимни ишора ба масоили мавҷуд дар Афғонистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостори поён додан ба ҷанг дар ин кишвар аз роҳи мутамаддинона ва музокироти сулҳомез ва кумак ба мардуми фақиру камбизоъати афғон шуд.
Оқои Раҳмон зимни суханронӣ дар порлумон ба нақши Эрон дар пешрафти иқтисодии Тоҷикистон ишора кард ва аз тарҳҳои ҳамкории иқтисодию фарҳангӣ, ки бо ин кишвар иҷро мешаванд, ёдовар шуд.
Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки Тоҷикистон равобиташ бо ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро бар пояи сиёсати дарҳои боз ба роҳ монда ва ба ин сиёсат идома медиҳад. Телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон суханронии Президент Раҳмон дар ҷаласаи муштараки маҷолиси улё ва суфлои порлумонро ба таври мустақим аз толори Маҷлиси Олӣ пахш карданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2186-2010-04-25-13-19-06.html