23:19:25 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МЕДВЕДЕВ: РУСИЯ ДАР ТАРҲҲОИ МИНТАҚА ШИРКАТ ХОҲАД КАРД

Дмитрий Медведев дар поёни нишасти чоргона дар Душанбе гуфт, Русия дар тарҳҳои муҳими минтақа, азҷумла барномаҳои энержӣ, ширкат хоҳад кард.

Мулоқот сарони кишварҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон дар “Кохи Сомон”-и шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста сурат гирифт. Коршиносон ҳануз дар остонаи ин нишаст масъалаҳои амнияти минтақа ва тарҳҳои энержиро аз мавзӯъҳои калидии гуфтушунидҳои сарони чор кишвар дар Душанбе унвон карданд. Дмитрий Медведев ва Осиф Алӣ Зардорӣ, раисони ҷумҳурии Русия ва Покистон, низ имрӯз мулоқоте пушти дарҳои баста анҷом доданд, ки эҳтимол меравад, мавзуи амният дар ин кишвар дар меҳвари гуфтугӯҳо бошад.

Масоили амнияти минтақа ва ҳамкориҳо дар бахши энержӣ ҳамчунин мавзӯъҳои калидии мулоқоти раисони ҷумҳури Покистону Тоҷикистону Афғонистон буд, ки якчанд соат қабл баргузор шуд. 

Дар ин нишасти сегона ҷонибҳо омодагии худро барои муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва гурӯҳҳои тундрав дар минтақа баён доштанд ва ҳамкориҳо дар бахши энержӣ, азҷумла барномаи КАСА-1000, ё хатти интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистонро баррасӣ карданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi