АВОМИЛИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ҶОМЕА
Пеш аз ҳар чиз мо бояд ба асли ифротгароӣ диққат намоем ва таърихчаи онро мурур намоем. Чаро калимаи ифротгароӣ дар фарҳанги ҷаҳонӣ пайдо шуду ба суръат ҳам оммавӣ шуд? Асли ин калима чаро бештар ба дин нисбат дода мешавад ва махсусан ба ислом? Оё дар дигар динҳо ифротгароӣ вуҷуд надорад? Магар дар ғайри дин ифрот вуҷуд надорад?
Ҳамчуноне, ки имрўз мо мушоҳида мекунем дар гурўҳҳои дунявӣ ҳам ифротҳои зиёде вуҷуд дорад, аммо касе ифротгароиро ба дунявият нисбат намедиҳад. Мусалмонон дар пайдоиш ва рушди ин падида чӣ нақше доштанд? Мо ба таври хулоса дар ин баҳс мехоҳем ба чанд омиле, ки ба назар муҳим менамуданд ищора намоем. Чаро ифротгароии динӣ хеле зуд дар ҷаҳон паҳн шуд ва ҳамчун як падидаи номатлуб шинохта шуд. Барои ин кор як осебшиносии иҷтимоӣ дар ҷавомеъи исломӣ ва махсусан ҷомеаи мо зарур аст, ки вақту фурсати зиёдеро металабад.
Аксари инсонҳо ифротгароиро истифода аз равишҳои хушунатомез барои расидан ба ҳадаф медонанд. Аммо баъзеҳои дигар бар ин назаранд, ки ифротгароӣ бештари вақтҳо ба хотири ибрози норизоятӣ аз вазъи мавҷуд сурат мегирад. Агарчӣ бештари вақтҳо ибораи ифротгароии динӣ ё мазҳабӣ дар ҷомеа истифода мешавад, аммо бояд инро ҳам дар назар дошт, ки манзури мо инҷо танҳо ифротгароии динӣ набуда, балки ифротгароӣ дар тамоми шаклҳояш мебошад. Зеро назари мо ин аст, ки дар ҷомеаи мо ифротгароӣ дар ҳама замина рушд кардааст, на танҳо дар ҷанбаи динӣ.
Дар аввал мо ифротгароиро ба таври умум дар назар мегирем ва авомили пайдоиши онро ба ду гурўҳ ва чанд бахш ҷудо менамоем.
1. Авомили дохилӣ
2. Авомили хориҷӣ
Авомили дохилӣ заминаи дахолатро барои авомили хориҷӣ фароҳам месозанд ва онгоҳ авомили берунӣ ба вуҷуд меоянд.
1. Авомили дохилӣ. Авомили дохилӣ дар ҷомеаи мо мухталифанд. Ба ҳамин хотир онҳоро низ бояд ба навбати худ ба чанд бахш тақсим намуд.
А) иқтисодӣ: фақр, карупсия, бекорӣ, ба тариқи мофиёӣ идора кардани иқтисод ва сармояҳои миллӣ;
Б) фарҳангӣ: бесаводӣ, тарс аз ислом, мубориза бо арзишҳои динӣ, набуди дарсҳо ва барномаҳои дурусти исломӣ, беаҳамиятӣ ба эътиқодоти мардум, фаъолияти якнавохту нодурусти расонаҳои давлатӣ, дар муқобили ҳам гузоштани арзишҳои динӣ бо фарҳанги миллӣ ва омезиш наёфтани онҳо бо ҳам дар амал;
В) сиёсӣ: табъиз, таноқуз дар қонунҳо, фазои сиёсии баста, нобоварии мардум ба рақобатҳои солим, набуди матбуоти озод беаҳамиятӣ ба эътиқодоти мардум дар тасвиби қонунҳо ва судури фармонҳо, адами истифодаи дин ҳамчун омили тарбиявӣ ва ҳамчун як «унсури номатлуб» муомила кардан бо дин;
Г) мазҳабӣ: ноогоҳии мардум аз асли дин, фаҳмиши ғалат аз баъзе рукнҳои дин, адами шинохти авлавиятҳои динӣ, суистифода аз эътиқодоти динии мардум, маҳдуд кардани фаъолияти диндорон ва нақши дин дар рушди ҷомеа, камбуди марказҳои таълими динӣ ва ғ…
2.Авомили берунӣ замоне ба вуҷуд меоянд ва ё таъсиргузор мешаванд, ки омилҳои дохилӣ мавҷуд бошанд ва гоҳе вақтҳо авомили берунӣ омилҳои дохилиро низ эҷод мекунанд.
