01:10:46 03-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/07_--01-a-aaaaaaimamaliislam283.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/07_--01-a-aaaaaaimamaliislam283.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/07_--01-a-aaaaaaimamaliislam283.jpg'

“РАҲМОН ВА КАРИМОВ БОЯД ЯКБАЯК МУЗОКИРА КУНАНД"

Гурӯҳе аз коршиносон мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон дар таблиғоти байналмилалии тарҳи “Роғун” ноком шуда ва гузашта аз ин, мудирияти ин кишвар натавонистааст мақомоти Ӯзбакистонро дар мавриди эмин будани ин нерӯгоҳ мутақоъид созад. Ин матлаб рӯзи панҷшанбеи 6 май дар як мизи гирди коршиносон дар робита бо дурнамои равобити миёни ин ду кишвар, ки ба ибтикори ҳафтаномаи “Нигоҳ” баргузор шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Ба эътиқоди таҳлилгароне, ки дар ин нишаст ҳузур доштанд, барои ҳалли мушкилоти мавҷуд дар равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон раисони ҷумҳурии ду кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов, бояд ба таври мустақим ва як ба як музокира кунанд.

 

Онҳо афзуданд, ки ҳанӯз на ҳамаи зарфиятҳои ҳалли диплумотики ин ихтилофи ду кишвар дар мавриди тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" истифода шудааст. Ба гуфтаи онҳо, тасмими давлати Тоҷикистон барои азсаргирии тарҳи “Роғун” яке аз омилҳои таниш миёни ду кишвар аст. Ин дар ҳолест, ки дидори ахири ҳайъати давлати Тоҷикистон дар раъси Муродалӣ Алимардон, муъовини нахуствазири Тоҷикистон, бо ҳамтоёни ӯзбакаш натиҷае дар пай надоштааст.

 

Манобеъи сафорати Тоҷикистон дар Тошканд гуфтаанд, ки ҷониби Ӯзбакистон дархост кардааст, ки танҳо дар сурати таъвиқи куллияи умури сохтмонӣ ва бозсозӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" омода ҳастанд ба мушкилоти равобити ин ду кишвар расидагӣ кунанд. Аз авохири соли ҷорӣ, ба далоили мухталиф дар қаламрави Ӯзбакистон ҳаракати беш аз як ҳазор вогуни Тоҷикистон ба таъвиқ дароварда шудааст. Коршиносон мегӯянд, ки азсаргирии сохтмони "Роғун" сабаби аслии ин иқдоми мақомоти Ӯзбакистон будааст.

 

Вале ба эътиқоди Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили сиёсӣ, заминаҳо барои ташдиди ихтилофот миёни ин ду кишвар дар замони Шӯравӣ гузошта шуда, баъд аз касби истиқлол буруз кардааст, ки аз ангезаҳои қавмӣ низ орӣ нест. Рашид Ғанӣ, коршиноси дигар, мегӯяд, ки бурузи ихтилофот миёни ҷамоҳири собиқи шӯравӣ амре тибиъист, ки дар фазои сиёсии ин кишвари абарқудрати пешин мушоҳида мешавад. Вай афзуд, ки тира шудани равобити миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон муддатҳо қабл аз тарҳи “Роғун” оғоз шуда буд.

 

Ба эътиқоди Нуралӣ Давлат, сиёсатшиноси тоҷик, дар канори нокомӣ дар таблиғоти тарҳи “Роғун” давлати Тоҷикистон аз кашида шудани ин мавзӯъ ба сатҳи байналмилалӣ низ бо нокомӣ мувоҷеҳ шудааст. Вай мегӯяд баъид аст, ки созмонҳои молии байналмилалӣ аз Тоҷикистон дар мавриди иртифоъи 335-метрии садди обанбори "Роғун" пуштибонӣ кунанд.

 

Саймуддин Дӯстов, раиси сандуқи таҳлилии мавсум ба “ИНДЭМ” мегӯяд, ки бохти Тоҷикистон дар таблиғоти байналмилалии тарҳи “Роғун” натиҷаи фаъолияти ғайримуассири мақомоти давлатист. Вай афзуд: “Агар ба чунин паёмадҳо омода набудем, чаро сохтмони “Роғун”-ро аз сар гирифтем? Чаро натавонистем пешгӯйӣ кунем, ки “Роғун” чунин паёмадҳое хоҳад дошт? Ин ҳама натоиҷи фаъолияти ғайримуассири марказҳои таҳлилии давлатӣ аст”.

