09:31:30 16-уми Июни 2025 сол

ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ БА ХАБАРНИГОРОН САБАҚ МЕДИҲАД

Рӯзи 27-уми январи соли 2011, дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотии Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид. Дар суханронии ифтитоҳии худ ҷаноби Зарифӣ дар бораи ҷамъбасти фаъолияти вазорати корҳои хориҷии кишвар дар соли сипаришуда иттилои мухтасар дод.

 

Хамрохон ЗарифиСипас ӯ ба саволҳои сершумори хабарнигорон посух гуфт. Бештари саволҳои ширкаткунандагони нишасти матбуотӣ дар иртибот бо лоиҳаи Протокол «Оид ба демаркатсияи хати марзи байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой» буд, ки ахиран аз сӯйи Парлумони кишвар ба тасвиб расид ва дар ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда буд. Дар баъзе расонаҳо омада буд, ки гӯё Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳамон ҷаласаи Парлумон дар натиҷаи демаркатсия ба тарафи Хитой вогузор кардани каме бештар аз 1000 километри мураббаъро «ғалабаи дипломатияи тоҷик» номидааст.

 

«Ғалаба ва ё бохти дипломатия» аз куҷо сар мезанад?

Дар иртибот бо ин сару садоҳо Ҳамроҳхон Зарифӣ азҷумла чунин изҳор дошт: «Баъд аз он ки ман дар ҷаласаи Парлумони кишвар лоиҳаи Протокол «Дар бораи демаркатсияи хати марзи байни Тоҷикистон ва Хитой»-ро барои баррасӣ пешниҳод карда дар он суханронӣ намудам, ба фазои иттилоотии кишвар теъдоди зиёди «кафкҳои рӯи об» («мыльные пузыри») сар дода шуданд. Ин «кафкҳои рӯи об» аз тарафи бархе аз намояндагони Парламент, ба ном «ходимони сиёсӣ», коршиносон, олимони алоҳида, шаҳрвандони қаторӣ, ки моҳиятан ба умқи масъала сарфаҳм нарафтаанд, сар дода шуданд.

 

Аввалин чунин як «кафки рӯи об» он аст, ки гӯё «Зарифӣ ба имзо расидани ин Протоколро ғалабаи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кардааст». Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳеҷ вақт, на ба ҳангоми суханронии катбии худ дар Парламент, на ба вақти ба саволҳои вакилон ҷавоб гуфтан, ҳеҷ вақт истилоҳи «ғалаба»-ро истифода набурдааст. Ин калима ё худ доми тазвир ва ё найрангро аввалин шуда хабарнигори мӯҳтарами хабаргузории «Азия плюс» дар хабари худ истифода бурд, ки баъдан журналистони дигар, шаҳрвандон аз ӯ пайравӣ карданд.

 

 

Гуфтушунидҳои дипломатӣ истилоҳоти ғалаба ва ё бохтро қабул надоранд. Дипломатия ин мӯътақид кардан ва ё натавонистани ин кор аст. Дипломатия дар асоси факту рақамҳои таърихии санҷидашуда дурустӣ ва ё нодурустии ин ва ё он масъаларо ҳаллу фасл мекунад. Шумо метавонед тамоми суханрониҳои нашршудаи маро мутолиа кунед. Ман дар ягон ҷо калимаи ғалабаро истифода накардаам. Истифодаи ҳамин истилоҳ аз сӯйи хабарнигор боиси нофаҳмиҳо ва нашри хабарҳои зидду нақиз дар расонаҳои иттилоотии мо гардид.

 

Дуввумин «кафки рӯи об»-ро мӯҳтарам вакили мардумии мо ҷаноби Кабирӣ ҳангоми баҳсу мунозира дар Парламент сар дод. Дар суханронии нахустини худ ҷаноби Кабирӣ изҳор дошт, ки ягон санад, ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ва таърихие вуҷуд надорад, ки барои мо асос шавад то хоки худамонро ба Хитой бидиҳем. Ва ӯ ин Протоколро бохти дипломатияи тоҷик ҳисоб кард. Ана аз ҳамин ҷо антоними калимаи «бохт», яъне истилоҳи «ғалаба» ба вуҷуд омадааст. Ман дар ҷавоби худ ба ӯ аз мавҷудияти чунин ҳуҷҷатҳо ҳарф задам. Ҷаноби Кабирӣ дар суханронии дуввуми худ эътироф кард, ки ӯ аз мавҷудияти ин санадҳо хабар надоштааст. Вале мутаассифона, дар матбуот дар ин бора хомӯширо авлотар донист.

 

Моддаи ҳафтуми Қонуни асосии Тоҷикистон нақз нашудааст!

Саввумин «кафки рӯи об» ин суханони боз ҳам ҷаноби Кабирӣ ва дигарон ҳастанд, ки мегӯянд «ба имзо расидани ин Протокол нақзи моддаи ҳафтуми Қонуни асосии Тоҷикистон дар бораи тақсимнашаванда будани ҳудуди кишвар аст». Пеш аз он ки дар бораи тақсимнашаванда будани ҳудуди кишвар гап занем бояд, ки барои ин дар даст асос ва далел дошта бошем. Яъне санаде дошта бошем, ба мисли созишнома, протокол, шартномае байни кишварҳои ҳамсоя дар бораи муайян шудани хати марз, ки онҳоро ҷомеаи байналмилалӣ эътироф карда бошад. Ҳамон вақт ин шартнома ва ё протокол асос мешавад ва хати марз байни ин ва ё он давлат расман ба инобат гирифта мешавад. Рӯзе, ки мо Қонуни асосиро қабул кардем, мо чунин як санадеро дар давлатдориамон надоштем. Яъне мо ягон шартнома ё созишномае байни ҳамсоякишварҳо дар бораи таъйин шудани хати марз ва ду ҷониба эътироф кардани он надоштем.

 

Акнун баъди Протоколи мазкур аввалин чунин шартномаро бо Хитой дорем. Баъди ин на Хитой, на Тоҷикистон дигар ҳақ надоранд ба якдигар даъвои марзӣ кунанд. Дар ҳамин ҳол хати марзи байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон демаркатсия нашудааст. Дар айни замон танҳо марзи байни Тоҷикистон ва Хитой мувофиқ ба талаботи моддаи 7-уми Қонуни асосӣ шудааст, зеро дар байни мо ва Хитой дар бораи хати марз Протокол ба имзо расид. Дар оянда агар ҳамин гуна қарордодҳо байни дигар ҳамсоякишварҳо ба имзо бирасад, он гоҳ мо метавонем дар бораи тақсимнашаванда будани ҳудуди кишвар ҳарф бизанем.

 

Ба расмият шинохтани давлат аз ба расмият шинохтани хатти марз фарқ дорад!

Чорумин «кафки рӯи об», ки сар дода шуд, ин итттилоест тибқи он гӯё СММ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи ҳамин ҳудуд ва замине, ки дорад, ба расмият шинохтааст. Ба расмият шинохтани мамлакат, ба расмият шинохтани давлат ва ба расмияти шинохтани хатти марз ин мафҳумҳое ҳастанд, ки аз ҳам фарқ мекунанд. Санадҳои СММ, Созишномаи Хелсинки инҳо асноде ҳастанд, ки ба расмият шинохтани давлатҳоро ба танзим медароранд.

 

Ба расмият шинохтани хати сарҳадҳо аз сӯйи СММ ҳамон вақт сурат мегирад, ки дар байни мо ва ҳамсоякишварҳо демилитатсия ва демаркатсияи сарҳад шуда бошад ва инро ҳамаи давлатҳои ҳамсояи мо эътироф карда бошанд. Аз ин рӯ аз мӯҳтарам ҳуқуқдонҳо ва сиёсатмадорони кишвар хоҳиш мекунам, ки мафҳуми ба расмият шинохтани давлатро аз мафҳуми ба расмият шинохтани хати марзҳо фарқ кунанд.

 

Хондани рӯзномаву маҷаллаҳои расмиро ёд гиред!

Панҷумин «кафки рӯи об»-е, ки сар дода шуд, ин дар бораи набудани иттилоот оиди ҷараёни гуфтушуниди байни Тоҷикистону Хитой дар бораи марз ва пинҳон кардани ҷузъиёти ин гуфтушунид аз мардум мебошад. Созишнома дар байни Тоҷикистон ва Хитой ҳанӯз соли 1999 ба имзо расида буд. Иловаҳо ба ин Созишнома соли 2002 ба имзо расиданд. Дар ҳамин соли 2002 марзи байни Тоҷикистон ва Хитой ба таври ниҳоӣ муайян (демилитатсия) гардид.

 

Журналистони мо танҳо соли 2011 аз хоб бедор шуданд. Касе чизеро аз касе пинҳон накардааст. Созишномаи соли 1999 дар сессияи Маҷлиси Намояндагон аз сӯи вакили мардумӣ Иброҳим Усмонов барои вакилон қироат шуд. Ӯ аз вакилон хоҳиш кард, ки лоиҳаи қарор «Дар хусуси «Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитойро дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Хитой аз 13-уми августи соли 1999»-, ки дар шаҳри Далҷан ба имзо расидааст, дастгирӣ намоянд.

 

Аъзои Парламент ин Созишномаро тасдиқ карданд ва он дар шумораи 7-уми январи соли 2002 дар рӯзномаи «Садои Мардум» чоп шудааст. Яъне Созишнома оиди сарҳад ҳанӯз соли 1999 ба имзо расида буд ва соли 2002 аз тарафи Парламент тасдиқ шуда буд. Ва он дар рӯзномаи расмии кишвар ба нашр расидааст.Агар мову Шумо то соли 2002 хондани рӯзномаву маҷаллаҳои расмиро ёд нагирифта бошем, ин айби Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нест. Чунки дар ин вақт Ҳамрохон Зарифӣ дар хориҷи кишвар ба ҳайси сафир хизмат мекард.

 

Аз ҳамсӮҳбати худ далели гуфтаҳояшро талаб кунед!

 

Хамрохон ЗарифиШашумин «кафки рӯи об» дар бораи ин аст, ки дар қаъри заминҳои делимитатсияшуда ё худ ба Хитой вогузор шуда канданиҳои фоиданоки хеле зиёд маҳфуз будааст. Саволи ман ин аст: «Кӣ медонад, ки кадом заминҳо ба Хитой вогузор шудаанд ва дар ин заминҳо кадом навъи канданиҳои фоиданок маҳфуз аст?» Вақте, ки Шумо, журналистон бо касе сӯҳбат мекунед ва ба суолҳои худ посух мегиред, чаро аз ҳамсӯҳбати худ намепурсед, ки онҳо чӣ далел доранд, ба кадом санад такя мекунанд? Барои тасдиқи фикри гуфтаашон чиро асос оварда метавонанд?

 

Помири бузург масоҳати калон дорад. Ман инро дар харита ба шумо нишон медиҳам. Дар куҷои қаъри ин замин чӣ ниҳон аст Вазорати геология медонад. Аз соли 1991 бо имзои ҷонишини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Эркин Раҳматуллоев ба унвони вазорати геология дархостҳои зарурӣ фиристода шуда буданд ва посухҳои зарурӣ низ аз он ҷо гирифта шуданд. Тибқи онҳо дар он ҳудуде, ки ба ихтиёри Хитой супурда шудааст, канданиҳои фоиданоки табиӣ вуҷуд надоранд. Ин тибқи иттилоест, ки имрӯз дар даст дорем. Фардо чӣ мешавад инро мо намедонем.

 

Академик Раҳим Масов узви ҳайати гуфтушунидҳои марзӢ бо Хитой набуд

Ҳафтумин «кафки рӯи об» ин изҳороти академики мӯҳтарам Раҳим Масов ҳаст, ки мегӯяд ӯ узви ҳайати гуфтушуниди байни Тоҷикистон ва Хитой дар масоили марзӣ будааст ва барои он ки хоини Ватан нашавад, ӯ ба санади мазкур имзо нагузоштааст. Ман дар ин ҷо расман изҳор мекунам, ки ҷаноби Масов ҳеҷ гоҳ узви ҳайати Комиссияи музокирот набудааст. Ва ҳеҷ кас аз ҷаноби Масов хоҳиш накардааст, ки ба ягон санад имзо гузорад».

 

Сипас ҷаноби Зарифӣ дар бораи таърихи музокирот оиди масъалаҳои марзии байни Хитой ва Русия, ки беш аз се сад сол идома доштааст, ҳарф зад. Аввалин созишномаи байни Хитою Русия ин созишномаи Дерчинский аз 27 августи 1689 сол мебошад, ки дар иртибот бо марзҳои шимолу шарқии Русиву Хитой баста шудааст. Баъдан созишномаи Буринский рӯзи 20 августи соли 1727 ба имзо мерасад. Саввум созишномаи Кяхтин 21 октябри соли 1727 имзо мешавад. Созишномаи чорум созишномаи Айгун аз 16-уми майи соли 1858 аст.

 

Созишномаи Пекин 2-уми ноябри соли 1860, созишномаи Санкт Петербург соли 1881 ва Протоколи Марғелони нав соли 1884 ба имзо мерасанд. Ҳамаи ин шартномаҳо асоси музокироти марзиро ташкил медоданд. Музокирот дар бораи ин марз ҳанӯз дар даврони Россияи подшоҳӣ оғоз шуда дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва сипас баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати панҷҷониба (Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аз як тараф ва Хитой аз тарафи дигар) идома дода шуданд. Баъди ба истиқлолият расидан ин гуфтушунидҳо акнун дар чаҳорчӯбаи дуҷониба, яъне байни Хитой ва Тоҷикистон баргузор гардиданд.

 

Дар замоне, ки ин гуфтушунидҳо дар чаҳорчӯбаи панҷтарафа мегузаштанд, яъне Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Хитой ба ҳайатҳо муовинони вазири корҳои хориҷии ин кишварҳо роҳбарӣ мекарданд. Дар ҳайати ин Комиссия картографҳо, геодезҳо, геологҳо, намояндагони Академияи Илмҳо буданд. Ба таври истисно Тоҷикистон дар ҳайати худ намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро низ ҳамчун бошандаи маҳалле, ки барои он гуфтушунидҳо ҷараён доранд, ворид карда буд.

 

Дар яке аз давраҳои гуфтушунид дар соли 1996 Ҳамрохон Зарифӣ ҳамчун муовини вазири корҳои хориҷии кишвар иштирок кардааст. Дар дигар давраҳои музокирот ба ҳайати Тоҷикистон муовинони аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷаноби Эркин Раҳматуллоев ва Абдулло Йулдошев роҳбарӣ мекарданд. «Ман ба академик Раҳим Масов бо эҳтироми самимӣ муносибат мекунам, вале бояд бигӯям, ки ӯ узви Комиссияи гуфтушунид набуд ва табиист, ки касе аз ӯ ба кадом санаде имзо карданро хоҳиш накардааст.Асноду Протоколҳои ҳар даври гуфтушунидҳоро сардорони ҳайатҳои гуфтушунид ба имзо мерасонданд», гуфт Ҳамрохон Зарифӣ.

 

Хитой беасос даъво намекард

Сипас вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз Протоколи дар соли 1884 дар Марғелони нав байни Хитой ва Русияи подшоҳӣ ба имзорасида нуктаҳоеро иқтибос овард, ки тибқи онҳо Русияи подшоҳӣ 28 ҳазор километри мураббаеро, ки баъдан Хитой соҳиби он буданашро даъво кард, ҳудуди Хитой донистааст. Яъне хитоиҳо асосе барои даъвои марзӣ кардан дар даст доштанд. «Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамин масоҳат, ки дар баланди беш аз чаҳор ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст ва дар он ҷой касе зиндагӣ намекунад ва ҳатто барои парвариши чорвои хонагӣ номусоид аст, агарчӣ ҳамчун ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ эътироф мешуд, вале дар харита бо пунктир ишорае мерафт, ки нишонгари он буд, ки Хитой ба он даъвогар аст.

 

Дар харитаҳои Хитой низ ҳамин 28–ҳазор километри мураббаъ сарзамин Хитой дониста мешуд. Хулоса дар натиҷаи гуфтушунидҳои думболадори байни Тоҷикистон ва Хитой тарафҳо ба натиҷае расиданд, ки Тоҷикистон ба Хитой каме бештар аз 1000 километри мураббаъро аз ҳисоби ҳамин 28-ҳазор километри мураббаъ вогузор мекунад ва бо ҳамин баҳсӣ марзӣ байни Тоҷикистон ва Хитой ҳаллу фаслшуда ба ҳисоб меравад. Баъд аз ин дигар на Тоҷикистон ва на Хитой ба якдигар ҳаққи даъвои марзӣ кардан надоранд»-, таъкид кард дар идомаи суханаш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.     

 

Сипас Ҳамрохон Зарифӣ ба саволҳои дигари хабарнигорон посух дод.

 

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4281-2011-01-27-18-59-01.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854