10:01:34 16-уми Июни 2025 сол

«ҲИЗБИ ТАҲРИР» ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҲДИДЕСТ БА АМНИЯТИ КИШВАР

Соли 2010 мақомоти интизомии Тоҷикистон муваффақ шуданд, ки 140 нафар аз пайравони «Ҳизби Таҳрир»-ро ҳамроҳ бо амири минтақавии он дар Тоҷикистон Юсуфҷон Ҳафизов дастгир ва баъди муҳокима дар додгоҳҳо ба зиндон бифиристанд. Ин афрод бо узвият ва ҳамкорӣ бо «Ҳизби Таҳрир», ангезиши адовати динӣ, нажодӣ ва низ даъват ба тағйири низом бо роҳи зӯрӣ муттаҳам дониста шудаанд. Бо ин вуҷуд, то кунун ҳеч як аз мақомоти масъул расман эълон накардааст, ки пайи атбоъи ин ҳизби мамнӯъшуда куллан аз хоки кишварамон рӯфта шудааст.

 

Муассиси «Ҳизби Таҳрир» Тақиюддин ибни Иброҳим ан-НабаҳонӢ

 

хизб-ут-тахрирТақиюддин ибни Иброҳим ан-Набаҳонӣ, набераи Юсуф Исмоили Набаҳонӣ мебошад, ки ӯ тасаввуфгаро буд. Китоби «Ҷомеъи Каромоти Авлиё»-ро навиштааст. Вай зодаи деҳаи Ҳайфои Фаластин буда, соли 1909 ба дунё омадааст. Дар хурдӣ Қуръони каримро ҳифз карда, таълимоти ибтидоии диниро аз падараш омӯхтааст ва марҳилаи таълими ибтидоӣ ва ҳамагониро дар Фаластин аз худ кардааст. Баъд аз он марҳилаи бакалаврро дар донишгоҳи Ал-Азҳар хатм кардааст.

 

Тақиюддин, қабл аз таъсиси ҳизби сиёсиаш, бо ҷамоъати «Ихвонулмуслимин» иртиботи хуб дошт ва дар соли 1953 “Ҳизби Таҳрир”-ро таъсис намуд. Ин ҳизби сиёсӣ дар ибтидо дар қаламрави кишварҳои ҳамҷавори Фаластин аз ҷумла, Сурия, Лубнон ва Урдун нашр гардид. Соли 1977 Тақиюддин вафот кард ва ҳизби ӯ то ҳанӯз фаъолияташро қатъ накардааст. Бо раҳбарии амири кунунии он Ато ибни Халил Абӯрашта, дар беш аз чиҳил кишвари ҷаҳон пайравони худро дорад ва рӯз то рӯз дар минтақаи Осиёи Миёна низ миёни афроди камбизоат ва камсавод густариш меёбад.

 

Давлати исломӣ ё ҷомеаи мусалмонӢ

Баъд аз суқути хилофати мусалмонон дар Туркия дар соли 1924 “Ҳизби Таҳрир” хостори барпо кардани хилофати исломӣ мебошад. Ин ҳизб дар ибтидо иддао дошт, ки дар тӯли 13 соли фаъолияти худ хилофати исломиро дубора барпо хоҳад кард, аммо аз он замон то кунун беш аз 57 сол сипарӣ шуд. Агарчӣ ба ҳадафаш нарасид, вале роҳашро идома дод… Коршиносон қудуми номубораки онро ба Осиёи Миёна ба ибтидои солҳои навадум асри гузашта ва барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравии собиқ рабт медиҳанд. Ба гуфти онҳо, таҳририҳо дар солҳои наздик бунёди давлати исломиеро дар қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна ҳадаф қарор додаанд.

 

Масъалаи Хилофат

Ин ҳизб дар масъалаи Хилофат он қадар дода шудааст, ки эҳёи ҷомеаи мусалмониро канор гузоштааст. Ба гуфти муҳаққиқ Абдурраҳмон Димишқӣ: “Мақсуди асосӣ аз офариниши инсонҳо барпо кардани хилофат набуда, балки ба ягонагӣ ибодат кардан ба Аллоҳ таъоло ва ширк наовардан ба ӯ мебошад. Тавҳид ғоя ва хилофат васила аст. Эҳтимоми «Ҳизби Таҳрир» ба хилофат ба андозае зиёд аст, ки ҷониби ақида ва тавҳидро канор гузоштааст. Гӯё ҳама мусибати уммат аз зоеъ шудани хилофат бошад. Аз интишори ширку бидъатҳо, ки сабаби асосии заволи хилофат буд, ҳарфе ба миён намеорад… Яъне ин ҳизб барои расидан ба аҳдофи худ, ғояро васила қарор додаасту василаро ғоя”.

 

 Назари ин муҳаққиқ дар робита ба барномаи тарбиявии он чунин аст: “Дар ҳақиқат ҳизб марҳилаи тарбия ва ибодатро, ки Паёмбари ислом (с) сездаҳ сол дар Макка рӯи он кор кард, ба эҳмол гузоштааст. Ин сиррест, ки бисёре аз ҷунбишҳову ҳаракатҳои мансуб ба ислом, бо тарки он ба шикаст ва ё садамаҳои азиме мувоҷеҳ мешаванд. Муқовимат ва истодагарии тӯлонӣ дар муқобили макру дасисаҳои дохиливу хориҷии душман, ки ҳар замон дар чеҳраи наве зуҳур мекунад, амрест тоқатфарсо ва онро танҳо ашхосе метавонанд таҳаммул кунанд, ки бар асоси барномаи имонии саҳеҳи набавӣ тарбият ёфта бошанд”.

 

Ихтилофоти фиқҳӢ

Аз нигоҳи фиқҳӣ низ ин ҳизб бо дигар ҷараёнҳои исломӣ мушкил дорад. Чунки диди назари фиқҳии он бо шариъат ва урфи мардум муғойират дорад. Барои мисол:

 

 - мубоҳ донистани тамошои тасовири урён.

- мубоҳ шумурдани бӯсидани занони бегона, чӣ бо шаҳват бошад ва чӣ бешаҳват ва низ даст додан бо онон.

- ҷоиз шумурдани пардохти ҷизя(андоз) аз сӯи як давлати мусалмон ба як давлати кофир.

-ба қасди зино ва корҳои фаҳш рафтан, гуноҳе надорад.

- исмати паёмбарон баъд аз нубувват аст, на қабл аз он.

- соқит шумурдани намоз бар фазонавардони мусалмон.

Ба соқит донистани намозу рӯза барои касоне, ки дар қутби шимолӣ ва қутби шимолӣ зиндагӣ мекунанд низ ақида доранд.

-қоил будан ба ҳабси даҳ сол барои касе, ки бо маҳрамҳои абадиаш ба монанди апа, хоҳар амма, хола, ва модар.. издивоҷ намояд…

 

Манобеи молӢ ва пуштибонӢ

Иддае аз коршиносон бар онанд, ки ба ғайр аз мардуми камсаводу камбизоати мусалмон пушти ин ҳизб дасти абарқудрате истодааст, ки ҳамвора оромии ҷамеаҳои диниро дар кишварҳои мусалмоннишин халалдор мекунад. Ба ақидаи онҳо яке аз манбаъҳои молӣ ва пуштибони муътамади ин ҳизб Ғарб аст. Чун ки аз назари Бритонияи Кабир “Ҳизби Таҳрир” як созмони сулҳгаро аст, агарчӣ ки ин гурӯҳ дар бораи рӯзгори боазамати исломӣ, бо афсус ёд мекунад.

 

Аъзои ин ҳизб дар Лондон ҳамвора эълом мекунанд, ки комилан як ҳизби сиёсӣ ва сулҳгаро ҳастанд ва барои эҷоди хилофати исломӣ талош мекунанд. Гар чанде даромади моли он дуруст мушаххас нест, бо ин ҳол ҳар узви он бояд аз даҳ як ҳиссаи (закот) даромади худро ба ин ҳизб диҳад. Лозим ба ёдоварист, ки баъд аз ҳодисаҳои солҳои шастуми асри бист, дар Фаластин то кунун ин ҳизб ба монандиФатҳваҲаммос” ... мардумӣ набудааст ва ҳоло ҳам нест.

