21:24:34 02-уми Июни 2025 сол

ЭРОН АЛОҚАМАНДИ ҲАМКОРИҲОИ ҲАСТАӢ БО ТОҶИКИСТОН АСТ?

Пажуҳишгоҳи Ховари Миёна дар Русия дар пойгоҳи интернетии худ гуфтааст, Теҳрон барои дарёфти захоири лозими урониюм барои пешбурди бомуваффақияти барномаи ҳастаии худ ба Тоҷикистон чашми умед бастааст.

iran_yellowcakeИн мавзӯъ дар гузоришҳои пойгоҳи интернетии ин пажуҳишгоҳ, ки як ниҳоди ғайридавлатӣ аст, матраҳ шудааст. Бархе аз расонаҳои интернетии Эрон низ бо ишора ба ин гузоришҳо дар ин мавзӯъ хушбин буда илова мекунанд, ки тамоюли Эрон барои ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистон қобили таваҷҷӯҳ аст. Ин расонаҳо ҳамчунин ишора бар ин доранд, ки Тоҷикистон “бар хилофи соири кишварҳои Осиёи Миёна, мавзеъи худро дар қиболи барномаи ҳастаии Эрон ба таври аланӣ эълом кардааст”.

Аз ҷумла дар сойти “Садоқат нюз” мехонем, ки “Тоҷикистон мавзеъи худро дар ин бора дар замони сафари моҳи январи соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон эълом ва таъкид карда, ки Душанбе ба унвони муттаҳиди роҳбурдии Теҳрон аз барномаи ҳастаии сулҳомези он дар тамоми мароҳил ҳимоят мекунад.”

Аммо пойгоҳи интернетии Пажуҳишгоҳи Ховари Миёна дар Русия ба захоири урониюми Тоҷикистон ишора карда ва навиштааст, ки “Теҳрон умеди умдаи худро, ба хусус дар заминаи барномаҳои дарозмуддат дар арсаи ҳастаӣ ба Душанбе бастааст.”

Ин гузориш дар идома таъкид кардааст, ки Тоҷикистон дорои ҳудуди 13 дар сади захоири урониюми ҷаҳон аст ва “Эрон алоқаи худро барои дастёбӣ ба маъодини Тоҷикистон пинҳон намекунад.”

Расонаҳои “Садоқат нюз” ва “Тобнок” ҳамчунин бо таъкид ба ҳамкориҳо низомӣ ва фаннии Эрон бо Тоҷикистон мавзӯъи эҳтимоли таъсиси пойгоҳи низомии Эрон дар Тоҷикистонро матраҳ кардаанд.

Ҳамчунин “Садоқат нюз” аз кумакҳои “қобили таваҷҷӯҳи” Эрон ба артиши Тоҷикистон ёдовар мешавад ва меафзояд, ки “ба гуфтаи коршиносон Эрон моил аст, пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон эҷод кунад, то дар ҳадди қобили таваҷҷӯҳ аз таъсири амалиёти нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон бикоҳад.”

Бино ба гузориши “Садоқат нюз” эрониҳо ҳамчунин “омодагии худро барои бозсозии фурудгоҳи низомии “Айнӣ” дар наздикии Душанбе эълом кардаанд.” Ин дар ҳолест, ки мақомоти низомии Тоҷикистон соли гузашта элом доштанд, ки санад дар бораи таъйиди поёни умури бозсозиии ин фурӯдгоҳро имзо кардаанд. Ин фурӯдгоҳ муддати чанд соли ахир бо сармояи давлати Ҳинд бозсозӣ мешуд.

Ба ҳар рӯй, агар ба иттилоъи ниҳодҳои давлатӣ дар бораи ҳамкориҳои Душанбе ва Теҳрон дар заминаи низомӣ назар андозем, ва боварҳои коршиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ дар бораи эҳтимоли рушди ин ҳамкориҳо ба сатҳи болотаре гӯш бидиҳем, ҳамаи ин иттилоъот хилофи иддаъоҳои коршиносони Пажуҳишгоҳи Ховари Миёна дар Русия аст.

Вазорати дифоъи Эрон дар воқеъ ба вазорати дифоъи Тоҷикистон аз соли 1997 бад-ин сӯ кумакҳое дар се самти кодрӣ ва таҷрибаомӯзӣ, фаннӣ ва таҷҳизотӣ ва табодули иттилоъот кумакҳо ироа мекунад.

Аммо Фаридун Муҳаммадуллоев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон дар посух ба мавзӯъи ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва Эрон дар фурудгоҳи низомии “Айнӣ” гуфт: “Ҳарчанд фурудгоҳи низомии “Айнӣ” ба вазорати дифоъ вобаста аст, аммо тасмимот дар робита ба истифодаи ин фурудгоҳро давлат иттихоз медиҳад.”

Албата ҷузъиёт дар бораи фаъолияти фурудгоҳи низомии “Айнӣ” ҳамеша барои расонаҳо пӯшида будааст, аммо мақомот таъкид мекунанд, ки ҳоло аз ин фурудгоҳ танҳо нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон истифода мекунанд. Вале бархе аз манобеъи ғайрирасмӣ аз вуҷуди созишномае дар бораи истифодаи муштараки Тоҷикистону Русия аз ин фурудгоҳ ишора мекунанд.

Гузоришҳое, ки қаблан дар бораи ин фурӯдгоҳ интишор меёфтанд аз алоқамандии Ҳинд барои истифода аз ин фурудгоҳи низомӣ ҳокӣ шуда ва бархе аз расонаҳои худи Ҳинд онро ба унвони танҳо пойгоҳи хориҷии Ҳинд муъаррифӣ мекарданд, чизе ки давлати Тоҷикистон пайваста рад мекард.

Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон дар бораи имкони то кадом ҳад рушд кардани ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон бо Эрон ибрози назар карданд. Саймуддин Дӯстов, коршиноси тоҷик ибрози назарҳо дар бораи эҳтимоли ҳамкориҳои низомӣ ва ҳатто ҳастаӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон тавассути як пажуҳишгоҳи мӯътабари Русияро як бозии сиёсии Русия медонад.

Вай мегӯяд: “Русия ба ин васила мехоҳад нишон диҳад, ки то чӣ андоза истиқлоли Тоҷикистони дорои захоири қобили таваҷҷӯҳи урониюм хатарнок аст ва мехоҳад Чину Урупо ва Омрикоро дар ин бора мутақоид созад.”

Пойгоҳи интернетии Пажуҳишгоҳи Ховари Миёна дар Русия низ дар яке аз гузоришҳои худ мавсум ба “Бо ҷашни Наврӯз дар Эрон чӣ бояд кард?” менависад, “Қонунӣ шудани ҷашни Наврӯз аз тарафи раҳбарони сиёсӣ метавонад, намоиши “наздикии қалбакӣ” ба мардумон бошад, ки гӯё режими исломӣ ба суннатҳои миллӣ арзиш қоил аст.”

Ба бовари ин муҳаққиқи пажуҳишгоҳи Ховари Миёна дар Русия ҷашни Наврӯз дар бархе аз кишварҳои минтақа ба Эрон имкони густариши нуфузаш бар онҳоро “бо баҳонаи муштаракоти фарҳангиву таърихӣ медиҳад.”

Бо ин вуҷуд коршиносон маҳаллӣ мегӯянд, алорағми ихтилофоти мавҷуд дар сиёсат давлати Тоҷикистон ба хотири муштаракоти таърихиву фарҳангӣ Эронро ҳамеша “шарики табиъии” худ медонад.

Оқои Дӯстов мегӯяд, ба хотири “нигарониҳои давлати Тоҷикистон дар заминаи таъсирҳои мазҳабии Эрон, Душанбе омода нест ба таври умда дар ин замина (низомӣ ва ҳастаӣ) бо Теҳрон шарик шавад.”

Аз сӯйи дигар Пол Куин Ҷаҷ, намояндаи Гурӯҳи Буҳрон дар Осиёи Миёна эҳтимоли ҳамкории Тоҷикистон бо Эронро чӣ дар заминаи ҳастаӣ ва чӣ дар заминаи ифтитоҳи пойгоҳи низомии Эрон дар Тоҷикистон “ҳадсзании ғариб” мехонад.

Вай мегӯяд: “Ҳоло давлати Тоҷикистон дар талоши дарёфти кумакҳои ҳарчи бештари Омрико ва Урупо дар заминаи низомӣ аст. Ҳар қадами кучаке аз ин қабил ба самти Эрон метавонад, дар сиёсати миёни Душанбе ва Урупо зарбаи ҷиддӣ ворид кунад.”

Бо ин ҳама Азим Иброҳим, раиси Идораи заминшиносии Тоҷикистон низ мегӯяд, Эрон бо ин идора аз соли 2006 ҳамкорӣ дорад, вале дар ин муддат дар заминаи корҳои ҷустуҷӯӣ иктишофии маъдани урониюм дар Тоҷикистон “на танҳо пешниҳоде ироа накардааст, балки ишорае низ накардааст.”

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Иброҳим баръакс худи Русия дар бораи захоири урониюми Тоҷикистон аз ин идора дархости иттилоъ карда буд, вале дар пайи дарёфти посух аз ин идора "дубора ба ин мавзӯъ барнагаштааст."

Шамсияи Қосим, Би-Би-Си, Душанбе

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854