А) сиёсӣ: манофеъи абарқудратҳо ва таъсири онҳо дар ҷомеа, сармоягузории махсус рўи ҳаракатҳо ё созмонҳои динии мавҷуд, ворид кардани равияҳо ва ҳаракатҳои нав дар ҷомеа;
Б) мазҳабӣ: таъсири ҳаракатҳои ҷиҳодии минтақа бар рўҳияи мардум, муҳаббати зиёди мардум нисбат ба дин ва ҷариҳадор кардани эҳсосоти онҳо аз тариқи расонаҳои хориҷӣ;
Омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки аз маҳдудаи ин тақсимбандии мо хориҷ ҳастанд, аммо пардохтан ба ҳамаи онҳо фурсати бештар мехоҳад. Аммо аз ҳама мавзўи муҳим он аст, ки баъзе доираҳо мардуми моро ба таври моҳиронае аз лиҳози равонӣ ё психологӣ ба самти ифротгароӣ тела медиҳанд. Масалан саркуби як хоҳиш ё як ғариза дар инсон ба уқда табдил меёбад ва баъдан дар ҷойҳои хоссе буруз хоҳад кард. Масалан манъ кардани як навҷавон аз масҷид дар ў як уқдаи равониеро ба вуҷуд меорад, ки нисбат ба ҳукумат ва кормандонаш бадбин ва онҳоро дар зеҳни худ душман тасаввур мекунад.
Дар воқеъ ў ин бардошти худро ба ҳамаи ниҳодҳои ҳукумат таъмим медиҳад ва аз нигоҳи психологӣ омода мешавад, ки таҳти таъсири афкори ифротӣ қарор гирад ва ба ингуна гурӯҳҳо шомил шавад. Дар воқеъ масҷидҳои мо як макони муносиб ва хубе буданд барои контроли эҳсосот ва оромиши рўҳии махсусан ҷавонон. Аммо бо манъи онҳо аз масоҷид онҳо амалан аз лиҳози равонӣ барои пазируфтани фикрҳои ифротӣ омода шудаанд.
Аз тарафи дигар бофти ҷомеаи мо як бофти суннатист ва он як ҷомеаи эътиқодмеҳвар аст то қонун меҳвар. Бинобарин ҳаргоҳ қонуне мухолифи эътиқодоти онҳо тасвиб шавад, маҳкум ба шикаст аст. Дар асл қонун барои он бояд тасвиб шавад, ки озодии ҷомеаро таъмин намояд ва амалӣ гардад. Ҳар гоҳ қонуне мухолифи эътиқодоти мардум тасвиб шавад мардум аз эътиқоди худ пайравӣ мекунанд, на аз қонун. Инҷо қонун амалан мардумро ба самти қонуншиканӣ тела медиҳад.
Онгоҳ афроди ҷомеа аз лиҳози равонӣ боз ҳам ин бардоштро ба дигар қонунҳои тасвибкардаи ҳукумат таъмим дода ба қонуншиканӣ даст мезананд. Барои мисол ҳатто қонунҳои роҳро низ риоят намекунанд. Ба беҳтарин қонун ҳам бо тардид нигоҳ мекунанд. Инчунин вақте як ҷавон дар мактабу донишгоҳ ба хотири эътиқод ё пушиши исломиаш таҳқир мешавад, таҳти фишор қарор мегирад, аз лиҳози равонӣ оромиши худро аз даст медиҳад, омодааст ба ҳар созмон ё гурўҳе ворид шавад.
Аз тарафи дигар як баррасии комил аз ҷанбаҳои таблиғотии динӣ дар кишвар низ бояд анҷом гирад. Барои мисол дар дарсҳо ва таблиғоти динии кишвармаон бештар ба ҷанбаҳои инзории ислом пардохта мешавад ва камтар аз башоратҳо ва раҳматҳои илоҳӣ сухан меравад. Фарҳанги мардуми мо тавре аст, ки мо аз хурдӣ кудаконамонро аз худо метарсонем, вале камтар ба онҳо аз муҳаббат ва меҳрубонии худованд мегӯем.
Яъне як таъодул дар инзор ва табшир вуҷуд надорад, ки ин аз лиҳози равонӣ бетаъсир нест.Ба иборати дигар ҳамеша аз қаҳру ғазаб гуфтану тарсондан ҳам инсонҳоро хашин мекунад. Инҷост, ки як навҷавон наметавонад робитаи дурусте байни тарси худо ва «ало бизикриллоҳ татмаиннул қулуб» барқарор намояд. Онгоҳ навҷавон ба ин натиҷа мерасад, ки аслан ислом ҳамеша бо зур ҳоким шудааст.
Дуввум инки доъиёни мо рисолати худро дар баробари қишри ҳоким ба хуби анҷом надодаанд. Ба ин маъно, ки натавонистаанд воқеиятҳои дини худ ва боварҳои воқеии худро ба онҳо мунтақил кунанд. Бинобарин фосилае байни диндорон ва дунявиҳо ба вуҷуд омадааст, ки ин фосиларо баъзе фурсатталабҳои чоплус пур кардан мехоҳанд, вале чоплусиву қироати манфиатгароёнаи онҳо аз дин на танҳо фосиларо аз байн намебарад, балки онро бештар ҳам кардааст.
Севвуман дар саҳнаи матбуот набудани донишмандони огоҳ ва мавқеъшинос низ халаъи бузургеро эҷод кардааст. вақте дар матбуот донишмандони андешаманд, наменависанд сабаб шудааст, ки ҳар кас онгунае, ки худ мефаҳмад аз номи дин мавқеъгирӣ намояд ва мушкилотро бештар кунанд. Аз онҷое, ки зеҳни ҷавонони мо холӣ аст ва дар мактабу донишгоҳ аз асли ислом хабардор нашудааст, дар ҳар ҷараёни исломӣ ва ҳатто ғайри исломие, ки ворид шавад, пайрави он мегардад.
Чаҳорум ғолиб будани эҳсосот бар илму андеша дар аксари доъиёни мо низ мушкилотро бештар кардааст. Новобаста аз шароит ва мавқеият баъзе аз доиъёни мо корҳое кардаанд, ё фатвоҳое содир кардаанд, ки сбаби тарсу ҳарос дар рақибонашон шудааст. Махсусан ворид шудан дар баҳсҳои мазҳабӣ ва фирқаӣ корро бадтар кард. Вақте доъиён ба эҳсосот дода шуданду ба ҷои мавъизаи ҳасана ба лаъну нафрину дашном додан машғул шуданд, мушкилот бештар шуд. Зеро равиши дуруст ин нест. ин баҳонае буд, ки ба дасти рақибонашон доданд.
Хулосаи калом ин аст, ки ифрот дар ҳар шакле, ки бошад нодуруст ва бад аст. Аммо таърифи дурусти ифротгароӣ бояд берун аз ҳар қайду шарту дину мазҳабе баён карда шавад. Зеро имрӯз ифротгароӣ ва тундгароӣ хосси дин ва ё мазҳабе нест, агарчӣ бархе диндорон гирифтори он бошанд ҳам, дунявиҳо ҳам аз он холӣ нестанд. Аммо асли дин ҳам мухолифи ҳар гуна ифротгароӣ ва тундгароӣ аст. Пас метавонанд ҳам диндорон ва ҳам дунявиҳои муътадил дар канори ҳам барои пешгирии ифротгароӣ дар ҳар шакле, ки бошад бо ҳам ҳамкорӣ намоянд. Зеро мардум ҳамонгунае, ки метавонад ба хотири эътиқодаш аз қонун сарпечӣ кунад, ҳамон тавр метавонад ба хотири эътиқодаш аз қонун пайравӣ намояд.
Бобоҷони Қаюмзод, «nahzattj»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3769-2010-12-05-08-12-50.html