ҲСДТ: АНДЕШАҲО ПИРОМУНИ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ ВА СОЛЕ, КИ МЕОЯД
-Кадоме аз воқеаҳои соли 2010-ро Шумо барои Тоҷикистон ва мардуми он муҳим арзёбӣ мекунед? Аз ҳама рӯйдоди хурсандибахш ва аз ҳама воқеаи ҳузнангези ҳаёти сиёсии кишварро дар соли 2010 лутфан номбар кунед ва шарҳ диҳед.
- Дар соли 2010 як чанд воқеаҳо метавонистанд барои Тоҷикистон ва мардуми он, дурусттараш худи Тоҷикистон ин сараввал мардуми он аст, муҳим арзёбӣ гарданд, аммо нагардиданд. Аз ҷумла, албатта, аксарият, барои мисол ҷараёни ҷамъи саҳмияҳои НОБ - и Роғун ва интихоботи соли 2010 – ро номбар мекунанд. Объективона ва моҳиятан онхо воқеаҳои муҳиму назаррас буданд ва метавонистанд ба воқеаҳои тақдирсоз табдил ёбанд, аммо, ин тавр нашуд. Ҷамъи саҳмияҳои НОБ-и Роғун ва умуман ташаббуси дар яккатозӣ, танҳо дар асоси имконотҳои Тоҷикистон, аз ин бадтар дар асоси буҷаи Тоҷикистон сохти НОБ-и Роғун аз оғоз зиедтар оқибатҳои манфӣ дошт, ва дар натиҷа бенатиҷа монд ва хусусан, миёни иқтисодиёти нимҷони Тоҷикистонро шикаст.
Фаромӯш накунем, ки иқтисодиёти имрӯзаи Тоҷикистон, хусусан дар давраи иқтисодиёти бозоргонӣ, ба давлат бо мазмуни ҳукумату ҳокимияти давлатӣ, дахл надорад. Ягона натиҷаи ҷамъи саҳмияҳо табиати идеологӣ, ин ҳам сараввал аз ҷиҳати идеологӣ таъмин намудани мавқеи Президенту ҳукумат ва ҳизби Халқӣ-демократии Тоҷикистон-ро дар интихоботи 2010 дошт. Натиҷаҳои интихобот маълум аст. Дили мардуми адолатхоҳро хун гардонид. Ва чи хеле, ки номгузорӣ карда шуд, интихобот бе имконияти интихоб кардан ва золимона амалӣ гашт. Дар натича, Тоҷикистон боз ба чанд сол аз пешрафти демократӣ қафо монд.
Дар соли 2010 боз чанд воқеаи дигар буданд, ки метавонист муҳим арзёбӣ гардад, аммо онҳоям нашудаанд. Ғайр аз ин, ба чанд воқеаҳо ҳатто аҳамият дода нашуд. Масалан, соли 2010 аз 85 солагии таъсиси ВМКБ дар ҳайъати Тоҷикистон огоз ёфт. Ё ки 21 майи соли 2010 – 70 солагии алифбои амалкунандаи точик буд. Ё ки моҳи август 20 солагии эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон буд. Ё ки аз ҷиҳати ҳуқуқӣ моҳи июл ва август 75 солагии аввалин кодификатсияи қонунгузории Тоҷикистонро бояд кайд мекардем, ҳеҷ набошад ёдбуд карда мешуд, аммо фаромӯш кардем.
Ва гайра. Аз ин рӯ муқаррар кардани аз ҳама руйдоди хурсандибахш барои Тоҷикистон мушкил мебошад (ин бисёртар табиати интихобӣ ё гурӯҳӣ дорад). Воқеаи ҳузнангези ҳаёти сиёсии кишварро дар соли 2010 муайян кардан мушкил нест. Ин ҳам бошад дар он ҳолат, ки шумораи онҳо беҳисоб будаанд (ҳам дар дохили кишвар, ҳам берун аз он), аммо аз нигоҳи сиёсӣ ин албатта интихоботи 2010 ва ҳодисаҳо дар водии Рашт будаанд.
Боз як хулосаи ниҳои дар умум гуфтанӣ ҳастам. Соли 2010 соли анҷомдиҳандаи даҳсолаи аввали асри 21 буд. Дар умум бояд қайд намоям, ки даҳсолаи аввали асри 21 барои Тоҷикистон натиҷаҳои дилхоҳ надод. Ҳаёти мардум нисбати соли 2000 то имрӯз беҳтар нагардид. Танҳо шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик зиёдтар, ҳаҷми маблағи аз онҳо ба ҷумҳурӣ ворид мешуда назаррас боло рафт, аз ин ҳисоб, на аз фаъолияти дохилии худ, мардум ва ҳукумати Тоҷикистон имрӯз ҳаёт мегузаронад.
- Дар соли 2011, ба фикри Шумо, чӣ пешомадҳое мардуми Тоҷикистонро интизор аст ва орзуву таманниёти Шумо ба халқи кишвар дар соли нав чӣ гуна хоҳад буд?
- Бояд сараввал, бо сипарӣ шудани даҳсолаи охири асри ХХ ва даҳсолаи аввали асри ХХ1 соли 2011 соли таҳлилу хулосабарорӣ, соли илм шавад. Давлати Тоҷикистон аллакай 20 сол шуд, ки мустақил мебошад, аммо потенсиали илмиаш, омӯзишу ислоҳи хатогию ибратомӯзиш дар ҳолати касодӣ қарор дорад. Ҳизби Сосиал-демократии Тоҷикистон, яъне ҲСДТ ва шахсан ман азм дорем, ки дар пеш бурдани потенсиали илмии Тоҷикистон (рукнҳои сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ) дар соли 2011 ҳиссагузории ҷиддӣ кунем, яъне соли 2011 – ро ҲСДТ соли илм ва мафкураи инноватсионӣ (навоварӣ) барои Тоҷикистон эълом менамояд.
Бояд дар соли 2011 самтҳои асосии рушди Тоҷикистон мушаххас карда шавад, ҳам дар сиёсати дохилӣ, ҳам дар сиёсати берунӣ. Хусусан, давлат худро давлати ҳуқуқбунёд меномаду то имрӯз Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ надорад. Бояд Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 таҳия ва қабул гардад. Лоиҳаи ин гуна Консепсия аллакай аз ҷониби мо таҳия карда шудааст ва ба муҳокимаи Маҷлиси намояндагони МО ҷумҳурӣ пешниҳод менамоем. Хусусан аз вакилони МН МО ҶТ аз ҳизбҳои сиёсӣ хоҳиш дорем, ки Консепсияи мазкур бо истифодаи салоҳияти онҳо (ташаббуси қонунгузорӣ) пешниҳод карда шавад. Дигар нақшаҳоро ва чи гуна амалӣ гаштани онҳоро дар давоми соли 2011 мо барои мардуми Тоҷикистон, ҳукумату намояндаҳои мардумӣ дастрас менамоем.
Орзуву таманниёти ман барои мардуми кишвар: Мавқеи худро ҳамчун шаҳрванд пос доред ва Худованд нигаҳбони шумост. Соҳиби нияти нек, дили пок, давлати тоза, асаби бохираду саломат бошед.
Бо эҳтиром, Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ
АНДЕШАҲОи Масъуд Собиров, раиси ҲДТ
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3975-2010-12-25-06-53-34.html