ИЗҲОРОТИ САФИР КЕЛЛИ ДАР ШӮРОИ ДОИМИИ САҲА ОИДИ ОЗОДИИ ДИН
Дар тӯли 12 моҳи охир Иёлоти Муттаҳида бо истифода аз фурсат як қатор масъалаҳои мавзӯиро дар робита бо амалисозии ӯҳдадориҳои мо дар Шӯрои доимӣ матраҳ мекунад. Мо мавзӯъҳоеро монанди озодии воситаҳои ахбори омма, қочоқи инсон ва коррупсия матраҳ намудем. Ман имрӯз ҳам бори дигар дар бораи вазъи озодии дин дар САҲА изҳори назар мекунам ва боварии қавӣ дорам, ки ин ба муколамаи васеъ дар атрофи ин миз дар тӯли ҳафта мусоидат мекунад.
Озодии пайравӣ кардан аз дини интихобшуда барои Иёлоти Муттаҳида аҳамияти ҳаётӣ дорад. Ин як тақозои озодии дин аст, ки бисёре аз асосгузорони Амрикоро ташвиқ мекард ва ин барои аксари кишварҳо омили бунёдӣ мебошад. Ҳамон гуна ки президент Обама дар соли 2010 гуфт: “Принсипи мазкур, ки намояндагони ҳамаи динҳо дар кишвари мо истиқбол мешаванд ва аз ҷониби ҳукумат нисбати онҳо ба таври дигар муносибат намешавад барои мо муҳим мебошад”.
Имрӯз дар саросари ҷаҳон ва ҳатто дар ин ҷо, дар САҲА ҳукуматҳо ва ҷомеаҳо барои баланд бардоштани гуногунии динӣ мубориза мебаранд, ҳатто дар ҳоле, ки онҳо вазифадоранд ҳуқуқҳои бунёдии фардро дар тамоми ҷомеаҳое, ки дар қасди амалӣ кардани эътиқодоти мазҳабии худ мебошанд, ҳимоя намоянд. Ҳамон тавр ки Котиби давлатӣ Клинтон зикр кард, «озодии динӣ барои ҳар ҷомеаи солим зербинои асосиро таъмин менамояд». Ҳуқуқи бовар кардан ва ё бовар накардан ва амалӣ кардани эътиқодот бидуни тарс аз дахолат ё маҳдудкунии ҳукумат ҳуқуқи бунёдии башар мебошад.
Имрӯз, озодии динӣ дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои узв ошкор ва возеҳ маҳдуд карда мешавад. Гузориши солонаи Департаменти давлатии ИМА оид ба Озодии байналмилалии динӣ, ки аз ҷониби конгреси ИМА ваколат дода шудааст ва дар шабакаи интернет дастрас мебошад, ба таври муфассал роҳҳои мухталиферо баён мекунад, ки мо бо маҳдудиятҳои озодии динӣ рӯбарӯ мешавем. Ман мехоҳам танҳо баъзе аз онҳоро зикр кунам.
Тарзҳои аз ҳама шадиди вайронкунии озодии динӣ дар ҳукуматҳои худкома рух медиҳанд, ин ҳукуматҳо кӯшиш мекунанд ҳамаи андешаҳо ва изҳороти диниро ҳамчун қисме аз тасмими ҳамаҳонибаи назорати ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ ва шаҳрвандӣ назорат намоянд. Баъзе ҳукуматҳо дар бораи амнияти сиёсӣ ҳамчун асос барои саркӯб кардани амалияҳои сулҳомези динӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Мо инро имрӯз дар кишварҳои САҲА, махсусан дар Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон мебинем.
Дар Тоҷикистон лоиҳаи пешниҳодшудаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон» ҳар касро поёнтар аз синни 18-солагӣ аз ширкат дар ҷамъомадҳои мазҳабӣ манъ мекунад. Мо ҳукумати Тоҷикистонро ба он ташвиқ мекунем, ки ин банди лоиҳаи қонунро бекор кунад, ки нақзи ҷиддии озодии диниро эҷод мекунад. Мо бо нигаронӣ изҳор мекунем, ки де фактои манъи занон аз рафтан ба масҷид аллакай ба Тоҷикистон таъсир расонидааст.
Ташвиши дигар ин хусумати давлатҳо нисбат ба гурӯҳҳои ғайрианънавӣ ва ақалиятҳои мазҳабӣ мебошад. Баъзе ҳукуматҳо ба ҷомеаҳои динӣ тарс медиҳанд ва таҳдид мекунанд ва вайронкориҳои ҷамъиятиро бар зидди онҳо эҷод менамоянд. Католикҳо дар Юнон ва юнониҳои ортодокс дар Туркия ба маҳдудиятҳои қонунӣ ва монеаҳои иҷроии зиёде дар мавриди баёни озоди дини худашон дар ин кишварҳо рӯбарӯ мешаванд.
Дар баъзе кишварҳои иштироккунандаи САҲА ҳалли масъалаи шаклҳои тоқатнопазирӣ бар зидди гурӯҳҳои муайяни динӣ ба нокомӣ дучор шудааст. Дар ин кишварҳо қонун метавонад табъиз ва таъқиби мазҳабиро пешгирӣ кунад, вале мақомоти расмӣ наметавонанд ҳамлаҳо, таҳдидҳо ё дигар амалҳои зарардорро бар зидди афроди муайян ё гурӯҳҳои мазҳабӣ пешгирӣ намоянд. Мо инро дар Федератсияи Русия махсусан нисбат ба Шоҳидони Яҳё, аъзои дигар фирқаи насронии ғайриортодоксӣ ва мутолиакунандагони исломии осори Саид Нурсӣ мебинем.
Ҳимояи озодии динӣ зиёдтар аз танҳо доштани қонунҳо ва сиёсатҳои хуб дар кишварро тақозо мекунад. ҳукуматҳо инчунин масъуланд дар ҳамаи сатҳҳо барои пешгирии вайронкориҳо, ба назди қонун овардани онҳое, ки вобаста ба вайронсозии қонун ҷиноят содир кардаанд, ё шахсоне, ки мухолифи қонун ба табъиз даст задаанд, ҳимоя кардани қурбониён дар вақти лозимӣ, тақвияти муҳити эҳтиром ва тоқатпазирӣ барои ҳамаи одамон кор кунанд.
Мо ҳамчунин аз қонунгузории табъизомез ё амали мушаххасе нигарон ҳастем, ки як ё чанд динро бар динҳои дигар бартар мегузорад. Чунин ҳолатҳо аксари вақтҳо аз бартарии таърихӣ бар зидди ҷомеаҳои мазҳабии нав ё таърихан суркӯбшуда маншаъ мегиранд. Дар Туркманистон ҳукумат имконияти гурӯҳҳои қайдшударо барои доштани моликият ва чоп ё ворид кардани маводи мазҳабӣ маҳдуд менамояд. Дар бораи рейдҳо ва боздошти худсаронаи шоҳидони Яҳё, баптистҳо ва дигар протестантҳо гузоришҳо вуҷуд доранд.
Дар Ӯзбекистон, ягона кишвари иштироккунандаи САҲА, ки аз ҷониби Гузориши Озодии динии байналмилалӣ ба сифати кишвари дорои изтироби махсус шинохта шудааст, ҳукумат роҳбари протестантҳоро барои доштани филми насронӣ ҷарима ва шумораи зиёди китоби Инҷил, видео ва памфлетҳои аз ҷониби калисоҳои насронӣ истифода мешударо мусодира кард. Баъзе кишварҳои ширкаткунанда нисбат ба гурӯҳҳои махсус табъизро ба кор мебаранд ва даъво мекунанд, ки онҳо ғайриқонунӣ ва барои шаҳрвандон ва тартиботи ҷчамъиятӣ хатарнок мебошанд.
Онҳо ин гурӯҳҳоро ҳамчун «култҳо» ё «сектаҳо» тавсиф мекунанд, ба он васила гурӯҳҳоро ба таври доимӣ бадном мекунанд ва амалҳои хушунат бар зидди онҳоро ташвиқ ва ё нисбати чунин амалҳо чашмпӯшӣ мекунанд. Ин амал нисбатан ҳатто дар кишварҳхое маъмул аст, ки ба таври дигар озодии динӣ эҳтиром мешавад. Мо инчунин боварӣ дорем, ки кишварҳои иштироккунанда барои ҳимояи ақалиятҳои динӣ ва таҳкими тоқатпазирӣ ва эҳтиром дар сатҳи ҷомеа масъул мебошанд. Дар соли гузашта мо гузоришҳое дарёфт кардем ва онҳо ба таври муфассал дар Гузориши солонаи мо оид ба озодии динии байналмилалӣ, ки дар онҳо амалҳои ғайри қобили таҳаммули рафтори зиддисемитӣ ва хушунат бар зидди шахсон ва ҷомеаи яҳудӣ ва стереотипҳои манфиву табъиз бар зидди ҷомеаҳои мусулмон зикр шудаанд.
Дар Украина варақаҳое дар Қрим паҳн карда мешуданд, ки дар онҳо ба генотсиди яҳудиён даъват карда мешуданд; дар Нидерландия, Латвия ва дигар давлатҳо дар синагогҳо ва қабристонҳои давлатӣ амалҳои таҳқиромез сурат гирифтанд. Баъзе кишварҳо мамнӯъиятҳои миллӣ ё маҳаллиро оид ба либосҳои мазҳабӣ, махсусан сарпӯши анъанавии мусулмонӣ ва ҳиҷоб ё дигар нишонаҳои исломӣ баррасӣ карданд ё ба таври қонунӣ ба иҷро дароварданд. Дар ниҳоят, як қатор кишварҳои ширкаткунанда дар ҷаласоти САҲА барои пеш бурдани мафҳуми «тӯҳмат ба динҳо» кор карданд.
Дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида амалҳоеро анҷом медиҳад, ки беэҳтиромӣ нисбат ба эътиқодоти амиқи мазҳабиро хориҷ мекунад. Мо бо мафҳуми «тӯҳмат ба динҳо» розӣ нестем, зеро он мумкин аст барои халалдор кардани озодиҳои бунёдии дин ва баён истифода шавад. Иёлоти Муттаҳида бар ин бовар аст, ки беҳтарин роҳ барои ҳукуматҳо ҷиҳати ҳал кардани ин масъалаҳо ин инкишоф додани низоми қавии қонунӣ барои ҳалли амалҳои табъиз ва ҷиноятҳои марбут ба эътиқод; маҳкум кардани идеологияи нафратомез ва фаъолона кор кардан бо ҳамаи ҷомеаҳои мазҳабӣ, махсусан бо гурӯҳҳои ақаллият, ва ба таври қатъӣ ҳимоя кардани ҳуқуқи шахсон барои амалӣ кардани динашон ба таври озод ва истифодаи озодии баёнашон мебошад.
Ба ин сабаб, мо дар айни замон барои ёфтани алтернатива ҷиҳати ҳалли кунунии тӯҳмат ба динҳо дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ кор мекунем, ки дастгирии ҳамаҷонибаро таъмин намояд ва нерӯҳоро аз мубоҳиса ба равиши амалӣ бар асоси принсипҳои муштарак равона созад. Ин нигарониҳои васеъи шахсонро ҳал мекунад, ки ба хотири динашон мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд. Мо аз даъват барои амал дар нутқи котиби Созмони конфронси исломӣ Эҳсонуғлу дар иҷлосияи 15 Шӯрои ҳуқуқи башар барои матраҳ ва ҳал кардани табъиз, хушунат ва хусумат бидуни маҳдуд кардани озодии баён ё дин таҳти таъсир қарор гирифтем.
Мо умедворем, ки ҳашт маврид барои амал дар ин суханронӣ асоси равиши нав, ба таври васеъ пуштибонишаванда ва ба амал равонашударо ташкил медиҳанд. Ҳамон тавр ки президент Обама соли гузашта гуфт: «Биёед ӯҳдадор шавем, ки ба таври доимӣ ҳамаи онҳоеро дастгирӣ намоем, ки бар зидди зулми динӣ мубориза мебаранд ва кӯшишҳои худро барои тақвияти сулҳ бо онҳое равона кунем, ки эътиқоди онҳо аз эътиқоди мо фарқ мекунад».
Ташаккур ҷаноби раис.
Сафири ИМА дар САҲА Иэн Келли
3 марти соли 2011
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4603-izhoroti-safir-kelli-dar-shuroi-saha.html
ИЗҲОРОТИ ҶАНОБИ ЭНДРЮ МИТЧЕЛЛ, ВАЗИРИ ДАВЛАТИИ БРИТАНИЯИ КАБИР ОИД БА РУШДИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