ҲОҶӢ АКБАР ТӮРАҶОНЗОДА: “ЗАН ДАР ХОНА ВАЗИР АСТ”
Пас аз ба чоп расидани китоби Акбар Тӯраҷонзода мавсум ба “Ҷойгоҳи зан дар ислом” тасмим гирифтем бо муъаллифи ин китоб дар атрофи масоили занон сӯҳбати муфассалтаре анҷом бидиҳем. Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, дар ин китоб бо тамоми ҷузъиёт ҳуқуқеро, ки динни ислом ба занон ва духтарон додаст, тавзеҳ додааст ва ин китоб, ки бо теъдоди ду ҳазор адад чоп шудааст ройгон ба дасти хонандагон мерасад.
-Ҳадафи таҳия ва чопи ин китоб, ки ройгон ба хонандагон тавзеъ мешавад дар чист?
-Ҳадафи аслӣ аз чопи китоб ошонии бештар бо ҳуқуқе, ки ислом ба занону духтарон додааст. Дарки мафҳумҳои ҳуқуқи мазҳабӣ аз қироъати Қуръони маҷид на ба ҳама муяссар мешавад ва дар китоб бо шеваи содда тамоми нозукиҳои аслӣ ба хонандагон фаҳмонда мешавад. Хонандагони аслии ин китоб занон ва духтарон ҳастанд, вале барои мардҳо низ хондани ин китоб пешниҳод мешавад.
Ман намегӯям, ки ин китоб тамоми мушкилоти ҷомеъаро ҳалл мекунад, вале дар китоб дар бораи ҳуқуқи мард низ гуфта шудааст, ки занон низ бояд нисбат ба мард беэҳтиромӣ накунад ва масъулияташонро хуб иҷро кунанд. Билохира зан ҳам ҳуқуқ дорад ва ҳам масъулият ва бояд ҳар дуи онро хуб донад.
Ба касе пӯшида нест, ки дар бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон ва кишварҳои мусалмоннишин ва ҳатто кишварҳои ғайримусалонӣ ва ба вижа дар бархе аз кишварҳои ғарбӣ ин шоъеоте вуҷуд дорад, ки ислом ҳуқуқи занро поймол намудааст ва зан дар ислом аз ҳеҷ гуна ҳуқуқе бархурдор нест, ва занро бидуни ихтиёраш ба шавҳар медиҳанд, ва вазифаи ӯ хонашин ва зери фаранҷӣ будан аст, ва кӯдак таваллуд кардану кӯдак тарбият кардан аст.
Ва гӯиё ислом занро аз ҳуқуқи таълим ва кор манъ мекунад. Мутаассифона, дар Тоҷикистони мо ҳам чунин тасаввури нодуруст дар бораи ҷойгоҳи зан дар ислом ё ҳуқуқи зан дар ислом вуҷуд дорад ва чунин тасаввури ғалат аз замони идиолужии ҳизби кумунист то ба имрӯз боқӣ мондааст.
Агар падаре духтари ба балоғатрасидаи худро аз таҳсил дар мактаб барканор кунад, мегӯянд, ки вай ба сабаби хурофоти исломӣ намегузорад, ки духтараш таҳсил кунад. Ва ё дар манзил алайҳи зан хушунат шавад ва ҳуқуқаш нақз шавад боз мегӯянд, ки айби ислом аст, ки занҳо ҳуқуқ надоранд ва аз тарафи шавҳар ва ё пайвандони дигари вай мавриди фишору хушунат қарор мегирад.
Мутаассифона, ҳар камбудие, ки дар ҷомеъа дар қиболи зан рӯх медиҳад ба ислому ва дин рабт медиҳанд, гӯёи ки гунаҳкори аслии ислом бошад. Вале чунин пиндоштан беинсофист. Агар дар ҷомеъа занҳо беқадр ҳастанд, ин аз сабаби он аст, ки мардуми мо ҳуқуқи занро аз нуқтаи назари ислом намедонанад. Масъулияти заношӯйӣ ва тарбияти фарзандро аз дидгоҳи ислом намедонанд.
