12:03:31 01-уми Июни 2025 сол

ЗОҲИДОВ: РАВОБИТИ СИЁСӢ БО ӮЗАКИСТОН НИГАРОНКУНАНДА АСТ

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки аз сатҳи муносиботи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон нигарон аст. Ба гуфтаи муъовини вазири хориҷа, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ миёни ин кишварҳо ба суди сокинони ҳар ду кишвар хоҳад буд.

Низомиддин Зоҳидов, муъовини вазири хориҷаи Тоҷикистон рӯзи душанбеи 18 апрел дар нишасти матбуъотии ин ниҳод, дар посух ба суолоти хабарнигорон ҳамчунин гуфт, ки қарор аст, вазорати хориҷа баъд аз анҷоми таҳқиқоти марги як шаҳрванди тоҷик дар марзи муштараки Тоҷикистону Ӯзбакистон, дар қиболи ин қазия ибрози назари расмӣ кунад.

Мушкилоту нофаҳмиҳои миёни ду кишвари минтақа

Низомиддин ЗохидовДар 11 апрели соли ҷорӣ як сокини 20 солаи ноҳияи Зафарободи Тоҷикистон, ки бо Ӯзбакистон ҳаммарз аст, аз сӯйи марзбонони ӯзбак дар гузаргоҳи марзӣ ҳадафи тирандозӣ қарор гирифта ва кушта шуд. Ҳамчунин оқои Зоҳидов дар робита ба марги Шералӣ Азизов, сокини дигари Тоҷикистон дар зиндони шаҳри Навоии Ӯзбакистон гуфт, ки сафорати Тоҷикистон таҳқиқи марги ин табаъаи тоҷикро идмоа медиҳад ва пас аз анҷоми ин таҳқиқот иттилоъи дақиқиро дар ихтиёри хабарнигорон хоҳад гузошт.

Шералӣ Азизов, чанд соли қабл дар Ӯзбакистон боздошт ва додгоҳи он кишвар вайро ба теруризм муқассир донист ва барои 11 сол равонаи зиндон кард. Дар авоили соли ҷорӣ ҳангоме, ки пайвандони Шералӣ барои аёдати вай ба Ӯзбакистон рафтанд, масъулони зиндони шаҳри Навоӣ ба онҳо гӯри писарашонро нишон дода ба онҳо гуфтанд, ки Шералӣ аз сактаи дил дар зиндон ҷони худро аз даст додааст.

Вале оқои Зоҳидов афзуд: “Ин масъала на танҳо ба майлу хоҳиши ҷониби Тоҷикистон вобаста аст, балки кишвари дувум низ бояд майлу ирода барои ҳалли ин масъаларо дошта бошад. Вале ба назари ман масъулони сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбакистон барои равшан кардани ин ҳодиса тамоми кӯшишҳои хешро хоҳанд кард.”

Об, мавзӯъи баҳс боқӣ мемонад

Коршиносон мегӯянд, ки истифодаи муасир аз захоири об дар Осиёи Марказӣ аз масоили баҳси миёни кишварҳои минтақа аст. Ба гуфтаи онҳо, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки беш аз 60 дар сади захоири оби минтақа дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон қарор доранд, бунёди нерӯгоҳҳои обӣ ва захира кардани он дар обанборҳои ин нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон муҷиби нигаронии мақомоти Ӯзбакистон шудааст.

Мақомоти баландпояи Ӯзбакистон дар ҷаласоти мухталифи байналмилалӣ борҳо аз таъсири манфии бунёди нерӯгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон ба вазъи муҳит зисти минтақа ва ба вижа зиндагии сокинони он таъкид мекунанд. Аз ин рӯ, ин сӯйитафоҳумҳои миёни мақомоти Ӯзбакистону Тоҷикистон ҳатто барои дарёфти раводид барои сокинони ин ду кишвари минтақа таъсири манфӣ гузоштааст.

Ба вижа бисёре аз сокинони Тоҷикистон аз он шикоят мекунанд, ки дар як соли ахир онҳо ба ҳангоми дарёфти визо барои сафар ба Ӯзбакистон ва аёдати пайвандони худ дар он кишвар замони тӯлониро сипарӣ мекунанд.

Низомиддин Зоҳидов, муъовнини вазири хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд: “Мо хостори беҳбудии муносибатҳои ҳамаҷониба бо кишвари ҳамсояи худ, Ӯзбакистон ҳастем. Ва аз ҷониби мо кӯшишиҳое барои беҳбуди ин вазъият ҳаст. Зеро мо хуб медонем, ки беҳбудии муносиботи миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ба суди мардумони ҳар ду кишвар аст.”

Аз сӯйи дигар, оқои Зоҳидов, ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон бо Қирғизистон, кишвари дигари минтақаро созанда арзёбӣ кард.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854