БЛЕЙК: "ДАР ТОҶИКИСТОН МО БО РУСИЯ РАҚОБАТ НАДОРЕМ"
Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна, гуфт, ки аз талоши Русия барои афзоиши ҳузури худ дар Тоҷикистон нигарон нест. Вай гуфт, ки Амрико ва Русия дар мавриди вазъияти иқтисодӣ, чолишҳои амниятӣ ва тангшавии фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон нигарониҳои муштараке доранд. Ин суханонро ин диплумоти баландпояи Амрикоӣ, дар нишасти хабарии телефуние, ки рӯзи чаҳоршанбеи 15 декабр бо хабарнигорони Осиёи Миёна баргузор кард, иброз дошт.
Оқои Блейк гуфт, ки Амрико ба иттифоқи назаре, ки кишвараш бо Русия дар заминаи ҳамкориашон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба даст овардааст, хеле хушбин аст. Оқои Блейк дар посух ба ин савол, ки оё Амрико қасд дорад дар баробари афзоиши ҳузури нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон иқдоме мутақобил анҷом диҳад, гуфт: "Амрико ва Русия ҳамкориҳои худро барои кумак ба нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон афзоиш медиҳанд ва дар заминаи мушкилоте, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна вуҷуд доранд, дидгоҳҳои муштараке доранд."
Вай афзуд: "Ҳар ду кишвар (Русия ва Амрико) дар мавриди иқтисоди шиканандаи Тоҷикистон, чолишҳои амниятие, ки давлати ин кишвар бо онҳо рӯбаруст ва тангшавии фазои сиёсӣ дар ин ҷо дар зарфи ним соли охир нигарон ҳастанд."
Суханони оқои Блейк дар ҳолест, ки мақомоти Русия ахиран тавоноии марзбонони тоҷик дар заминаи мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ва ҷилавгирӣ аз убури эҳтимолии шӯришиёни афғон аз марзро зери суол бурда ва аз алоқамандии худ барои бозгашти марзбонони Русия ба Тоҷикистон хабар додаанд.
Роберт Блейк ҳамчунин таъкид кард, ки дар мулоқоти ахири Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳилари Клинтун дар шаҳри Остона, вазири хориҷаи Амрико "ваъдаи сафар ба Тоҷикистон дар соли ояндаро кардааст." Дар нишасти хабарии телефунии Роберт Блейк бо хабарнигорони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки тавассути сафоратхонаҳои Амрико дар ин кишварҳо фароҳам шуда буд, оқои Блейк ба мавзӯъи интишори асноди маҳрамона дар Викиликс пардохт.
Вай гуфт, ки давлати Амрико аз нашри асноди маҳрамонаи диплумотики ин кишвар мутаассиф аст, вале умедвор аст, ки ин қазия ба ҳамкориҳои ин кишвар бо бархе аз кишварҳо таъсири манфӣ нарасонад. Оқои Блейк афзуд, ки фош шудани асноди маҳрамонаи диплумотик кори диплумотҳои Амрикоӣ дар сафоратхонаҳои Амрико дар кишварҳои мухталифро мушкил кардааст.
Тайи моҳҳои ахир сойти Викиликс ҳазорҳо санади маҳрамонаи иборат аз мукотиботи байни сафоратхонаҳои Амрико дар саросари ҷаҳон бо Вазорати хориҷаи ин кишварро ифшо кардааст. Мукотиботи диплумотҳои Амрикоӣ дар бораи Тоҷикистон низ дар ин радиф мунташир шудааст. Ин аснод аз ҷумла, мулоҳизоти Президент Раҳмон дар бораи манофеъи гурӯҳҳои мофиёии Русия дар Тоҷикистон, ҷилавгирӣ аз кудетои эҳтимолӣ алайҳи ӯ ба тарроҳии Русия ва дигар мавзӯъоти ҳассоси сиёсиро ифшо кардаанд.
Бар асоси асноди Викиликс, Русия ҳамвора талош кардааст аз нуфузи эҳтимолии Амрико дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунад ва барои ин кор аз иръоб ва таҳдиди мақомоти Тоҷикистон истифода кардааст, ки бавижа дар нақли қавлҳои мунтасаб ба оқои Раҳмон дар бораи Владимир Путин, раиси ҷумҳурии собиқи Русия, бозтоб ёфтааст.
Аз сӯйи дигар, он чи дар асноди мунташиршуда метавонад мӯҷиби хиҷолати мақомоти кишварҳои Осиёи Миёна бошад, ин аст ки диплумотҳои Амрикоӣ мақомоти ин кишварҳоро "гурӯҳе дурӯғгӯ ва бадмаст" тасвир кардаанд. Давлати Тоҷикистон ба матолибе, ки дар сойти Викиликс интишор ёфтаанд, вокунише расмӣ нишон надодааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3899--q------q.html