03:45:46 01-уми Июни 2025 сол

КАБИРӢ: "ДУНБОЛИ ҲУКУМАТИ ИСЛОМИИ КЛОСИК НЕСТЕМ"

Муҳиддин Кабирӣ, меҳмони ин ҳафтаи барномаи "Ба иборати дигар" аз чаҳор сол пеш раҳбар ва меросдори ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аст, ҳизбе, ки дар корномаи худ ҳам ҷанги дохилӣ дорад ва ҳам сулҳе, ки замоне умед мерафт намунае барои дигар кишварҳои минтақа бошад. Ӯ узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аст ва аз мунтақидони давлат.  Дину давлатро ду унсуре мебинанд, ки бояд ҳамкор бошанд ва дар маркази фаъолияташон, инсон ва каромати инсонӣ бошад. Оё ин ду дар канори фазои сиёсии имрӯзи кишвараш даст ёфтанианд? Ё ӯ ба дунболи фосила аст?

 

-Оқои Кабирӣ, шумо гуфтаед, ки дар интихоботи ахири Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҳизби шумо, Ҳизби Наҳзати Исломӣ, тавониста қалбҳо ва зеҳнҳои мардумро ба даст биёварад, дар ҳоле ки ҳизби ҳоким дигар ҳоким бар қалбҳо ва зеҳнҳои мардум нест. Шумо бар чи асос ин ҳарфро гуфтаед, дар ҳоле ки ҳизби шумо камтар аз ҳашт дарсади ороро дар интихобот ба даст овард?

 

-Мо воқеъан бар ин назар ҳастем, ки ин ҳизби мо дар ин интихобот тавонист қалбҳо ва зеҳнҳоро ба даст биоварад ва ин танҳо назари мо нест ва назари бештари коршиносон ва таҳлилгарони мустақил чи дар хориҷ ва чӣ дар дохил аст.

 

Дар интихоботи қаблӣ як тасаввуроти дигаре аз ислом бахусус аз нерӯҳои сиёсӣ, ки фаъолияти худро бар асоси андешаҳои исломӣ бино ниҳодаанд, вуҷуд дошт, вале мо тавонистем, ки дар ин солҳои ахир як чеҳраи нав аз исломи муъосирро ба мардум муъаррифӣ кунем, ки дар маркази он ҳам инсон, каромати инсонӣ ва шарофати инсонӣ қарор гирифтааст. Мо исломро на ба ҳайси баргашт ба гузашта, балки ба ҳайси ояндаи кишвар ва миллат бо дидгоҳи мусбат муъаррифӣ кардем ва ин ҷавоби худро дод.

 

авобаш ҳашт дарсади оро буд?

 

-На. ҳашт дарсаде буд, ки ҳукумат эълом кард. Вале аслан коршиносон ва худи мо ҳам бар ин назар ҳастем, ки беш аз 40 дарсад ва баъзе коршиносон беш аз 50 дарсади ороро ба мо тахсис доданд.

 

-Яъне шумо дарвоқеъ фикр мекунед, ки орои Ҳизби Наҳзати Исломӣ хӯрда шудааст?

 

ойи шак нест. Дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ин маъмул аст, ки ҳеҷ кас дарвоқеъ намедонад раъйи мардум чи қадар буд. Чун бибинед тамоми аъзои кумиссиюнҳои интихоботӣ аз як гурӯҳ ва аз як ҳизб ва бахусус аз кормандони феълӣ ва расмии давлат таъсис ёфтанд ва воқеъан наметавон гуфт, ки интихобот шаффоф буд ва раъйи мардум куҷо шуд?

 

-Шумо ин эътирозро он мавқеъ ҳам баъд аз интихобот кардед ва ҳатто таҳдид кардед, ки намояндагонатонро ба нишонаи эътироз ба Маҷлиси Намояндагон намефиристед, ҳатто баъд аз интихобот аз Шӯрои ҷамъиятии аҳзоби сиёсӣ ҳам канора гирифтед, вале баъдан ба порлумон рафтанд ва баъдҳо тамоми ин эътирозҳо ба навъе мунтафӣ шуд.

