00:51:56 02-уми Июли 2025 сол

ҲНИТ РАИСИ НАВ ИНТИХОБ МЕКУНАД: М.КАБИРӢ Ё М.НУРӢ?

ҲНИТ дар Анҷумани навбатии худ раис ва ҳайъати Раёсати олиро муҷаддадан интихоб хоҳад кард. Замони баргузории ин анҷуман рӯзи 24-уми сентябри соли ҷорӣ таъйин шудааст. Баробари эълони ин хабар, дар расонаҳо сӯҳбат аз номзадҳои эҳтимолӣ ба курсии раёсати ин ҳизб ва иваз шудани раиси он бештар мешавад.

/images/stories/2011/08/15_kabiri_15.8.2011.jpgСӯҳбати расонаҳоро ҳарфҳои раиси худи ин ҳизб, ки мегуфт дар оянда дар ҳизб як нафар набояд аз ду навбат бештар роҳбарӣ кунад, доғтар кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ-раиси ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумони кишвар тоза як навбати панҷсолаи раёсати ҳизбро пушти сар карда ва имкон дорад дар ин мақом такроран интихоб шавад. Масъулони ситоди тадорукотии Анҷумани ҳизб низ таъйид карданд, ки ҷаноби Кабирӣ яке аз номзадҳои асосӣ ҳизб дар ин мақом аст.

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ва роҳбари ситоди тадорукотии Анҷуман дар як сӯҳбат бо мо таъйид кард, ки Кабирӣ номзади аслӣ ба ин мақом боқӣ хоҳад монд, агарчӣ имкони  аз тариқи алтернативӣ интихоб шудани раис низ вуҷуд дорад: "Аксарияти аъзои Раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз фаъолияти бародар Муҳиддин Кабирӣ, ки муддати панҷ сол аст раёсати ҳизбро бар ӯҳда дорад, қаноатманд ҳастанд ва фикр мекунам, ки яке аз номзадҳо ӯ хоҳад буд."

Аммо ҳоло дар маҳофил ва доираҳои коршиносӣ бар эҳтимоли бурузи рақобатҳо дар заминаи дастёбӣ ба курсии раёсати ин ҳизб дар раддаи болои он ишораҳо мешавад.

Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки вокунишҳои заиф, иқдомоти номуассир  ва номуносиби роҳбарияти феълӣ дар баробари натоиҷи интихоботи парлумонии соли гузашта, қабули бархе аз қавонин аз сӯи давлат, ки мустақим фазо ва ҳарими диниро маҳдуд кардааст, қисмате аз аъзои Раёсати олии ин ҳизбро сахт ошуфта кардааст. Ва ин гурӯҳ мӯътақиданд, ки дар сурати иваз нашудани чунин сиёсат ҲНИТ рӯзбарӯз ҷойгоҳ ва мақоми худро дар ҷомеа аз даст медиҳад.

Ин нигарониҳо дар ҳоле ки бахше аз собиқадорони ба истилоҳ «консерватор»-и ҳизб аз фаъолиятҳои раҳбарияти феълӣ ва махсусан Кабирии «ғарбгаро» норозианд  ва пас аз сари кор омадани Кабирӣ дар тасмимгириҳо нақши худро аз даст додаанд, имкон дорад дар рафти кори Анҷуман ошкор шаванд.

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, низ рад намекунад, ки дар арафаи баргузории Анҷуман ҳар гуна «бозӣ»-ҳо сурат бигирад ва шояд ҳам бархе аз ин «афроди норозӣ» мавриди ин бозиҳо қарор бигиранд. Аммо бо ин вуҷуд дар расонаҳо аз Муҳаммадҷони Нурӣ -- писари муассиси ин ҳизб, ки ҳоло раёсати ин ҳизб дар шаҳри Душанберо ба ӯҳда дорад ба унвони яке аз муддаиёни мақоми раҳбарӣ ном бурда мешавад.

