ЭҲТИЁТ: КОРШИНОСОНИ РУСИЯ ДАР МАВРИДИ ТОҶИКИСТОН «ФОЛ»-И НАВБАТИРО КУШОДАНД
Расонаҳои русӣ ин навбат фарзияи наверо нисбат ба Тоҷикистон пешбинӣ доранд, ки аз «фол»-ҳои қаблиашон ба тамом фарқ мекунад. Онҳо бо нақл аз коршиносони рус аз раванди наве дар Тоҷикистон хабар медиҳанд. Дар Тоҷикистон гӯё раванди шиъакунонии мардум роҳандозӣ шудааст. Агар то ҳол русҳо нисбат ба вуҷуди таҳдидҳое дар сиёсату вазъи иҷтимоӣ, бӯҳронҳое дар иқтисоду суботи амният пешгӯиҳо мекарданд, ин навбат мехоҳанд, ба эътиқоди мардум нохун зананд.
Евгений Сатановский, президенти пажӯҳишгоҳи шарқи наздики Русия бо хабаргузории «ИТАР-ТАСС», ки дар бораи вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ сӯҳбат мекунад, дар мавриди Тоҷикистон чунин назар додааст: «Воъизони шиъа мехоҳанд халқи «бародар»-и тоҷикро (ба мазҳаби худ) тарғиб кунанд ва бародарони тоҷик аз ин чиз ба эҳтиёт кор мегиранд. Ҳол он, ки дар Тоҷикистон пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, ҳукумат дар дасти исломгароён аст».
Ба гуфтаи ин пажӯҳишгари рус, дар Тоҷикистон коршиносҳо назарҳои мухталиф доранд. Бархе ин гуфтаҳоро нав надонанд, ҳастанд онҳое, ки аз паси ин гуфтаҳо ҳадафҳои навбатии Русияро маънидод мекунанд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, таҳлилгари масоили сиёсӣ аз ҲНИТ, гуфтаҳои Сатановскийро беҳадаф арзёбӣ намекунад. Ба гуфтаи ӯ: «дар миёни мардуми Тоҷикистон вуҷуд доштани раванди шиъакунонӣ ё гаравиш ба мазҳаби дигар эҳсос мешавад, ин як тӯҳмати маҳз мебошад. Мутаассифона, кишвари мо дар маҳдудае қарор гирифтааст, ки пайваста ин гуна гурӯҳҳо сиёҳкунии кишвари моро ҳадаф қарор додаанд. Гумон мекунам дар паси ин гуна суханпароканиҳо ва назардиҳиҳо ҳадафҳои дигаре ниҳон ҳастанд, ки бо мурури вақт онҳо ошкор хоҳанд шуд».
Пӯшида нест, ки тарҳи барангехтани низоъ миёни мардуми кишварҳои мусалмонӣ аз роҳи мазҳаб роҳи наве нест. Низоъафканӣ миёни мардуми суннимазҳаб ва шиамазҳабиёнро дар Ироқ ҷаҳон шоҳид буд. Мегӯянд, барномаи даҳаи ҳафтоди асри бист аз ҷониби ИМА буд ва идеяи тақсими Судон низ дар даҳаи дуввуми асри бист аз ҷониби Аврупо матраҳ шуд ва насронӣ кардани мардуми ҷануб то имрӯз давом дорад. Ба ин васила ба ҳадафҳое худ дар Судон расиданд, ки натиҷааш раъйпурсии умумихалқӣ барои ҷудоии Дорфур аз Хартум буд ва он дар оғози соли 2011 дар Судон баргузор гардид.
-Дар Тоҷикистон низ ҳодисаҳои монандро ба таври мушаххас метавон ёд кард, ки ҳадафашон як низоъафкание беш набуд. Мардумро ба баҳонаи «кӯлобӣ»-ву «ғармӣ» ва ё «юрчик»-у «вовчик» ҷанг андохта наметавонанд, чунки ин мардум акнун фаҳмидааст, ҳама бо ҳам бародар ва ҳамхуну ҳамхон мебошанд ва ҳадаф аз суннӣ ва шиа гуфтан як низоъафкании навбатист ва ё чизи дигар?
- Воқеъан он чизе, ки ба собиқ ин гуна, низоъсозиҳо дар кишварҳои мухталиф ишора кардед, бале, чунин корҳо аз ҷониби доираҳои алоҳидае сохта мешаванд, ба хотири тақвияти манфиат ё ин, ки дарёфти манфиат. Ин гуна корҳо роҳандозӣ мешавад, на танҳо аз ҷониби як қударти алоҳида ё доираҳое, ки дар қудратҳои алоҳида ҳастанд. Ҳамаи қудратҳои ҷаҳонӣ ин гуна сиёсатҳоро доранд. Мо чунин як таҷрибае дорем.
