21:32:35 02-уми Июни 2025 сол

"АМРИКО БО ТОҶИКИСТОН ВОРИДИ ДИОЛУГИ ДЕМУКРОТИЗА АСТ"

Кеннет Гросс, сафири Амрико дар ТоҷикистонКеннет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон дар мусоҳибаи ихтисосие бо Би-бӣӣ дар бораи “диолуги” худ бо давлати Тоҷикистон дар мавриди ихтилофи назарҳояш дар робита ба озодии баён ва озодиҳои мазҳабӣ сӯҳбат кардааст. Оқои Гросс дар ин мусоҳиба ҳамчунин ақидаи худро дар бораи сабақҳое, ки давлатҳо бояд аз ҳаводиси кишварҳои арабӣ бигиранд, изҳор дошт. Дар фишурдаи ин мусоҳиба ҳамчунин назари сафири Амрико дар бораи муштаракоти манофеъи Амрико бо Русия дар Тоҷикистон ва мулоҳизоти вай дар бораи асароти ҷанги сард ва Бозии Бузург мунъакис шудааст.

 

-Тайи як моҳи охир ҷаҳон ҳаводиси ғайричашмдошт дар кишварҳои арабиро мушоҳида мекунад, зеро мардумони он ҷо пас аз солҳои тӯлонии сукут дар баробари раҳбароне, ки даҳсолаҳо дар ҳокимият буданд, садо баланд карда ва хоҳони тағйирот шуданд. Бо дар назардошти ин ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон умри дарози сиёсӣ доштаанд, оё қарор аст, ки Амрико дар равобити худ бо ин давлатҳои Осиёи Миёна таҷдиди назар кунад?

 

-Ба назари ман ҳар кишвар вижагии худро дорад. Муқоиса кардан мушкил аст. Ба назарам муқоиса кардани як кишвар бо кишваре дигар барои таҳлили вазъият кори дуруст нест. Наметавонем танҳо ба хотири ин, ки дар як кишвар шароит чунин буд ва дар кишваре дигар низ шароит мушобеҳ аст, бигӯем инҷо ҳам ҳамон гуна ҳаводис иттифоқ меуфтад. Он чи дар Ховари Миёна итифоқ уфтод, ташнагии мардум барои навъе демукросӣ буд. Ва мо дидем, ки ин ҳаводис дар ҳар яке аз он кишварҳо ба наҳваи мутафовит сурат гирифт.

 

Масалан дар Либӣ, хушунатҳое давлат алайҳи мардумаш истифода кард ва мо медонем, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ин амр ба наҳваҳои мухталиф вокунишҳо нишон дод. Шӯрои амнияти СММ мехоҳад дар ин замина иқдомоте иттихоз шавад ва Маҷмаъи умумии СММ раъй медиҳад, ки узвияти Либӣ дар Шӯрои ҳуқуқи башар лағв шавад.

 

Яъне ҳаводис дар миёни кишварҳои ҷаҳони араб, ки даргири тазоҳурот шуданд, аз ҳам тафовут дорад. Аммо вазъият дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Тоҷикистон - бояд гӯям, ки Амрико бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф ҳамкориҳои танготанг дорад. Мо дар инҷо аз соли 1992 ба ин сӯ ҳастем. Мо барномаи густардаи имдодиро дар инҷо пиёда кардем. Мо бо онҳо ҳамкорӣ мекунем, онҳо бо мо дар Афғонистон ва бахшҳои мухталиф ҳамкорӣ мекунанд.

 

Ба назари ман барои ҳар кишвар муҳим аст, ки ба он чи дар кишварҳои арабӣ мегузарад, назар афкананд ва ба ончи мардуми ин кишварҳо тақозо мекунанд, гӯш бидиҳанд. Онҳо тазоҳурот баргузор мекунанд, зеро онҳо озодии бештар мехоҳанд, зеро мехоҳанд аз ҳуқуқи демукротик бархурдор бошанд, мехоҳанд фасод набошад.

 

Ба назарам, ҳар кишвар бояд ин саволро барои худ бидиҳад, ки оё дар кишвараш ончи мардумони кишварҳои мухталифи Ховари Миёна ва дар шароити мухталиф тақозо доранд, ба андозаи кофӣ вуҷуд дорад? Бипурсанд, ки “шояд корҳои бештаре бояд анҷом бигирад, то мардуми мо, ончи мардуми кишварҳои арабӣ мехоҳанд, дар ихтиёр дошта бошанд.”

 

-Ба ин ҳама, мо медонем, ки гузоришҳои мухталифи байналмилалии марбут ба ҳуқуқи башар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистонро дорои режимҳои худкома мехонанд. Бо дарназардошти манофеъи Амрико дар ин минтақа, аз ҷумла ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Шумо барои мубориза бо террурисм дар Афғонистон то чи андоза Амрико метавонад дар заминаи тақозо аз давлати Тоҷикистон барои густариши демукросӣ сахтгир бошад ва дар ин раванд таъсиргузор бошад?

 

-Ҳамон тавр, ки гуфтам мо бо давлати Тоҷикистон ҳамкориҳои хуб дорем. Мо қаблан ва ҳоло низ гуфтугӯи худро бо давлат дар бораи масоиле, ки ба назари мо давлат бояд рӯйи он кор кунад, сӯҳбатҳо кардаем. Ин масоил аз ҷумла фарогири масоили демукротиза аст, чунончи озодии баён ва ё озодиҳои мазҳабӣ. Аммо мутаасифона Иёлоти Муттаҳида дасти сеҳромез надорад, ки битавонад ҳар тағйиротеро, ки дилаш мехоҳад дар инҷо анҷом бидиҳад ва ҳатто агар метавонист, дуруст ин кор нодуруст мебуд. Зеро мардуми ҳар кишвар бояд худ тасмим бигиранд, ки чи мехоҳад. Мо шоҳиди ин кор дар кишварҳои Ховари Миёна ва Шимоли Офриқо шудем. Яъне мардум хостаҳои худро баён мекунанд.

 

Дар ин ҷо мо бо давлат дар робита ба масоиле, ки фикр мекунем, муҳим ҳастанд, гуфтугӯ мекунем. Аз як тараф масоилеро матраҳ мекунем, ки мо метавонем дар ҳалли он мусоъидат кунем, масалан дар бахши димукросӣ ё тавсеъаи иқтисодӣ ва мисли инҳо. Ва аз сӯйи дигар, дар бораи он иқдомоти давлат гуфтугӯ мекунем, ки ба назари мо кумаке намерасонанд ва метавонад дар оянда барои онҳо мушкил эҷод кунад. Масалан дар солҳои гузашта иқдомоте буд, ки ба наҳвае озодиҳоро маҳдуд мекунад. Албата давлат барои ин далели дуруст дорад. Давлат аз нуфузи теруристҳо нигарон аст, аз вуруди бегонаҳо ва таъсиргузории онҳо ба вазъияти Тоҷикистон нигарон аст.

 

Мо мувофиқем, ки ин мулоҳизаи дуруст аст. Аммо мо ҳамчунин бовар дорем, ки агар тавре, ки дар тарҳи қонун дар бораи масъулияти падарону модарон пешниҳод шудааст, рафтани ҷавонони зери 18 сол ба анҷуманҳои мазҳабӣ мамнӯъ шавад ва дигар маҳдудиятҳои мазҳабӣ эъмол бишавад, ин амр метавонад натиҷаи баръакси хостаи давлатро ба бор биёрад.

 

Ин амр метавонад, афроди бештарро ба фаъолиятҳои мазҳабии зерзаминӣ дар ҳарими хусусиашон бикашад ва онҳо ҳадафи таъсирҳои бештари ифротӣ шаванд. Ба ин хотир мо бовар дорем, ки озодиҳои мазҳабӣ, аз аносири муҳимми ҳар ҷомеъаи озод аст ва ҳар чизе, ки ин озодиҳоро маҳдуд мекунад, метавонад натиҷаи нохуб дошта бошад. Ин яке аз мисолҳоест, ки мо чи гуна бо давлат гуфтугӯ мекунем. Яъне мо нуқтаи назари худро ба онҳо мегӯем, дар бораи он чи ки ба назари мо дуруст аст. Чизе ки натанҳо барои мо дуруст, балки барои ҷомеъаи Тоҷикистон низ дуруст аст.

 

-Бархе аз гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ дар заминаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон натанҳо аз амалкарди давлат, балки созмонҳо ва сафоратхонаҳои мустақар дар ин кишвар низ гила мекунанд ва мегӯянд, ки кори онҳо дар заминаи демукротизаи ҷомеъаи Тоҷикистон бо баргузории чанд семинор ва ё изҳороте маҳдуд мешавад. Шумо ҳам ахиран тавассути баёнияе дар заминаи фишор ба расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардед, оё чунин изҳорот то чи андоза муассиранд?

 

-Диолуги мо бо давлат дар заминаҳои мухталиф идома дорад. Шумо бархе аз онҳоро ном бурдед. Бархе аз ин диолугҳо дар бораи озодии баён аст, дар бораи қазияҳои додгоҳии расонаҳо, ки ҷараён доранд. Яъне мо ба давлат назари худро мегӯем ва ин марбут ба давлат мешавад, ки машварати моро қабул кунад ё хайр. Мо наметавонем ба давлат дикта кунем, ки чӣ кор бояд бикунад, ин кор қобили қабул нест. Коре ки мо метавонем дар ин замина анҷом бидиҳем ин аст, ки бо мақомоти давлатӣ, бо журналистон мисли имрӯз, бо афроди алоҳида сӯҳбат кунем, омӯзем, ки чи мехоҳанд ва назари худро ироа кунем.

 

Мушкил аст бигӯем, ки давлат ба ҳарфҳои мо чӣ гуна вокуниш мекунад, чун дар қазия ва мавориди мухталиф ибрози назар мекунем. Шояд ба баъзе масоил сафорати ман бештар аз дигарон таъкид мекунад ва бархе аз масоил ҳастанд, ки кишварҳои дигар ҳам матраҳ мекунанд. Аммо дар масоиле, ки барои мо муҳим ҳастанд, ба монанди озодии баён, мо нигаронии худро дар ҳамаи сутуҳи давлатӣ ба сурати ҳамешагӣ матраҳ мекунем.

 

Он чӣ марбут ба масоили ҳуқуқи башар мешавад, мо гузоришҳои солона таҳия мекунем ва гузоришҳо дар бораи қочоқи инсон ва дигар гузоришҳо. Инҳо фақат қоғаз нестанд, ин гузоришҳо диолуги моро дар тӯли сол бо давлат ва бо ҷомеъа мунъакис мекунанд. Мо бовар дорем, ки ин гузоришҳо то андозае муассир ҳастанд. Дар заминаи қочоқи инсон мо ҳамкории хуб дорем, аммо дар мавриди дигар масоил ба монанди озодии баён, давлат назари мутафовит аз моро дорад. Дар ҳоле ки озодии баён на ин ки яке аз бунёди демукросӣ, балки худи демукросӣ аст.

 

Масалан дар қазияи ASIA-Plus, ки ин нашрия дар бораи шиканҷа шудани боздоштшудагон иддаъо кардааст, назари мо ин аст – Агар давлат бо ин розӣ нест, набояд нашрияро ба додгоҳ бикашад, балки нахуст ба иддаъоҳо назар кунад, сипас таҳқиқ кунад, ки ин иддаъоҳо дуруст ҳастанд ё не. Агар нашрия иштибоҳ кардааст, мавзӯъро матраҳ кунад, аммо агар нашрия рост гуфта бошад, дар ин бора ба мардум бигӯянд. Ин чизест, ки мардум мехоҳанд бидонанд. Ҷомеъаи маданӣ ин гуна вазифаи худро иҷро мекунад.

 

Мардум мехоҳанд бидонад, ки оё ин ҳарфҳо воқеъият дорад ё не, на ин ки онҳо бигӯянд: “шумо набояд ин ҳарфро дар бораи мегуфтед, акнун мо шумоёнро ба додгоҳ мекашем.” Маънии озодии баён ин нест. Мо дар ин бора бо мақомот сӯҳбат мекунем. Агар мо мебинем, ки ин мушкил ба сатҳи нақзи таъаҳҳудоти давлат дар пеши Созмони Амният ва Ҳамкориии Урупо дар заминаи озодиҳои демукросӣ бирасад, мо дар ин бора бо САҲУ гуфтугӯ мекунем. Дар воқеъ ин масоил гуфтугӯҳои зиёдеро ба ҳамроҳ дорад. Аммо мо ҳамкориҳои муваффақе бо давлати доштем ва бовар дорем, ки ин гуфтугӯҳо низ натиҷаи мусбӣ хоҳад дод.