Ва аз он сабаб ҳам намедонанд, ки дар тӯли ҳафтод соли даврони Шӯравӣ ва бист соли истиқлолият имконияти омӯхтан, донистан, шунидан ва таълим гирифтани аҳкоми ислом дар мавзӯъи оиладорӣ ва зану тарбияти фарзанд вуҷуд надошт. Дар куҷо ин таҳсилро бигиранд, дар кадом адабиёт инро бихонанд? Дар мактаби миёни ин таълим нест.
Дар масҷид, ки занонро аз он ҷо дур кардаанд ва иҷоза намедиҳанд, он ҷо бираванд. Ҳадди ақал занонро бигузоранд, ки ба масоҷид бираванд ва он ҷо дар ин бора бишинаванд. Худи домуллоҳое, ки дар бораи ҳуқуқҳои зан аз ҷиҳати исломӣ бохабар бошанд, дар Тоҷикистон ангуштшумор ҳастанд. Ё олимони диние, ки тамоми ҷузъиёти динни исломро бидонанд, мо кам дорем.
Саводи ибтидоии диниро мардум дар назди ҳамдигар пинҳонӣ меомӯхтанд ва бо ин гуна дониш мо наметавонем дар ин бора мубоҳисот кард ё ба мардум тавзеҳ дод. Ман қабул дорам, ки як замон аз солҳои 1997 то солҳои 2005 то адозае озодиҳо буд, вале аз соли 2005 боз ҳам маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон шурӯъ шуд, занҳоро аз масҷид дур кардан, бавижа дар солҳои 2010 ва 2011 як ҳуҷуми ошкоро алайҳи ислому таълимоти ислом ва пайравони он ва ҳамчунин ҳуҷум ба рамзҳои ислом, яъне масҷиду пӯшиши ислом анҷом гирифт.
Агарчанде, ки барои як ҷомеъа он қадар муҳимм шояд набошад, вале инҳо ҳама як паёме ҳаст барои амалҳои ояндаи ҳукуматдорон, яъне ҳукуматдорон мехоҳанд бифаҳмад, ки чи аксуламалҳое ба ин иқдомоти онҳо дар ҷомеъа анҷом хоҳад шуд.
-Вале фармони манъи рафтани занон ба масҷид аз сӯйи уламои дин дар Тоҷикистон содир шуд. Яъне боз ҳамон афроде, ки мазҳабӣ ҳастанд, ин тасмимро дуруст хонданд.
-Оре! Мутаассифона ин фатворо "муллоҳои дарборӣ" бароварданд. Агар ёдатон бошад, дар соли 2004 ба муносибати Қонуни асосии Тоҷикистон раиси ҷумҳурӣ дар ин бора суханронӣ кард ва баъд аз шаш моҳ фатвои маркази исломӣ дар бораи манъи рафтани занон аз ширкат дар намозгузории рӯзҳои ҷумъа дар масоҷид содир шуд, ки хилофи ошкори Қуръон ва аҳли суннати мазҳаби ҳанафӣ буд.
Дар ин бора ман як китоберо бо номи “Ибодати занон дар масҷид аз назари шариъати исломӣ ва қонунгузории Тоҷикистон”-ро навишта будам.
-Фикр мекунед, ки ҳадафи аслӣ аз барканор кардани занон аз масҷид чӣ буд?
-Бeбинед, барои он, ки зан воқеъан муассиртарин омили тарбияи фарзанд аст. Мард дар ин ҷода нақши созандаеро бозӣ намекуад, зеро бештари мардҳои хонавода аз паси пайдо кардани даромад барои рӯзгор ҳастанд. Ва ҳатто дар манзил ҳам бошанд, бештари вақтро ба тамошои телевизюн ё сӯҳбатҳо бо мардони дигари ҳамсояҳошон мегузаронанд.
Ва асосан зан муррабӣ ва тарбиятгари фарзанд аст. Ва беҳуда Муҳаммад Иқбол ва файласуфони дигари ҷаҳонӣ нагуфтаанд, ки “агар модар ислоҳ шавад, ҷомеъа ҳам ислоҳ мешавад,” Ва агар модар мусалмон бошад, фарзандон низ мусалмонони аслӣ мешаванд.
Аммо мутаассифона, дар ҷомеъаи мо дар масъалаи таълимоти исломӣ, занон мазлумтарин қишри ҷомеъа ҳастанд. Занон ҳеҷ чизро аз динни ислом ба ҷуз аз он чи аз модарону модарбузургони худ шунидаанд, намедонанд. Ва ин шуниданҳо низ сол то сол камтар мешавад.
Ва агар занон суханрониҳои уламоро дар мавзӯъоти мухталифи диннӣ, ба ҷуз аз намозгузории панҷ вақта дар масҷид шунаванд, ва ин сӯҳбатҳоро ба фарзандон нақл кунанд, саводи диннӣ дар миёни сокинон бештар хоҳад шуд. Зеро занон истеъдоди хуби шунавоӣ доранд. Инро идеолугҳои зидди исломӣ хуб медонанд ва барои ҳамин ҳам рафтани занон ва духтаронро ба масҷид манъ карданд.
-Аммо бозгардем ба китоби ҷадиди Шумо, яке аз бахшҳои ин китоб ба “Издивоҷ ва муносибатҳои хонаводагӣ дар Ислом” бахшида шудааст. Лутфан бигӯед, ки духтарон ба ҳангоми издивоҷ чи ҳуқуқҳо дорад? Оё духтар метавонад, ҳамсарро худаш интихоб кунад? Зеро дар Тоҷикистон бештари падарон бо ишора ба ҳуқуқи падарии худ духтаронро иҷборан ба шавҳар медиҳанд.
-Мо фақат аз кулли ҳуқуқу масъулиятҳое, ки занон доранд, якеро интихоб кардем. Вале инҳо дар ҳоле татбиқшаванда аст, ки агар ҷомеъа воқеъан ҷомеъаи солим бошад ва дигар ҳуқуқ аз ҷиҳати тарбияи занҳо таъминшуда бошанд. Бале зан ҳаққ дорад, ки интихоб кунад.
Ин ҳаққро шариъат ба вай додааст. Зеро агар касе ба хостгорӣ биёяд, падар бояд ризоияти духтарро бипурсад. Вале урф интихоби духтарро бе иҷозаи волидон маҳдуд кардааст. Ин ҷо шариъат ба волидон ҳуқуқ додааст, ки ба ин кор таъсир расонанд, вале онҳо наметавонанд, духтарро куллан аз ин ҳаққ маҳрум кунанд. Агар интихобкардаи духтар хуб набошад, волидон машварат медиҳанд.
Вале як чизро мо бояд фаромӯш накунем. Агар воқеъан низоми исломӣ бошад ва қарордоди издивоҷ, яъне он ақди никоҳе, ки дар беш аз як ҳазору 400 сол дар ислом машрӯъ аст, ҳукуматдорони мо эътироф мекарданд, он вақт волидон мутмаъин мешуданд, ки духтар ба ихтиёри худ шавҳар кунад, ҳуқуқаш поймол намешавад. Аммо бубинед, ки бисёре аз духтарон, ман ҳам шоҳиди чандин ҳодиса ҳастам, аз манзил фирор мекунанд ва ба ихтиёри худ издивоҷ мекунанд. Вале баъди муддате аз манзили шавҳар бидуни ҳеҷ ҳаққу ҳуқуқ ба манзили волидонашон бозмегардад.
Ва дар ислом маҳрия аст ва маҳрия аз ду қисмат иборат аст ва як қисмаш қабл аз ба манзили шавҳар рафтан ба духтар дода мешавад. Маҳрия бояд як чизе бошад, ки мондгор бошад. Яъне дар рӯзе, ки зан бо мушкилот рӯбарӯ мешавад, вай тавонад аз он истфода кунад ва дар чорроҳаи зиндагӣ ҳайрон намонад.
