ҲКТ: АНДЕШАҲО ПИРОМУНИ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ ВА СОЛЕ, КИ МЕОЯД
-Кадоме аз воқеаҳои соли 2010-ро Шумо барои Тоҷикистон ва мардуми он муҳим арзёбӣ мекунед? Аз ҳама рӯйдоди хурсандибахш ва аз ҳама воқеаи ҳузнангези ҳаёти сиёсии кишварро дар соли 2010 лутфан номбар кунед ва шарҳ диҳед.
-Дар соли 2010 дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвари мо ва мардуми он воқеаю дигаргуниҳои зиёде буданд. Яке аз муҳимтарини онҳо баргузории интихобот ба Парламенти касбии мамлакат мебошад, ки дар он аксарияти ҳизбҳои сиёсии бақайд гирифта шуда иштирок намуда, дар баробари дигар ҳизбҳо, ҳизби коммунистии Тоҷикистон низ бо барномаи мушаххаси худ иштирок намуда намояндагии худро дар мақоми қонунгузории кишвар таъмин намуд. Дар соҳаи иқтисодӣ бошад дигаргуниҳои назаррас ба вуқӯъ пайваста иншоотҳои муҳим, ки метавонад дар оянда рушди иктисодиёти кишварро таъмин намояд, ба истифода дода шудаанд.
Сохтмони силсила нерӯгоҳҳои барқии хурду калон, роҳҳою пулҳо, ки дар оянда метавонад Точикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшад, низ аз воқеаҳои муҳими сол мебошад, ки он давоми тадбирҳои андешидаи роҳбарияти Ҳукумати кишвар дар ҳамбастагӣ бо Парлумони мамлакат мебошанд. Ин ва дигар нишондиҳандаҳои ба ҳамагон маълумро рӯйдодҳои хурсандибахш ҳисобидан ҷоиз мебошад.
- Дар соли 2011, ба фикри Шумо, чӣ пешомадҳое мардуми Тоҷикистонро интизор аст ва орзуву таманниёти Шумо ба халқи кишвар дар соли нав чӣ гуна хоҳад буд?
-Дар баробари ин дар ҳаёти кишвар воқеаҳои ҳузнангез низ ба назари ман, мутаасифона, ҷой доштанд. Инҳо пеш аз ҳама таъсири шиддати бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар, воқеаҳои дар минтақаи Рашт рухдода, ки боиси марги шаҳрвандони мо гардида, амнияти мардумро халалдор сохтанд. Таъсиррасонии кишвари ҳамсояи Ӯзбакистонро оиди монеа эҷод намудани сохтмони Роғун ва боздошти беасоси қатораҳои зиёди боркашонии мо, ки он ба рушди иқтисодиёти мо бе таъсир намонд, низ яке аз воқеаҳои ҳузнангез номидан мумкин аст.
Дар соли 2011 ман ба мардуми азизи Тоҷикистон беҳтарин тамманиётҳоро хоҳонам ва умед дорам, ки мо амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикии кишварро таъмин намуда ба ҷараёни интегратсионӣ бо дигар кишварҳои ИДМ суръат мебахшем, ки он барои беҳтаршавии рӯзгори мардуми мо мусоидат хоҳад кард.
Бо эҳтиром муовини аввали раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Исмоил Талбаков
АНДЕШАҲОи Масъуд Собиров, раиси ҲДТ
АНДЕШАҲОи Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ
АНДЕШАҲОи Муҳиддин КабирӢ, Раиси ҲНИТ
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4010-2010-12-29-07-34-41.html