ИЗҲОРОТИ ҶАНОБИ ЭНДРЮ МИТЧЕЛЛ, ВАЗИРИ ДАВЛАТИИ БРИТАНИЯИ КАБИР ОИД БА РУШДИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Соли гузашта, вақте ки Ҳукумати Эътилофии Британияи Кабир ба сари қудрат омад, мо дарк кардем, ки замони душвори иқтисодӣ интихоби мушкилро пеш меорад. Вале мо расонидани кӯмаки башардӯстонаро ба мардуми камбизоат чи дар Британия ва чи дар саросари ҷаҳон идома медиҳем.
Аз ин рӯ, мо дар назди худ мақсад гузоштем, ки 0,7 фисади Даромади Умумии Миллии Британияи Кабирро ҳамчун кӯмак ҷудо намоем. Барои чунин қарор баровардан баъзеҳо моро мавриди танқид қарор дода, хостори кам кардани кӯмакҳо шуданд. Аммо ман боварӣ дорам, ки дар тӯли чор соли оянда дар ҳаёти мардуми кишварҳои рӯ ба тараққӣ дигаргунӣ ба амал меояд. Агарчанде ки ҷаҳон дар тӯли ин чор сол дар мубориза бар зидди фақр ба як қатор пешравиҳо ноил мегардад, ки ин ҳам расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аст, мо бояд итминон дошта бошем, ки талошҳои муштараки мо таъсири мусбии бештаре дорад. Аз ин рӯ, аввалин коре, ки ман ҳамчун вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ анҷом додам, ин бори дигар аз назар гузаронидани тамоми кӯмакҳоямон дар саросари ҷаҳон буд. Бо ин амал мо бори дигар муайян намудем, ки маблағҳоямон дар куҷо сарф мешаванд, кумакҳо чи гуна расонида мешаванд ва ба кадом натоиҷ ноил мегардем.
Бо камоли хурсандӣ тасдиқ менамоям, ки натиҷаи дубора дида баромадани кӯмакҳоямон ин аст, ки барномаи рушди Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ фаъолияти хешро дар замони банақшагирии ҳукумати ман, ба муддати чаҳор соли дигар, яъне то соли 2015 дар ҳамон сатҳе ки қарор дошт, идома медиҳад. Мо ният дорем, ки дар як сол ба ҳисоби миёна $27.5 миллион (14 млн. фунт стерлинг) барои иҷрои барномаҳоямон дар Осиёи Марказӣ, алалхусус дар Ҷумхуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ҷудо намоем.
Мусоидат ба пешрафти иқтисодиёт тавассути сектори хусусӣ ва ислоҳот дар идоракунии маблағҳои давлатӣ ҳадафи асосии барномаи мо дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Дар навбати худ ин барнома дастгирии ислоҳоти муҳити корӣ дар сатҳи қонунгузорӣ ва дастгирии рушди иқтисодиро дар манотиқи деҳот дар бар мегирад. Ин кӯмаки мо дар идоракунии маблағҳои давлатӣ барои самаранок, шаффоф ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои давлатӣ барои аҳолӣ мусоидат менамояд.
Муваффақияти барномаи ҳамкории мо бо Тоҷикистон аз ӯҳдадориҳои шариконамон, бахусус Ҳукумат вобастагии зиёд дорад. Идомаи ӯҳдадориҳои Ҳукумат дар ислоҳоти рушди сектори хусусӣ – мусоидат ба пешрафт ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва харҷи самаранок ва шаффофи маблағҳои давлатӣ дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ, беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ ва рақобатнокии сектори хусусӣ, ки имкони афзудани ҷойҳои нави кориро доранд, нақши муҳим мебозад.
Дар миқёси ҷаҳон мо танҳо бо якчанд кишваре кор мекунем, ки боварӣ дорем, ки дар ин кишварҳо кӯмакҳои мо таъсири бузург мерасонанд. Мо бештар кӯшиш менамоем, ки барои беҳтар намудани вазъи зиндагии мардум, аз ҷумла дар фароҳам сохтани озуқа, таъмини оби тозаи нӯшокӣ ва беҳтар намудани соҳаи тандурустӣ ва маориф, замина ва имкониятҳои мусоид фароҳам орем.
