АКБАР ТУРСОН: "ТОҶИКИСТОН ДАВЛАТИ ТОТАЛИТАРӢ НЕСТ"
Акбар Турсон, дуктури улуми фалсафа, ки пас аз 15 соли кор ва зиндагӣ дар Амрико ба Тоҷикистон бозгашта ва раиси ҷадиди Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, ховаршиносӣ ва осори хаттии вобаста ба Фарҳангистони улум таъйин шудааст, бо Би-би-сӣ мусоҳибае ихтисосӣ анҷом дод.
Вай дар ин мусоҳиба андешаҳои худро дар бораи вазъи илм ва сиёсат дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дидгоҳи худро дар бораи ояндаи улум дар ин кишвар иброз дошт. Оқои Турсон дар замони шӯравӣ раиси Пажӯҳишгоҳи осиёии Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравӣ ва сипас, Раиси пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Тоҷикистон буд. Пас аз муҳоҷираташ ба Амрико вай 15 сол дар Донишгоҳи иёлати Пенсилвониё мудирияти бахши нажодшиносӣ дар Осиёи Миёнаро бар ӯҳда дошт.
Ӯ дар ҳоле раёсати яке аз пажӯҳишгоҳҳои умдаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро бар ӯҳда гирифтааст, ки дар соли гузашта дар ин фарҳангистон тағйироти қобили таваҷҷӯҳи сохторӣ сурат гирифт.
-Оқои Турсон, мардум орзӯ доранд ба Ғарб, ба Амрико раванд, аммо Шумо чаро ба Тоҷикистон баргаштед?
-Ин ҳам яке аз зинаҳои ҳаёт аст, мо ҳам рафтем, барои он ки мо ҳам дар орзӯи Ғарб будем. Аз ин ки дар Амрико будам, аз бисёр ҷиҳат хурсандам, чаро ки ҳамаи шароит барои кор доштам. Ман ба ҷустуҷӯйи муҳит рафтам, фақат муҳити зист не, балки муҳити корӣ.
Онҷо дар Донишгоҳи Пенсилвониё ҳамаи шароити корро бароям фароҳам карданд. Ин ки ман баргаштам, ба хотири ин нест, ки ман аз онҷо норизо ҳастам. Аз Амрико норизо нестам. Балки як ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти иҷтимоъӣ маро ба Тоҷикистон бозгардонд.
Ҳарчанд дар он ҷо бекор нагаштам, шабу рӯз, ҳар гоҳ дастам мерасид, дарди диламро дар бораи миллат, ватан ва фарҳанг менавиштам. Ҳоло ки синнам ба инҷо расид, фаҳмидам, ки аз дур истодану навиштан як чиз асту агар худатон инҷо ҳузур дошта бошед, кори дигар аст. Ҳузури худатон муҳим аст, гуфтугӯ мекунед, мебинед, ки суде аз ин сӯҳбатҳо ҳаст, суди иҷтимоъӣ, на шахсӣ.
-Бо чи эҳсосе ва ҳадафе Тоҷикистонро тарк кардед ва акнун бо чӣ эҳсос дубора ба ватан баргаштед?
-Амрико рафтанам бо ҳадафи эътирози сиёсӣ ё аз тарси ҷон набуд. Ман бо бурсияи (кумаки ҳазинаи таҳсилии) Айрекс (IREX - Бунгоҳи Амрикоии Таҳқиқ ва Табодул) рафтам, аввал семоҳа, баъд 11 моҳ шуд, баъд, дигар донишгоҳ даъват кард ва ҳамон тавр, онҷо мондам. Вақти зиёд барои фикр кардан надоштам.
Вақте ки бо раиси ҷумҳур дар мавриди ислоҳоти сохторҳои илмии фарҳангистон сӯҳбат кардам, махсусан, дурнамои ҳамкориҳои илмӣ ва донишгоҳӣ, ба ӯ гуфтам, ки дар Амрико тамоми низоми таълимӣ мутттаҳид аст, ба гунаи мо фарҳангистон надоранд.
Муассисае ҳаст бо ин ном, аммо фақат барои ҳамоҳангӣ. Сохтори доимии шабеи фарҳангистонии шӯравиро надорад. Чунин фарҳангистонҳо фақат яке-ду то ҳаст.
