17:09:49 16-уми Июни 2025 сол

ҲУШДОРИ САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН БА АТБОЪИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ

moscowСафорати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони худ даъват ба амал овардааст, ки ба хотири амнияти худ аз ширкат дар муноқишоти қавмӣ дар шаҳри Маскав худдорӣ кунанд. Мурод Бурибоев, сухангӯйи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, гуфт, ки ин сафоратхона аз ҳамаи созмонҳои марбут ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва анҷуманҳои тоҷикон дар Русия хостааст, ки ба интишори ин даъват мусоъидат кунанд. Ин даъват ба дунболи он, ки Маскав, пойтахти Русия, саҳнаи даргириҳои қавмӣ шуда ва ин ҳаводис чандин захмӣ ба дунбол доштааст, мунташир мешавад.

 

"Фирефтаи иғво нашавед"

Оқои Бурибоев гуфт: "Ҳоло мавсими бозгашти аксари муҳоҷирони кории мо ба Тоҷикистон аст ва ин шабу рӯз онҳо на дар ҷойи кори худ, балки дар Маскав ҳастанд. Мо аз онҳо даъват кардем, ки аз гаштугузор дар миёни издиҳом худдорӣ кунанд ва фирефтаи иғвоҳо нашаванд."

 

Ба гуфтаи оқои Бӯрибоев, нигаронии сафорати Тоҷикистон ду ҷанба дорад: яке ин ки шаҳрвандон мавриди ҳамлаи нажодпарастон қарор нагиранд ва дигар ин ки худи онҳо муртакиби хушунатҳои зиддирусӣ нашаванд. Хушунатҳои қавмӣ дар Русия аз ҳафтаи гузашта, ба дунболи кушта шудани Егор Свиридов, як мухлиси дастаи футболи "Спартак" дар ҷараёни муноқиша бо марде аз Қафқози Шимолӣ оғоз шуд.

 

Гуфта мешавад то ҳол дастикам 1000 нафар дар ҷараёни амалиёти пулис барои ҷилавгирӣ аз даргириҳои қавмӣ дар маркази шаҳри Маскав боздошт шудаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд ҳанӯз мушаххас нест, ки оё дар миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд ё хайр.

 

Мурод Бӯрибоев ҳамчунин гуфт, ки вай ҳеҷ иттилоъе дар бораи осеб дидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар муноқишаҳои қавмӣ дар Маскав ҳам дар даст надорад. Вай гуфт, ки гурӯҳи кормандони вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар умури муҳоҷирон дар Маскав "шабу рӯз дар саҳнаи даргириҳои қавмӣ корҳои назоратӣ бурдаанд, то ин ки ҳеҷ шаҳрванди Тоҷикистон даргири ин муноқишаҳо нашавад."

 

"Ҷин аз кӮза бурун омад"

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд ҳаводиси ахир дар Маскав ғайримунтазира набуд. Вай мӯътақид аст, ки муноқишаҳои қавмии ахир дар Маскав натиҷаи сиёсати "саҳлангоронаи" давлати Русия дар баробари густариши тафаккури нажодпарастӣ дар миёни ҷавонони Русия аст. Вай ба ҳукми додгоҳи Сан-Питерзбург дар соли 2005 алайҳи қотилони Хуршеда Султоноваи нӯҳсола, табаъаи тоҷик, ишора карда ва гуфт, ки додгоҳҳои Русия низ ба ҷароими марбут ба нажодпарастӣ дар ин кишвар чамш мепӯшанд.

 

Моҳи марти соли 2005 созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ҳукми додгоҳи Сан-Питерзбург алайҳи 8 ҷавони русро, ки дар қатли ин духтараки тоҷик муҷрим шинохта шуданд, "фоҷеъаи маънавӣ" хонда буданд. Додгоҳ ин ҷавонони тоссар ё скинҳедро танҳо дар иртикоби "авбошӣ" муҷрим шинохт ва онҳоро аз яку ним то панҷ сол равонаи зиндон кард.

 

Хонуми Бобоназарова гуфт, ки шабакаҳои телевизиюнии Русия пайваста "андешаҳои нажодпарастона ва бадбинона алайҳи хориҷиҳоро" дар барномаҳои худ таблиғ мекунанд ва ҳукумати Русия баргузории тазоҳуроти гурӯҳҳои нажодпараст "бо шиъорҳои зиддиинсонӣ"-ро иҷоза медиҳад. Вай бурузи даргириҳои қавмӣ дар Маскавро ба қиссаи "аз кӯза берун шудани ҷин" ташбеҳ кард.

 

Бими сафар бо метру

Дар ҳамин ҳол, теъдоде аз донишҷӯёни тоҷик дар Маскав мегӯянд, ки дар ин шабу рӯз аз амнияти худ нигарон ҳастанд. Парасту, яке аз ин донишҷӯён, мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир барои донишҷӯёни хориҷӣ, бахусус аз кишварҳои осиёӣ, беҳтар аст, то на бо метру, балки бо токсӣ дар шаҳр ҳаракат кунанд. Вале вай афзуд: "Мо пули зиёд надорем, ки токсӣ бигирем ва имрӯз ҳам ҳарчанд бо тарс, вале бо метру ба донишгоҳ расидем."

 

Вай мегӯяд овозаҳоеро дар бораи лату кӯб шудани чанд донишҷӯйи хориҷӣ дар истгоҳҳои мухталифи метруи Маскав дар ду рӯзи охир шунидааст. Дар канори сафорати Тоҷикистон, сафоратхонаҳои Қазоқистон ва Ӯзбакистон дар Русия низ даъватҳои мушобеҳе аз шаҳрвандони худ ба амал овардаанд.

 

Хушунатҳои қавмӣ дар Русия дар ҳоле буруз карда, ки созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар мукарраран аз давлати Русия даъват карда буданд, ки ба манъи фаъолияти гурӯҳҳои нажодпараст иқдом кунад. Ин созмонҳо борҳо аз ин ки солиёна садҳо нафар аз муҳоҷирон ва донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия ҳадафи ҳамлаи гурӯҳҳои тоссар ва наджодпарасти рус қарор мегиранд ва куштаву захмӣ мешаванд, ибрози нигаронӣ кардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3897-2010-12-16-14-27-45.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854