Мо барои бартараф кардани фақр ва таъмини амният дар баъзе аз қисматҳои ноустувор ва ноороми ҷаҳон мубориза мебарем. Тараққиёт метавонад он сарчашмаҳоеро, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили беморӣ, маводи мухаддир, муҳоҷират, терроризм ва тағйирёбии иқлим мегарданд, бартараф намояд.
Дар давоми чор соли оянда кумакҳои Британияи Кабир дар ҳаёти миллионҳо нафар дигаргунии ҷиддӣ ба амал меорад. Аз ҷумла мо кӯдакони зиёдро, ки шуморааш аз тамоми мардуми Англия бештар аст, эм мегузаронем; ҳаёти 50,000 зани дар ҳолати ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак бударо наҷот медиҳем; фавти 250,000 кӯдаки навзодро пешгирӣ менамоем; 11 миллион кӯдакро, ки ин аз миқдори мактаббачаҳои дар Британия Кабир буда зиёд аст, бо шароити дарсхонӣ таъмин менамоем, ки ин 2,5 фоизи хароҷотро ташкил мекунад ва барои дастрасӣ ёфтан ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳтар намудани вазъи беҳдошти шумораи зиёди аҳолӣ, ки миқдораш аз аҳолии Шотландия, Уэлс ва Ирландияи Шимолӣ зиёд аст, ёрии амалӣ мерасонем.
Ҳангоми дубора дида баромадани кӯмакҳоямон дар миқёси ҷаҳон мо ҳамчунин ба арзиши маблағҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ, ба монанди Бонки Ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид расонида мешаванд, назар афкандем. Касе дар муҳимияти талошҳои чунин ташкилотҳо дар мубориза бар зидди фақр шубҳае надорад. Аммо ба ҳамаи мо маълум аст, ки на ҳамаи онҳо аз ҷиҳати самаранокӣ баробаранд. Британияи Кабир дигар ҳеҷ гоҳ кӯмакҳои худро тавассути он ташкилотҳое, ки маблағҳоро самаранок ва мақсаднок истифода намебаранд, намерасонад ва бештар бо ташкилотҳои боэътимод ҳамкорӣ намуда, истифодаи маблағҳояшро зери назорати қатъӣ мегирад.
Мо бештар ба истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳоямон ва ба даст овардани натоиҷи назаррас диққати ҷиддӣ медиҳем. Ин хеле муҳим аст, зеро мо бояд ба ҳар як андозсупорандаи кишварамон нишон дода тавонем, ки мо маблағҳои онҳоро мақсаднок истифода мебарем ва ҳар як фунти онҳо дар беҳтар намудани ҳаёти мардуми ниёзманд таъсири калон мерасонад. Аз ин рӯ, ман кафолати нави шаффофияти кумакҳоро роҳандозӣ карда, як гурӯҳи мустақили кӯмакҳо таъсис додам. Мутмаинам ки Британияи Кабир барои таъмини шаффофияти кумакҳо роҳи дурустро тай карда истодааст ва ҳамзамон ба дигарон маслиҳат медиҳам, ки дар ин кори хайр бо мо ҳамроҳ шаванд.
Кӯмакҳое, ки мақсаднок истифода мешаванд, метавонанд ҳаёти миллионҳо нафарро беҳтар намоянд. Ман аз он сарфарозам, ки кумакҳои Британияи Кабир ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд ва боварии комил дорам, ки дар ҳамкории муштарак, мо имкон дорем ҳаёти миллионҳо нафарро беҳтар намоем.
Эндрю Митчелл,
1-ми марти соли 2011-ум,
Лондон.
“Рӯзгор”
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4572-izhoroti-andrew-mitchell-oid-ba-rushdi-baynalmilali.html