Бинобар ин, ман фикр кардам, ки барои кишвари мо, ки чандон бузург нест, сохтори илмӣ бояд ҳамин хел ҳадди аксар сода бошад, узвҳои мобайнӣ набошанд. Муҳаққиқ ва оне, ки раҳбарӣ мекунад, бояд набошад, инҳо як чизи зиёдатӣ аст.
-Пас тағйири ҷиддӣ дар сохтори фарҳангистони улум, ки соли гузашта дар Тоҷикистон сурат гирифт, бо пешниҳоди Шумо буд?
-Ман вақте ки бо раиси ҷумҳур сӯҳбат кардам, дидам, ки эшон ҳавас доранд ба ислоҳи сохторҳо. Чун дидам, баъд пешниҳод кардам ва ташаббуси дидор бо мо ҳам аз тарафи раиси ҷумҳур буд.
Ба ҳар сурат, аз рӯйи қоъида сохторҳои дигар низ ҳастанд, ки ин пешниҳодҳоро меомӯзанд ва бо раиси ҷумҳур ҳамоҳанг мекунанд.
Онҳое, ки ин корро бояд дар амал иҷро кунанд, чандон розӣ набуданд, чунки дигарҳо ҳастанд, ки намехоҳанд тағйиротро, бинобар ин, дар ин ҷо ҷасорати раиси ҷумҳур бисёр муҳим буд. Сабаби инҷо омаданам ҳамин ҷасорати раиси ҷумҳур буд.
-Пас ин ҳарф рост аст, ки дидори ду сол пеши Шумо бо раиси ҷумҳур дар тасмимгирии Шумо ба бозгашт ба Тоҷикистон асаргузор буд. Аслан чи иттифоқе уфтод онҷо, ки чунин натиҷа дод?
-Он ҷо, вақте ки раиси ҷумҳур ба ман дар бораи дурнамои кишвар ҳикоят карданд ва гуфтанд, ки чи нақшаҳо доранд, ман дидам, ки ин як чизи ҳавоӣ нест ва имкон ҳам ҳаст ва вақте ман боварӣ ҳосил кардам, ки ин чизҳо амалӣ мешаваду ман ҳам метавонам саҳм гузорам, ба таври табиъӣ тасмим гирифтам, ки бояд дар куҷо бошам.
Барномаҳое, ки доранд, бисёр ҷиддӣ аст. Муҳим ин ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳам бад нест. Ба ин маънӣ, ки бо куҷо рафтанашу бо ки робита кардану бо ки дӯстӣ карданашро медонад. Ман бо сафорати Тоҷикистон дар Амрико ва намояндагии Тоҷикистон дар СММ робита дорам, онҳоро мешиносам, онҳо одамони кордон ҳастанд ва аз ҳунари дипломатия ҳам бисёр бархӯрдор ҳастанд.
-Тоҷикистон худро як ҷомеъаи секулор эълом карда, вале бештари мардум мазҳабӣ ҳастанд. Бисёриҳо ба эҳёи арзишҳои исломӣ таъкид мекунанд. Бархеҳо мегӯянд, ки мо бояд мудели пешрафти Русия, бархеҳо Эрон, бархеҳо Чину Туркия ва ғайраҳоро интихоб кунем. Назари Шумо дар ин бора чист.
-Ба фикри ман, муҳиммаш ин аст, ки мо арзишҳоро муқобили ҳам нагузорем, зеро инаш ҳам як ҷузви менталитети (тарзи фикри) мардум, онаш ҳам як ҷузви мероси маънавии халқ аст, фақат як навъ миёнроҳи тилоиро ёфтан лозим аст.
Аммо аз рӯйи он қонунҳое, ки мо дорем, давлат давлати дунявӣ аст, албатта, аз мерос ва фарҳанги исломӣ истифода кардан лозим аст, аммо дар айни замон шоҳроҳи рушди иҷтимоъиро бояд дар назар дошта бошем, ки дар қонун сабт шудааст.
Фақат бояд дар ин тараф ва дар он тараф ба ҳадди ифрот нарасанд. На тафрит, на ифрот. Чунки тамоми суннати фарҳангии мо дар ҳамин замина қарор гирифтааст.
-Бисёриҳо дар Тоҷикистон мӯътақиданд, ки Ғарб ҷойи густариши фаҳшу фасод аст. Шумо, ки онҷо будед, дар ин бора чи назар доред?