Вақте Иттиҳоди Шуравӣ пароканда шуд ва миллати тоҷик дар вақти парокандашавӣ дар дараҷаи шинохти миллӣ қадамгузорӣ карда буд ва метавонист, ки ба асли хеш бирасад, тавонистанд, ки бо ҳар гуна мафҳуме миёни миллати тоҷик парокандагӣ ба вуҷуд биоранд ва Тоҷикистонро ба низоъи хушунатомез бикашанд. Вале, албатта, агар имрӯз ин гуна корҳоро мекунанд метавон гуфт, ки идомаи ҳамон гуна корҳо аст, вале боз ҳам бастагӣ ба огоҳмандии ҷомеаи кишвар дорад. Оё фирефтаи ин гуна суханпароканиҳо мешаванд, ин гуна таҳлилҳои бепояро бовар мекунанд ё ин, ки дар пайи ин ҳама ҷавоб хоҳанд дод, ки: не, миллати тоҷик дигар ба асли хеш расидааст ё дар марҳалае қарор дорад, ки ҳуввияту ҳайсияти хешро шинохтанист ва дигар нахоҳад дунболи ин гуна ҳарфҳои ноҷо биравад.
Мо ба Нуралии Давлат, таърихшинос ва таҳлилгари тоҷик дар ин робита бо чунин суолҳо муроҷиат мекунем:
- Таъсиси гурӯҳҳои сулҳофар дар кишварҳои ҳамсуд бо назарпардозиҳо дар мавриди тарғиби тоҷикон ба мазҳаби шиъӣ чӣ пайванде дошта метавонанд? Агар бо ҳам рабте дошта бошанд, оё Тоҷикистонро ба Ироқи дуввум ё ки ба Эрон дуввум кашонданианд ва ё дар пушти ин бозӣ як бозии навбатист, ки мехоҳанд бо ин роҳ миллатамонро ба низоъҳои хушунатомез бикашонанд ва ё чизи дигар аст?
- Ин як бозӣ аст. Барои он, ки як барномаи қадимӣ аст. Амрико дар соли 1975 як барномае дошт, ки тибқи он Тоҷикистон ду тақсим мешуд, Афғонистон ду тақсим мешуд ва Ироқ ҳам ду тақсим мешуд… солҳои ҳаштодуми асри бист ду кишвари форсзабон Афғонистону Эронро ҷанг адохтанд ва дар яке Русия ва дар дигаре Амрико даст доштанд. Ва солҳои навад навбат ба Тоҷикистон расид, ки натиҷааш маълум… Ва инҳо роҳҳои гуногуни ноором кардани Тоҷикистонро ҷустуҷӯ доранд...».
Парвиз Муллоҷонов, як тан сиёсатшиносони кишварамон, раванди шиъакунонии мардум дар Тоҷикистонро куллан рад накард, низ ин тарҳро идомаи тарҳҳои солҳои навадум дар Тоҷикистон надонист ва онро як раванди нав унвон кард, ки он ҷониби кишварҳои арабӣ матраҳ шудааст ва чунин назарпардозиҳои марказҳои Русияро дар таъсирпазирии онҳо аз кишварҳои арабӣ донист ва гуфт:
«Аслан Институти шарқшиносии Русия ва дигар донишгоҳҳои он бевосита ба марказҳои кишварҳои арабӣ, аз ҷумла ба марказҳои илмии Арабистони Саъудӣ иртибот доранд. Маълумотро дар мавриди кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар бораи Тоҷикистон, аз он ҷо мегиранд. Худи кишварҳои арабӣ хатари Эрон ва хатари шиъакунониро дар мо муболиға мекунанд. Мо бояд бидонем, ки Арабистони Саъудӣ ва Эрон дар сатҳи кишварҳои исломӣ, то ҷое худро пешгом нишон додан мехоҳанд, ҳадаф аз ин гуна муболиғаҳо дур нигаҳ доштани мардуми Осиёи Марказӣ аз Эрон аст ва мехоҳанд бо ин роҳ мардуми ин минтақаро бо Эрон муқобили ҳам гузоранд. Бинобар ин, аз воқеияти мазҳабӣ дар Тоҷикистон бехабаранд. Ман донишмандони Иниститути шарқшиносии Русия ва дигар донишгоҳҳояро эҳтиром мекунам, лекин сарчашмае, ки онҳо истифода карданд, пурра нест, ҳаматарафа нест ва пурра хатост».
Дар ин робита узви Академияи улуми ҷумҳурӣ устод Нодир Одилов гуфт: «Банда аз чунин раванде иттилоъ надорам. Аммо таърих шоҳид аст, ки аз гузаштаи дур фитнагариву фитнаафканӣ ва масали тақсим куну ҳукумат рон шеваи аслии кори абарқудратҳо будааст. Аммо дигар имкон надорад, ки битавонанд бо чунин фитна, - агар ба воқеъ вуҷуд дошта бошад, - мардуми Тоҷикистонро дубора ба ҷанг кашида, ба манфиатҳои хеш даст ёбанд. Ба ҳар ҳол, Қуръони маҷид фитнагариву низоъафканиро дар миёни мардум қатъан накӯҳиш намудааст. Ман боварӣ дорам, ки мардуми мо, дар кадом мазҳабе, ки побанд набошанд, ба эҳсосот ва доми фиреби ин гуна хабаргузориҳову хабарафканҳо намеафтанд ва низ ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст намедиҳанд. Лозим аст, ки дар ин маврид корҳои фаҳмондадиҳӣ низ сурат гирад. Бояд ҳамеша ҳушёр буд ва донист, ки фитнагарон аз кадом самт мехоҳанд низоъи навбатиро афкананд».
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»