12:41:43 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НАЗАРИ ХОЛИСОНА БА БАРНОМАИ ҲАСТАИИ ӮЗБЕКИСТОН

Муроҷиатнома ба МАГАТЭ

Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз яккатозиҳои Ӯзбекистон дар самти пиёдасозии барномаи ҳастаиаш хуб муталеъ нест. Ба ҳамагон маълум мебошад, ки нақшаи истилои шимоли Тоҷикистон дар соли 1998, аз ҷониби нерӯҳои М.Худойбердиев, аз ҷумла мақсади дастрасӣ пайдо кардан ба захираҳои урани Тоҷикистон дар корхонаи машҳури шаҳри Чкаловскро низ дар пай дошт. Хадамоти махсуси амнияти Ӯзбекистон нақшаро матраҳ ва тавассути номуборакқадамони маҳмудӣ онро амалӣ карданӣ буданд. Ба қимати ҷони фарзандони содиқи Ватан ба ин пақшаҳои Ӯзбекистон хатти тамат ва батлон кашида шуд.

Андар баёни ҳамсоядорӣ

/images/stories/2011/07/19_atomic_5454555.jpgҚадр ва ҳаққи ҳамсояро дар урфият боло мегирифтанд. Эҳтироми ҳамсоя дар байни тоҷикон то андозае дар рагу пусташон танида, ки насиҳат кардандӣ девори сарои хеш баланд барнадорӣ, то роҳи боду офтоб аз вай баста шавад ва бо дуди матбах (ошхона)-и худ ҳамсояро наранҷонӣ, магар, ки вайро аз табоҳ (дег)-и хеш бифиристӣ. Муҳим он аст, ки беҳтарин сифати одамӣ (хонда шавад хислати кишвар) дар расидан ба қадри ҳамсоя равшан мегардад, бинобар ин мебоист аз ин пас боз ҳам бо ҳамсоягони худ дӯстӣ пайдо кунем, ба қадри онҳо расем ва ҳама гуна ёрмандиро аз онҳо дареғ надорем. Ишораи руирост ва пустканда ба ҳамсояи шимолӣ.

Тавсифи мавзӯи ҳамсоябадбинӣ (усули узбекӣ)

Ӯзбекистон дар ҷаҳон ҷойи шашум дар истихроҷи уран ва аз рӯи масоҳати захираҳои уран ҷойи 4-умро ишғол ташкил медиҳад. Аммо, боз ҳам низоми худкомагӣ, баста будани ҳудуди кишвар ба навовариҳои ҷомеаи муосир, набуди воситаҳои ахбори оммаӣ мустақил, аслан адами мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар бораи ҶӮ ахбори нопурра ва ба меъёрҳои рӯзноманигорӣ носозгорро ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла дар бораи канданиҳои фоиданоки ҳамсоякишвар.

Паҳлӯҳои норавшани сиёсати иқтисодии Ӯзбекистон, хосатан ҷанбаҳои зербунёдии он ва тарзу услуби истифодаи захираҳои канданиҳои зеризаминӣ таҳлилгаронро ба муаммоҳои сарбаста мувоҷеҳ кардааст. Ин тарзи бархӯрди ҳамсоякишвар хилофи низоми ҳуқуқи байналмилалӣ ва мухолифи рушди минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ мегардад.

Ӯзбекистон худро аз саркардагони ҳифзи муҳити зисти минтақаи Осиёи Марказӣ вонамуд мекунад, ҳоло он ки дар марзи ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла бо Тоҷикистон ба таври фаъол коркарди уранро ба роҳ мондааст. Ин иқдоми ҶӮ ҳамчун тадбири зидди усулҳои ҳамҷаворӣ ва ҳамзистии осоишта дар манотиқи наздимарзӣ арзёбӣ мегардад.

Тоҷики ман зинда бош!

Сухан дар бораи ба таври мақсаднок ба роҳ мондани коркарди уран дар минтақаи тоҷикнишини вилояти Сурхондарё (м.Хонжизаи ин вилоят) мебошад. Маълумотҳо ҳокӣ аз онанд, ки аз таъсири коркарди уран муҳити зист ифлос ва ҳайвоноти хонагӣ ба мурдан оғоз кардаанд. Чи расад одамонро, ки дар ташхисномаи аҳолии маҳаллӣ бемориҳои нав ба вуҷуд омадааст, ки ҷониби Ӯзбекистон бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳо онҳоро рупуш мекунад.

Мавқеи Ӯзбекистонро ҳамчун кишваре ки ӯҳдадор аст, ба шаҳрвандонаш бо диди ягона ва дур аз ғараз новобаста аз мансубияти миллӣ ба онҳо нигоҳ кунад, ин омил онро мавриди савол бурдааст. Новобаста аз фоҷиаи нерӯгоҳи ҳастаии Фукусимаи кишвари Ҷопон, Ӯзбекистон ба барномаи давлатии худ дар амри васеъшавии истеҳсолоти ашёи хоми уран даст задаст. Дар партави пешниҳоди ҶӮ ба Тоҷикистон дар бораи бар ивази нерӯгоҳи «Роғун» сохтани неругоҳии ҳастаӣ, ин кушиши ҶӮ-ро тавсеаи тадбири таблиғотӣ тавсиф намудан лозим аст.

Таҷрибаи кишварҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла аврупоӣ (Олмон) дар бораи таҷдиди назар намудан дар истифодабарии низоми нерӯгоҳҳои ҳастаии худ ба сӯи бартарӣ додан ба истеҳсоли нерӯи барқи обӣ, бодӣ, офтобӣ ва ғ., ҷониби Ӯзбекистонро водор накардааст, ки барои андӯхтани ин таҷриба кӯшиш намояд.

Хилофи усули кории ташкилотҳои байналхалқӣ қатъ намудани интиқоли газ, барқ ва роҳбандиҳо аз ҷониби Ӯзбекистон монеаи рушди уствори Осиёи Марказӣ шудааст. Мухолифи қарордодҳои байналмилалӣ ҶӮ ба шакли яктарафа ҷиҳати ғаразҳои танги иқтисодӣ (васеъшавии заминҳои пахта) ба вайрон намудани муҳити зисти Арал даст задани ҶӮ муҳити зисти минтақаро ба харобӣ рӯ ба рӯ кардааст.

Пиёдасозии рақобати носолими ҶӮ дар масъалаи Роғун, таъсиси ҳаракати экологии Ӯзбекистон, созмон додани ҳамоишу нишастҳо дар мавзӯи муҳитзистӣ бо иштироки кишварҳои ҷаҳон, бо ҳам мавқеи Ӯзбекистонро заифтар кардааст. Сиёсати худхоҳонаи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон дорои захираҳои канданиҳои фоиданоки нафту газ, тиллову уран «нақше ба оби минтақа» мемонад. Беҳуда сарфи ҳангуфт дар ин барномаҳо мекунад.

Ҷониби Тоҷикистон омодаи ҳамкорист, фақат иродаи сиёии ва риояи адолати иҷтимоии роҳбарияти ҶӮ лозим аст, на ба чашм хок пошиданҳо ва гул задани ҷомеаи байналмилалӣ дар мавзӯи истифодаи об ва уран, ҳоло он ки, ин ҳама неъматҳои табиист ва Ӯзбекистон худ саноати ҳастаӣ надорад, ва ашёи хомро барои кишварҳои хориҷӣ содирот менамояд. Оё меарзад, ки ба хотирӣ қаноатмандии хумори хориҷиён муҳити зистро хароб сохт. Худ қазоват кунед.

Рашид Миробов



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi