17:35:47 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/13_--01-a-aaaaaaairon-tj-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/13_--01-a-aaaaaaairon-tj-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/13_--01-a-aaaaaaairon-tj-2.jpg'

ДИДОРҲОИ ВАЗИРИ ДИФОИ ЭРОН БО МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, зимни пазироӣ аз ҳамтоии эронияш Аҳмад Воҳидӣ, сафари ӯро ба Душанбе бо назардошти шароити таҳаввулоти имрӯзи ҷаҳон, муҳим хонд. Дар посух генерал Аҳмад Воҳидӣ гуфт, густариши ҳамкориҳои низомӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон ба нафъи ҳар ду кишвар хоҳад буд. Ӯ заминаро барои тавсеаи муносиботи низомӣ бо таваҷҷӯҳ ба муштаракоти фарҳангӣ ва забониву таърихии ду кишвар созгор номид.

 

Вазири дифоъи Эрон субҳи имрӯз, 13-уми май, ҳамчунин бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард, вале хабарнигорон ба ин мулоқот роҳ дода нашуданд ва феълан хабаре роҷеъ ба мавзӯъи сӯҳбати раисҷумҳур Раҳмон бо вазири дифоъи Эрон нашр нашудааст.

 

Интизор меравад, пас аз зӯҳри имрӯз Аҳмад Воҳидӣ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ва раисони ҳар ду палати порлумони Тоҷикистон – Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров мулоқот кунад. Ҳамчунин, гуфта мешавад, фардо вазири дифоъи Эрон аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2, ки тавассути ширктаҳои эронӣ бунёд мешавад, дидан мекунад.

 

Собиқаи ҳамкориҳои низомӢ

Собиқаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву техникии Эрон ва Тоҷикистон ба соли 1997 бар мегардад. Аз он сол то кунун Эрон дар омӯзиш додани кадрҳои низомии тоҷик, муҷаҳазсозии техникии нерӯҳои мусаллаҳ ва таъминоти артиши навпои Тоҷикистон кӯмак кардааст. Аз ҷумла, бо мусоидати Эрон корхонаи таҳиякунии либоси низомӣ барои сарбозону афсарони артиши Тоҷикистон роҳандоӣ шуда ва даҳҳо мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои таълимии Эрон омӯзиш дидаанд.

 

Тоҷикистон ва Эрон якдигарро шакирони табиӣ унвон мекунанд. Дар ҳафтаи гузашта таҳти раёсати муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳасан Қашқовӣ як ҳайати ҳукумати ин кишвар барои баррасии имкони лағви низоми раводид миёни ду кишвар ба Душанбе омада буд.

 

Аммо дар мавриди лағви раводид шаҳрвандӣ миёни ду кишвар тавофуқ ҳосил нашуд. Ду ҷониб танҳо барои додани раводиди сесола барои сармоягузорон ва раводиди яксола барои донишҷуён ба тавофуқ даст ёфтанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2294-2010-05-13-10-28-12.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854