АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА ҲАСТ
Қисмати дуввум
АМН
Риштаи мавзӯи ман дар хусуси амн буд, ҳоло вақти он расид, ки ба мавзӯъ шуруъ кунам. Амн чист? Амн акси хавф буда, ҳолатест, ки ба сабаби он тамоми афроди муҷтамаъ оромӣ ва устувориро ҳисс хоҳад кард ва дар баробари он, аз анҷоми корҳое, ки шариъат ва низомҳои дар дохили он муҷтамаъ буда, манъ кардааст, худдорӣ хоҳад кард. Ин аст амн.
НЕЪМАТИ АМН
Бародарон ва хоҳарони мусалмон, ҳамдиёрони гиромӣ! Амн, барои инсон неъмати бузург аст, ки бидуни он ҳаёти хешро бо тариқи саъодатмандӣ ва самарабахш натавонад гузаронид. Аз ҳамин хотир аст, ки Аллоҳ таъоло ба сабаби амн қарор додани Макка, миннат карда чунин фармуд: Яъне, “Оё надонистанд, ки ҳарамро ҷои амн қарор додем, ҳол он ки мардум дар атрофашон ба асорат рабуда мешаванд? Оё ба ботил имон меоваранд ва ба ниъмати Аллоҳ куфрон мекунанд?” (Сураи Анкабут, ояти 67)
Касе дар кишвар ноили амн гардад ва дар бадан ноили тандуристӣ, чунин кас тамоми дунёро ноил гардида аст. Зеро неъмати амн аз дунё ва аз тамоми чизу чораи он беҳтар аст. Паёмбар, салаллаҳу алайҳи ва ало олиҳи ва саллам, чунин фармуд: “Касе аз шумо пагоҳӣ бар хезад дар худ амнро ҳис кунад ва дар бадан тансиҳатиро, дар назди ӯ қути ҳамонрӯзааш бошад, чунон аст, ки барояш дунёро ҷамъ оварда шудааст”.
Афзунии ин неъмат ба шукр ва сипосгузорӣ мешавад. Чуноне, ки Аллоҳ таъоло фармуд: Яъне: “Ва Парвардигоратон эълом кард, ки агар Маро шукр гӯед, бар неъмати шумо меафзоям ва агар ношукрӣ кунед, бидонед, ки азоби Ман сахт аст!”. (Сураи Иброҳим, ояти 7.)
Дар ин маврид Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва ало олиҳи ва саллам, чунин фармуд: “Касе камро шукр накунад, бисёрро шукр натавонад кард ва касе мардумро шукр накунад, Аллоҳро шукр натавонад кард. Неъмати Аллоҳро ҳарф задан, шукр аст ва тарки он, ношукрист ва ҷамоъат, раҳмат аст ва парокандагӣ, азоб аст”.
Шукр ва сипосгузории Аллоҳ, ки ин неъматро ато бахшидааст, сипас шукр ва сипосгузории роҳбарияти ин Давлат, ки Аллоҳ ба эшон тавфиқ бахшидааст ва ин неъматро ба дасти онҳо амалӣ қарор додааст. Зеро ҳар неъмате, ки аз аҳли осмонҳову замин меояд, ҳама аз ҷониби Аллоҳ аст. Тавре, ки Аллоҳ таъоло фармуд: Яъне, “Ҳар неъмате, ки ба шумо расад, аз Аллоҳ аст”. (Сураи Наҳл, ояти 53).
Ин неъмат, яъне неъмати амн, мӯҷиби он аст, ки шукр гуфта ҳарф бизанем, на ин ки онро китмон карда шавад. Чуноне, ки Аллоҳ фармуд: Яъне, “Ва нисбати неъмати Парвардигорат, ҳарф бизан”. (- Сураи Зуҳо, ояти 11).
Имрӯз мутаассифона бисёре аз мардум, хусусан ҷавонон, ношукрии ин неъмат карда, барои нооромии ин кишвар дар ҳар ҷамоъаву аҳзоби сиёсӣ ва ғайри сиёсӣ, ба ном Исломӣ шомил шуда, бо ақидаҳои хом ва мунҳарифи худ, дар талош ва ҳаракати нооромии ин кишваранд. Дар айни ҳол ин ҷамоъаҳо ва аҳзоб, аз роҳи рост мунҳарифанд ва дигаронро гумроҳ хоҳанд кард. Мисли ҳизби байъат, таҳрир, наҳзат ва ҷамоъаи таблиғ ва ғайра...