Сайидиброҳими Назар, узви Раёсати олии ҲНИТ ва аз собиқадорони он дар як сӯҳбате, ки пештар бо «Озодӣ» дошт гуфта буд, ки раиси онҳо ивазнашаванда нест ва бар илова мегуфт, ки агар раёсат тасмим бигирад, ки ӯро раис бармегузинад ин вазифаро ба унвони масъулият қабул хоҳад кард: "Дар ҲНИТ мо намегӯем, ки раис ивазнашаванда аст. Истисно нест интихоб нашуданаш. Табиӣ аст, ки ҳар як кас ивазшаванда аст. Агар рӯзе дар наҳзат дигар ҳама сари банда биоянд ва гӯянд не, шумо, пас ман инро масъулият медонам на даъво." 

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари бештари коршиносон, Муҳиддин Кабирӣ -- раиси феълии ҳизб дар ҳоли ҳозир шахси муносиб ва сазовор ба курсии раҳбарии ҳизб аст ва дар раъси ин ҳизб боқӣ  мондани ӯ ҳам бар манфиати ҳизб ва ҳам бар суди ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Иброҳим Усмон, собиқ мушовири давлатии  раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Кабирӣ бо равишҳо ва самтгирҳои ботавозун ва миёнаи худ тавонистааст, ки таодулро ҳам дар дохили ҳизб ва ҳам дар муносибат бо ҳукумат риоят кунад:

"Беҳтар ин аст, ки Муҳиддин Кабирӣ фаъолияти худашро дар ҳизб давом диҳад. Ҳанӯз муддати зиёде нашудааст, ки ӯ роҳбарии ин ҳизбро ба дӯш дорад. Гумон мекунам будани ӯ беҳтар аст. Боз аз тарафи дигар тағйир ёфтани роҳбари ҲНИТ агар ин боиси дигаргун шудани нерӯҳои пешбарандаи ин ҳизб шавад, шояд дар шароити имрӯзаи ҷомеаи мо ин ба ягон дигаргуние биёрад, ки ин дигаргунӣ ба манфиати  умумии ҷомеаи Тоҷикистон нест."

Эҳтимол меравад ин навбат интихоботи раиси ҲНИТ пуршиддат ҷараён бигирад. Чун имрӯз дигар як пешвои соҳибмартабае дар ҳизб боқӣ намондааст, ки ҳарфи ӯ ҳарфи охири ҳизб бошад, ба мисли ҷанобон Нурӣ ва Ҳимматзода. Аммо як нафар аз аъзои раёсати олии ҲНИТ гуфт, ки Кабирӣ дубора дар мақомаш баргузида хоҳад шуд ва ҳатто бидуни пешниҳоди кадом номзади алтернативӣ ва ин ҳам ба хотир ҷилавгирӣ аз эҷоди ҳаргуна тафриқа дар дохили ҳизб.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #14 Неъмат 06.01.2013 13:01
Неъмат! Ман мехохам Точикистони азизи мо давлати исломи шавад.
 
 
0 #13 Guest 24.08.2011 12:31
Бас аст акнун ! М.Кабири ба монанди Суря ва Либия бо сардорони кухани худ - пара менять лидеров для иновации и для новых перспектив !
 
 
+1 #12 Guest 18.08.2011 15:49
Jeki Chan !Аз ганконг ба Шумо менависам Сомонадорони мухтарам - Арзандаанд ва Сазад ки дар ин Хизби Исломи ба сарвари пешниход ва кабул шаванд Яке аз инхо Эшони Махмудчон (бародари Эшони Нуриддинчон) Хочи Мирзо ва Эшони АбдуКуддус (фарзанди Абдурахмончон ) Домулло Абдурахими (Испечаки) ва Домулло Умарали раиси (Мадрасаи Исломи хозира-аш ) пешвоёни ассилли Мо на ин сардори хозира М.Кабири - мебошанд! Илтимос чоп кунед ин маълумотро !
 
 
0 #11 Guest 16.08.2011 15:41
Яке М-Кабири яке ту Odina - Kabiri yake az behtarin ashkhosi siyosii davlati Tojikiston ba shumor meraved.
 
 
0 #10 Guest 16.08.2011 11:25
Ай Шахрванд Чияни М-Кабири па Мо хонандагон аз Тагоиаат пурсон кардан мехохем ки чи корхоро ба анчом дода аст Бигуй ! ва номгир кун ки кани чи корхоро карда аст ! ва дар накша дар накша ва боз хам дар накша ин накшахо бозихое ки чун Депутатхо барои ояндахои наздики дур ( давом дорад 1 -+-2 )-
 
 
0 #9 Guest 16.08.2011 11:24
( давомаи - 1 - 2 ) на ин хел сарварони касдан накшахои дар оянда дор-ро ба Монанди сарварони Мисру Сурия пас аз расвою чазир кардани вазъият дар давлаташон акнун мехоханд бозсозихо кунанд ки дар сари Давлат 20-30-сол идора ва кайф мекарданд нав аз хоб хестанд ки хоб анд дигар дер шуд - чунин бо накшахои дар оянда М-Кабири хам хамин аст ! Пас биёйд ин олимону пешвоёни ассилли Мо -ро ки аз хамма Мою Шумоянд интихоб ва пеш гирем ба монанди Яке аз инхо Эшони Махмудчон (бародари Эшони Нуриддинчон) Хочи Мирзо ва Эшони АбдуКуддус (фарзанди Абдурахмончон ) Домулло Абдурахими (Испечаки) ва Домулло Умарали раиси (Мадрасаи Исломи хозира-аш ) пешвоёни ассилли Мо на ин М.Кабири - мебошанд! Илтимос чоп кунед ин маълумотро !
Сомона дорони Мухтарам ! Имруз ! дар Рузгор -а-мон !
 
 
0 #8 Guest 15.08.2011 17:09
Kabiri yake az behtarin ashkhosi siyosii davlati Tojikiston ba shumor meravad.
 
 
0 #7 Guest 15.08.2011 17:06
Зафар, Садир, Сафар, Чаъфар, Насим...
Бародарон ба гушхои воз бишнавед.Кабири бехтарин сиёсатмадорест, ки дар ин тули фаъолияташ ва сарвари Хизби Нахзат буданаш бисёр корхоеро кардааст, ки баъзе ашхос мисли шумо баринхо дидан наметавонанд. Барои хамин як маротиба бо чашмони боз ба чахони имрузае, ки зиндаги мекунед, бингареду баъдан бахо дихед, ки Чаноби кабири чи корхоро анчом додаасту чи корхоеро дар накша дорад. Намефахмам, ки чаро Чаноби Кабири барои шумо писанд нест? Аммо бояд чи корхоеро мекард, ки кобили кабули шумо мебуд? Агар он кадар дилат ба ислому хизби нахзат месухт, хатман он саволхо ва корхоеро ки бояд Чаноби Мухиддин кабири анчом медоданд дар тули сарвари хизб буданашон, хатман бо ишон мулокоте медоштеду халли масъаларо мечустед. Аммо аз пушти парда сухан гуфтани шумову дигар бародароне, ки аз пушти шуму ва аз хамон пардае, ки пушти он хастед, сухан хайф аст...
 
 
0 #6 Guest 15.08.2011 16:12
Арзандаанд ва Сазад ки дар ин Хизби Исломи ба сарвари пешниход ва кабул шаванд Яке аз инхо Эшони Махмудчон (бародари Эшони Нуриддинчон) Хочи Мирзо ва Эшони АбдуКуддус (фарзанди Абдурахмончон ) Домулло Абдурахими (Испечаки) ва Домулло Умарали раиси (Мадрасаи Исломи хозира-аш ) пешвоёни ассилли Мо на ин М.Кабири - мебошанд! Илтимос чоп кунед ин маълумотро !
 
 
0 #5 Guest 15.08.2011 13:33
Эй ШАХРВАНД Ин бародарон Зафар ва Садир Safar рост мегуянд то хозира чи корхоро кар М-Кабири хеч чиз накарда аст ! Мехра хов - Мо бояд олимоне Хамчун Эш-Нуридин ва Хочи Мирзо ва М-Сир... ва дигар Олимони Исломи-ро пешниход ва ихтёр кунем !то ки Ислом пеш равад !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