ПРЕЗИДЕНТ ЛОИҲАИ ҚОНУНРО БАРОИ БАРРАСӢ БА ПАРЛУМОН ФИРИСТОД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мувофиқи моддаи 58 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тақозои ҷомеа буда, он барои таълиму тарбияи фарзанди комил, таҳкими сармояи зеҳнӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳо вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд нигаронида шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз 14 декабри соли 2010 ба муҳокимаи умумихалқӣ бароварда шуда, он дар мўҳлати се моҳ дар тамоми мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо, корхона, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо иштироки васеи шаҳрвандон мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар маҷмўъ дар муҳокимаи лоиҳаи қонун қариб 2 миллион нафар сокинони мамлакат иштирок намуданд. Ҳангоми муҳокимаи умумихалқӣ лоиҳа бамаврид ва саривақтӣ ҳисобида шуда, аз тарафи аксари кулли иштирокчиён дастгирӣ ёфта, инчунин дар рафти муҳокимаҳо ҷиҳати такмили он зиёда аз 8500 таклифҳо пешниҳод гардиданд.
Ҳангоми такмили лоиҳа зиёда аз 4000 таклиф ба инобат гирифта шуданд. қисми зиёди таклифҳои пешниҳодшуда ба дигар санадҳои қонунгузорӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиноятӣ, оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ) дахл дошта, лоиҳаи ин санадҳо низ омода карда шудаанд, ки онҳо низ бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ пешниҳод карда мешаванд.
Амали қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз маҳали истиқомати онҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз маҳали ҷойгиршавиашон татбиқ мегардад.
Дар лоиҳа пешбинӣ гардидааст, ки дар ҳолати аз тарафи падару модар, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳо иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани ўҳдадориҳо вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, ки дар қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Мақсади асосии қонуни мазкур аз танзими тарбияи фарзанд дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд иборат мебошад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои омода намудани фарзандони соҳибихтисос-идомадиҳандагони кору фаъоляти падарону модарони имрўза дар рушду нумўи ҷомеаи навини Тоҷикистон ва таҳкими захираҳои зеҳнии мамлакат хизмат хоҳад кард.