Ин аз он сабаб аст, ки чашмҳои ин ҷавонон аз дидани хайрҳои ин кишвар, кӯр ва гӯшҳояшон аз шунидан, кар ва забонҳояшон аз зикри онҳо лоласт. Аз ҷумлаи он хайрҳо, неъмати амн аст.
Абу Ҳорун чунин гуфт: ман ба назди Абу Ҳозим даромадам ва барояш чунин гуфтам: Аллоҳ туро дар зери раҳматаш қарор дода бошад! “Шукри чашмҳо аз чӣ иборат аст?”
Ӯ гуфт: “Чун ба онҳо хайреро бубинӣ, онро хотиррасон бикун ва чун бадиеро бубинӣ, онро бипушон”.
Ман гуфтам: “Шукри гӯшҳо аз чӣ иборат аст?”
Ӯ гуфт: “Чун ба онҳо хайреро бишнавӣ, онро ҳифз бикун ва чун бадиеро бишнавӣ, онро фаромӯш бикун!».
Субҳоналлоҳ! Чӣ қадар мо муслимин хайрҳоеро дар ин кишвар дидаем ва шунидаем ва чӣ қадар ношукронро мебинем, ки он хайрҳоро мункиранд!
Ин буд неъмати амн.
АҲМИЯТ ВА ЗАРУРАТИ АМН
Дар мавриди аҳмият ва зарурати амн чунин хоҳам гуфт. Ҳангоме, ки Иброҳим, алайҳиссалоту вассалом, зурриййати худро дар водии Макка гузошт аввалин дуое, ки ба Парвардигори худ барои онҳо кард, амн буд. Чуноне, ки Аллоҳ таъоло ин қиссаро барои мо нақл кард:
Яъне, “Ва Иброҳим гуфт: “Эй Парвардигори ман, ин шаҳрро ҷои амне қарор гардон ва аз мардумаш ононро, ки ба Аллоҳ ва рӯзӣ қиёмат имон доранд, аз ҳар самара рӯзӣ соз!” Гуфт: “Ҳар кас, ки кофир шуд, ӯро андак бархӯрдорӣ диҳам, сипас ба азоби оташ дучораш гардонам”, ки бад саранҷомест”. (Сураи Бақара, ояти 126).
Сипас ҳангоме, ки ин водӣ кишвар шуд аз Аллоҳ дархост кард, ки онро кишвари амн қарор бидиҳад. Чуноне, ки Аллоҳ таъоло фармуд: Яъне, “Ва Иброҳим гуфт:” Эй Парвардигори ман, ин сар заминро эмин гардон ва марову фарзандонамро аз ибодати бутон дур бидор”. (Сураи Иброҳим, ояти 35).
Ин таъкиди онро мекунад, ки амн дархости муҳиммест, ки инсон ба ӯ эҳтиёҷ дорад, вагар на онро Иброҳим, алайҳиссалоту вассалом, аз Аллоҳ таъоло, барои амалӣ дар ин кишвар, такроран суол намекард.
Аз ҳамин хотир шумо азизон, ба он кишварҳое, ки низоми амн вайрон шудааст, мисли Афғонистон, Чеченистон, Ироқ ва ғайра назар андозед ба зӯдӣ хоҳед дид, ки аҳли он кишварҳо ҳаёти ҳаррӯзаи худро осуда намегузаронанд; мактабҳояшон руст, бозорҳояшон баста, ҳама хурдукалон хонанишин аст ва танҳо аз эшон шахси тавонодор метавонад, ки аз ин кишвар ба дигар кишвар берун равад. Агар касе аз эшонро бипурсед, ки чаро аз кишвари худ берун рафтаи? Дар ҷавоб чунин мегӯяд, ки “ҳамроиҳи аҳл ва хонаводаи хеш зиндагӣ карда наметавонад”, зеро низоми амн вайрон шудааст!
Барқарории амн аз заруриётест, ки тамоми уқало ба дархости он муттафақанд. Зеро ҳифзи хун, мол, номус, ақл ва дин ба туфайли амн амалӣ хоҳад шуд. Хоҳ амни нафсӣ бошад ва хоҳ иқтисодию иҷтимоӣ ва хоҳ сиёсӣ, ки ба ҳамаи он инсон эҳтиёҷ дорад.
ВОСИТА ВА ОМИЛҲОИ АМН
Мо ба восита ва омилҳои амн расидем. Мо мусалмонон ва шаҳрвандони Тоҷикистон ба воситаи ду чизи асосӣ ноили амни пурра ва томм хоҳем шуд:
якум ба шариъати Аллоҳ амал кардан;
дуюм роҳбаронро гӯш кардан ва итоъат аз онҳо кардан;
Амал ба шариъати Аллоҳ, он маъне надорад, ки мо сад дар сад дар кишвари худ қонунҳои илоҳиро бубинем, гарчӣ рӯ ба он дорем. Вале мурод аз он, аз Аллоҳ тақво карда, бо қадри тавоноӣ ба шариъати Аллоҳ амал кардан аст. Мардуми хавориҷ ва такфириҳо чун амал ба шариъатро фаҳманд, танҳо дасти дуздро буридан ва шахси зинокорро сангсор кардан медонанду бас. Аммо аз инҳо авлотару ва муҳимтарро намедонанд, ки он шиносоӣ ба тавҳиди Аллоҳ ва шиносоӣ ба ширк аст. Бинобар ин ҳар кас бояд, ки қадри метавонистагияш аз Аллоҳ тақво карда ба шариъати Аллоҳ амал бикунад.
Дар Тоҷикистони мо дарҳои масҷидҳо бозанд, муллоҳоро касе аз дарс ва мавъиза кардан манъ накардааст, ба он шарт, ки аз ҳикмат берун сухан накунанд ва аз минбар монанди баъзе муллоҳои беодоб суханҳои беодоб мазанад.
Аксари масҷидҳо холианд, пас айби кист? Дар аксари масҷидҳо дарс нест, пас айби кист? Дар масҷидҳо мавъизаҳо дар мавриди ақида қариб ки нест, пас айби кист? Дар аксари масҷидҳо муллоҳо ба меросӣ ва ба муридӣ кор мекунанд, пас айби кист? Аксарашон парво надоранд, ки ба сари Тоҷисистон чӣ мусибат омада истодааст ва чӣ мусибат онро нигарон аст, пас айби кист? Оё дар ин саволҳо, “айби Давлат аст” гуфта, забонатон ҳарф зада метавонад!? Ин аст якум восита ва омил барои ба даст овардани амни томм ва пурра дар ин кишвар.
Ин амнро Аллоҳ таъоло ба касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ваъда кардааст, ки онро ба эшон ато хоҳад бахшид ва барои амалӣ гардидани он шартеро низ қарор дода аст ва мурод аз он, Аллоҳро ибодат кардан аст ва ба Он ягон кас ва ягон чизро шарик қарор надодан аст. Аллоҳ таъоло фармуд:
Яъне, “Аллоҳ ба касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста кардаанд, ваъда дод, ки дар рӯи замин ҷонишини дигаронашон кунад, ҳамчунон мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд ҷонишини дигарон кард. Ва динашонро ки Худ барояшон писандида аст, устувор созад. Ва ваҳшаташонро ба амн бадал кунад. Маро ибодат бикунанд ва бо Ман ягон чизеро шарик макунанд. Ва онҳо, ки аз ин пас, носипосӣ кунанд, нофармонанд!”. (Сураи Нур, ояти, 55).
Аммо омили дуюм, чуноне, ки гуфтем, ин ба роҳбари давлат гӯш кардан ва итоъат аз он кардан аст. Ба итоъат ва гӯш кардан ҳаёти инсон дар ҷамъият, аз ҳама ҷиҳат амну ором мегузарад. Гузаштагони мо аз салафи солеҳ, чун дар сарашон ягон бало ва мусибат мефаромад, айбро дар худ медонистанд ва эътироф мекарданд, ки худ дар тақвои Аллоҳ камбудиҳо содир кардаанд. Бинобарин як ду хабари росту норосте, ки аз тарафи роҳбарият, нисбати бастани масоҷид ва ё манъи ҳиҷоб ва ғайраро ки мешунавем, набояд, ки шитоб карда ба сари давлатдорон ҳамла биёварем, балкӣ ҳамла ба худ бикунем, ки мо дар тақвои Аллоҳ камбудиҳо содир кардем, аз ин рӯ Аллоҳ ба сари мо мусибат овард. Агар мо ислоҳ шавем, ин мусибатро Аллоҳ аз сари мо мебардорад.
