ҲНИТ: «ТАҒЙИР, ИСЛОҲ, ПЕШРАФТ» ШИОРИ МАРҲИЛАИ БАЪДИСТ
16-уми апрел ҷаласаи хотимавии ҳамоиши солонаи ҲНИТ дар қароргоҳи марказии ҳизб баргузор гардид. Ба он ба ғайр аз раҳбарият ва фаъолони ҳизб инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, хабарнигорону коршиносони масоили сиёсиву иҷтимоӣ даъват шуда буданд.
Нақши ҲНИТ дар ҳифзи манофеи миллӣ
Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ яке аз собиқадорони ҳизб мавлавӣ Абдулҳай ҳусни матлаъ бахшид. Сипас Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагони МОТ эълон кард, ки дар ҳамоиши имсола раҳбарияти ҳизб ва фаъолони он, ки аз маҳалҳо ба ин ҷаласа даъват шудаанд, суханронии коршиносон ва таҳлилгаронро дар мавзӯъҳои «Ҳамкории ҲНИТ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳукумат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ», «Нақши ҲНИТ дар ҳифзи манофеи миллӣ», «ҲНИТ ва ақшори ҷомеа: занон, ҷавонон ва муҳоҷирон» шунида мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Дар аввал Рашид Ғанӣ Абдулло, коршинос ва таҳлилгари масоили сиёсӣ дар мавзӯи «Нақши ҲНИТ дар ҳифзи манофеи миллӣ» суханронии пурмӯҳтавое намуд. Мавсуф нақши Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро дар ҳифзи манофеи миллӣ, ба хусус таъмини сулҳу субот дар кишвар муҳим арзёбӣ намуд. Ва яке аз вазифаҳои нахустин муҳими ин ҳизбро дар мусоидат кардан ба таҳкими давлати Тоҷикон ва ҳифзи истиқлолияти он эълом дошт.
Ба ақидаи коршинос тамоми нирӯҳои сиёсии кишвар, минҷумла ҲНИТ дар ин давраи таърихии ҳассос бояд тавре фаъолият бубаранд, ки барои кишварҳои хориҷие, ки дар қиболи давлати мо қасдҳои нопок доранд, баҳонаи дахолат кардан ба корҳои дохилии мо боқӣ намонад. Ба гуфтаи Рашид Ғанӣ Абдулло намояндагони наҳзат агарчӣ дар Парлумон ду нафар ҳастанд, вале метавонанд корҳои зиёдеро дар дифои манофеи миллӣ анҷом диҳанд.
Масалан дар масоили иқтисодии дар Парлумон матраҳшаванда фикру андешаҳо, пешниҳодҳои худро метавонад дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҳизбӣ ва дигар нашрияҳо иброз дошта, мардумро аз фаъолияти парлумонии худ огоҳ намоянд. Ба андешаи коршинос кори дигари муҳиме, ки ин ҳизб бояд анҷом диҳад ин шиносондани аҳли ҷомеъа бо таҷрибаи кишварҳои дигари мусалмон дар дарёфти ҳалли муносиби мушкилаҳои иқтисодӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодии онҳо мебошад.
Нишонаи заъфи ҳизб чист?
Баъдан пажӯҳишгари Маркази Тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Абдуллоҳи Раҳнамо нуқтаи назари хешро дар бораи сиёсати ҲНИТ дар марҳилаи ҳозира иброз дошт. Муҳаққиқ ҲНИТ-ро як унсури бисёр устувор дар низоми сиёсии муосири Тоҷиккистон номид ва гуфт, ки «аз шаҳрвандӣ оддӣ шурӯъ карда то ба сиёсатмадорони сатҳи боло воқеият ва низоми сиёсии Тоҷикистонро бе ин падида тасаввур карда наметавонанд». Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Абдуллоҳи Раҳнамо агарчи аз таъсиси ҳизб 38- сол сипарӣ шуда бошад ҳам, вале заминаи фикрӣ, ақидатӣ ва андешаи ҳамин ҳизб то ҳанӯз дар шакли мудавван муаррифӣ нашудааст.
Яъне ҳизб китобе надорад, ки дар он мақсаду маром, идеологияи он барои мардум муаррифӣ шуда бошад. Ин нишонаи заъфи ин ҳизб аст. Ин нишонаи он аст, ки ин ҳизб ҳанӯз мактаб нашудааст. «Ман дар таҳқиқи худ ҳизбе номаълумтар аз инро надидам, ки аз назари сиёсӣ чунин падидаи ҷиддӣ ва шинохта бошад, вале аз назари андеша комилан муаррифӣ нашуда бошад. Фақат чандто мақолаҳои устод Ҳимматзода буданд, ки мутаассифона он ҳам пайгирӣ нашуд ва чопу дастраси ҳамагон нашуд»-, илова намуд коршинос.
Вале дар айни ҳол гуфт ӯ «ҳатто ҳамин Ҳизби Таҳрир бо ҳамон андешаи хаёлии ғайривоқеии худ дар Тоҷикистон 23 китоби муаррификунандаи андешаи ин ҳизбро нашр кардааст. Ҳизби наҳзат ҳатто як китоби нашри андешаи наҳзат надорад. Як китобе, ки дар сисолагии наҳзат аст, он маҷмӯи мусоҳибаҳост. Вақте одам фақат мусоҳиба медиҳад, нишонаи заъфаш ҳаст», таъкид намуд Раҳнамо ва илова кард: «Ёдатон бошад ду сол пеш устод Асадуллоев (файласуф дар назар аст) ба устод Кабирӣ муроҷиат карданд: «Агар Шумо рӯйи кор биёед, сарнавишти ман, ки як атеист ҳастам, чӣ мешавад?».
Он замон мо механдидем, ки ин савол супоришӣ ҳаст ё нодонӣ ҳаст? Вале имрӯз ман фикр мекунам, ки воқеан ин саволи дуруст ҳаст. Чунки ин ҳизб нагуфтааст, ки агар чунин шавад, чӣ мешавад. Дар як мусоҳиба шояд гуфта бошад, вале як тарҳе ин ҳизб барои ҷомеъа мушаххас нест. Ин як. Дуввум ин суханҳо, ки Қуръон андешаи мост, ислом идеологияи мост, ин суханҳои хуб аст, дуруст аст. Вале ислом андешаи ҳамаи мусалмонҳо ҳаст. Ҳатто андешаи онҳое, ки ҳизбиятро рад мекунанд, он рӯҳонияте, ки ҳизбро қабул надоранд, онҳо ҳам андешаҳояшонро исломӣ муаррифӣ мекунанд. Барои ҳамин ҳам бояд бардошт ва фаҳмиши наҳзат аз ислом ва аз ҷомеа тадвин шавад ва дастрас бошад».
Ҳизб бояд ташаннуҷзудоӣ кунад
Масъалаи дигаре, ки Абдуллоҳи Раҳнамо дар ин суханрониаш матраҳ кард, ин масъалаи муносибати наҳзат бо давлат буд. Ба гуфтаи Абдуллоҳи Раҳнамо ҲНИТ дар муносибаташ бо давлат бояд ташаннуҷзудоӣ кунад. Ташаннуҷзоиро кам кунад ва дар ин робита ба худ савол медиҳад: Чаро? Дар посух боз худи ӯ мегӯяд: «Чунки ҳизби динӣ ба намояндагӣ аз ҷомеаи динӣ фақат дар самти сиёсӣ кор мекунад, фақат андешаи сиёсӣ матраҳ мекунад, дар дидгоҳи давлат ва ҷомеъа худи муҳити динӣ ҳамчун падидаи сиёсӣ ҷилва мекунад ва аз и н рӯ нигоҳи давлат ба дин бисёр сиёсӣ мешавад.
Дар натиҷа ҳама падидаҳои динӣ бардошти сиёсӣ мегирад. Ин хеле вазъияти бад аст, зеро ҳар гуна амали динӣ баҳои сиёсӣ меёбад. Ва ин боис мешавад, ки ҳамин амалкарди якҷониба сиёсии наҳзат боиси фишори сиёсӣ болои муҳити динӣ мешавад ва онҳое, ки аз ислом фақат ибодат фақат ахлоқ, фақат андешаҳои ғайрисиёсӣ ҳам доранд, аз ин осеб мебинанд. Барои ҳамин назари ман ин аст, ки барои он ки чунин як вазъияти муташанниҷ пеш наояд, ҳизби наҳзат бояд дар ин марҳила аз ин тезии рафтори сиёсӣ то ҳадде худдорӣ кунад.
Як навъ оромтар кардани муҳит муҳимтар аз он аст, ки ҳарфе гуфта шавад. Равобити дину давлат ба вазъи табии баргардад барои ҷомеаи мо хеле муҳим аст, аз ин ки ин фазо ҳамеша сиёсатзада бошад. Ва ин бар зарари кулли муҳити динӣ ҳаст ва ҳатто метавон гуфт, ки дар дарозмуддат муҳити динӣ аз Ҳизби наҳзат пуршикоят мешавад, агар ин идома ёбад».
Консерти Умар Темурро дар ҳизб доир кунед!
Сипас Абдуллоҳи Раҳнамо ба ҲНИТ чунин тавсия медиҳад: «Пас агар ҲНИТ аз баҳси сиёсӣ -қудратӣ як муддат канор биёяд, чӣ бояд бикунад? Ба назари ман фазоҳои зиёди холӣ ҳаст, ки ин ҳизб бояд кор кунад. Масалан худи фарҳангсозӣ. Чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодӣ дошта бошад.
Масалан чаро Шумо вохӯрӣ бо адибон, журналистон, бо ҳунарпешагон, бо раҳбарони ҳизбҳои сиёсии дигарро баргузор намекунед? Ин бисёр хатост, ки фикр кунем, ки сиёсат ҳамин аст, ки бояд ҳама вақт, дар ҳама ҷо дар бораи худи сиёсат гап занем, ва ҳама вақт дар ҳамаҷо дар бораи давлату ҳукумат гап занем. Ин роҳи ягона нест… Бигузор, масалан, Умар Темурро даъват кунанд, як бор консерт шавад дар ин ҷо… Ман ҳамчун сиёсатшинос чунин фикр дорам, ки сиёсати маҳз дар оянда наҳзатро мунзавӣ мекунад…».
Хатари ҳизбӣ исломӣ дар чист?
«Заъфи ҳизби наҳзат ё хатари ҳизби наҳзат дар чист? Ман мегӯям, ки хатари ҳизби наҳзат дар ин нест, ки исломӣ ҳаст. Дар як ҷомеъаи исломӣ исломӣ будан аслан хатар нест, балки мардумитар будан, худитар будан аст. Вале хатари ҳизби исломӣ имрӯз дар ин аст, ки андешаи бузург дар дасти гурӯҳи заиф ҳаст. Яъне худи заиф будани сохтор, барномаҳо, андешаҳо ин ҷост хатар, на ин ки идеология. Чунки дар ҳар сурат ислом барои ҷомеаи мо худитарин падида ҳаст.
Нуктаи мусбате, ки гуфтанаш муҳим аст ин аст, ки имрӯз дар фазои сиёсии Тоҷикистон ҳизби наҳзат як нақши суботофаринии бисёр муҳим дорад. Нақше, ки аз тариқи фаъолияти ин ҳизб нирӯи сиёсии исломӣ қонунманд мешавад, иҷтимоӣ мешавад, сӯфта мешавад, мӯътадил мешавад, фарҳанги сиёсиро азхуд мекунад. Ва ин бисёр муҳим аст. Агар чунин як ҳизбе надошта бошем пас мо бо исломгароии хашин, ҳошиявӣ, зеризаминӣ, партизанӣ рӯ ба рӯ хоҳем буд. Ҳизби наҳзат як нақши таъдилкунанда ва парварандаи фарҳанги сиёсӣ дорад. Аз ин рӯ ҳам барои ҳукумат, ҳам барои ҷомеа бисёр муҳим ҳаст, ки ин ҳизб ҳизф шавад ва такмил ёбад»-, дар хотима гуфт Раҳнамо.
Мавқеи наҳзат дар васоити ахбор
Зафар Сӯфӣ, сардабири ҳафтаномаи «Озодагон» дар суханронии худ дар мавзӯи «Мавқеи наҳзат дар васоити ахбор» ибрози назар намуд. Ба ақидаи Зафар Сӯфӣ дар қиболи ҲНИТ дар матбуоти тоҷик ду навъ бархӯрд мавҷуд аст. Яке дидгоҳи мухолифон ва ҳаддиақал онҳое, ки аз ҳизб ҷонибдорӣ намекунанд ва дидгоҳи дигар дидгоҳи беғаразона ва ҷонибдорона ҳаст. ҲНИТ дар якуним соли ахир ба ҳадде, ки бояд матраҳ шавад, матраҳ буд. ҲНИТ ягона ҳизби мухолифест, ки тавонистааст дар ҳар мавқеъ мавзеъгирӣ ва ҷойгоҳи мушаххас дошта бошад. Агарчи дар бархе маворид садояш баландтар будаасту дар бархе маворид пасттар.
