13:15:35 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«БАРОИ ИНТИХОБОТИ ШАФФОФ ВА ОДИЛОНА ДАР ТОҶИКИСТОН»

«Барои интихоботи шаффоф ва одилона дар Тоҷикистон». Таҳти ҳамин унвон изҳорот ва муроҷиатномаи  Раҳматилло Зойиров, Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дастраси расонаҳои хабарии хориҷиву дохили кишвар гардид, ки ҳамакнун матни комили онро пешкаши Шумо, муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор» менамоем.

ИЗҲОРОТ ВА МУРОҶИАТНОМАИ

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон

/images/stories/2011/10/30_rahmatullo_zoirov_2011.jpgТибқи талаботи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкили комиссияхои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бо назардошти таклифҳои ҳизбҳои сиёсӣ сурат мегирад. Ин дар миқёси ҷумҳурӣ хамаги 41 комиссияхои хавзавй.

Аммо, комиссияхои участкавии интихобот, ки дар ҷумҳурӣ онҳо зиёда аз севу ним ҳазор мебошанд ва танҳо онҳо ҲАЛКУНАНДАИ ТАҚДИРИ ИНТИХОБОТ мебошанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба манфиати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд, ки ин асоси тақаллубкорӣ дар интихобот, тағйир додани иродаи мардум, пахши ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби ҲХДТ мебошад.

Интихоботҳои солҳои 1994-2010 ин ҳолатро пурра тасдиқ ва исбот намудаанд. Ин ҳолат ислоҳ карда нашавад ва намояндаҳои ҳама ҳизбҳои сиёсӣ ба аъзогии комиссияҳои участкавӣ имконият пайдо накунанд, дар Тоҷикистон интихоботи шаффоф ва одилона ҳеҷ вақт баргузор намегардад.

Ҳамин тавр, тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.10.с. 2011 интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шохмансури шаҳри Душанбе № 3 эълон гашт.

То имрӯз 10 рӯзи даври пешниҳоди номзадҳо ба вакилӣ сипарӣ гашт. Ягон ҳизби сиёсӣ номзади худро пешниҳод накардааст, азбаски эътимод ба интихоботи шаффоф ва одилона вуҷуд надорад, азбаски комиссияҳои участкавӣ (қитъавӣ) ба манфиати як ҳизби сиёсӣ ва номзадҳои он ташкил карда мешаванд.

Аз ин рӯ ман ҳамчун раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон ба ҳама раисони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда ҳамчун аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои Шумо тақдири Тоҷикистони азиз ва азияткашида бефарқ нест, хоҳиш менамоям, ки то ба намояндаҳои ҳама ҳизбҳои сиёсӣ ба узвияти комиссияҳои участкавӣ (қитъавӣ) имконият дода нашавад аз  иштирок дар интихоботҳои ҳама гуна сатҳ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар интихоботи миёнадаврии мазкур, худро боз доред.

Бо эҳтиром, сараввал ба иродаи мардуми Тоҷикистон.

Раиси ҲСДТ Р.Зойиров 

28 октябри соли 2011, шаҳри Душанбе



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi