ПЕШНИҲОДИ ТОҶИКИСТОН БА СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД
Бо ибтикори Тоҷикистон дар СММ ҷаласаи вижае роҷеъ ба ҳамкорӣ ва муколама барои истифода аз захираҳои обӣ баргузор шуд. Тоҷикистон тарҳеро бо унвони "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013" ҳамчун қатъномаи Маҷмаи умумӣ пешниҳод кардааст. Дар сурати ба тасвиб расиданаш, ин қатънома чун "Қатъномаи Маҷмаи Умуии СММ дар бораи "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об -2013" мунташир хоҳад шуд.
Дар ҷаласаи мазкур ба ҷуз аз кишварҳои узви СММ намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва соири созмонҳои байналмиллалии ғайридавлатӣ, ки дар СММ сабти ном шудаанд, ширкат доштанд. Сироҷиддин Аслов, намояндаи Тоҷикистон дар СММ ба радиои Озодӣ гуфт, ширкаткунандагони ҷаласа ба хулосае расидаанд, ки танҳо аз роҳи гуфтугӯ ва ҳамкорӣ дар сатҳҳои мухталиф метавон ҳали масъалаҳои вобаста ба обро таъмин намуд. Аз Сироҷиддин Аслов мепурсам, ҷониби Тоҷикистон барои тасвиби ҳамин қатънома дар СММ ба унвони кишвари ташаббускор ҳоло чӣ нақшаҳо дорад? Аслов: Дар ин самт ҷониби мо қатъномаеро таҳти унвони "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013" пешниҳод кардааст. Ин қатънома дар кумитаи дуввуми Маҷмаи Умумии СММ ба иттифоқи оро тасвиб шуд.
Ба рӯйхати ҳаммуаллифон 18 кишвар Австралия, Афғонистон, Арманистон, Баҳрайн, Боливия, габон, Гондурас, Ироқ, Коста, Рика, Қазоқистон, Мадагаскар, Муғулистон, Непал, Покистон, Русия, Тайланд, Чиллӣ ва Украина ҳамроҳ шуданд. Қатънома аз 12 моддаи муқаддамотӣ ва 5 моддаи амалӣ иборат буда, мутобиқи моддаи дуввуми қисми амалии он соли 2013 "Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об -2013" эълон хоҳад шуд. Мувофиқи муқаррароти мавҷуда лоиҳаи қатънома бояд дар Маҷмаи Умумии СММ миӣёнаҳои моҳи декабр қабул шавад.
- Дар сурати қабул ин қатънома ба Тоҷикистон чӣ манфиат медиҳад?
Аслов: Тоҷикистонро дар СММ дигар кишварҳо "кишвари обӣ" меноманд, чун ин миқдор оби софе, ки Тоҷикистон барои ҳар сари нуфуси худ дорад, баъд аз Канада дар ҷои дуввум аст. Ин ду кишвар ва чанд кишвари дигарро "кишвари обӣ" меноманд. Барои ҳамин ин қатънома ба Тоҷикистон чӣ медиҳад? Сиёсати Тоҷикистон дар самти истифода аз захоири об сиёсати боз аст. Мисли кишварҳои дигар сиёсати пӯшидаро пеш намебарад, кишварҳое, ки гапашон дигар асту корашон дигар. Мо ҳар қадр об дорем, тақрибан 90 дарсад оби худро ба кишварҳои поёноб медиҳем.
- Ҷаноби Аслов, агар мо ба воқеият нигоҳ кунем, ҳоло Тоҷикистон тақрибан дасту пояш баста аст, барои истифода аз захоири обе, ки дар дохили худи Тоҷикистон ба вуҷуд меояд. Масалан, баъзе аз кишварҳои поёноб бар ин ақидаанд, ки Тоҷикистон ҳақи сохтмони ниругоҳҳои бузургро надорад ва сабаб пеш меоранд, ки гӯё об ба онҳо камтар мерасад. Оё дар сурати ба тасвиб расидани ҳамин қатъномае, ки шумо ёдоварӣ кардед, Тоҷикистон барои истифода аз захоири худ дасти боз хоҳад дошт ё даъвоҳо идома хоҳанд ёфт?
Аслов: Дар чаҳорчӯбаи СММ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ ягон конвенсия ё эъломия ё санади дигаре нест, ки ҳуқуқи ҳамин гуна кишварҳо мисли Тоҷикистонро барои истифода аз захираҳои зиёди обии худ мамӯнъ кунад. Ҳар касе дар ин бора сӯҳбат мекунад, дурӯғ аст. Ин аз як тараф. Аз тарафи дигар пешниҳоди мо барои он нест, ки агар ҳамин рӯз Маҷмаи Умумии СММ ин қатъномаро ба тасвиб расонад, пагоҳ тамоми ҷаҳон бигӯяд, ки бале, шумо метавонед, обҳои худро истифода баред. Ҳадаф ин нест. Мо ҳама вақт мехоҳем, ки сиёсати бозу ошкорои худро дар соҳаи об нишон диҳем.
Мо бидуни ин қатънома ҳам метавонем нерӯгоҳҳои худро созем. Лекин дар сатҳи байналмилалӣ ба тасвиб расонидани чунин қатънома сиёсати двлати моро боз мекунад. Мо мегӯем, ғамхории мо, сиёсати мо дар соҳаи истифодаи об на танҳо барои мардуми худамон, балки барои минтақа ва мардуми минтақа аст. Мо ин сиёсатро ба таври боз пеш мебарем. Бори дигар пешниҳод кардани ин қатънома ва аз тарафи ҳамаи мардуми ҷаҳон дастгирӣ ёфтани ин қатънома далели он аст ва дар ин самт Тоҷикистон даҳҳо кишвари дигари дӯстро пайдо мекунад.
«Озодӣ», Нурмуҳаммади Холзода
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3797-2010-12-07-18-22-56.html