ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «БОЯД СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛИРО ҲИФЗ НАМОЕМ»
Ҳозирини арҷманд!
Имрўз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба шарофати сулҳу субот ва фазои осуда ба як ҷабҳаи бузурги бунёдкорӣ ва корзори созандагӣ табдил ёфтааст. ҳоло фақат аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмони беш аз 130 иншоот босуръат идома дорад ва мо дар давоми чанд рўзи охир, яъне дар арафаи ҷашни бузурги Ваҳдати миллӣ, аллакай, якчанд иншооти муҳимро ба истифода додем. Илова бар ин, ҳоло дар қаламрави вилоят ба маблағи қариб 600 миллион сомонӣ даҳҳо лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ шуда истодаанд.
Бояд гуфт, ки маблағҳои барои бунёди муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангиву тиббӣ, инчунин корхонаҳои истеҳсолӣ ҷудошуда ва ҷалбгардидаро танҳо мутахассисони соҳибкасбу соҳибтаҷриба самаранок ва мақсаднок истифода карда метавонанд. Имрўз вазифаи асосии роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мутасаддиёни соҳаи маориф аз он иборат аст, ки ҷавононро ҳарчи бештар ба кор ҷалб намоянд, ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандўстиву ватандории онҳо тамоми тадбирҳои заруриро андешанд.
Мо бояд пойдевори фардоро имрўз гузорем, кадрҳои баландихтисосу ватанпарвар тарбия намоем, таҷрибаи бузурги мактаби ватандории халқамонро дар ниҳоди насли ҷавон ташаккул диҳем ва ба онҳо фаҳмонем, ки Ватани моро ғайр аз худи мо ва фарзандони мо каси дигар обод намекунад. Бадахшон дорои захираҳои дар минтақаи Осиёи Марказӣ бузургтарини оби тоза ва сарватҳои зиёди табиӣ мебошад. Ба ибораи дигар, дар зери кўҳҳои файзбори ин минтақа қариб ҳамаи намудҳои канданиҳои фоиданок мавҷуданд.
Аз ин лиҳоз, рушди соҳаи истихроҷ ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ, бахусус сангҳои қиматбаҳо яке аз соҳаҳои ояндадор ва сердаромад мебошад. Зеро талабот ба сангҳои нодиру қиматбаҳо дар бозори ҷаҳонӣ торафт меафзояд. Бо кушода шудани роҳи мошингарди Хоруғ - Кулма – қароқурум, бунёди пулҳои байнимарзӣ ва бозорҳои наздисарҳадӣ бо Чину Афғонистон робитаҳои тиҷоратӣ ва додугирифти молу маҳсулот, бешубҳа, густариш меёбанд, ки ин боиси ба вуҷуд омадани ҷойҳои нави корӣ, паст шудани нархи молу маҳсулот, афзоиши даромади аҳолӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мегардад.
Бовар дорам, ки сокинони Бадахшон мисли тамоми халқи шарифи Тоҷикистон барои ободии Ватани азизамон азму иродаи созандагӣ ва нерўи бунёдкориашонро дареғ намедоранд, душвориҳои мавҷударо аҳлонаву сарҷамъона бартараф месозанд ва Боми ҷаҳонро ба минтақаи ободу пешрафта ва пойгоҳи замонавии сайёҳиву ҷаҳонгардӣ табдил медиҳанд. Ман беҳуда Бадахшонро борҳо дарвозаи тиллоии Тоҷикистон нагуфтаам. Мардуми Бадахшон чун қуллаҳои маъруфи ин диёри кўҳсор табиатан ботамкину сарбаланд ва соҳибҳунар буда, садҳову ҳазорон ҷавонмардони бонангу номус ва далеру ғаюр доранд, ки мисли фарзандони дигар гўшаҳои кишварамон номи баланди тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ мекунанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар шароити бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва шиддат гирифтани раванди ҷаҳонишавии проблемаҳои сайёра ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу осоиш барои мардуми Тоҷикистон аз ҳар вақти дигар заруртар аст. Зеро таҳкими дастовардҳои истиқлолият, пояҳои давлатдории миллӣ, пуштибонии амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ, хулоса рушди рўзафзуни Ватани азизамон маҳз аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад.