-Масалан, вақте мо Ғарб мегӯем, охир Ғарб як чизи куллии яклухт нест. Дуруст аст, ки онҷо фаҳш ҳам ҳаст, лекин фарҳанги воло ҳам ҳаст. Масалан, як голерие дар Вошингтон аст, ки аз тамоми дунё ашёро ҷамъ кардаанд ва чунин голериро ман ҳеч ҷойи дигар надидам.
Гапи дигар ин аст, ки онҷо чи қадар одам меравад. Аммо ҷомеъаи бозаргонӣ ҳамин аст. Агар қонуни бозаргонии Амрикоро нигоҳ кунем, ба ҳадди ифрот расидааст. Агар низоми сармоядории Амрикоро бо Урупо, масалан, Суису Олмон муқоиса кунем, фарқ мекунад.
Худи олимонашон, иқтисодшиносонашон, ки ҷоизаи Нобел гирифтаанд, мегӯянд, ки мо ба ҳадди ифрот расидаем ва мегӯянд, ки давлат бояд пеши роҳи ин амрро бигирад.
Масалан, монополияҳои фаромиллӣ корхонаҳоро дар берун месозанд. Худи мардуми Амрико бекор, аммо инҳо дар Чину Ҳинд корхона месозанд, зеро нерӯи корӣ дар онҷо арзон аст.
Аз пушти суд ва нафъи молӣ ҳастанд ва манфиъати миллии ҷомеъаро дар назар намегиранд. Дар ҳоле ки урупоиҳо низоми сармоядорияш миллигарост, аммо аз Амрико хеле касмополит (ҷаҳонӣ) аст.
-Аммо бархеҳо аз ончи таҳоҷуми фарҳангии Ғарб меноманд, ибрози нигаронӣ мекунанд? Шумо чи мегӯед?
-Бале, ончи ман гуфтам, худи Амрикоиҳо ҳам дар изтироб ҳастанд, ин аст, ки иқтисоди бозаргонӣ аз ҳад мегузарад. Ба ин маънӣ, ки фақат аз пайи манфиъат ҳастӣ ва манфиъате, ки ҳад надорад.
Як милёрд бошад, ду милёрд мехоҳад, даҳ милёрд бошад, бист милёрд шавад, мегӯяд. Масалан дар гуруснагӣ ҳад вуҷуд дорад, ки масалан аз ин ҳад агар гузарад, одам мемирад, аммо дар чашмносерӣ ҳад вуҷуд надорад.
Ва аз пайи пул ва нафъ давида, ахлоқ ҳам зери по мешавад. Ҳар чи, масалан, фоида биёрад, фарқ надорад, чи ҳаст. Масалан, як барномаи телевизиюнӣ доранд, Ҷери Спрингер, аз фоҳишаҳо сар карда то ҳамҷинсгароён дар барномааш ширкат мекунанд.
Ҳаминро касе маҳкум намекунад. Агар пурсӣ, мегӯяд ин кори ман аст. Бале дуруст аст, ки озодӣ бояд бошад, вале шуъури иҷтимоъиро вайрон мекунанд. Ҷавонон мебинанд, мегӯянд кори баде набудааст, ин ҳам як навъи меҳнат ва заҳматкашӣ будааст.
-Шумо аз ҷумлаи афроде будед, ки дар замони фурӯпошии Шӯравӣ худро демукрот эълом карда буданд. Бархе аз ин афрод, монанди Бозор Собир, ҳоло аз ин кор пушаймонанд. Масалан, устод Собир ҳоло орзӯи барқарории низоми кумунистиро дорад. Шумо чи?
-Аввалан, бояд дақиқ кунам, ки ман демукрот набудам. Аз оғоз аъзои ҳизб ҳам набудам. Фақат вақте ки мехостанд маро раиси донишкада таъйин кунанд, маро аз роҳ зада (механдад), қабул карда буданд.
Бино бар ин, пас аз барҳам хӯрдани Шӯравӣ ҳам ба ягон наҳзати сиёсӣ ворид нашудам. Фақат аз ин лиҳоз, ки ман як нуфузи маънавӣ доштам, пешам меомаданд, баҳс мекардем, бо бархеҳо муносибатам бад шуда буд.
Ҳамон вақте ки (майдонҳои) "Шаҳидон" ва "Озодӣ" дар муқобили ҳам буданд, ҳазор бор аз ҳизби демократу ҳизби "Растохез", аз ҷумла Бозор Собир, омаданду гуфтанд, ки аз минбар рафта, гап занед, мардум онҷо мунтазир аст.
Ман гуфтам, ки “мардуми ман онҷо нестанд (механдад), ман аудиторияи (мухотабони) дигар дорам, аудиторияи ман илмӣ аст. Чи кор мекунам ман дар он ҷо?” Хуллас, ки онҷо нарафтам.
Фақат вақте ки таҳдиди бархӯрди ду майдон ба вуҷуд омад, бо ташвиқи як гурӯҳ интелигенсия (фарҳангиён) ман як навъ миёнарав шудам. Ҳукумати муросои миллиро ташкил кардем. Яъне ҳамроҳ шуданам ҷиҳати зарурат буд, ки ҷангу хунрезӣ нашавад.
Ҳатто ба Набиев ҳам гуфта будам, ки "охир, ҳаминҳо мансаб мехоҳанд, бидеҳ як-дуто." Як дуто мансабро, ки гирифтанд, “шердил” шуданду таҳдид карданд. Диданд, ки президент ҳичи надорад дар пасаш, тамоми МВД ба тарафи дигар гузашт, дар натиҷа, мо ҳам рӯсиёҳ шудем, ману Лоиқ.
Вақте ки дидем, ки инҳо дигар тундравӣ мекунанд, дигар ҳамон замон берун омадем. Хулоса, ба сиёсат даромадани ман аз як ҷиҳат зарурӣ буд ва ҳадафаш пеши тундравиро гирифтан буд. Ҷасту хези мо он қадар натиҷа надод, аммо ончи аз дастамон омад, кардем.
-Аммо андешаҳои Шумо бо мақомоти ҳизби кумунист ҳам зоҳиран мухолиф буд. Чӣ гуна бо мақомоти давр робита доштед?
-Аз бас ки медонистанд, ки ман мухолифат дорам, ҳарчанд ман ҳеҷ гоҳ рӯирост барои сарнагун кардани давлат талош накардам, чун ман на тафрит на ифротро намепазирам, аз ман инқилобчӣ набаромад. Лекин дисидент (мухолиф) будам. Чунки ман дар Маскав 20 сол будам, аз он муҳит ҳама дисидент (мухолиф) шуда рафт.
Бино бар ин, ин як муҳити интиқодгар буд, на синизм (айбҷӯ), на апологет (маъзаратхоҳ). Яъне на хушомаду на ихтилофи рӯйи рост. Инҷо ҳама вобаста ба он аст, ки шумо вазифаи интелигенту интелигенсияро чи гуна мефаҳмед. Масалан, аз назари Русия интелигенсия ҳама мубориз аст, аммо ин ҳам ифрот аст.
Ҳатто мегуфтанд, ки он касе аст, ки зидди ҳукумат мебарояд. Ин ҳам як ифрот аст. Агар ин хел бошад, вай бояд фақат ба сиёсат пардозад. Дар ҳоле ки вай бояд муъаллими маънавӣ бошад, хонандаи худро ба сатҳи болотари маънавӣ бардорад.
Вақте ки ба кори сиёсӣ пайвастед, кори маънавиатон мемонад. Масалан, агар таърихи моро бигиред, дар мо асос ин буд, ки аз тариқи тарбияти фарҳангӣ ҷомеъаро тағйир диҳем. На аз тариқи инқилоб, на ба тариқи зӯрӣ. Хусусан, дар Шарқ сӯфиҳо мегуфтанд, ки аввал худатро тағйир деҳ, агар мехоҳӣ касеро омӯзӣ, ки тағйир диҳӣ, бояд худат аввал намуна шавӣ. Ин аст идеали (мароми) ман.
Масалан, ман ҳайрон мемонам, ки дар вақти Шӯравӣ бачаҳои сехон комсомол мешуданд. Ягон донишҷӯйи аълохон худро ба корҳои комсомолӣ ё ҳизбӣ намезад ва аз байни ҳамонҳо баъд сиёсатмадорон баромаданд ва ҳамеша моро медиданд, уқда доштанд. (механдад)
Маро чанд бор даъват карда, мансаб пешниҳод карданд, аммо ман розӣ нашудам. Набиев пешниҳод карда буд, баъд Маҳкамов даъват карда буд. Мегуфтанд, ки “аз берун истода, танқид кардан кори осон аст”. Аммо ман мегуфтам, ки ман инро медонам, ки маро барои илм офаридаанд. (механдад)
-Дуруст аст, дақиқан барои ҳамин мегӯянд, ки олими хуб лузуман мудири хуб шуда наметавонад. Аз коре, ки акнун ҳамчун мудир дар пешорӯ доред, ҳарос надоред?
-Чаро, ман албатта ҳарос дорам. Ман дар вақташ ҳамон пажӯҳишгоҳии шарқшиносиро партофта гурехтам-ку. Маро касе пеш накардааст. Чунки баъди панҷ сол дидам, ки кори роҳбарӣ ҷиҳатҳое дорад, ки ман аз он бехабарам. Ман як одами зудбовар ҳастам. Бовар мекунам, баъд мебинам, ки зери коса нимкосаҳо ҳаст. Чанд дафъа ин гуна ба дом афтода будам.
Маро кор кардан намонданд. Маро ба дараҷае асабонӣ карда буданд, ки наздик буд зерсигорро дар сари яке аз раҳбарон пора кунам. (механдад) Зеро ман на вақт ва на ҳунари даъво ва бозиҳои пуштипардагиро надорам, фақат асабонӣ мешавам ва зерсигорро дар сари одам пора мекунам, ҷонам халос. (механдад)
-Аммо имрӯз чи тағйир ёфтааст, ки баргаштед?
-Ҳоло ман фикрам ва умедам ба ин ки раёсати олӣ аз ман пуштибонӣ мекунад. Бо ҳамин бовар омадаам. Ба ҳар ҳол, талош мекунам, ки ба эътимоди онҳо сазовар бошам.
Бархеҳо мегӯянд ки Акбар Турсун омадааст, акнун қасд мегирад, ман ин гуна одам нестам. Зуд хашмгин мешаваму зуд ба худ меоям ва дар дилам кина намемонад.
Ҳар ончи аз дастам меояд, барои ба сатҳи байналмилалӣ баровардани илми Тоҷикистон анҷом медиҳам.
-Баъзеҳо мегӯянд, илм дар Тоҷикистон таназзул кардааст, таҳқиқот дар сатҳи пойин сурат мегирад, ҳамин тавр аст? Вазъи илм дар мо чи гуна аст?
-Ончи ки имрӯз ҳаст, ба шарофати ҳамон замони Шӯравӣ ҳаст. Бо бархе аз корҳо ман ошно шудам, корҳо бад не, дар чорчӯби шароит ва заминае, ки доранд, ҳамин қадар мешавад. Ҳозир агар дар ҷойи Илолов (Маҳмадшо Илолов, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон) Худоро ҳам оварда монем, вай ҳам вазъро аз ин беҳтар карда наметавонад. Ҳама гап дар замина аст.
Ленин ҳам дар вақташ инқилоби Октябрро кард, гуфт ҳамаро зада мешиканем, аз нав месозем, аммо баъд аз ду-се сол гуфт, ки "не, мо Шӯравиро дар заминае месозем, ки аз сармоядорӣ боқӣ мондааст.” Ва ҳама мутахассисони пешинро, ки аз кор ронда буд, баргардонд.
-Бо ҳуқуқи пойине, ки дар ин ҷо ҳаст, Шумо чи гуна умед доред ҷавононро ба илм ҷалб кунед?
-Акнун ҳама мушкил дар ҳамин аст. Раиси ҷумҳур ваъда карданд, ки хусусан барои олимони ҷавон, аспиранту кормандони илмӣ ҳуқуқро болотар мекунанд. Ақаллан то ҳадде, ки рӯзгорашонро бурда тавонанд. Агар ин кор шавад, дасти мо бозтар мешавад, барои он ки ҷавононро ҷалб кардан осонтар мешавад.
Аммо бояд гуфт, ки дар ин роҳ, роҳи илм, танҳо одамони фидокор мераванд. Касе ки пул мехоҳад, олим намешавад. Масалан, барои Ибни Сино ё Берунӣ касе фарҳангистон сохта надода буд.
Барои олимон пул ҳеҷ гоҳ муҳим набуд, ҳамин қадар, ки рӯз гузарад ва дар хиёбон намонад. Шахсан, барои ман ҳамин гуна аст. Масалан, ман ба Амрико барои пул нарафтам.
