АЗ ИНҚИЛОБИ ИҶТИМОИИ МИСР ТО ДУРӮҒГӮИИ МАНСАБДОРОНИ ТОҶИК
Ҳаводиси ду ҳафтаи ахири Миср ва мавҷи талошҳои эътирозӣ, ки дар кишварҳои дигари Ховари Миёна идома дорад, айни замон муҳимтарин ахбори расонаҳои ҷаҳон аст. Бештари коршиносон иддао доранд, ки ин ҳаводис дар ҷомиаҳои ҳамсон ба кишварҳои Ховари Миёна таъсири амиқе мегузоранд. Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори «ИмрӯзNews» бо коршиноси муқими Маскав, рӯзноманигор ва дипломати тоҷик-Муҳаммад Эгамзод сӯҳбате анҷом дод.
-Чӣ омилҳое ҳаст, ки вазъият дар Ховари Миёна ва бахусус дар Миср то ин дараҷа муташанниҷ шуд?
-Тағйироти ҳукумат дар Тунис, тазоҳуроти хушунатбор дар Мисру Яман, мавҷҳои эътироз ва нигаронии ҷомиа дар дигар мамолики минтақа фарзияи наверо дар таърихи ҳаракатҳои инқилобии ҷаҳон, ки дар бисёр ҳолатҳо аслан аз тарафи гурӯҳҳои сиёсӣ тарҳрезӣ мешуданд, ба миён овард. Мо дар мисоли Миср шоҳиди он гаштем, ки гаронии вазъи иҷтимоӣ, чун аз андоза гузашт, метавонад мисли гулӯла худ аз худ битаркад. Ҳаводиси Тунис, Миср, Судон, Урдун, Алҷазоир, Яман… бештар аз ҳама ҷанбаи иҷтимоӣ доранд. Ҷаҳон шоҳид аст, ки қариб тӯли ду ҳафта тазоҳургарон бинобар мушкилоти иҷтимоии ҷомеа дар майдонҳо гирд омаданд. Ба истиснои чанд рӯзи ахир, ки дар гирдиҳамоии мисриён омилҳои номатлуби ғоратгаронаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша низ ба назар расиданд. Яъне, то лаҳзаҳои ахир ягона сабаб ва ҷанбаи тазоҳурот - иҷтимоиёт буд. Даъвоҳои исломикунонии ҷомеа, тағйири роҳу равиши дигари сиёсати Миср, ё шиорҳои зидди исроилӣ ва ҳамингуна талаботи дигар, аслан ба миён гузошта нашуданд. Буҳрони иҷтимоӣ дар Миср - кишвари меҳварии Ховари Миёна, ки вазъи иқтисодияш нисбат ба дигар кишварҳои арабии минтақа хеле хубтар аст, ногаҳон ва ғайричашмдошт чунин бӯҳрони бузурги сиёсиро ба вуҷуд овард.
-Ҳуснӣ Муборак, ки тӯли 30 сол раҳбарии Мисри Арабро бар ӯҳда дорад, дар ҷавоб ба талаби тазоҳуротгарон мегӯяд, «омода аст биравад, аммо наметавонад». Нафаре, ки муддати се даҳсола коре накард, то тирамоҳ мӯҳлат мехоҳад. Мӯҳлатхоҳии Муборак чизеро тағйир медиҳад?
-Дарвоқеъ, Муборак дар таҳкими мавқеи Миср дар арсаи байналмилалӣ ва пешбурди иқстисод хеле корҳоро кард. Дар арсаи байналмилалӣ Миср ҷойу мақоми хоса дорад. Дар Лигаи кишварҳои араб Миср ҳамчун кишвари меҳварӣ, ки дар ҷодаи таҳкими субот дар минтақа, бахусус фароҳам овардани авзои ором дар муноқишаи арабу исроилӣ саҳми ҷашмрас дорад, эътироф шудааст. Хидмати Муборак дар гуфтугӯйи байни ҷаҳони араб ва Исроил, Аврупову Амрико назаррас аст. Аз руйи мантиқ, иддаои роҳбарияти Исроил, ки мегӯянд, Муборак ҷони ҳазорон одамони бегуноҳ аз ҳарду ҷонибро харид, ки метавонистанд дар коми оташи муноқишаҳои бардавоми Исроилу Фаластин раванд, воқеият дорад. Мисри Ҳусни Муборак деворе буд миёни ин муноқиша.
Аз тарафи дигар, иқтисоди Миср дар байни кишварҳои араб характери мунтазам инкишофёбанда дошта, дорои нишондодҳои ҷашмгири макроиқтисодист. Дар ибтидои асри XXI Миср ба яке аз кишварҳои муқтадири интиқолдиҳандаи газ мубаддал гашта бошад ҳам, дар як ҷой ҳамчун фурӯшандаи ашёи хом бо роҳат нанишаста, ба рушди соҳаҳои дигар - энергетика, нефту газ ва технологияи муосир талоши зиёд дорад. Бубинед, дар бахши рушди туризм ва сайёҳӣ Миср чӣ қадар пешсаф аст. Дар кишвар зиёда аз 6,2 миллион метри мураббаъ мавзеот барои рушди ин соҳа пешбинӣ шудааст. Ин соҳа яке аз самтҳои асосии фароҳамоварандаи буҷаи Мисрро бар дӯш дорад ва солона наздики 7 миллиард доллар ба буҷаи Миср ворид мекунад, ки он 10 фисади иқтисоди кишварро дар бар мегирад.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, Муборак натавонист тӯли ин солҳо дар Миср вазъи иҷтимоии мардумро беҳбуд бахшад ва нагузорад, ки фасод ривоҷу равнақ наёбад. Дар қиболи иқтисоди инкишофёбанда, сарзамини дорои захираҳои бузурги нафту газ ва ё бо ибораи дигар гӯем, миллионҳо метри мураббаъ мавзеоти биҳиштсон дар соҳили баҳр доман афкандаи пур аз биноҳои пурҷилои меҳмонсаро ва истироҳатгоҳҳои серу фаровон, аксари мардуми Миср фақиру қашшоқона зиндагӣ доштанд, ки дастмуздашон моҳе то 100 доллар намерасид. Ин дар ҳолест, ки сармояи шахсии Муборак ва хонаводааш то 70 миллиард доллар рақам зада мешавад.
Дуруст аст, ки дар муддати ин шаш-ҳафт моҳ Муборак наметавонад ҳама он кореро, ки тӯли 30 сол накард ва ё оғоз кард, ба анҷом расонад. Аз рӯйи мантиқ, қарори дуруст аст. Ба ин тариқ, сурат гирифтани вазъ ба ӯ имконият медиҳад, ки заминаеро барои роҳат рафтани худ аз сари қудрат фароҳам орад. Дар бозии сиёсӣ ин шонси охирини ӯст. Ҳарчанд, «бозӣ» ба поён расида… Масалан, дар бозии футбол дақиқаи охирин ва зарбаи ниҳоӣ метавонад анҷоми бозиро дигар кунад. Муборак ба ҳамин дақиқаи охир умед дорад. Аммо, суоли бузург аст, ки оё мардум - инак, имрӯзҳо довари асосии ин бозӣ, ба ӯ ин дақиқаро медиҳад?
-Фикр намекунед, ки ҳаводиси Миср дар ҷойе тарҳрезӣ шуда бошад?
-Муборак дар Ғарбу Амрико ва Исроил аз обрӯ ва пуштибонӣ бархӯрдор аст. Ин то ҷойе фарзияеро, ки инқилоби Миср аз ҷониби гурӯҳе ва ё кишваре таҳррезӣ шудааст, барҳам мезанад. Аммо, эҳтимоли он, ки аз ин «оташи Миср» ҳастанд онҳое, ки даст гарм мекунанд, ҷой дорад. Табдили ҳукумат дар Тунис ва то ба Мисру дигар кишварҳо расидани мавҷи норозигиҳо ишора ба он мекунад, ки мисриён низ маҳз барои пиёда кардани хостаҳои иҷтимоиашон рӯи майдонҳо рехтанд. Бубинед, ҳатто "Ихвон-ул-муслимин", ки рӯзҳои ахир вориди ҷараён гашт ва ё Муҳаммад Ал-Бародаӣ, ки дар ин фурсати муносиб аз ҳиҷрати сиёсӣ ба Миср баргашта, ба тазоҳуротгарон пайваст, дар миёни анбӯҳи мардуми эътирозгар, ки хостаҳои муҳими ҳудро ироа мекарданд, чандон ҳузури чашмрас надоранд.
Бо вуҷуди он ки "Ихвон-ул-муслимин" даъвои дар Миср барпо кардани давлати исломиро дорад, он қадар ҷунбиши тундрав нест. Мисли Ҳамос, ва ё Ал-Қоида нест, ки боиси нигаронӣ бошад. Шаби дирӯз масъулини он бо баёни розигӣ барои гуфтугӯ бо ҳукумати Ҳусни Муборак, гуфтанд хоҳони дар Миср бунёди як давлати демокративу шаҳрвандиянд. Бинобар ин, ба андешаи банда ин инқилоби иҷтимоӣ буд. Дунё дигар шудааст, мардум дастрасии бештаре ба телевизион, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дастгоҳҳои телефонии мобилӣ доранд, ки вазъро худашон тариқи «online» идора мекунанд, дар ҷараёни ҳаводисанд. Эътирозҳои Миср - ин «инқилоби» телевизони «Ал-Ҷазира», Интернет ва шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Twitter ва ширкатҳои мобилӣ аст. Кудрат ва тавони ин гуна дастгоҳҳоро дар дунё дигар ягон гурӯҳ, қувва, ягон давлат надорад. Воқеияти ҷаҳони иттилооти имрӯз ҳамин аст.
-Оё ин андешаро, ки бархе коршиносон мегӯянд, воқеоти Миср ба Тоҷикистони мо таъсир намегузорад, ҷонибдорӣ мекунед?
-Дар ин ҷода мо таҷрибаи талхе дорем. Ҳамин гуна коршиносон ва ҳатто шахсони масъули блоки иктисодӣ гуфта буданд, ки бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба Тоҷикистон таъсир намекунад. Натиҷа чӣ шуд? Чунин ба назар мерасад, ки ҳама бояд дурӯғ гӯем, касе рост гуфт, душмани ҳукумат мешавад. Аммо, ман намефаҳмам, мизони муайян кардани «дӯст»-у «душман»-и ҳукумат ва президент кадом аст. Пешниҳоди ахбори носаҳеҳ ва таҳлили бардурӯғ магар ба манфиати кор аст? Дигаронро намедонам, аммо шахсан фикр мекунам, ки ин ҳаводис ба аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, аз ҷумла Тоҷикистон, бетаъсир намемонад. Аз ҳаводиси Миср ва дигар кишварҳои Ховари Миёна масъулини ҳукумати Тоҷикистон бояд хулосаи дуруст бароранд ва ба президент таҳлилҳои воқеӣ пешниҳод намоянд, то дар асоси онҳо тадбирҳои дуруст андешида шавад.
Тоҷикистон ба ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ниёз дорад. Ҳанӯз фурсат ҳаст, ки мо ба зудӣ ислоҳоти кадриву иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба роҳ андозем. Кӣ намехоҳад ин гуна ислоҳот дар Тоҷикистон ба роҳ андохта шавад? Албатта, онҳое ки дар вазъияти феълии кишвар аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ бархӯрдоранд ва аз рӯи мақоли «гӯр сузаду дег ҷӯшад» фаъолият доранд. Аммо тасмим танҳо ба як нафар вобаста аст: президент. Фақат бояд дурӯғ нагуфт, ахбори саҳеҳ ва таҳлили воқеӣ пешниҳод кард, то тасмими дурӯсту саривақтӣ гирифта шавад.
«ИмрӯзNews», №100, 09.02.2011
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4395-az-inkilobi-ijtimoii-misr.html