09:47:33 06-уми Июни 2025 сол

КАБИРӢ: РОҲБАРОНИ ИНОТ СОДДАЛАВҲ НЕ, САМИМӢ БУДАНД - Қисмати дуввум

Мухиддин Кабири 3Ҳоло, ки онҳо наомаданд суроғи ҲНИТ ва рафтанд дунболи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пас инҷо маълум мешавад, ки ҳам дар фаъолияти мо мушкилӣ мавҷуд аст, ҳам дар фаъолияти мақомоти давлатӣ. Андеша бояд кард, ки чаро натавонистем онҳоро ҳифз кунем ва имкон додем,ки дунболи дигарон бираванд. Ё саволро ба таври дигар бимонем, агар худо накарда ҳамон тавре баъзеҳо мегӯянд, фаъолияти ҲНИТ дучори мушкилӣ шавад ва омадани нафарҳои нав, аъзои нав ба сафи ҲНИ камтар шавад, пас он ҷавононе,ки дар оянда бештар гароиши исломӣ пайдо хоҳанд кард, куҷо мераванд? Табиист, ки онҳо аъзои ҲХДТ , ҲКТ нахоҳанд шуд.

Ҳатман мераванд дунболи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ. Ин масъала танҳо ба ҲНИТ на, балки ин масъала ба амнияти миллӣ-давлатӣ дахл дорад. Ва агар ҳоло мо бубинем, ки масъулини Тоҷикистон, ба хусус бахши қудратӣ, мехоҳанд, ки рушди ояндаи исломгароиро дар чорчӯби қонун созмон бидиҳанд, бояд ҳамкории бештар бо ҲНИТ дошта бошанд, ё имконияти бештарро барои ҲНИТ фароҳам биёранд.

Ҳадди ақал халал нарасонанд, монеа эҷод накунанд. Ва агар на, ба дасти худамон ояндаи миллатро, ҷавононро ба тарафи ҳизбу ҳаракатҳои тундрав тела медиҳем, ки ин ба зарари ҳама хоҳад шуд. Вале чун раҳбари ин ҳизб ҳастам метарсам, ки боз ҳам баъзеҳо нодуруст мефаҳманд ва ҳамон тавре, ки қаблан ҳам борҳо гуфтанд, гӯиё як гуна мехоҳем нақши ҳизби худро бештар равшан кунем ва онро аз будаш бештар баҳо диҳем.

-Баъди интихоботи парлумонӣ шумори аъзои ҲНИТ афзуд?

-Бале афзуд, албатта, на ба он суръате, ки қабл аз интихобот буд. Суръат каме коҳиш ёфт. Зеро, нисбати аъзои нав талабот шадидтар шуд ва аз масъулини манотиқ хоҳиш кардем, ки як каме ин равандро коҳиш диҳанд то ин, ки боиси вокунишиҳо ва нигарониҳои баъзе доираҳо нагардад.

-Шумо гуфтед, ки дар интихоботи ояндаи президентӣ номзад намешавед. Оё ин тасмим аз сари тарс аст ва ё ин, ки ба худ бовар надоред?

-На ину на он. Агар тарс медоштам масъулияти як ҳизби сиёсии динии оппозитсиониро ба дӯш намегирифтам ва агар ба худам бовар намедоштам боз ҳам ин масъулиятро қабул намекардам. Бародарон маро интихоб карданд ба ин масъулияти сангин ва пурифтихор ва омода шудам, ки масъулиятро бигирам, пас маънои онро дорад, ки чандон тарс ҳам аз масъулиятҳои сиёсӣ надорам. Албатта худбоварии зиёд ҳам ба сиёсатмадор зарар дорад. Вале эътимод ба худ барои ҳар роҳбар лозим аст.

-Ба ҳар сурат омода ҳастед, барои ширкат дар интихобот?

-Аввал ин, ки ин тасмимро анҷуман мегирад. Ва анҷумани ҳизб муайян мекунад, ки оё ҳизби наҳзат ширкат кунад, ё не. Агар тасмим барои ширкат гирифта шуд, баъдан муайян мекунем, ки номзади мо, кӣ бошад:- аз дохили ҳизб, ё аз беруни ҳизб. Вале назари шахсии ман дар ин масъала он аст, ки ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ беҳтар буд, ки дар ин марҳала, яъне як чандсоли дигар дар тамоми кишварҳои мусулмонӣ номзади худро пешниҳод накунанд.

Ман ин сӯҳбатҳои худро дар хориҷи кишвар ҳам борҳо кардаам, дар ҳузури роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои исломии ҷаҳон, баъзеҳо тарафдор буданд баъзеҳо интиқод карданд аз ин мавқеи мо. Ба хотири он аст,ки кишварҳои худро ба Фаластини дигар табил надиҳем. Баъд аз ғалабаи Ҳамос, ки ғалабаи соф ва эътирофшудаи байналмилалӣ дошт, тамоми кишварҳо аз он ҷумла кишварҳои ғарбӣ ҳам Фаластинро ба муҳосираи иқтисодӣ кашиданд ва мардуми Фаластинро барои интихоби хуб ва дурусташон ҷазо доданд.

Албатта, пас аз инқилобҳо вазъ метавонад ба суръат дигар шавад ва ҳизбу ҳаракатҳои исломи, ки эътимол аст дар қудрат шарик шаванд, муносибатро ба ин масъала дар сатҳи ҷаҳонӣ дигар кунанд. Барои ҳизби мо манофеъи миллат ва кишвар болотар аст ва тасмимро вобаста ба ин хоҳем гирифт.

-Шумо сафарҳои зиёде дар ақсои олам анҷом додед, фикр мекунед, кадоме аз ин абарқудратҳо, Амрико ва ё Русия ба ислом нигоҳи мусбат доранд?

-Сафарҳои зиёде, ки ба кишварҳои ғарбӣ ва Русия анҷом додаам ба ман ин имконро надодаанд, ки бигӯям кадоме аз ин ду кишвар ва шариконашон ба ислом нигоҳи мусбат доранд. Ҳар кадомашон сиёсатҳои хоси худро доранд. Масалан агар сиёсатҳои Русияро баҳогузорӣ кунем мебинем, ки дар дохили Русия фазо барои мусалмон мусоид аст. Дар муқоиса бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳатто дар муқоиса бо Тоҷикистон озодиҳои зиёде доранд. Аз тарафи дигар бо ҳизбу ҳаракатҳои зиёди ҷаҳони ислом ҳам ҳамкории зич дорад, масалан Русия бо ҷасорат Ҳаммосро эътироф ва раҳбари сиёсии он Холид Машъалро ба Маскав даъват кард.

Ҳоло ягон кишвари ғарбӣ ин корро накардааст ва ҳатто омодаи эътирофи “Ҳамос” ҳам нест. Вале боз ҳам мебинем, ки Русия дар Осиёи Марказӣ омода нест, ки бо ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ ва умуман бо ислом ҳамкорӣ дошта бошад. Бояд ба таърих ҳам нигоҳ кард. Таърихан, бештар аз дусад соли охир Русия дар Осиёи Марказӣ ва Қавқоз бо ислом ва мусалмонон мушкилиҳо доштааст. Аз Имом Шомил дар Кавказ , ки зери шиори ислом бар зидди Русия, ки ба роҳ андохта буд то муҷоҳидони Осиёи Марказӣ, ки баъдан онҳоро босмачӣ ном карданд, яъне чи дар замони Русияи подшоҳӣ ё болшевикӣ боз ҳам ислом ва мусалмонон муқовимат мекарданд ва агар ба ин илова кунем, ҷиҳод ва муқовимати муҷоҳидини тоҷикро дар солҳои аввали истиқлолият, пас як пасманзареро барои мо равшан мекунад, ки чаро Русия дар ҷаҳони ислом ва дар дохили худи Русия як сиёсати дигар дорад, вале дар Осиёи Марказӣ натавонистааст бо ислом ва мусалмонон сиёсатҳои навро пиёда кунад.

Ба назари ман дар ояндаи наздик ин тағйир хоҳад хӯрд. Зеро дар Русия ба сари қудрат шахсони прагматик омада истодаанд, ки дигар чандон дунболи таърих ва идеология нестанд ва шояд, ки дар ояндаи наздик боиси тағйироти куллӣ дар сиёсатҳои Русия нисбат ба Ислом дар сатҳи ҷаҳонӣ ба хусус дар Осиёи Марказӣ гардад. Вале бояд гуфт,ки муносибати Амрико бо олами Ислом, бо ҳизбу ҳаракатҳои Исломӣ як каме ҷанбаи идеологӣ дорад. Ва Ғарб агар қаблан шӯравиро душмани худ медонист ва тамоми сиёсатҳояшро бар он асос мегузошт, ки ҳатман бояд як душмани қавӣ дошта бошад, пас аз пошхӯрии Шӯравӣ, ин ҷойгоҳро аз ҳисоби мусалмонон пур кард.

Як муддат надоштани душмани қавӣ боиси коҳиш ёфтани ҷойгоҳ- қудрати худи Ғарб гашт ва онҳо ба хулоса омаданд, ки инҳо ниёз ба душмани қавӣ ҳатто дар сатҳи миф ҳам, ки бошад доранд ва терроризми исломиро ҷойгузини терроризми сурх карданд. Ва имрӯз доранд мубориза бо баъзе таваҳумҳо ва бофтаҳои хаёлӣ мекунанд мисли Усома бин Лодин, Толибон ва терроризми байнулмилалӣ. Албатта ба ин маъно нест, ки Усома бин Лодин ё Толибон ё гурӯҳҳои дигари ифротӣ воқиеят надорад, онҳо ҳастанд ва шояд, ки дар ояндаи наздик ҳам хоҳанд монд. Вале фаромӯш нашавад, ки аксари ин ҳизбу ҳаракатҳо боз ҳам зодаи технологияи сиёсии ғарбӣ аст, баъдан онҳо контролро аз даст доданд.

Ва ҳоло бояд тазаккур дод, ки он сафарҳои зиёде, ки ба Ғарб дорам ба хусус ба Аврупо дарёфтам, ки дар Ғарб як нерӯи нав дорад шакл мегирад, ки онҳо ҳам хаста шудаанд аз мубориза бо мифҳо ва тахаюлот. Ғарб ҳам мехоҳад, ки билахира як зиндагии ором дошта бошад ва роҳро дар ҳамзистии мусолаҳатомез бо мусалмонҳо мебинад ва бояд бо воқеиятҳо канор ояд. Ҳоло диданд, ки дигар намешавад бо мардуми мусалмон муборизаи тӯлонӣ кард ва ҳамеша аз низомҳои худкомаи диктаторҳо дифоъ кард.

Дар лаҳзаи охир доранд сиёсатҳояшонро тағйир медиҳанд ва ин паёмро ошкор фиристода истодаанд, ки омода нестанд ба муддати тӯлонӣ аз диктаторҳои олами ислом дифоъ кунанд. Ва ҳоло мебинем, ки аз инқилобҳои кишварҳои арабӣ пуштибонӣ карда истодаанд. Ман фикр мекунам, ки дар ояндаи наздик Ғарб ба ин натиҷа хоҳад расид, ки бояд мардуми мусалмонро шарики худ қарор бидиҳад ва на низомҳои худкомаро. Мо шояд дар оянда шоҳиди он бошем, ки ҳам Русия ва ҳам Амрико ва кишварҳои аврупоӣ як гуфтугӯи васеъро бо ҳизбу ҳаракатҳои мӯътадили исломӣ ба роҳ хоҳанд монд.

-Шумо аз режимҳои диктотурӣ ҷаҳони араб таъкид кардед. Оё сарнавишти Ҳусни Муборак ва дигар худкомаҳои ҷаҳони араб дар кишварҳои Осиёи Миёна метавонад такрор бишавад ва ё на?

-Бигзор дар бораи диктаторҳои аз байн рафта ва рафта истода онҳое фикр кунанд, ки ба онҳо монанд ҳастанд. Чаро ман дар бораи сарнавишти онҳо фикр кунам? Диққати маро бештар сарнавишти роҳбарони оппозитсиюни он кишварҳо ҷалб мекунад.

-Имрӯзҳо дар бораи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ҳукумат зиёд мешунавем. Аммо воқеият нишон медиҳад, ки сафи муҳоҷирини корӣ ва қарзҳои хориҷӣ дар ҳоли афзоишанд. Оё ҳамиин аст сиёсати хирадмандона?