Дар ҳисоби бонкиам дар Бонки Амрико 1100 дулор пул дорам фақат! (механдад) Ҳар вақт пули изофӣ доштам, ба инҷо, ба Тоҷикистон мефиристодам. Барои ман маблағи ҳадди ақал барои рӯзгор ва шароити кор бошад, кифоя аст, ки ман дар инҷо дорам.
-Аммо фазои озоди кор чӣ? Шумо аз Амрико, ки худро дар ҷаҳон ҳомии демукросӣ медонад, омадед, вале созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ Тоҷикистонро пайваста як кишвари худкома ва тоталитарӣ мехонанд. Дар ин замина чи фикр доред?
-Тоталитарӣ? Неее.. Масъалаи тоталитарӣ буданаш ин воҳима аст. Озодии баён ҳам ҳаст, иқтисод ҳам кушода аст. Дар мо озодиро дар ин мебинанд, ки ҳамин ягон шахсро ҳатман танқид карда тавонӣ, агар натавонӣ, яъне озодӣ нест. Масалан, ба Ӯзбакистон нигоҳ кунед, дар онҷо чунин озодӣ нест.
-Аммо бархеҳо мегӯянд, ки мо набояд бо муқоиса кардани Тоҷикистон бо Ӯзбакистон худро хушҳол нигоҳ дорем, шояд мо бояд бо кишвари озодтаре худро муқоиса кунем?
-Хеле хуб, пас биёед ба дигар кишварҳо нигоҳ намекунем ва Тоҷикистони имрӯзро бо Тоҷикистони панҷ соли пеш муқоиса мекунем. Мебинед, ки пешрафтҳои ҷиддӣ вуҷуд дорад ва ин кор зина ба зина мешавад ва раванд идома дорад.
-Аммо вақте дар Амрико будед, ин ҳарфҳоро намегуфтед.
-Бале, ман онҷо истода, аз баландии Амрико истода, ҳавобаландона ба инҷо нигоҳ карда истода, ман ҳамеша мегуфтам, ки кор бояд ин хел нашавад. Аммо вазъро бояд ба таври мушаххас, ҷомеъаи конкретиро дида, баҳо додан даркор аст. Сатҳи рушди ҷомеъа хеле муҳим аст.
Ман демукросии Амрикоро ҳам дидам. Дуруст аст, ки ҳама озод аст, аммо бубинед, ки киҳо пешбарӣ мекунанд ва пирӯз мешаванд. Фақат пулдорҳо. Аз берун нигоҳ кунед, гӯё ҷолиб, аммо дарунашро бинед, бозиҳоеро мебинед, ки эҳе!. Конгресашро бинанд. Ҳама бо пул харидаанд курсиро, чунки фақат пулдор мегузарад, бепул мемонад.
Ман ҳатто фикр мекунам, ки дар баъзе аз давраҳои таърихӣ шояд дуруст бошад, ки каме дасти зӯр нишон диҳӣ. Менталитет гуфтагӣ чизҳо ҳаст. То замоне, ки ақлу фаросатамон ба ҷое мерасад.
Баъзан ҷо-ҷо сахт гирифтан даркор. Масалан Горбачев демократия мекунам гуфт, чи кор кард? Давлатро вайрон карду рафт. Демократия-ми ҳамин? Барои ҳамин мулоҳизакор будан лозим аст, чун ки тақдири инсонҳо ҳал мешавад. То замони муъайян қапидан даркор аст.
Масалан, ҳамон тавр ки ба дасти кӯдак чизи тезро намедиҳед. Марҳамат, инро бигир, онро бигир, аммо агар кордро гирифт, зуд аз дасташ мегиред. Масалан, озодии матбуъот дар ҷомеъа, ё хабарнигоре, ки барои истифодаи созанда аз он омода нест, ба мисли як ханҷар аст.
Бахусус, психологияи мардуми мо ё мардуми рус ин гуна аст, ки то натарсанд, итоъат намекунанд. Масалан, дар оғози ҷанг агар ба ҷойи Сталин Хрушев барин демагог (авомфиреб) мебуд, бозӣ кайҳо аз даст мерафт. Дар се моҳ зада лахт-лахт мекард. Бинобар ин, ба зарурати таърихӣ нигоҳ кардан лозим аст.
