18:55:07 04-уми Июни 2025 сол

КАБИРӢ: РОҲБАРОНИ ИНОТ СОДДАЛАВҲ НЕ, САМИМӢ БУДАНД - Қисмати аввал

-Агар ҳукумат ҳамин даъвати Шуморо қабул намояд, он гоҳ чӣ?

Мухиддин Кабири 2-Мо ҳатман ҷонибдорӣ хоҳем кард ва кӯмаки худро низ хоҳем расонид. Як нуктаро инҷо мехоҳам тазаккур диҳам, ки ин гуфта ба маънои он нест, ки мо мароҳили қабл аз исломии таърихи миллатамонро фаромӯш кунем. Баъзеҳо мутаассифона инро тавре фаҳмидаанд, ки гӯиё мо фақат миллати тоҷик гуфта ҳамин 1400 солро дар назар дорем ва аз таърихи чандинҳазорсолаи миллатамон, қабл аз ислом ё дурӣ меҷӯем, ё онро нодида мегирем. Ба ҳеҷ ваҷҳ. Баръакс мо тарафдори он ҳастем, ки он таърих омӯхта шавад, ба он эҳтиром гузошта шавад ва бисёре аз паҳлӯҳои мусбати таърихи аҷдодиамон, ки қабл аз Ислом буд, онро гирем, ба наслҳои баъдӣ мерос бигзорем.

Ногуфта намонад, ки дини мубини Ислом ҳамчун як софкунанда, тамоми арзишҳои миллии қабл аз исломиро ба худ гирифт ва онро суфтаву беҳтар гардонд, комил гардонд ва ба мо мерос гузошт. Шояд баъзеҳо далел биёранд, ки на, ин заҳмати дини мубини Ислом нест, балки қудрати арзишҳои қабл аз исломии мо буд, ки тавонист муқовимат кунад ва худро дар чорчӯби Ислом ҳифз кунад. Бале, инро ҳам набояд рад кард. Мо дар инҷо ҳолатеро мебинем, ки ду арзиши асил якдигарро қабул ва пурра карданд ва ҳар чизи асил асолати дигарро инкор нахоҳад кард. Эҳтиром ва хидмати мутақобилаи ду арзиши асил билохира онҳоро ба ҳам омез дод ва як фарҳанги нодиру қавӣ ва арзишҳои ягонаи миллии моро ба вуҷуд овард. Волотарин намунаи ин гуфтаҳо ҷашни Навруз ва забони форсӣ аст, ки нишонае аз гузаштагони мо мебошанд.

-Шумо борҳо зикр кардед, ки ҲНИТ дар талоши эъмори як ҷомеаи исломӣ аст, на давлати исломӣ, аммо бубинед талошҳое, ки имрӯз ҳукумат яъне он гурӯҳи ҳоким, ки ҳокимият баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ то ба имрӯз дар дасташон аст, талош доранд, то ки таваҷҷӯҳи ҷомеаро аз арзишҳои дини Ислом ба дур нигаҳ доранд. Яъне ду ҷониб дар муқовиматҳои ошкору ниҳон ба ҳам рақобат доранд. Паёмади ин рақобатҳо ба чӣ меанҷоманд?

-Агар рақобат солим бошад, ҳеҷ мушкил надорад, чун ҳақикат зодаи баҳс аст ва дар рақобат мо якдигарро пурра ва комил мекунем. Агар рақобат носолиму боғараз бошад, ду тарафро ба бунбаст ворид мекунад. Тоҷикистони мо аллакай як ҷомеаи исломӣ ҳаст ва рӯз ба рӯз дар ҷомеаи мо арзишҳои исломӣ рушд карда истодаанд. Ин ба касе маъқул ҳаст ё нест ояндаи Тоҷикистон бо Ислом хоҳад буд. Мо вақте мегӯем ҷомеаи исломӣ мехоҳем, манзурамон як ҷомеаи озоду пешрафта ва воқеан демокративу ҳуқуқбунёд аст, ки дар он дин ҷойгоҳи вижа ва хоси худро дорад, вале ҳеҷ гоҳ ба маънои он нест, ки тафаккури динӣ ва тарзи зисти динӣ болои ҳама таҳмил шавад.

Давлатҳо муваққатӣ ҳастанд, меоянд, мераванд. Ҳукуматҳо, шахсиятҳо, муваққатӣ ҳастанд. Вале асл, поянда ва мондагор ҷомеа аст. Шумо метавонед як давлатро ҳам исломӣ зълон кунед ва чанд номи дигари мазҳабиро ба ӯ пайванд бидиҳед, вале агар ҷомеа пойбанди арзишҳои исломӣ набошад номгузории шумо маънӣ надорад. Вале Шумо агар дар номи давлат , дар қонуни асосӣ ҳеҷ номе аз дин набошаду ҷомеа пойбанди афкор, андеша ва ахлоқи исломӣ аст дигар мушкил нест, ки он давлат ба чӣ ном номгузорӣ карда мешавад.

Вақти он расидааст, ки мо рақобатро танҳо дар масоили сиёси боқӣ монему дар масоили миллӣ ва мазҳабӣ ҳамфикру ҳамақида бошем. Беҳтарин роҳ сари миз нишаста сӯҳбат кардан ва якдигарро гӯш карда тавонистан. Дирӯз президент дар суханронии табрикотиаш атрофи тахияи консепсияи вахдати миллӣ сӯхбат карданд ва ширкати хамаро дар он таъкид доштанд. Агар ширкати ҳама мисли мухокимаи мардумии лоиҳаи қонунҳо ба роҳ монда шавад, муассир нахоҳад буд ва яктарафа мешавад.

Чун ҳоло мегӯянд, ки масалан қонуни масъулияти волидайн баъди мухокимаи тӯлони ва хаматарафи қабул гашт, вале ошкор бояд бигӯем, ки хеле нороҳат ва хиҷил ҳастем. Дигаронро намедонам. Вале содиқона мегӯям, ки диламон ба ин миллату ватан месӯзад ва барои ояндаи некаш мегӯем, ки саросема нашавем дар қабули чунин санадҳо ва ҳамаро гӯш бидиҳем. Сухан сари намози чанд тифл дар масҷид нест ва Худованд ҳам ниёз ба намозу масҷидравии кадоми мо надорад. Сухан сари он аст, ки мо масъулияти худро анҷом бидиҳем ва боиси сар задани нофаҳмиҳо нагардем.

-Ба ҳар сурат чаро давлат алайҳи меъёру арзишҳои исломӣ бештар тамоюл нишон медиҳад ,чӣ ҳадаф дошта метавонад?

-Ҳамаи ҳукуматҳо дунболи манфиат ҳастанд. Агар имрӯз ба манфиаташ бошад, ки ба худ чеҳраи исломӣ бигирад ҳатман барномаҳои исломиро пиёда хоҳад кард ва конфронсу мизи гирду соли бузургдоштҳо баргузор мекунад ва агар бубинад, ки ин кор ба нафъаш нест, ҳатман сиёсатҳои дигарро пеш хоҳад гирифт. Ин танҳо хоси як ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ нест. Бисёри ҳукуматҳои прагматӣ дунболи манфиатҳояшон ҳастанд ва ҳар чӣ ки ба манфиати онҳо кӯмак бирасонад, дунболи он хоҳанд рафт. Ман фикр намекунам, ки барои чеҳраи зидди исломӣ гирифтан ба ҳукумат ягон манфиате мерасида бошад. Онҳо худашон низ инро дарк мекунанд ва талош ҳам карда истодаанд, ки сиёсатҳояшон рангу бӯи зидди исломӣ нагирад.

-Аммо бар ҳар навъе бо қонунҳо нав ба нав ин арзишҳо маҳдуд мешаванд.

-Инҷо чандин омилҳои объектививу субъективӣ ҳастанд, ки бетаъсир наянд. Якеаш ин рушди воқеан босуръати гароиши мардум ба дин. Ҳукумат ва шояд баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ дарк карда истодаанд, ки рақобати идеоложикро, рақобатро барои мағзҳо ва қалбҳои мардум бохта истодаанд. Эҳсос мешавад, ки каме асабонианд. Сабаби дигараш шояд дар ҳодисаҳои Рашт ва пайдоиши гурӯҳҳое, ки бо номи ислом амал мекунанд бошад. Билохира ,ҳукумат як мафҳуми мутлақ ва умумӣ нест, он аз инсонҳои алоҳида ташаккул ёфтааст ва онҳо ҳам зери таъсири ин ва ё он омил қарор мегиранд.

Баъзан тасмимҳо ҳамчун вокуниш ба ин ё он ҳодисаи алоҳида аст, на ҳамчун барномаи стратегӣ. Шояд сиёсатҳои охир ҳам вокуниш ба чанд ҳодиса ва раванд бошад. Агар чунин аст, бояд онро зуд ислоҳ кард ва баргашт ба сиёсатҳои стратегӣ. Вале, агар худое накарда ин сиёсатҳо ҷузъи барномаҳои дарозмуддат ва стратегӣ бошад, хеле хатарнок аст, чун ҷомеъаи моро ҳамеша дар ҳолати мухолафати идеологӣ ва бархӯрди андешаҳо нигаҳ медорад. Баъзеҳо хеле содалавҳона фикр мекунанд, ки инҷо дасти доираҳои хориҷӣ ҳаст ва бо роҳи фишор овардан болои сиёсатмадорон ва тасмимгирандагони мо водор мекунад, ки дар Тоҷикистон сиёсатҳои зидди динӣ ва маҳдудкунандаи озодиҳои динӣ пиёда карда шаванд.

Баъзе дигар бар он назаранд, ки ин гуна сиёсат барои кӯмакҳо ва имтиёзҳои байналмилалӣ пиёда карда шудааст. Ман низ дар аввал чунин фикр мекардам, вале ҳоло мебинам, ки кор то ба ҳадде расидааст, ки баъзе гуфторҳову рафторҳои моро хориҷиён низ сарфаҳм намераванд. Ин нишонаи хушбин будани миллати мо аст, ки нисбати ҳамватани хеш нияти нек дорад ва то лаҳзаи охир кӯшиш мекунад, ки гуноҳро ба дӯши бегонагон партояд ва мегӯяд, ки ин айби масъулини мо нест. Ҳатман касе аз берун болояшон фишор овардааст ва онҳо ҳастанд, ки ин бечораҳоро маҷбур мекунанд. Шояд фишорҳои хориҷӣ ҳам бошад, вале "турфа шогирде, ки дар ҳайрат оварад устодро."

-Шумо дар бораи ҳодисаҳои шарқи Тоҷикистон ҳарф задед. Вақте ин ҳодисаҳо рух заданд, таҳлилгарони наздики ҳукумат аз ҲНИТ ва роҳбарияти он интиқод карданд, ки чаро Кабирӣ ин ҳодисаҳоро маҳкум накард ва гӯё Шумо тарафдори ин гуна ҳаводис ҳастед. Назари худи Шумо чӣ аст?

-На ин тавр нест. То ба ҳол моро касе маҳкум накардааст. Агар касе бо имзои мустаъор чизе навишт, ин маҳсули тахайюлоти шахсии ӯст. Аз тарафи дигар ҲНИТ ва камина ҳам мавқеъи худамонро бисёр мушаххас, шаффоф ва равшан ба ҷомеа гуфтем. Мо ин ҳодисаҳоро маҳкум кардем ва ҳама касоне, ки дар фикри муташанниҷ кардани Тоҷикистон ҳастанд, новобаста аз он, ки зери кадом шиор ва кадом ном амал мекунанд, маҳкум кардем ва эълон кардем, ки мо ҳеҷ рабте бо ин гурӯҳҳо надорем. Масъулияти як ҳизби сиёсӣ баҳо додан ба ҳодисаҳо аст на иҷро кардани нақши суд ва ё прокуратура. Мо ба ҳадди як ҳизби сиёсӣ ҳарфи худро, мавқеъи худро муайян кардем ва равшантар аз ҳама.

Дуруст аст, ки иддаи каме аз иштирокдорони он ҳодисаҳо замоне бо ИНОТ буданд, вале пас аз имзои Созишнома роҳҳои мо гуногун буд ва ҳар кас бояд масъули амали хеш бошад. Ва касе ҳақ надорад бигӯяд, ки агар замоне онҳо бо мо буданд то қиёмат мо масъули аъмоли онҳоем. Ҳамон тавре, ки ҳеҷ гоҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули амалкардҳои собиқ вазирҳо ва генералҳо нест, ки хиёнат ба миллату Ватан карданд то имрӯз ҳам дар сарашон фикрҳои нохубро парвариш медиҳанд. Ҳарчанд онҳо касоне буданд, ки ҳокимияти имрӯзаро сари қудрат оварданд ва аз мӯҳраҳои калидӣ ҳам буданд.

-ҲНИТ имрӯз чӣ ҳол дорад? Дар фаъолияташ ҳеҷ мудохилаву фишоре таҳдид ҳис намекунад?

-Ҳеҷ гуна таҳдиду фишори хос дида намешавад. Ҳама он фишору маҳдудияте, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон эҳсос доранд мо низ ҳамонро ҳис мекунем. На бештару ва на камтар. Аслан нигарони ягон таҳдиду фишор ҳам нестем. Қаблан низ зикр намудем, ки мо одат кардаем ва гоҳо ба назарамон чунин мерасад, ки маҳз дар чунин шароит мо бештар рушд мекунем. Суботу оромиши аз ҳад зиёд, ҳизби моро як каме камҳавсала мекунад. Ба гуфти Иқбол:

Мавҷем, ки осудагии мо адами мост,

Мо зинда аз онем, ки ором надорем.

-Баъд аз ин, ки ҲНИТ иҷозати дубора фаъолият карданро пайдо кард, ҳукумат ҳамин чанде пеш барои аввалин бор ҳушдор дод, ки дар сурати муроот накардани бархе аз меъёрҳо имкон дорад баста шавад. Яъне чунин имкон вуҷуд дорад. Ва дар сари ҳукумат, ки як тарафи сулҳ аст андешаи бастани фаъолияти тарафи дигари сулҳ, ки Шумо ҳастед, давр мезанад, магар ин таҳдид нест?

-Мо хидмати худро ба ҳайси як ҷониби сулҳ анҷом додем ва ин маънои онро надорад, ки дигар касе ба мо кордор нашавад ё имтиёзи вижае дар назди қонун дошта бошем. Агар имрӯз мақоме, вазорате ва ҳатто нафаре аз мо талаб кунад, ки мо ҳамчун як ҳизби сиёсӣ рафтору гуфтору амали худро тибқи қонунҳои кишвар ба роҳ монем, пас мо чаро нороҳат шавем ва бигӯем, ки мо як тарафи сулҳ ҳастем ва онҳо аз мо талаботе хостаанд, ки ба шаъну шарафи ҳизби мо мувофиқ нест. Муҳим он, ки муносибат бо мо табии ва беғараз бошад ва талаботҳо низ .

То ҳол касе расман дар бораи масъалаи бастани ҳизби мо сухан нагуфтааст, баръакс, Дабири Шурои амният гуфтанд, ки ин гап аслан ҷо надорад. Аз тарафи дигар, ҲНИТ зиёд сари ин масъала фикр нахоҳад кард, ки фаъолияташро қатъ мекунанд ё на. ҲНИТ болотар ва фаротар аз ин сӯҳбатҳост. Пештар фаъолияти расмии ҲНИТ шарти сулҳ буд, ҳоло ин як амри табии ва воқеъияти бебаҳс аст. Тӯли ин даҳ соли охир мо мавқеъи худро миёни ҷомеа, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар беруни он устувор кардем.

ҲНИТ ҳамчун як падида дар ҷаҳон эътироф шуд ва берун кардани он аз саҳна дигар имкон надорад. Баъзеҳо ин орзуро доранд, ки моро баста бубинанд, вале ин орзуе беш нест. Мо низ нигарон нестем. Агар билфарз, беақле ин корро бо баҳонае карданӣ шуд, ин ба маънои аз байн рафтани ҲНИТ нахоҳад буд. Ҳади аксар як санади дусаҳифагиро бекор мекунанд, даҳҳо ҳазор аъзо ва садҳо ҳазор ҷонибдор дар ин ватан боқӣ хоҳанд монд ва онҳо ҳастанд ки тасмим мегиранд дар бораи ҳизб.

-Ба назар чунин мерасад, ки ҲНИТ ба унвони як ҳизби динӣ заъиф аст, зеро гурӯҳҳои тундгарову радикалӣ, ки бо номи ислом баромад мекунанд, вақтҳои охир дар ҳоли зиёдшавианд? Оё метавон онҳоро рақибони ҲНИТ номид?

-Аввал ин, ки мо худро рақиби ҳеҷ созмони расмии исломӣ дар кишвар намедонем. Онҳое, ки расман амал мекунанд, мисли шахсиятҳои маъруфи динӣ дар кишвар, созмонҳои динӣ ва масҷиду мадрасаҳо мо бо онҳо ҳамкор ва шарик ҳастем. Онҳое, ки ғайрирасмӣ амал мекунан, мо на танҳо бо онҳо рақиб нестем, балки алайҳи онҳо мубориза ҳам хоҳем бурд. Ин мавқеи ошкор ва шаффофи мо ҳаст. Аммо масъалаи онки агар ҲНИТ қавитар мебуд, оё сафи аъзои ин созмону ҳаракатҳо камтар мегашт ин масъалаи ҷомеашиносӣ аст, ки бояд мутахассисони мо бештар сари ин масъала кор кунанд.

Агар мо ба назар бигирем, ки гароиши мардуми Тоҷикистон ба дин бештар мешавад, ба хусус ҷавонон ва онҳо ҳатман бояд ин гароиши худро шакли моддӣ бидиҳанд, ё узви кадом созмоне бошанд, ё дар масҷиде бираванд аъзо бишаванд, ё ҷонибдорӣ аз як ҳизби сиёсӣ кунанд, мо бояд каналҳои муносиби расмӣ ва қонунмеҳварро барои онҳо ба вуҷуд оварем, ки онҳо битавонанд гароиши худро ҷанбаи моддӣ ва амалӣ бибахшанд. Агар фаъолияти ҲНИТ табиӣ, ором ва бидуни кашмакашҳои сунъӣ сурат бигирад, аксари касоне, ки имрӯз дунболи Ҳизби Таҳрир, гурӯҳҳои салафӣ ва дигар гурӯҳҳои ғайрирасмӣ рафтанд, метавонистанд ҷузъи аъзои ҲНИТ бошанд ва дар қолаби расмӣ фаъолият кунанд.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854