Барои мисол агар шавҳар даҳ ҳазор дулор маҳрия барои издивоҷ бидиҳад, вай ҳеҷ гоҳе дар мавриди талоқ фикр намекунад. Чаро дар кишварҳои исломӣ талоқ кам аст, чуники мардҳо аз пардохти маҳрия ба заноҳои талоқкардаашон бим доранд.
Вале дар Тоҷикистон ҷавоне зан мегирад ва ба осонӣ метавонад ба вай талоқ диҳад ва боз ҳам ба ҳангоми талоқ бигӯяд, ки “духтари понздаҳсоларро мегирам.”
-Аксари занонро ин шароит нороҳат мекунад, ки ислом ба мардҳо иҷозаи чандҳамсарӣ додааст ва аз ин роҳ занро табъиз кардааст. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?
-Ҳалли ин масъала дар ислом ҳаст. Дар ҳамон ақди никоҳ ё қарордоди издивоҷи исломӣ, зан шарт мегузорад. ки ба ҷуз аз ман ҳамсари дигарро нахоҳӣ дошт. Агар мард ин шартро пазируфт вале баъан зани дувум гирифт, ҳамсари аввалаш муххайара мешавад. Яъне талоқаш ба ихтиёри худаш мешавад, ва ин зан агар хост аз шавҳараш ҷудо мешавад.
-Вале бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мо дар асри 21 ба сар мебарем ва дидгоҳҳо тағйир ёфтаанд имкон надорад, бисёрзаниро аз байн бибаранд?
-Боз ҳам ҳамон қарордод аст, ки метавонад, иҷозаи зани дувум ва севумро ба мард надиҳад. Вале мутаъассифона, дар зиндагӣ чунин аст, ки бархе авқот зан мариз мешавад ва ё безурёт аст ва ё ба бемориҳои равонӣ гирифтор мешавад ва дар ин ҳол мард, бавижа агар ҷавон бошад, бояд чи кор кунад? Барои фарзанддорӣ ва идомаи зиндагии худ, ин марди ҷавон метавонад, дубора издивоҷ кунад.
-Аммо агар мард бемор шавад ва ё безурёт монад, оё зан ҳам чунин ҳаққи интихобро хоҳад дошт? Бавижа барои фарзанддорӣ, зан метавонад аз ҳамсараш талоқ талаб кунад?
-Оре! Дар сурати иҷро нашудани бархе аз таъаҳҳудоти ҳамсараш зан ба “иқдоми талоқ” ҳаққ дорад. Ва ба истилоҳи тоҷикӣ, агар мард бо ҳамсараш ҳатто ҳамхобагӣ карда натавонад, зан ҳақ дорад, ба қозӣ муроҷеъат кунад, ки ин мард ба вай ҳаққи шаръиро адо карда наметавонад ва хоҳиш мекунад ки ӯро ҷудо кунанд.
Аллабат агар даъвои вай дуруст бошад, қозӣ ташхиси тиббӣ таъйин мекунад ва ҳангоме, ки пизишк таъйид кунад, ки мард мариз аст ва ё дар баданаш захмҳо дорад, зан метавонад аз мард ҷудо шавад.
Ва ҳатто агар мард занро аз ҷиҳати молӣ таъмин карда натавонад, зан ҳаққи талаб кардани талоқро дорад. Зеро агар зан то як ҳазор дулор маъош ҳам дошта бошад, марди хонавода бояд ӯро таъмини молӣ кунад. Ҳамаи ҳаминро ман дар китоби ҷадид овардаам ва шояд китоб як инқилоби зеҳнӣ дар кишвар барпо кунад. (механдад)
-Ба ҳар ҳол, ислом ҳаққи бештареро ба мардон додааст. Ҳамин тавр не?
-Посух ба ин суол низ дар китоб ҳаст. Хоҳиш мекунам ҳаминро дар китоб пайдо кунед. Он дар бораи қавмияти мард аст. Ин қавмият, яъне раҳбарият ба монанди ҳоким нест. Дар ҳар хона, монанди ҳокимият дар дарбор, зан ба ҳукми вазир аст, на ба ҳукми хидматгор. Оре, зан дар хонавода нафари дувум аст. Яъне раъй дорад, фикр дорад, раъй ва фикраш муҳтарам аст ва шунида мешавад, вале тасмими ниҳоиро мард мегирад.