Ҳасани Басрӣ, раҳимаҳуллоҳ, чунин гуфт: “Қасам ба Аллоҳ, Дин бе роҳбарони кор рост ва дуруст намешавад, агар чӣ эшон ҷавру ситам кунанд. Зеро қасам ба Аллоҳ, он манфаъате, ки Аллоҳ ба туфайли онҳо меорад, аз вайрониашон бештар аст”.
Мурод аз роҳбарони кор, давлатдоронанд. Воқеъан он салоҳият ва ободие, ки роҳбарони Давлат барои ин ҳамдиёрон оварда истодаанд, чунон зиёд аст, ки камбудиҳои эшон қариб, ки намоён нест, хусусан амн ва осоиштагие, ки бисёр курнамак ва ношукрон онро намедонанд. Вале ҳама банӣ одам камбудидор аст ва беҳтари онҳо касонеанд, ки хешро ислоҳ мекунанд.
Ибни Раҷаб, раҳимаҳуллоҳ, чунин гуфт: “Ба роҳбарони умури мусалмонон гӯш кардан ва итоъат аз эшон кардан, дар ин саъодатмандии дунёст. Зеро ба туфайли онҳо, масолеҳи бандагон, дар зиндагияшон дар низом медарояд ва ба туфайли онҳо Дин ва тоъати Парвардигорашонро изҳор мекунанд”.
Аз тоъати роҳбарони Давлат баромадан ва алайҳи онҳо мубориза ва ташвиқот бурдан, хоҳ дар дохили кишвар бошад ва хоҳ дар хориҷ, ин кор маъсият ва мухолафат аз Аллоҳ ва мухолифат аз Паёмбари Ӯст ва низ мухолифат аз ақидаи аҳли Суннат ва Ҷамоъат аст. Аллоҳ таъоло фармуд:
Яъне, “Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ итоъат кунед ва аз расул итоъат кунед ва аз роҳбарони хеш, ки аз шумоанд. Чун дар амре ихтилоф кардед, агар ба Аллоҳу рӯзи қиёмат имон доред, ба Аллоҳу Паёмбар руҷӯъ кунед. Дар ин хайри шумост ва саранҷоме беҳтар дорад”. (Сураи Нисо, ояти 59).
ЗАРАРҲОИ ВАЙРОНШАВИИ НИЗОМИ АМН
Бе амн ҳаёти мардум осуда намегузарад! Бе амн на умури дунё ва на умури охиратро пеш бурда мешавад!
Фитна, хоҳ дар дохили кишвар бошад ва хоҳ дар берун, неъмати амнро нест мегардонад. Пас дар натиҷа ҳаёте, ки ба тоъати Аллоҳ таъоло писандида аст, ба зиндагии танге мубаддал мешавад, ки он зиндагӣ ба маъсияти Аллоҳ ва ба берун шудан аз шариъати Он мубтало хоҳад гашт. Зеро асос ва бунёди амн, чуноне, ки гуфтем, аз тақвои Аллоҳ, қадри тавоноӣ ва аз итоъат ва гӯш кардани роҳбари Давлат аст.
Бино бар ин, касе аз ин нишондоди Аллоҳ рӯгардон шавад, албатта ҳаёти писандидаи он, дар ин дунё ба зиндагии танг мубаддал мешавад ва дар охират онро Аллоҳ ба нобиноӣ маҳшур мегардонад. Аллоҳ таъоло чунин фармуд: Яъне, “Ва ҳар кас, ки аз ёди ман эъроз кунад, зиндагиаш танг шавад ва дар рӯзи қиёмат нобино маҳшураш созем”. (Сураи Тоҳо, ояти 124)
Акнун бародарон ва хоҳарони гиромӣ, дар поён ихтисоран зарарҳои вайроншавии амнро зикр хоҳам кард: Зарари якум: Дину диндорӣ аз даст меравад. Зеро ба сабаби ҳамлаи ногаҳонии ашхоси ғаразнок алайҳи ашхоси нек ва қувват гирифтани аҳли фасоду ботил алайҳи ашхоси неку ҳаққ, ҷамоъат нест мешавад ва ба нест шудани ҷамоъат, Дин нест мешавад.