 

Пас суоле ба миён меояд, ки чаро густариши он дар кишварҳои арабӣ ба мисли Фаластин, ки ҳар рӯз саҳюнистҳо мардуми онро мекушанд, хонаҳояшонро ба замин яксон мекунанд ва дар ҳолати зарурӣ ба номуси онҳо таҷовуз мекунанд, садо баланд намекунд, балки рӯ овардааст ба кишварҳои фақрзада, ба монанди ОМ? Ба ҳамин далел, ҳолдонҳо пуштибонии моддӣ ва маънавии онҳоро дар Ғарб дидаанд, зеро Исроил ба намояндагӣ аз Ғарб дар Ховари миёна мардумро ба ҳоли худ во намегузорад ва «Ҳизби Таҳрир» бо ном мусалмон дар кишварҳои дигар ба кори худ машғул аст.

 

Осиёи Миёна-Суғд

Низоми худкомаи кишварҳои Осиёи Миёна ва фақри иқтисодӣ ва илмӣ дар ин минтақа боис шудааст, ки «Ҳизби Таҳрир» дар байни мардум, ба хусус ҷавонон густариш пайдо кунад. Бо вуҷуди он ки мақомоти интизомии ин кишварҳо алайҳи пайравони ин ҳизб муборизаи беамон мебаранд, лекин стратегияи муносибати ҳукуматҳо аз нигоҳи фикрӣ ва илмӣ дар ин самт дуруст ба роҳ монда нашудааст. Аксар ҷавононе, ки дар ОМ ба ин ҳизб иртибот пайдо мекунанд, сабаби он дар ду омили асосӣ дида мешавад: фақри иқтисодӣ ва камсаводии динӣ.

 

Гарчанде, ки фаъолияти «Ҳизби Таҳрир» дар Ӯзбекистони ҳамсоя нисбат ба Тоҷикистон пурҷӯштар аст ва аз омили иқтисодӣ дар онҷо хубтар истифода мекунанд, аммо дар Суғд омили дуввумро барои ҷалби ҷавонон бештар ба кор мебаранд. Таҳқиқҳо нишон додааст, ки сатҳи камбизоатӣ дар Суғд нисбат ба дигар вилоят ва ноҳияҳои кишвар камтар аст, вале ҷаҳонбинии динии мардуми ин минтақа дар солҳои ахир коҳиш ёфтааст. Ба ҳамин далел ҷавонони суғдӣ ба доми созмонҳои мамнӯъшуда ва ифротгаро бештар афтидаанд ва агар донишҳои динӣ ва тафаккури динии онҳо тағйир дода нашавад, дар оянда низ хоҳанд афтид.

 

Аз ин ҷиҳат коршиносон танҳо такя кардан ба зӯру зиндонро роҳи ҳал ва пешгирӣ намедонанд, чун ки иллати афзоиши теъдоди ин ҳизб дар дид ва шинохти нодурусти ислом аст. Ба ҳамин хотир рӯи даст гирифтани барномаи рушди наверо ҷиҳати такмил додани донишҳо ва тафаккури динӣ саривақтӣ медонанд.

 

Васоити таблиғот

«Ҳизби Таҳрир», дар тӯли фаъолияти худ аз воситаҳои ахбори омма ва фанновариҳои ҷадид ҳаддал имкон истифодаро кардааст. Тавре дар дар боло қайд кардем, ки ин ҳизб дар беш аз 40 кишвари дунё аъзои худро дорад, бояд гуфт, барои ҳаводорони худ барномаҳои фарҳангӣ ва воситаи таблиғотӣ низ барои онҳо муҳайё кардааст. Аз замони таъсис то кунун дар кишварҳои ҷаҳон беш аз сад гоҳномаву маҷалла нашр кардааст.

 

Дар ҳоли ҳозир аз шабакаи ҷаҳонии интернет ба таври дилхеҳ истифода мекунад. Дар Тоҷикистони мо бошад ҳар моҳ маҷаллаи худро бо номи “Субҳи Хилофат” тариқи интернет ба мардум мефиристад. Барои онҳо аъзо будану ҳаводор будан ҳатмӣ нест, муҳим ин аст, ки фард аз ҳадафҳо ва орзуҳои хаёлии онҳо воқиф шавад.

 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4271-l-r------.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854