ПРЕЗИДЕНТ РАҲМОН ВОРИДИ СОЧӢ ШУД
Рӯзи чаҳоршанбеи 18 август раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури анҷоми сафаре корӣ вориди шаҳри Сочии Русия шуд. Қарор аст оқои Раҳмон дар нишасти раҳбарони чаҳор кишвари Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат кунад. Дар идомаи сафари худ, Президент Раҳмон бо Дмитрий Медведев, ҳамтои руси худ, низ мулоқоте анҷом хоҳад дод. Манобеъи дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз тавзеҳи мавзӯъоти матруҳа дар ин нишаст худдорӣ карданд ва гуфтанд, ки "куллияи масоили мавриди назари ду кишвар" баррасӣ хоҳанд шуд.
Сергей Приходко, ёвари раиси ҷумҳури Русия, эълом кардааст, ки дар ин нишаст масоили рӯзмарра миёни ин ду кишвар, назири ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, муҳоҷират ва низомӣ, матраҳ хоҳанд шуд. Дар моҳи июни соли 2004 Президент Раҳмон дар шаҳри Сочӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури вақти Русия, мулоқоте дошт, ки ба гуфтаи бархе аз сиёсатшиносон, бо тавофуқоте "ғайрисудманд" барои Тоҷикистон анҷом шуд.
Аз ҷумла, Тоҷикистон бар ивази муъоф шудан аз пардохти бидеҳиҳои 330-милюндулории худ ба Русия, ба ин кишвар иҷоза дод, ки пойгоҳи низомии худро дар Тоҷикистон мустақар кунад. Ҳамчунин, муҷтамаъи назорати фазоии мавсум ба “Окно” ба моликияти Русия даромад. Русия барои иҷораи замини он ҳамасола 30 сенти омрикоӣ ба Тоҷикистон мепардозад.
Русия он замон қавл дода буд, ки ширкати “Русал” дар Тоҷикистон нерӯгоҳи “Роғун”-ро месозад, вале баъд аз се соли “интизориҳо” давлати Тоҷикистон водор шуд қарордоди худ бо ин ширкатро лағв кунад. Дар ду соли ахир, ба гуфтаи коршиносон, равобити Тоҷикистону Русия ба сардӣ гаравидааст. Далели ин амр пуштибонии мақомоти Русия аз мавзеъи Ӯзбакистон дар қиболи тарҳи баҳсбарангези нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистон унвон мешавад.
Ҳамакнун суоли матраҳ ин аст, ки оё Тоҷикистон дар мулоқоти Сочӣ барои беҳтар кардани робитааш бо Русия дубора "гузаштҳое" хоҳад кард ё хайр? Саймуддин Дӯстов, раиси Сандуқи таҳлилии “ИНДЭМ”, мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд ин дафъа низ Тоҷикистон омода аст муъомилоте анҷом бидиҳад.
Аз ҷумла, вай мегӯяд: "Мумкин аст давлати Тоҷикистон барои идомаи ҳузури низомиёни рус дар ин кишвар то 15-20 соли дигар мувофиқат кунад. Ҳамчунин давлат барои гузаштҳое дар мавриди истифода аз фурӯдгоҳи низомии “Айнӣ” ё азсаргирии пахши шабакаҳои телевизиюнии Русия дар Тоҷикистон омода аст."
Вале ба эътиқоди оқои Дӯстов, ҳоло миёни Тоҷикистон ва Русия ихтилофоти назари ҷиддие мушоҳида мешавад. Вай мегӯяд: "Русия аз истиқлоли Тоҷикистон дар равобиташ бо Омрико ва Эрон хушбин нест. Вале мушкили аслӣ ба тарҳи “Роғун” марбут аст. Зеро Русия қасд дорад бахши аслии саҳмияҳои ин нерӯгоҳро ба худ ихтисос диҳад."
Ин дар ҳолест, ки манобеъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфтанд, ки соле қабл давлати Русия пешниҳод карда буд, ки дар ивази дарёфти 75 дарсади саҳмияҳои “Роғун” омода аст сохтмони ин нерӯгоҳро ба ӯҳда бигирад. Тибқи иттилоъи ин манобеъ, ҷониби Тоҷикистон ин пешниҳодро рад кардааст. Ҳарчанд дар як моҳи ахир дар бораи тавофуқи миёни Тоҷикистону Русия дар заминаи саҳмияҳои “Роғун” сару садоҳое паҳн мешаванд, мақомот ин шоеъотро бепоя мехонанд.
Зимнан, дар соли ҷорӣ барои бори севум аст, ки мулоқоти рӯбарӯи руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Русия сурат мегирад, вале соҳибназарон мегӯянд, ки ҳеч пешрафте дар равобити миёни ду кишвар мушоҳида нашудааст. Тибқи иттилоъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷараёни сафари худ ба Сочӣ, Президент Раҳмон дар ҳамоиши раҳбарони Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.
Тибқи иттилоъи манобеъи Кремлин, интизор меравад дар ин мулоқот масоили ҳамгироии иқтисодӣ миёни ин чаҳор кишвар баррасӣ шавад. Барои бори нахуст чунин дидори чаҳорҷониба соле қабл дар Душанбе баргузор шуда буд.
"Ховари Миёнаи ҷадид"
Ба гуфтаи коршиносон, таъсиси “Осиёи Марказии Бузург” бо шумули кишварҳои Осиёи Миёна ва Афғонистону Покистон ҷузъе аз сиёсатҳои жиюпулитики Омрико аст. Ба ин далел, суоли матраҳ ин аст, ки оё Русия бо роҳандозии мулоқотҳо дар ин чорчӯб хостори мусоъидат ба ин тарҳ аст ё худ сиёсатҳои дигареро дунбол мекунад? Вафо Ниятбеков, коршиноси масоили минтақаӣ дар Маркази мутолеъоти истротежики раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, ки Русия ҳаргиз бо ин тарҳи омрикоиҳо мувофиқ нест. Зеро ҳадафи аслии ин тарҳ дур сохтани кишварҳои минтақа аз Русия аст.
Ба гуфтаи вай, Русия худ хостори иҷрои тарҳи ҷадиде бо номи "Ховари Миёнаи ҷадид" аст, ки ба он дар канори кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин, Афғонистон, Ҳинд, Покистон, Эрон, Муғулистон, Туркия ва Озарбойҷон низ бояд шомил шаванд. Ба эътиқоди оқои Ниятбеков, дар оянда тиҷорати манобеъи энержӣ миёни ин кишварҳо бояд ба идеяи аслии ҳамгироии онҳо табдил шавад. Ба ин далел, ба гуфтаи оқои Ниятбеков, минбаъд дар ин замина Тоҷикистон метавонад ба яке аз кишварҳои бузурги тавлидкунандаи нерӯи барқ ва як кишвари тронзити ин нерӯ табдил шавад.
Дар ҳамин ҳол, интизор меравад баъд аз поёни сафари худ ба шаҳри Сочӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба Ереван, пойтахти Арманистон, сафар кунад. Қарор аст дар ин шаҳр раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат кунад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2918-2010-08-18-08-24-00.html