01:13:13 03-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/10_--01-a-aaaaaaauzbakistonu-tojokiston-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/10_--01-a-aaaaaaauzbakistonu-tojokiston-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/10_--01-a-aaaaaaauzbakistonu-tojokiston-2.jpg'

УЗБАКИСТОН БОЗ 55 ВАГОНИ ХАТЛОНРО РАҲО КАРД

Субҳи имрӯз, 10-уми май, боз 55 вагони дигар, ки ҳомили маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ буданд, аз Узбакистон вориди вилояти Хатлон шуданд. Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, мегӯяд, як рӯзи пас аз офат Узбакистон 96 вагони дигари ҳомили орду равған ва дигар маводи ғизоиву масолеҳи сохтмониро ба Хатлон фиристода буд. Расонаҳои Узбакистон навиштаанд, ин тасмим бар пояи ёрии сареъ ба мардуми зарардидаи Кӯлоб аз сел гирифта шудааст.

 

Маводи сӮхт ҳанӮз иҷозаи убур наёфтааст

Ҷаноби Қаландаров мегӯяд, дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар ин шабу рӯз ба маводи сӯхт ниёзи шадид дорад, то ба ҳол вагонҳои ҳомили маводи сӯхти Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон дар банд мондаанд. Ин дар ҳллест, ки Тоҷикистон ҳам барои анҷоми корҳои кишоварзӣ ва ҳам барои расонидани кӯмак ба осебдидагон ва рафъи оқибатҳои офтаии табиӣ дар ноҳияҳои кишвар беш аз ҳар вақти дигар ба маводи сӯхт ниёз дорад.

 

Тибқи оморе, ки ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар даст доштааст, дар маҷмӯъ дар хоки Узбакистон 995 вагони дигари равона ба самти Хатлон мунтазири иҷозаи мурур истодааст. Шумори умумии вагонҳои Тоҷикистон, ки дар Узбакистон дар банд мондаанд, қариб 2.000 номида мешаванд.

 

Ин дар ҳолест, ки дирӯз мақомоти Тоҷикистон аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо тақозо карданд, ки барои ҳалли мушкили боздошти вагонҳо аз сӯи Узбакистон кумак кунад. Пештар Тоҷикистон аз Созмони Милали Муттаҳид низ хостори кумак дар ин масъала шуда буд, вале мушкил роҳи ҳал пайдо накард.

 

Сафари ба Тошканд авохири моҳи гузашта анҷомдодаи ҳайати давлати Тоҷикистон бо роҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазир, кадом натиҷае ба бор наоварда буд. Боздошти вагонҳои молу колои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон аз авохири моҳи феврали соли ҷорӣ баъд аз он ки ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун сармояи мардумро ҷалб кард, шурӯъ шуд.

 

Зеро Ӯзбакистон бо сохтмони нерӯгоҳи Роғун мухолифат мекунад ва мегӯяд, бунёди ин нерӯгоҳ бо чунин зарфият ва сарбанд хатароти зистмуҳитӣ дар пай дорад. Сарчашмаҳои расмии Тоҷикистон ҳаҷми зарари боздошти семоҳаи қаторҳо дар қаламрави Узбакистонро ҳудуди 100 миллион доллар баровард кардаанд.

 

Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ» 

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2274--55-.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854