Бинобар ин, мо бояд бештар аз ҳар вақти дигар кўшиш намоем, ки ҳар як соли сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мардуми мо соли пешрафт, дастовардҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсӣ гардида, барои афзудани нуфузу эътибори кишвари азизамон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд. Мову шумо имрўз ҳамбастагӣ ва иттиҳоди сокинони кишвар ва ширкати фаъолонаи онҳоро барои рушду нумўи Ватани азизамон дар ҷодаи роҳсозиву бунёди иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ дида истодаем ва ба ин ҳақиқат бовар дорем, ки халқ нерўи бузург ва эҷодкори тақдири худ аст. ҳеҷ қуввае нест, ки садди роҳи ваҳдату ҳамбастагӣ ва азму иродаи созандаи халқ гардад.
Имрўз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Мо - мардуми Тоҷикистон имкониятҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ ва заминаҳои мусоиди иҷтимоии бунёд ва нигоҳдории ваҳдати миллӣ, сиёсӣ ва диниро дорем, ки истифодаи дурусту бамавқеи онҳо барои ҳама шарт ва зарур аст. ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки бузургиву устуворӣ ва қудрату ғановати ваҳдати миллии мо аз сатҳи худшиносии миллӣ, омўзиш ва корбасти арзишҳои неки миллӣ, ҷанбаҳои созандаи маданияти моддӣ ва маънавии миллат вобастагӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, манфиатҳои умумимилливу умумидавлатиро аз дигар манфиатҳои маҳдуди шахсӣ ва гурўҳиву ҳизбӣ афзал шуморем. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рўзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомўзанд. Дар баробари ин, бояд саъю талош кунем, ки аз ҷараёни босуръати тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ ақиб намонем, наслҳои имрўзу ояндаро ба сўи тамаддуни асрӣ, яъне дастовардҳои илмиву ҳунарӣ, техникаву технологияи муосир, воситаҳои иттилоотии замонавӣ ва омўхтани забонҳои хориҷӣ ташвиқу раҳнамоӣ созем.
Гузашта аз ин, дар рўҳияи ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳ, тамкину таҳаммул, ватандўстиву ватанпарварӣ, донишандўзиву меҳнатдўстӣ ва худшиносиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва қарзи инсонии калонсолону аҳли зиёи мамлакат ва умуман ҳар фарди ҷомеа мебошад. Мову шумо бояд як нуктаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.
Он рўз дур нест, ки мардуми сарбаланду тамаддунсози тоҷик дар фазои сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ, Тоҷикистони азиз - ин кишвари домони гардун ва дорои табиати нотакрори худро ба як давлати пешрафтаву мутамаддин, дорои шабакаҳои замонавии энергетикӣ, инфраструктураи пешрафтаи нақлиёту алоқа, сатҳи хизматрасонии баланд, яъне ба як мамлакати биҳиштосо табдил медиҳанд, ки орзуи дидани он дар дили ҳазорон нафар сайёҳону сокинони сайёра маъво мегирад.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланд ва бонангу номуси Бадахшонро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу хонаободӣ, рўзгори хушу осуда ва сарсабзиву сарбаландӣ орзу менамоям. Бигзор ваҳдати миллӣ ва сулҳу амният дар сарзамини аҷдодии мо ҳамеша пойдор бошад ва аз ҳар хонадони тоҷик ҳеҷ гоҳ файзу баракат канда нагардад!
Бигзор дар сарзамини куҳанбунёди тоҷикон бо мадади рўҳи гузаштагони миллатамон сулҳу амонӣ, файзу баракат ва саодату хушбахтӣ ҷовидон пойдор бошад! Итминони комил дорам, ки мо метавонем ҳама аҳлонаву сарҷамъона тамоми нерўи зеҳнӣ, қудрати ҷисмонӣ ва маҳорату истеъдоди худро ба хотири ободии Ватани азизамон - Тоҷикистон ва таҳкими истиқлолияту давлатдории миллӣ, осудагии мардуми шарифамон равона созем.
Мо ба ояндаи дурахшони Ватан ва зиндагии босаодати халқи азизамон умед баста, ба даргоҳи Худованди мутаол дуо мекунем, ки моро ба ҳадафҳои некамон расонад, ба мардуми сулҳдўсту ваҳдатсози мо пирўзиву сарфарозӣ ва иқболу сарбаландиҳо ато фармояд ва ваҳдати миллии моро ҷовидона гардонад. Ҳамеша комёбу сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!
President.tj
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2568----l-------r.html
- << Қаблӣ
- Баъдӣ