-Чаро мо бовар надошта бошем, ки дар сиёсатҳои пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон хирадмандӣ вуҷуд дорад. Ман ба ин шак надорам. Билохира сулҳи тоҷикон ин натиҷаи хиради азалии мардуми Тоҷикистон ва хирадмандии ҳарду тараф буд, ки роҳбарияти имрӯзаи Тоҷикистон як ҷониби он тараф аст. Танҳо нафари ғаразнок инро эътироф намекунад. Вале, чун ин вожа дар ҳама ҷой баҳудаву беҳуда истифода мешавад ва камтарин дастовард ва ҳатто баъзан сиёсатҳои иштибоҳиро ҳамчун сиёсати хирадмандона муаррифӣ карданӣ мешаванд, оҳиста-оҳиста худи вожаи хирадмандона ва хирадмандӣ забонзад шуд, ки саволи Шумо ҳам аз ин баромада бошад.

Намешавад, ки 20 сол роҳбари давлат бошӣ ва дар сиёсати пешгирифтаат хирадмандӣ вуҷуд надошта бошад, вале ин мафҳумро мо набояд мутлақ қабул кунем ва бояд эътироф кунем, ки дар баробари амалҳои хирадмандона, иштибоҳҳо низ вуҷуд доштанд. Вақте аз иштибоҳҳо гуфта намешаваду танҳо аз хирадмандиҳо, пас ин ибора як тобиши дигар низ пайдо мекунад.

-Оё чунин имкон мавҷуд ҳаст, ки дар Тоҷикистон бидуни низоъ ва бо роҳи интихобот низоми кишвар тағйир кунад?

-Бале, вуҷуд дорад. Оё бо роҳи осоишта як нафар рафтан мехоҳад ё не, ин масъалаи дигар аст, вале бо роҳи қонунӣ, осоишта ва мусолиҳатомез имкони ҳама кор вуҷуд дорад, аз он ҷумла тағйири сиёсату ҳокимиятҳо дар кишвари мо ҳам. Аз нигоҳи мо ҳеҷ кори амалинашаванда дар ҷаҳон нест ва метавон ҳама корро оромона ва бо сабру таҳаммул анҷом дод. Ман бисёр вақт мисоли меорам амали мардуми Ҳиндро, ки хеле ҳам оромона, бидуни истифодаи зӯроварӣ ба истиқлолият расид ва аз Британия мустақил шуд. Аммо Шумо фикр накунед, ки мардуми Ҳинд ин озодиро ба осонӣ бо даст овард.

Вақте ки мардуми Ҳиндро аз зартозакунӣ дар соҳили дарёи Ганг маҳрум карданд, истилогарони Бритониё ин даромадро танҳо худашон мегирифтанд, мардуми Ҳинд то дер боз тоқат кард. Баъдан як гурӯҳ ба вуҷуд омад ва рафтанд ба заршӯӣ, ки пулиси бритониёвӣ онҳоро зиндонӣ кард ва гуфт, ки тибқи қонун Шумо ҳаққи заршӯӣ дар соҳили дарёи Гангаро надоред. Рӯзи дигар сад нафар рафт. Онҳоро низ зиндонӣ карданд. Рӯзи дигар ҳазор нафар рафт, вақте ки ҳама зиндонҳо пур шуданд, губернатори Ҳинд ба Лондон телеграмма фиристод, ки назари мо ин аст, ки мардуми Ҳинд сазовори озодӣ шуданд ва ҳақ доранд, дигар озод бошанд.

Далел ин буд, ки дигар онҳо тоқати зулм ва беадолатиро надоранд. Омода ҳастанд, ки бираванд зиндонӣ шаванд, вале оромона бо роҳи мусолиҳатомез, эътироз карда истодаанд. Лондон ҳам дигар чора надошт ба ҷуз он, ки зиндониҳоро раҳо кунад ва барои онҳо озодӣ бубахшад. Ҳар миллат метавонад ба роҳи мусолиҳатмез, босаброна во бо роҳи қонунӣ ва бидуни зӯроварӣ онро ба даст биоварад.

-Оё хонаи ваъдагиро барои оилаи Рақибовҳо хоҳед сохт?

-Кор алакай шуруӯъ шуд ва мо то имрўз мунтазири санадҳои расмӣ будем. Ҳама чиз бояд дар асоси қонун ва санадҳои расмӣ бошад.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854