 

-На эътирозҳо мунтафӣ нашуд ва мо ҳанӯз ҳам пайгири масоил ҳастем. Мо се роҳ доштем: роҳи аввал роҳпаймоӣ ва эътирозоти мардумӣ буд, ки маъмулан пас аз интихобот дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ мешуд; роҳи дувум бойкут кардан ва нарафтан ба порлумон буд ва роҳи севум як навъ эътирози сабуктар, ки даст кашидан аз яке аз ниҳодҳои ҷамъиятӣ, ки аҳзоб зери назари парчами мақомоти расмӣ амал мекунанд, ки он ҳам Шӯрои ҷамъиятӣ буд ва мо ба хотири он ки ҳар чи зудтар ин фазои эътирозӣ ва хушунат дар кишвар пойин биравад, мо як гузашти дигаре кардем ва камтарин эътирозе, ки метавонистем бикунем, берун шудан аз Шӯрои ҷамъиятӣ буд

 

Агарчи мо бо ин кори худ нороҳатӣ ва норизоятии бисёре аз мардум, аз ҷумла ҷонибдорони худро ба вуҷуд овардем ва аксаран бар ин назар буданд, ки бояд як эътирози шадидтаре ҳатто бо даъвати мардум ба кӯчаҳо ва хиёбонҳо ҳам мекардем, вале вазъияти кишвар ба ҳадде буд, ки мо наметавонистем бештар аз ин эътироз кунем.

 

Албатта имкон доштем, вале эҳтимоли муташанниҷтар шудани вазъ дар кишвар буд ва мо, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаем ва беш аз сад ҳазор шаҳид дар ин ҷанг доштем, мо намехостем бори дигар кишвар вориди чунин мушкилоте шавад ва бахусус он тарафҳое, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ даст доштанд ва ширкат карданд, ҳанӯз ҳам дар саҳна ҳастанд ва эҳтимоли он аст, ки бори дигар...

 

-Дарвоқеъ шумо маслиҳатандешӣ кардед ва фикр кардед, ки маслиҳати кишваратон дар ин аст, ки бештар эътироз накунед, вале ин мумкин аст ҳамон тавр, ки худатон гуфтед иддаеро аз дохили ҳизбатон мунзавӣ кунед ва фикр кунанд, ки шумо ба андозаи кофӣ родикол нестед ва муқовимат намекунед барои худ?

 

Бибинед, тақрибан дар дохили Ҳизби Наҳзат аксаран ба ин натиҷа расиданд, ки мавзеъгирии раҳбарият дуруст буд, вале эҳтимол дорад, ки дар хориҷ аз ҳизб, аз ҷонибдорони мо, касоне, ки ба мо раъй доданд, ин андеша дар онҳо бештар пайдо шавад ва дарвоқеъ ин интиқодро мо бештар аз хориҷ аз ҳизб мегирем.

 

Мо дар оянда бояд барномарезӣ кунем ва мардумро тавҷеҳ кунем, ки чаро ин мавзеъгириро кардем ва ба хотири чӣ? Албатта манофеъ ва маслиҳатҳои мардумӣ ва кишвар болотар аз манфиъатҳои ҳизби сиёсии мо буд; вагарна мо ҳизби кучак ва заъифе нестем, ҳадди ақал мо чиҳил ҳазор узви расмии ҳизб дорем ва шумори ҷонибдорони мо ба садҳо ҳазор нафар мерасад, вале хуб билохира бояд як ҳизб ва бахусус раҳбарият ҳавои онро дошта бошад, ки манфиъатҳо ва маслиҳатҳои миллӣ ва мардумиро болотар аз маслиҳатҳои ҳизбӣ бигзорад ва битавонад ҷонибдорҳои худро, бахусус ҷонибдорҳое, ки хоҳони иқдомоти родикол ҳастанд, онҳоро мутақоъид бисозад, ки чаро як мавзеъгириро мекунад, то имрӯз худоро шукр раҳбарияти ҳизб тавонистааст , ки бо мардуми худ ва ҷонибдорони худ як гуфтугӯйи солим дошта бошад.

 

-Оқои Кабирӣ, ҳизби шумо як ҳизби исломӣ аст, ин ба он маъност, ки шумо ба дунболи ташкили як ҳукумати исломӣ масалан аз навъи Эрон ҳастед?