Зеро мард таъминкунадаи хонавод ва ҳимоятгарӣ он аст. Ва бояд мардҳо имрӯз низ ҳамин тавр бимонанд. Вале имрӯз воқеъият тақаллуб шудааст ва занони бечора бозорнишин шуда ва касби рӯзгор ба ӯҳдаи онҳо афтодааст, ин “нонсес” аст.
Зан бояд ҳамеша мукаррам ва муаззаз бошад ва агар фаъолияти корӣ дошта бошад, он ҳам барои вай чун "хоббӣ" бошад на барои нон пайдо кардан. Ва аз он кор лаззат бибарад ва ҳатто зан агар муррабӣ ва ё муаллима ё табиб бошад, вай ин корро барои савоб анҷом диҳад. Аммо мард бояд таъмини рӯзгорро бикунад.
-Чаро зани мусалмон ҳангоме, ки аз манзил берун меояд, бояд марде ӯро ҳамроҳӣ бикунад?
-Ин дар ҳолатест, ки аз сад килуметр масофа дуртар биравад, ва агар худаш танҳо бошад. Ин ҳам ба манфиъати зан ҳаст ва барои таъмини амнияташ, ки касе ба вай санг назанад ба ирзу номусаш ва ин ба суди худи зан ҳаст. Вале агар сафар аз сад килуметр наздик бошад зан метавонад берафиқ равад.
-Шумо чанд духтар доред?
-Чаҳор духтар дорам.
-Лутфан бигӯед, ки духтаронатон дар интихоби зиндагӣ ва бавижа ҳамсарҳояшон озод буданд? Ва ҳамчунин таҳсилдида ҳастанд?
-Духтарҳоям таҳсилдида ҳастанд ва баъзе бо хоҳиши худашон идомаи таҳсил дар донишгоҳҳоро ихтиёр накардаанд. Вале забони форсӣ ва арабӣ ва то андоазе инглисиро хуб медонанд ва Саъдию Ҳофизро ба хатти аслашон мехонанд. Вале русиро намедонанд. Хоҳиши ҳамаи онҳо ба ҳангоми идивоҷ дар назар гирифта шуда буд.
Духтари бузургам дар Эрон издивоҷ кард. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мехост духтарамро ба писараш хостгорӣ кунад, вале мо фикри духтарро ҳамеша мепурсем. Духтарҳоям ҳоло кор намекунанд.
-Агар хоҳанд дар муассисае ва ё ширкате кор кунанд, ақидаи Шумо дар ин бора чӣ хоҳад буд?
-Агар кори муносиб бошад ва шароиту шарти хубе дошта бошад, чаро на?
-Бархеҳо мутмаъинанд, ки Акбар Тӯраҷонзода аз ҷумлаи афроди чандзана аст...
-Не, ман як ҳамсар дорам.
-Исми ҳамсаратонро ба мо мегӯед?
-Гулнигор! Исмаш Гулнигор аст!
-Оё ҳаққу ҳуқуқе, ки ислом ба зан додааст, дар қиболи хонуматон риъоят мешавад?
Хонумам дар манзил хуҷаини мутлақ аст. (механдад) На хуб, дар хонадорӣ ва рӯзгор ва ҳатто дар таъмири манзил ҳамсарам роҳбарӣ мекунад. Яъне мегӯяд, ин корро бикунем ва он кора на! Ин чизро харидорӣ кунем ва ё он чизро бигирем. Ман аслан ба фаъолиятҳои марбут ба рӯзгор дахолат намекунам ва онҳоро ба ихтиёри эшон вогузор кардаам.
-Ҳатто ҳангоми издивоҷи духтаронатон низ бо хонуматон машварат мекардед?
-Бале! Бо розигии ҳар ду ҷониб ин масъаларо ҳал мекардем. Дар ин бора ҳатто мубоҳисоти зиёде мекардем.
-Сипос аз сӯҳбат!
Заринаи Хушвақт, Би-би-си, Душанбе