Дар кадом кишваре, ки мусалмонон зиндагӣ кунанд ва дар баробари он, боз гурӯҳҳои сиёсӣ ва ғайри сиёсӣ, расмӣ, мисли: ҳизби наҳзати Исломӣ ва ғайри расмӣ, мисли: таблиғ, таҳрир ва ғайра, ташкил шавад, ҳатман аъзоёни ин ва он, кишварро ба хотири ба ҳадафи худ расидан ба харобӣ ва ба шикаст меоранд. Зеро ҳар соҳиби даста хешро ҳақ меписандад ва ҳама медонад, ки ҳақ дуто намебошад, балкӣ, яктост. Аллоҳ таъоло фармуд:
Яъне, “Пас дини худро фирқа фирқа карданд ва ҳар фирқае ба равише, ки баргузида буд, дилхуш буд”. (Сураи Мӯъминун, ояти 53).
Зарари дуюм: Мардум дар умури зиндагияшон саргардон мешаванд. Бозорҳо ва дигар хариду фурушҳо баста мешавад ва мактабҳое ки фарзандони мо, аз хурду калон хонда истодаанд, баста мешаванд ва мардум бекор мемонанд ва ҳама ба касодӣ рӯйовар мешаванд ва шак нест, ки давлат ҳам аз ин мусибат холӣ намемонад.
Зарари сеюм: Вайроншавии асаб аст. Мусибати вайроншавии низоми амн баъзан мешавад, ки мардумро ба девонагӣ ва ба қурбонӣ оварад ва низ ба дучори бемориҳои бад. Бояд, ки шумо азизон аз ёд набароварда бошед он бародаркушиеро, ки дар кишвари мо рӯй дод, яке гӯё ба фикри хоми худ давлати Исломӣ мехост, дигаре бошад коммунистӣ ва сеюм демократӣ. Чи қадар мардуми тоҷикро душманони дохилӣ ва хориҷӣ нобуд карданд, ҳатто ҳамсоякишвар, ба ивази он, ки ягон кумаке, расонад, то хуни ноҳаққ нарезад, бар акс дар рехтани хуни ноҳаққ ҳамкорӣ кард.
(идома дорад)
Бо эҳтиром Имом-Хатиб дар назди Идораи Динии Мусалмонони Қисми Осиёвии Руссия Мақсуди Ғайбуллоҳи Асарӣ
Шарҳҳо
Савол кучои ин оят далолат ба ин мекунад, ки аз ………………. итоат кунем??
Дар улуми Қуръон қоидае дорем ки дар забони араби бояд аввал ва охири сухан бо ҳам сачъ дошта бошад яъне ҳамоҳанг бошад шумо ояро диққат кунем Худованд мефармояд: Итоат кунед Худоро ва итоат кунед Расули уро инчо Худованд пок аст ва русли у низ пок аст читавр мешавад, ки касе, ки пок набошад мо онро итоат кунем агар улуламри мо бошад???? Ин бо ҳикмати Худованди муатол намесозад.
ҳечгоҳ Худованд ба мо амр намекунад, ки соҳибони амри шумо золим бошанд аз онҳо итоат кунед.
ман Ҳайрони ин Муллоҳои бесавод мешавам, ки чаро …………….ро дар ин оят ҳамроҳ мекунанд ин оят ҳеч иртиботе ба …………….. надорад.
Хоҳишан коркунони сомонаи Рузгор ҳарчиро мехоҳед дар ин сомона пахш кунед хеле диққат кунед аз шумо баъид ба назар мерасад ки ин суханҳои бепоя ва асосро пахш кунед.
Саломуналйкум ба кормандони Сомонаи Рузгор
Бовар кунед ин навиштаро дар ин сомона гузоштон обруи ин сомонаро мебарад. Ин шахсро шумо мулло гуфта навишачоташро пахш кардед ман аслани инро як олими дини намедонам ин аслан аз ислом буе набурдааст шумо ба ин оят диққат кунед:
“Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ итоъат кунед ва аз расул итоъат кунед ва аз роҳбарони хеш, ки аз шумоанд. Чун дар амре ихтилоф кардед, агар ба Аллоҳу рӯзи қиёмат имон доред, ба Аллоҳу Паёмбар руҷӯъ кунед. Дар ин хайри шумост ва саранҷоме беҳтар дорад”. (Сураи Нисо, ояти 59).
RSS Обуна