М. ГРОССМАН: «КИШТИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР АФҒОНИСТОН КАМ МЕШАВАД»
20 май пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон ва Покистон Марк Гроссман андешаҳояшро ба хабарнигорон чунин баён намуд:
«Барои ман ифтихор аст, ки бо ҷаноби президент Эмомалӣ Раҳмон вохӯрдам. Мо зимни мулоқот масъалаҳои Афғонистон ва минтақаро мавриди баррасӣ қарор додем. Нахуст ман аз ҷаноби президент ва мардуми Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкории судмандашон барои таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон изҳори миннатдорӣ намудам. Инчунин ман ба ҷаноби президент дар бораи он корҳое, ки аз рӯи баромади моҳи февралии хонум Клинтон дар бораи тадриҷан ба худи нерӯҳои Афғонистон супоридани назорати ин кишвар ба анҷом расонидаам, маълумот додам. Инчунин ман андешаҳо ва маслиҳатҳои ҷаноби президентро дар бораи он, ки чӣ тавр сулҳи пойдор дар Афғонистон бо роҳбарии худи афғонҳо сурат гирад, шунидам».
Ӯ афзуд, ки «ман бисёр хурсандам, ки Тоҷикистон кӯшиш мекунад дар таҳкими амният ва суботи Афғонистон ва минтақа бо мо ҳамкорӣ кунад. Бояд гуфт, ки на танҳо Амрико, балки дигар кишварҳо низ хоҳони сулҳу субот дар Афғонистон ҳастанд ва дар баробари ин кишварҳо саҳми Тоҷикистон низ хеле бузург аст. Тавре мо медонем, аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон молу маҳсулот ворид мегардад, ки ин аз аҳамият холӣ нест. Ва мо умедворем, ки Тоҷикистон бо мо дар ин самт дар оянда низ ҳамкорӣ хоҳад кард».
Тавре шумо медонед, интиқол ва истеҳсоли ғайриқонунии маводи мухаддир на танҳо ба Афғонистон, балки ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Ва аз ҳисоби маблағҳои бо ин роҳ ба даст омада созмонҳои террористӣ метавонанд истифода баранд. Аз ин рӯ ман бар он андешаам, ки бояд Тоҷикистону Амрико дар ин самт ҳамкории худро ба роҳ монанд, то ки тавонанд ба ин падидаи номатлуб хотима диҳанд.
Қаноатманд аз он ҳастем, ки ҳамкории назорати қонунии маводи мухаддири Амрико ва Агентии назорати маводи нашъадори ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуд. Ва ин сохторҳо дар якҷоягӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мубориза бар зидди интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадорро худи афғонҳо ба даст гиранд. Ин масъала яке аз масъалаҳои муҳими ҳамкории мо бо Афғонистон мебошад, илова намуд Марк Гроссман.
Хамчунин қайд намуд, ки: «Ман бояд ҳаминро ҳам қайд намоям, ки айни замон киштзори маводи мухаддир дар Афғонистон нисбат ба чанд соли пеш коҳиш ёфтаанд. Дар ин самт барномаи махсус ҳаст, ки аз ҷониби раисони вилоятҳои Афғонистон ба роҳ монда шудааст ва тибқи ин барнома кишти маводи мухаддир тадриҷан кам мешавад. Дар ин самт мо дар якҷоягӣ кор мебарем ва тавре маълум аст, корҳои анҷомнаёфта ҳанӯз хеле зиёданд».
АМИТ «Ховар»