Зарафои Раҳмонӣ, муовини раиси дастгоҳи иҷроияи Раиси ҲНИТ дар мавзӯи «ҲНИТ ва ақшори ҷомеа: занон, ҷавонон» суханронӣ намуд. Ба андешаи мавсуф занон дар фаъолиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҲНИТ нақши мусбате доранд. Дар ҳамин ҳол ӯ аз таъйин шудани квотаҳо барои занон дар таҷрибаи давлатдории ҳукумати феълӣ ибрози ноқаноатмандӣ намуд. Ба ақидаи Зарафои Раҳмонӣ чунин таҷриба ба инкишофу рушди занҳо ҳамчун шахсият занон латма ворид месозад ва талоши онҳоро дар баробари мардон маҳдуд месозад.
Иззат Амон, аз масъулини яке аз ниҳодҳои муҳоҷирини тоҷик дар Русия дар суханронии худ бештар сари мушкилоти муҳоҷирини меҳнатӣ баҳс кард. Ба гуфтаи ӯ бархе аз муҳоҷирини тоҷик аз сиёсати ҲНИТ дастгирӣ мекунанд. Интихоботи гузаштаи парлумонӣ, ки дар Русия низ дар байни муҳоҷирин баргузор гардид, нишон дод, ки ҲНИТ дар Русия дар миёни муҳоҷирини меҳнатии тоҷик маъруфият дорад.
Раҳнамо, ба ҳукумат машварат бидеҳ, ки…
Сипас иштирокчиёни ҷаласа ба музокираи мавзӯъҳо пардохтанд. Ҷалолиддин Маҳмудов, мушовири раиси ҳизб дар баромади худ асосан дар бораи суханронии Абдуллоҳи Раҳнамо ҳарф зад. Ба гуфтаи ӯ дар баҳсҳои дохилиҳизбӣ бештар гап сари он меравад, ки ҲНИТ вақтҳои ахир бисёртар ба масъалаҳои фарҳангӣ аҳамият медиҳад. Дар ин ҷаласа бошад Абдуллоҳи Раҳнамо тавсия медиҳад, ки аз сиёсат муддате канор рафта ба корҳои фарҳангӣ, ба доир кардани консертҳо машғул шавем».
Айнан он чизеро, ки ҳукуматдорон мехоҳанд мо бояд бо тавсияи Абдуллоҳи Раҳнамо ба иҷро бирасонем. Абдуллоҳи Раҳнамо моро ба ташаннуҷзудоӣ даъват мекунад. Вале нагуфт, ки чӣ гуна ташаннуҷро мо ба вуҷуд овардем. Мо як масҷид доштем. Худ ба худ сӯхт. Баъдтар ба гардан гирифтем, ки худамон сӯзондемаш. Бо вуҷуди он ки масҷид фарҳанг буд, хутба фарҳанг буд, вале танқид мешунидем, ки мо бисёр бо хутбаву намоз машғул ҳастем, бо фарҳанг машғул ҳастем. Хуб, намонданд, ки бо фарҳанг ҳам машғул шавем.
Бародар Раҳнамо бисёртар калимаи «заъиф»-ро истеъмол кард, Вале дар лексикони сиёсатмадорон калимаи мустазаъф низ ҳаст. Гоҳ-гоҳ моро мустаъзаъф бигӯед. Мо ягон зарра заъфу заифӣ надорем. Ҳизбе, ки дар ҳиҷрат буд, дар ҷиҳод буд, дар сулҳ буд, дар оштӣ буд. Мардуми заъиф ба ин ҷойҳо намераванд.
Шаш -ҳафт канали Тоҷикистон шабу рӯз бо консерт машғул ҳаст. Шумо, бародар, мушоври ҳукумати Тоҷикистон ҳастед. Маъмулан ҳамаи машваратҳоро аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Раиси ҷумҳур, ки Шумо узви он ҳастед, аз он ҷо мегиранд. Ҳамон ҷо як машварат бидиҳед, ки як каналро кам кунанд то мо ҷои онро пур кунем».
Занҳои фаъоли наҳзат чӣ кор бояд бикунанд?
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси маъруфи кишвар, раҳбари як ташкилоти ҷамъиятӣ бо номи «Перспектива+» дар вокуниш ба суханронии Абдуллоҳи Раҳнамо гуфт, ки ҳизбро набояд бо ҳизбҳои исломии хориҷ муқоиса кард. Фаромӯш набояд кард, ки онҳо дар дигар шароит фаъолият мекарданду ҲНИТ дар дигар шароит. Ин мудофеи ҳуқуқи занҳои тоҷик баъдан ба масъалаи фаъолияти занҳои ҲНИТ дахл намуда иброз дошт, ки агар онҳо дар масъалаи пешгирии худсӯзии занҳо талошҳои зиёде ба харҷ диҳанд, ҷомеаи Тоҷикистон аз ин бурд хоҳад кард. Зеро тибқи шариат худкушӣ дар кадом шакле, ки набошад ҳаром аст, вале занҳои зиёде дидаву дониста ба ин амали фоҷиангез даст мезананд. Занҳои фаъоли наҳзат агар дар ин самт фаъолияти худро тақвият бахшанд ба манфиати онҳо низ ҳаст».
Дар ҳамин ҳамоиш русдухтаре бо ном Фирӯза Каримова, ки чанде пеш ислом оварда ба узвияти ҳизб пазируфта шуда буд, ба музокира баромада дар бораи таассуроташ аз ҳизб ва аъзои он дар ин ду моҳи ахир ибрози андеша намуд. Ба гуфтаи вай ин ниҳод ҳамон ҷоест ва ҳамон созмонест, ки баъди солҳои дарози ҷустуҷӯйҳо, онҷо оромиши рӯҳӣ пайдо кардааст.
Ба ҳадаф танҳо дар шароити сулҳу субот мерасем
Мавлавӣ Қосим Раҳимов, як тан аз собиқадорони ҳизб, ки баъди 8 сол дар зиндон будан, бори аввал дар чунин маҳфиле ширкат мекард, бо эҳсосот иброз дошт, ки «агарчӣ ман имрӯз дар ин толор устоди марҳум Саид Абдуллоҳи Нуриро намебинам, вале мебинам, ки орзуҳои ӯ чӣ гуна ҷомаи амал пӯшидаанд. Ҳадафи аввалини раёсати наҳзати исломӣ таълиму тарбияи насли наврас ва дар хидмати халқу ватан будан буд. Аз ин рӯ ба ақидаи Мавлавӣ Қосим ин ҳадаф, ки имрӯз ҳам актуалӣ ҳаст, танҳо дар сурати ҳифзи суботу амният ба даст меояд. Агар ҷони мардум, моли мардум амният надошта бошад, ҳеҷ як ҳизб ба дарди ӯ намехӯрад. Барои ҳамин наҳзат бояд дар ҳифзи суботу амният ҳамеша устувор бошад.
Абдуалӣ Тоҳир, корманди Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ба намояндагӣ аз корпуси дипломатии муқими Душанбе дар ин ҳамоиш суханронӣ кард. Ӯ таваҷҷӯҳи ҳозиринро бештар сари масъалаи чӣ гуна ба ҳаёт татбиқ кардани меъёрҳои демократии давлатдорӣ ва омӯхтан аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои мутамаддин ҷалб намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки сохторҳои дар маҳал будаи ҲНИТ нисбат ба дигар аҳзоб дар ин масъала пешравиҳо доранд.
Шиори марҳилаи баъдии фаъолият чист?
Дар хотимаи ҳамоиш Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, вакили мардумӣ суханронӣ намуд. Рисолати як ҳизби динӣ дар ҷомеаи дунявӣ чӣ ҳаст? Дар посух ба ин суоли худ Кабирӣ афзуд, ки натиҷаи мо чунин аст, ки бар дӯши ҳизби мо як масъулити бештар ва болотар аз як ҳизби сиёсии маъмулӣ гузошта шудааст. Мо ҳамеша бояд дар хотир дошта бошем, ки вақте мегӯянд, дар рафтору гуфтори мо ислом ва миллат дида мешавад, дигар мо бояд маҳдуд ба худ набошем. Исломи мо мисли оби соф шаффоф аст.
Ягар як қатрае аз гуфтори нодурусти мо, рафтори нодурусти мо ҳамчун узви ҳизб ба ин оби шаффоф биафтад, ин об гилолуд хоҳад шуд ва ба чашми мардум тира хоҳад намуд. Узви ҳизби мо ҳаққи рафтори нодуруст карданро надорад. Ё бояд рафторамон дуруст бошад, ё бояд аз ин рисолат даст кашем. Рисолати дигари мо ин аст, ки битавонем миёни арзишҳои милливу мазҳабии мову арзишҳои дину қавмҳои дигар ҳамдигарфаҳмӣ бошад, зиддияту бархӯрд набошад. Барои ин ба мо танҳо лозим аст, ки арзишҳои худро хуб бидонем, ба арзишҳои дигар ақвому адён эҳтиром қоил бошем. Марҳилаи баъдии фаъолияти мо зери шиори «Тағйир, ислоҳ, пешрафт» сурат хоҳад гирифт.
Бисёриҳо мепурсанд: Чаро тағйир? Чаро ислоҳ?... Ба фикри мо, як ҳизби исломӣ бояд тибқи фармудаи Қуръони маҷид ҳамеша дар пайи тағйиру ислоҳи худ бошад. Сипас Муҳиддин Кабирӣ дидгоҳи раҳбарияти ҳизбро дар қиболи таҳаввулоте, ки дар кишварҳои арабӣ ҷараён дорад иброз намуд. Ба гуфтаи ӯ ҲНИТ ҳамеша ҷонибдори ҳаракатҳо ва талошҳои миллатҳову мардумҳо барои расидан ба адолат, озодӣ ва каромати инсонӣ буд ва аз ин арзишҳо пуштибонӣ кард ва дар оянда низ пуштибонӣ хоҳад кард. «Зеро худи мо низ дар назди худ ҳамин ҳадафҳоро дорем. Ҳарчиро, ки барои худ мехоҳем мо барои дигарон низ мехоҳем»-, гуфт ӯ дар идома.
Вале ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки орзуманди он аст, ки чунин таҳаввулот дар Осиёи Марказӣ бо роҳи мусолиматомез сурат бигиранд. Давлатмардони ин кишварҳо бояд аз ҳоло ба ислоҳоти ҷиддӣ бипардозанд, то дар оянда чунин кор барояшон мисли он ки барои Муборак, Башир Асаду дигарон номумкин шуд, ғайриимкон нагардад. Ман хушбин ҳастам, ки дар Осиёи Марказӣ, ба вижа дар Тоҷикистон чунин вазъият ба амал нахоҳад омад. Зеро Тоҷикистон таҷрибаи талхи ҷангу сулҳи шаҳрвандиро дорад. Аз сӯйи дигар хеле хуб мешуд агар тағйироту таҳаввулоту ислоҳот аз сӯи худи элитаи сиёсӣ роҳандозӣ шавад ва ҷараён бигирад, изҳор дошт дар хотимаи суханрониаш Муҳиддин Кабирӣ.
Султони Ҳамад, «Рӯзгор»
Шарҳҳо
Китобҳое, ки дар Точикистони мо аз Абдулоҳи Раҳнамо чоп шуда истодааст оё ба нафъи халқ ва Исломи азизи мост??
Ончи ки ба назар мерасад агар ба нафъи Исломи азизи ва миллати шарифи мо буд На Абудллоҳи Раҳномое доштем ва на чопи китобҳои силсилавор.
Аслан Бадулоҳи Раҳнамо кист??
чи ҳувияте дорад?
кучо хондааст??
Ба нафъи ки сухан меронад??
ҳамаи инро бояд донистан лозим
Қазоват ба худи хонандагон
мувафақ бошед - Худованд хидояташ кунад.
Оё ки бовар мекунад, ки Устоди бузургвор ин сухнро дар малаи ом гуфта бошад??? Агар ҳам гуфта бошад дар дохили хизб ва ба афроди муҳими ин ҳизб гуфтааст на ба ҳар касу нокас.
Оё Абдуллоҳи Раҳнамо вазифа дорад, ки ин сухани Раҳбарро, ки ихтисос ба намояндагони Ҳизб дорад дар малаи ом баён кунад???
Оё ин дуруст аст, ки камбудии Ҳизбро дар газетаҳою дар сайтҳо пахш кард ё ин ки онро танҳо ба намояндагони ҳизб гуфт???
Пас таи кос ним коса аст.
Agar tu medonisti ki Abdullo Rahnamo kist va agar fikru khizmathoi uro nedonisti
Hami hozir TAVBA mekardi. On gapoi tu baraksi fikrhoi Rahnamoro gufti. Mahz u dar borai Hizbi nahzat kitob navist va mahz u as siyosat judo nabudani islomro isbot kard. Tu ki khabar nadori - meeeegui
Ое квота набуд ки даххо духтарон ба мактабхои оли рох ефтанд харчанд ки каллоби хам буд вале духтаронро ба мактаб кашиду ку.
Рахмони аз квотаи интихобот дард дорад аммо тарсид ки ошкор гуяд чаро ки агар ошкор гуяд хам ин бемаънгиист.
RSS Обуна