16:04
бо вакти Душанбе
06-уми Феврали 2012 сол
 

Бозори арз

10 RUR — 0.1579 TJS
1 USD — 4.7581 TJS
1 EURO — 6.3024 TJS
2012-02-06

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829       
МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАГОНИ СММ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Мақолаҳо - Сиёсат
07.06.2010 20:56

Ду намояндаи баландпояи СММ як рӯз қабл аз оғози нишасти байнулмилалии «Об барои ҳаёт» дар Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон мулоқот карданд ва таваҷҷӯҳи ҳарду ба масъалаи мушкили кишварҳои минтақа дар бахши обу энержӣ буд.

 

Корӣ Удовичкий, раҳбари минтақавии барномаи СММ дар умури кишварҳои Аврупо ва кишварҳои Муштаракулманофеъ, гуфт, ҳоло яке аз мушкили аслии байни Душанбе ва Тошканд масъалаи манъи вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон аст, ки мутаасифона СММ имкони мустақими мусоидати ҳалли ин масъаларо надорад. Вай таъкид кард, ки танҳо музокира миёни ҷонибҳо метавонад роҳро тахту ҳамвор созад.

 

"Роҳи ҳалли масоили обу энержӢ гуфтушунид аст"

Намояндаи дигари ин созмон, муовини дабири кулли СММ Ша Тсу Кан низ гуфтушунид миёни Тошканду Душанберо ба вижа дар масъалаи истифодаи обу энержӣ роҳу дуруст шуморид. Вай гуфт, президенти Тоҷикистон аз вай хоҳиш кардааст, ки таваҷҷӯҳи ҳамаи кишварҳои аъзои СММ-ро барои ҳалли мусбати масоили Осиёи Марказӣ дар бахши обу энержӣ ҷалб созад.

 

Вай афзуд, «ман изҳори омодагӣ кардам, ки бо назардошти ин дархости президенти Тоҷикистон 192 кишвари узви СММ-ро барои ҳалли мушкилиҳои Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна ҷалб созам. Ва ман ба президенти Тоҷикистон таъкид кардам, ки танҳо музокира метавонад роҳи ҳалли масъалаҳои мавҷуд бошад».

 

Ҷаноби Ша Тсу Кан гуфт, ки Созмони Милали Муттаҳид дар омода кардани коршиносони аршад ва фаннӣ барои сохтмони нерӯгоҳҳо ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

 

Интизориҳо аз сафари Раҳмон ба Тошканд

Коршиносни тоҷик низ ягона роҳи ҳалли мушкили Тошканду Душанберо дар масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои азими энержӣ, ба вижа сохтмони нерӯгоҳи Роғун, дар музокира медонанд. Сайфулло Сафаров, муовини Маркази стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, қарор аст дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Шонгҳой дар Тошканд агар мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов сурат бигирад ва мешавад умедвор буд, ки бунбасти дар ин замина ба вуҷуд омада роҳи ҳалли худро пайдо кунад.

 

Ин ҳама дар ҳолест, ки Тоҷикистон рӯзи сешанбе мизбони нишасти байнулмилалӣ дар мавзӯи «Об барои ҳаёт» хоҳад буд. Ин нишаст ду рӯз идома хоҳад ёфт. Дар ин нишаст таҳти сарварии муовини вазири корҳои хориҷии Узбакистон Галина Саидова як ҳайат аз Узбакистон низ ширкат хоҳад кард ва гузориши ӯ дар масъалаи истифода аз захоири обу энержист.

 

Бархе аз таҳлилгарон ба ин назаранд, ки дар ҳошияи ин нишаст имкон дорад гуфтушуниди ду ҷониба дар сатҳи вазоратҳои хориҷии ду кишвар дар масъалаи мушкилиҳои мавҷуд, аз ҷумла масъалаи манъи даҳҳо вагонҳои Тоҷикистон дар Узбакистон, мавзӯи тақсими дурусти захоири оби минтақа ва сохтмони нерӯгоҳҳо, сурат бигирад.

 

Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/2437-2010-06-07-15-58-22.html

 

Миқдори нигориши мавод: 281

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh