13:28:22 17-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/21_ahmadov247'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/21_ahmadov247'

МИРЗОХУҶА АҲМАДОВ НИГАРОНИ ПЕЧИДАТАР ШУДАНИ АВЗОЪ АСТ

Мирзохуҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқи мухолифин дар Рашт мегӯяд, таъқиби сарбозони собиқи мухолифин ва кофтукоби хонаҳои мардуми минтақа боиси нигаронӣ аст ва метавонад авзоъро боз ҳам печидатар кунад. Ӯ мегӯяд, дар деҳаи Такоба ҷустуҷӯи хонаҳои сарбозони собиқи ИНОТ сурат гирифтааст.  Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ дар Рашт гуфт, ин амалиёт субҳи имрӯз, 21-уми сентбяр, оғоз шуда ва наздики 30 нафар аз муҷоҳидини собиқ дар Такоба пас аз он, ки нерӯҳои ҳукуматӣ манзили онҳоро мавриди кофтукоб қарор додаанд, тарки манзил кардаанд.

 

Размандагои собиқи мухолифин хонаҳояшонро тарк кардаанд

Вай афзуд: «Бачаҳое, ки дар гузашта ҳамроҳи мо буданду ҳоло ҳаёти мулкӣ доштанд, нерӯҳои ҳукуматӣ ба кофтукоби манзили онҳо шурӯъ кардаанд. Худи ин бачаҳо дар сари замини картошка будаанд, вале вақте ба онҳо дар ин бора хабар мерасад, гурехтаанд, то ба дасти нерӯҳои ҳукуматӣ наафтанд. Афсӯс, ки кор ранги дигар гирифта истодааст ва аз дасти нерӯҳои ҳукуматӣ...»

 

Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки бо радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, кофтукови манзили размандагони собиқ дар ҳоле иттифоқ афтодааст, ки онҳо ҳаёти осоишта доштанд. Вай гуфт, дар сурати идома пайдо кардани чунин фишорҳо, наздик ба сӣ нафаре, ки аз Такоба берун рафтаанд, эҳтимол ба гурӯҳе бипайванданд, ки дар Камароб 25 сарбози вазорати дифоъро куштаанд.

 

Мирзохоҷа Аҳмадов: силоҳе барои супурдан надорам

Аммо оқои Аҳмадов гуфт, худи ӯ феълан дар манзилаш қарор дорад ва ҳоло ҳеч амалиёте алайҳаш оғоз нашудааст. Вай ҳамчунин хабари супоридани силоҳҳояшро, ки расонаҳо навишта буданд, рад намуд ва гуфт: «Вақте ҷаноби олӣ омада буд, мо яроқомонро ба шӯъбаи шашум супоридем. Дигар аслиҳа надорем. Худоро шукр, бидуни аслиҳа дар хона шиштаем. Пас, чиро супорем?»

 

Мирзохӯҷа Аҳмадов ба ин нукта ҳам таъкид кард, ки дар миёни идораҳои қудратии Тоҷикистон ҷосусони хориҷие ҳам ҳастанд, ки оромии кишварро намехоҳанд. Вагарна, ба гуфтаи Аҳмадов ҳоло ҳеч гурӯҳе дар дохил намехоҳад, ки кишвар ноором бошад.

 

Каюмарси Ато, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3174-2010-09-21-09-58-44.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