-Оқои Турсон, дар ин 15 сол дар миёни доираҳои илмии байналмилалӣ кор кардаед. Метавонед мушаххасан ба хонандагони мо бигӯед, ки дар ин солҳо машғули чӣ корҳо будед, Дақиқан, оё ин солҳо бобарор буданд?
-Ман як хислати бад дорам, якбора ба чанд мавзӯъ машғул мешавам. Дар китобхонаи Конгрес зиёд нишаста, китоб-китоб фикрҳоямро конспект кардаам.
Мавзӯъҳои мухталиф, аз кайҳоншиносӣ то забоншиносӣ. Ё таъсири мутақобили забони тоҷикию форсӣ ва нақши арабӣ ва дар инҷо тақдири ҳаёт дар кайҳон. Тамоман нуқтаи расиш надорад! (механдад)
Масалан, имрӯз дар мавзӯъи Наврӯз кор мекунам, фардо дар мавзӯъи таърихномаи ӯзбаку тоҷик менависам. Ҳозир ҳамонро навишта истодам. Чун дидам, ки полемика (баҳс) зиёд рафта истодааст байни тоҷику ӯзбак, вале масъалаҳои муҳим берун мондааст.
-Корашро кай анҷом медиҳед?
-Ҳоло идома дорад, 80 саҳифа навиштаам ҳоло. Як маҷаллаи нави СНГ (Иттиҳоди Кишварҳои Ҳамсуд) таъсис шудааст, мақолаи таърихшиносӣ, фикр карда истодаам, ки ба онҳо бифиристам.
-Таҷрибаи кори Шумо дар хориҷ аз кишвар ва доираҳои илмие, ки Шумо бо онҳо аз наздик ошно ҳастед, дар фаъолияти пажӯҳишгоҳе, ки акнун Шумо раҳбараш ҳастед, чи гуна кумак ва таъсир мерасонад?
-Албатта, таъсир мерасонад. Пеш аз ҳама сарфакории Амрикоӣ дар илм. Масалан, як академик буд дар Маскав, бисёр устоди сахтгир буд. Ягон аспирант ва ё олим суханронӣ мекард, баъзан дар нисфи суханрониаш гапи ӯро қатъ мекард. Мегуфт, “кофӣ! Давомаш маълум аст, ки чи мехоҳед бигӯед.”
Ин устод ҳамеша ба шогирдонаш мегуфт, ки мавзӯъеро бояд интихоб кунед, ки дар поёни кор чунин нашавад, ки як саги шикорӣ зери як дарахти холӣ вақ-вақ мекунад. (механдад) Яъне бояд мавзӯъ ва кори мушаххас ва ҳалшаванда бошад.
Алоқаҳое, ки доштам, бояд барқарор кунам, ба маънии ҳамкорӣ. Ин грантҳое, ки институтҳои мо тавассути онҳо кор мекунанд, инҳо ҳама муваққатӣ аст. Ҳамкории доимӣ барқарор кардан лозим аст. Ва пул дар Амрикову Урупо, ҳамааш дар донишгоҳҳо аст. Бо онҳо қарордодҳои панҷсолаву даҳсола бояд имзо кунем.
Баччаҳои мо онҷо раванд, онҳо инҷо биёянд, масалан, забон омӯзанд. Чун ҳамкорӣ бояд дутарафа бошад. Онҳо ҳамкориҳои яктарафаро дӯст намедоранд. Ёрдам гуфтагӣ гап нест. Фақат ту ба ман, ман ба ту. Ин муҳимм аст. Яъне ҳамкориҳои ҳам сарфакорона ва ҳам судманд. Сарфакорӣ ҳам дар пул ва ҳам дар вақт ва ҳам дар нерӯ. Ин гуна усули кор бештар самара медиҳад.
Бояд маҳфили олимон таъсис диҳем. Мехоҳам романтикаи кори илмиро ба донишҷӯён биёмӯзам. Охир мақолаҳоро мехонед, охир мантиқи элементарӣ нест, яъне содатарин текники кори илмиро намедонанд.
Мехоҳам байни пажӯҳишгоҳҳо семинорҳо баргузор шавад. Хуллас, коре, ки бояд анҷом гирад, зиёд аст.
-Барои Шумо барори кор мехоҳем, аз мусоҳибаатон сипосгузорам.
Шамсияи Қосим, Би-Би-Си, Душанбе
Шарҳҳо
RSS Обуна