 

-Ахиран вазорати хориҷаи Амрико эълом кард, ки барои дастарсии бештари мардумон дар кишварҳои дар ҳоли рушд ба интернет 25 милюн дулор тахсис додааст. Оё ин тасмим барои вазъи дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистон низ саҳме хоҳад гузошт ва чӣ саҳме?

 

-Ин тасмим натанҳо дар бораи озодии расонаҳо, балки имконоти зиёди дигар, ки интернет фароҳам мекунад, мебошад. Ҳамин тавре, ки медонед, дар соли гузашта дар Тоҷикистон мавориди масдуд шудани бархе аз сойтҳо вуҷуд дошт. Ин чизест, ки ба назари мо натиҷаи хубе надорад. Мо бовар дорем, ки фақат баррасии ҳамаҷонибаи воқеъиятҳо дар расонаҳо ҷомеъаро мустаҳкам мекунад. Албатта дар интернет матолибе низ вуҷуд дорад, ки ба мо писанд намеояд, аммо вокуниши мо ин нест, ки сойтро масдуд кунем, балки мутмаъин бошем, ки нуқтаи назари мо ҳам дар интернет ҷой бигирад, то ин ки баҳс комил бишавад.

 

Дар ин сурат ҷомеъа метавонад ба ҳарду иттилоъ дастрасӣ пайдо кунад ва барои худ таҳлил натиҷагирӣ бикунад. Яъне мо бовар дорем, ки интернет барои комил шудани чунин баҳсҳо муҳимм аст ва ин дар навбати худ барои таъсиси як ҷомеъаи демукротӣ пураҳамият аст. Яъне будҷае, ки мо дар ин замина тахсис додаем, бештар тамаркуз дорад ба озодӣ дар дохили интернет, то ин ки дастрасии мардум ба интернет, ки бештар мавзӯъи фаннӣ аст ва давлат бояд ин василаҳоро фароҳам кунад.

 

-Шумо дар бораи нигарониҳои худ аз эъмоли маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон дар заминаи озодиҳои мазҳабӣ ишора кардед. Назари Шумо дар бораи бозгардонидани донишҷӯёни тоҷик аз кишварҳои исломӣ чист?

 

-Ман нигаронии давлатро мефаҳмам. Онҳо дар ин бора фикр мекунанд, ки донишҷӯён метавонанд ифротӣ бишаванд ва ё дар бораи ин ки Тоҷикистон ба муттахасисон дар соҳаҳои дигар, масалан ба инженерҳо ниёз дорад. Аммо бовари мо ин аст, ки ҳар фард дар заминаи он чи мехоҳад биомӯзад ҳаққи интихоб дорад. Мо нигарони инем, ки ҳамаи донишҷӯён бар мегарданд.

 

Табиъатан мо ҳам нигарони имкони гароишҳои ифротии донишҷӯён ҳастем. Аммо бояд дар назар дошта бошем, ки агар онҳо дар яке аз муътабартарин донишгоҳҳои Миср таҳсил мекунанд, ин донишҷӯёни аз донишҷӯёни кадом як мадрасаи ғайриқонунӣ дар Покистон фарқ мекунад. Яъне ин як раванди хеле умумии поксозӣ аст, ки моро нигарон сохтааст. Ба бовари мо ҳар фард дар заминаи интихоби ҷойи таҳсил бояд ҳаққи интихоб дошта бошад, магар ин ки иртиботе бо фаъолияте хоҳад дошт, ки ба кишвараш таҳдидҳое эҷод мекунад.

 

-Бархеҳо пас аз ошкор шудани номаҳои сафорати Амрико тавассути Викиликс бар ин боваранд, ки сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ва пуштибонии вижа қоил аст, оё чунин иддаъоҳо ҳақиқат доранд?

 

Мо пуштибони системи озоди сиёсӣ ва демукротик ҳастем. Ва яке аз аҳзоби сиёсии калидӣ дар ин ҷо ҳизби неҳзат мебошад. Мо намегӯем, ки аз онҳо пуштибонӣ намекунем, мо мегӯем, ки мо аз идеи системи озоди демукротик пуштибонӣ мекунем, ки ду иддаъои мутафовит аст. Вуҷуди аҳзоби сиёсии мухолиф, ки аз мардум намояндагӣ мекунанд амри хеле муҳим аст ва ин аҳзоб бояд назари мардумро мунъакис кунанд ва раъй дошта бошанд.

 

-Бархе коршиносон мегӯянд, ки вуҷуди ин ҳизб танҳо василаест, ки давлати Тоҷикистон ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ бигӯяд, ки дар кишвар демукросӣ вуҷуд дорад, вале дар воқеъият ин ҳизб раъйи ҷиддие дар саҳнаи сиёсӣ намебозад. Шумо ба ин назар чи фикр доред?

 

-Ин чизест, ки худи давлат ва намояндагони ҳизб бояд назар бидиҳанд, аммо то ҷойе, ки ман медонам ҳавзаи тарафдорони ин ҳизб қавӣ аст. Ман теъдоди дақиқи аъзои ин ҳизб ва ё тарафдоронашро намедонам, аммо то ҷойе медонам, онҳо воқеъан аз бахши қобили таваҷҷӯҳи ҷомеъаи кишвар намояндагӣ мекунанд. Барои ҳамин ман фикр намекунам, ки ин як ҳизби намоишӣ ба хотири он бошад, ки давлат битавонад дар бораи вуҷуди як ҳизби исломӣ дар кишвараш худнамоӣ бикунад.

 

-Дар идомаи саволи марбут ба Викиликс бипурсам, ки бархе аз номаҳои ошкоршуда ба иддаъоҳои вуҷуди рақобатҳои миёни Амрико ва Русия дар заминаи ҳузури сиёсӣ дар Тоҷикистон афзуд. Мулоҳизоти Шумо дар бораи номаҳое, ки вуҷуди чунин рақобатҳо миёни Русия ва Амрикоро ошкор кард чист?

 

-Ба назари ман, ин гумонзанӣ ва ақидаҳои умумии бозмонда аз даврони ҷанги сард аст. Шахсан ман фикр мекунам, ки мо бо сафорати Русия дар ин ҷо ҳамкориҳои зич дорем. Ҳар кишваре манофеъи худро дорад, Амрико бошад ё Русия ва ё Бритониё, ё ин ки Чин. Ҳар кишвар манофеъи худро дорад, аммо ҳадафи будани ман дар ин ҷо намояндагӣ аз манофеъи Иёлоти Муттаҳида аст.

 

Аз ҷумла яке аз манофеъи маҳками кишвари мо ҳамкорӣ бо Русия дар чандин башхҳо аст. Ин мавзӯъ аз суи руасои ҷумҳури ҳар ду кишвар эълом шудааст. Аммо дар сатҳи маҳаллӣ дар ин ҷо мо бо сафорати Русия дар бахшҳои гуногун ҳамкорӣ дорем, чунончи дар мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ё масоили марбут ба таҳкими муроқибати марзҳо.

 

Ба ин тартиб, тавре ки ман ба афроди мухталиф гуфтаам, Бозии Бузург дигар вуҷуд надорад, ба ҳар сурат аз ҷониби мо. Мо бо Русия чандин манофеъи муштарак дорем ва он ҷо, ки манофеъи мо фарқ мекунад, мо дар ин бора ошкор сӯҳбат мекунем. Дар замони кунунӣ, мо дигар наметавонем бо касе ё бо созмоне ҳамкорӣ надошта бошем. Бояд талош кунем ва дарк кунем, ки дигарон чӣ кор мекунанд.

 

Аз ин сӯҳбат сипосгузорам

 

Шамсияи Қосим, Би-Би-Си, Душанбе

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4630-amriko-bo-tojikiston-voridi-dialogi-demokrotiza-ast.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854