 

Бархе аз соҳибназарон гуфтанд, ки нақши Русия дар тирагии равобити миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон муассир аст, зеро давлати Русия бар пояи созишномае, ки бо давлати Тоҷикистон дар соли 1994 имзо кард, бештари саҳмияҳои “Роғун”-ро моли худ медонад. Талабшои Саидзода, коршиноси мустақил, дар ин замина иддаъо дорад, ки “ин Русия аст, ки Тоҷикистону Ӯзбакистонро ба ҳам ҷанг меандозад”.

 

Зимнан, соле қабл Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, зимни боздид аз Ӯзбакистон аз мавқеъи давлати ин кишвар дар қиболи тарҳҳои энержии Тоҷикистон ва Қирғизистон пуштибонӣ карда буд, ки ин иқдом боъиси тирагӣ дар равобити миёни Душанбе ва Маскав ҳам шуда буд.

 

Вале Қосими Бекмуҳаммад ин иддаъоро қабул надорад. Вай бар ин назар аст, ки “мушкилоти аслӣ дар равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон ба шахсияти ҳар ду президент рабт дорад”. Ва музокироти мустақими онҳо низ натоиҷе дар пай нахоҳад дошт.

 

Дар идомаи ин мавзӯъ Рашид Ғанӣ изҳор дошт, ки ин ду раиси ҷумҳур мушобеҳи ҳамдигар ҳастанд, зеро аз манофеъи миллии кишварҳои худ дифоъ мекунанд. Ва сари як миз нишондани онҳо душвор хоҳад буд.

 

Ширкаткунадагони ин мизи гирд изҳор доштанд, ки давлати Тоҷикистон дар заминаи тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” дигар наметавонад ақабнишинӣ кунад ва барои ҳалли мушкилот бо Ӯзбакистон бояд аз куллияи имконоти диплумотик истифода кунад.

 

Саймуддин Дӯстов гуфт: “Ҳоло дар ин замина имконоти диплумотик боқӣ мондааст. Гузашта аз ин, Тоҷикистон бояд таблиғоти байналмилалии ин тарҳро тақвият диҳад ва ҷомеъаи ҷаҳониро мутақоъид созад, ки иҷрои ин тарҳ барои кишварҳои ҳамсоя ҳеч хатаре нахоҳад дошт”.

 

Бо ин вуҷуд, бархе аз соҳибназарон гуфтанд, ки давлати Тоҷикистон бояд ба ташдиди “муҳосираи иқтисодӣ” аз сӯйи Ӯзбакистон омода бошад. Зеро ба эҳтимоли зиёд, то замони анҷоми бозрасии байналмилалии тарҳи “Роғун” фишорҳои Ӯзбакистон алайҳи Тоҷикистон афзоиш хоҳанд ёфт.

 

Бо ин вуҷуд, дар посух ба ин суол, ки оё имкон дорад мақомоти ду кишвар ба ҳалли низомии ихтилофоти миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тавассул ҷӯянд, Саймиддин Дӯстов гуфт, ки чунин эҳтимол ҳарчанд чандон воқеъӣ ба назар намерасад, вале баъид ҳам нест.

 

Вай афзуд: “Тоҷикистон бояд ба ҳар навъи ҳалли ин қазия омода бошад. Мутмаинам, ки давлати Тоҷикистон низ роҳҳои фишореро дар ихтиёр дорад. Набояд фаромӯш кард, ки дар қаламрави Афғонистон беш аз 2,5 ҳазор аъзои Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон, мухолифони Президент Каримов, қарор доранд”.

 

Дар ҳамин ҳол, ширкаткунандагони мизи гирди рӯзи панҷшанбе изҳори умедворӣ карданд, ки оқоён Раҳмон ва Каримов, раисони ҷумҳурии ду кишвар, дар маросими таҷлил аз 65-мин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони нозӣ дар шаҳри Маскав ширкат ва ин масоилро баррасӣ кунанд.

 

Дар ҳоле ки Ӯзбакистон иҷрои тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистонро барои вазъияти муҳити зист ва арсаи кишоварзии худ зиёнбор медонад, мақомоти тоҷик ин иддаъоро рад карда ва мегӯянд, ки ин тарҳ баръакс ба суди ҳамаи кишварҳои минтақа аст ва ҳадафи Тошканд мамонеъат аз пешрафти Тоҷикистон аст.

 

Бар хилофи Ӯзбакистон, ки аз захоири зиёди нафту гоз бархурдор аст, Тоҷикистон аз камбуди энержӣ дар фасли зимистон ҳамвора ранҷ мебарад ва мақомоти ин кишвар мехоҳанд бо истифода аз манобеъи ғании энержии обӣ мушкилоти худро ҳал кунанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2259--q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854