 

-Бубинед, мо намехоҳем дар ин маврид ҳеҷ кишвареро ба унвони намуна мисол бизанем, чун Тоҷикистон шароити хоси худро дорад ва ҳизби мо ҳам аз он ҷумла. Вале мо як ҳизби сиёсӣ ҳастем дар заминаи арзишҳои миллӣ, мазҳабӣ ва умури башарӣ, дуруст аст, ки ин номи таърихиро мо аз чиҳил сол қабл мерос гирифтем ва ҳанӯз ҳам ба он фахр мекунем ва онро дорем, вале дидгоҳҳои мо каме бо тамоми кишварҳои минтақа ва аҳзобе, ки дар ҷаҳони исломи имрӯз вуҷуд дорад, фарқ мекунад,

 

Мо дунболи таъсиси як ҳукумат ё давлати клосики исломӣ нестем, ки имрӯз дар ҷаҳон маъруф аст. Барои мо арзишҳо, вуҷуди каромати инсонӣ, мусулмонҳо, дини болотар ва муҳимтар аз як сохтори давлат аст ва чаро Ҳизби Наҳзат то ҳоло талоши зиёде барои ворид шудан ба ҳукумат накард, ба далели ин ки маншаи динӣ ва миллӣ ва арзишҳо боъис шуд, ки мо аз рафтан ба майдон ва хиёбонҳо худдорӣ кунем.

 

Рафтан ба майдон ва хиёбонҳо танҳо эътироз нест, балки дар бархе кишварҳо барои расидан ба қудрат ҳам ҳаст. Бояд аввал ин масоил ҷойи худро дар ҷомеъа пайдо кунад. Ин гуфтугӯйи дину давлат, дину сиёсат, ҷузви фарҳанги ҷомеъа бошад, баъд мардум ба ҳар чи раъй доданд, мо ҳамонро қабул мекунем.

 

-Яъне дар дарозмуддат шумо мантиқӣ намедонед, ки мехоҳед як ҳукумати исломӣ барқарор кунед, вале дар кӯтоҳмуддат мехоҳед мардумро аз он исломе, ки шумо намояндагӣ мекунед, огоҳ кунед?

 

-Дар дарозмуддат мо инро истисно намекунем, ки Ҳизби Наҳзат ба сари қудрат меояд. Вале байни сари кор омадани мо ва ташкили як давлати исломӣ тафовут ҳаст. Боз ҳам такрор мекунам, ки мо дунболи ном нестем. Шумо номи як кишварро се бор пушти сари ҳам исломӣ бигзоред: давлати исломӣ, порлумони исломӣ ва кишвари исломӣ; вале мумкин аст дар он ҷомеъа аслан ислом, арзишҳои исломӣ, каромат ва шарофати исломӣ ҷойгоҳе надошта бошад ва баръакс шумо метавонед номи исломро дар ҳеҷ санаде зикр накунед, аммо ин арзишҳоро дошта бошед.

 

ҷоза бидиҳед суоли худро ба шакли дигаре такрор кунам. Шумо мегӯед, ки дар интихоботи Тоҷикистон шумо ҳатто наздик ба шаст дарсади ороро доштаед. Ба гуфтаи шумо, агар интихобот шаффоф ва одилона баргузор шуда буд, шумо алон аксариятро дар порлумон доштед ва қудратро ба даст мегирифтанд. Агар қудратро ба даст мегирифтед, нақши ислом дар шеваи ҳукуматдории шумо чи буд?

 

-Аввалин коре, ки мо мекардем, ин буд, ки қонуни асосии кишварро дуруст ва ба таври шояду бояд амалӣ мекардем, ки дар он ҳеҷ сухане дар бораи ислом ҳам нест. Аввалин коре, ки як ҳизби сиёсӣ бикунад, ин аст, ки волоияти қонунро таъмин кунад. Ҳар чи ки қонун бошад. Мушкил ин нест, ки он қонун бад аст ё хуб аст, муҳим ин аст, ки он қонун амалӣ шавад. Ҳатто амалӣ шудани бадтарин қонун беҳтар аз як қонуни хуб аст, ки амалӣ намешавад.

 

Баъдан меоем суроғи ҷойгоҳ ва мақоми ислом дар ҷомеъа. Тоҷикистон худаш як кишвари исломӣ аст ва ҳеҷ ниёзе ба он надорад, ки мо бори дигар исломро ба мардум муъаррифӣ кунем. Мардум худашон доранд бо арзишҳои исломӣ зиндагӣ мекунанд, фақат бояд як каме онро рӯшантар кард ва баъзе истондордҳои дугонаро, ки дар ҳаёти мардум вуҷуд дорад, аз байн бурд. Барои мисол масъалаи никоҳ ва талоқи мардуми тоҷик, комилан бар асоси шариъати исломӣ анҷом мешавад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854