13:25:15 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 24 25
26 27 28 29 30    

ПОЙГОҲИ НИЗОМИИ РУСИЯ. БУДАНАШ ХУБ АСТ Ё НАБУДАНАШ?

Галим Фасхутдинов, Мавҷи Олмон

Душанбе ва Маскав созишномаи навро доир ба пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон омода мекунанд. Дар пасманзари тезутундшавии муносибатҳо байни ду кишвар баҳсу мунозираҳо перомуни он, ки низомиҳои Русия дар мамлакат муддати тӯлонӣ мемонанд ё не, аз нав шурӯъ шуданд.

/images/stories/2011/12/16_poygohi-russia_1612.jpgПаси дарҳои пӯшида гуфтушунидҳои байни Маскаву Душанбе дар бораи мақоми ҳуқуқии пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон идома доранд ва перомуни ҷузъиёти он хабар намедиҳанд. Дар бораи мӯҳлати охирини тайёр шудани созишнома, ки тақдири минбаъдаи пойгоҳро ҳал менамояд, танҳо аз изҳороти вазири дифои ФР Анатолий Сердюков тахмин кардан мумкин аст.

Моҳи сентябр вай хабар дод, ки ҳуҷҷат то охирҳои соли равон тайёр мешавад. Дар пойгоҳ бошад, алҳол зиндагии муқаррарӣ идома дорад. Ҳарчанд дар Тоҷикистон баҳсу мунозираҳо дар атрофи иншооти ҳарбии Русия хомӯш намешаванд.

Созишнома дар бораи ташкили пойгоҳи ҳарбӣ 17-уми октябри соли 2004 ба имзо расидааст. Дар он на танҳо мақоми ҳуқуқии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, балки тамоми инфраструктураи он: аз полигонҳо то гарнизонҳои ҳарбӣ қайд шудаанд. Қисмҳои ҳарбии иборат аз ҳафт ҳазор одам ҳоло дар се шаҳр -Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб мустақар шудаанд. Ҳадафу вазифаи онро коршиносони ҳарбӣ кӯтоҳ ва сарду хушк муайян мекунанд: "Пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон унсури муҳими системаи амният дар Осиёи Марказӣ аст", -мегӯяд муовини Дабири кулли СПАД Валерий Семериков.

То соли 2009 Маскав ва Душанбе шартҳои созишномаро доир ба пойгоҳ қобили қабули байниҳамдигарӣ медонистанд, вале баъд Тоҷикистон ба русиягиҳо бознигарии созишнома ва дар он нишон додани иҷорапулиро пешниҳод кард. Ин масъаларо тирамоҳи соли равон раисҷумҳурҳои ду кишвар ҳал карданд. Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон мӯҳлати тайёр кардани ҳуҷҷати навро муайян карданд, ки он ҳузури низомиҳои Русияро дар Тоҷикистон барои боз 50 соли дигар бояд кафолат диҳад. Бар ивази ин Русия ваъда дод, ки ба Тоҷикистон кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ мерасонад.

Алҳол, ки коршиносон лоиҳаи созишномаро тайёр мекунанд, дар пойгоҳи ҳарбӣ дигаргуниҳои муайян ба амал меоянд. Вазорати дифои Русия қарор кардааст, ки дар иншооти мазкур шумораи сарбозони хизмати ҳарбии ҳатмиро коҳиш диҳад ва баробари ин ҳайъати қарордодиҳоро ду маротиба афзун намояд. "Дар қисмҳои ҳарбӣ зиёда аз 1,5 ҳазор ҷойи холӣ ҳаст", -гуфт ба "Deutsche Welle" ёвари фармондеҳи пойгоҳ Дмитрий Матушкин.

Ба қавли ӯ имрӯз пойгоҳ қисман бо он шакли пур кардани ҳайъат мегузарад, ки дар ин ҷой аз аввал вуҷуд дошт. "То соли 2008 дар ин ҷой танҳо ҷанговарони собиқадоре хизмат мекарданд, ки дар нуқтаҳои доғ таҷриба андӯхта буданд", -қайд кард афсар. "Рӯйрост аз комиссариати ҳарбӣ ҳеҷ касро намегиранд. Сарбозони хизмати ҳатмӣ ашхосе мебошанд, ки аллакай ихтисос доранд", -иброз дошт Матушкин.

Боз 50 соли дигар мондани низомиҳои русро дар кишвар ҷомеаи Тоҷикистон як хел қабул намекунад. Ҳастанд одамоне, ки аз ин хурсанданд. Масалан, фурӯшандаи яке аз бозорҳои маҳаллӣ эътироф кард, ки низомиҳои Русия харидорони босаховатанд. "Онҳо меоянд ва аз ман мева мехаранд. Бачаҳо хасис нестанд ва савдо намекунанд. Ман аз сарбозони Русия ягон хел зарареро намебинам", -мегӯяд ӯ. Вале дар Тоҷикистон ҳастанд одамоне, ки ақидаи тамоман дигар доранд. Баъди сафаи Дмитрий Медведев ба Душанбе дар моҳи сентябри соли равон дарҳол "изҳороти 50" пайдо шуд. Зери он намояндагони интеллегентсияи тоҷик имзо гузоштанд. Дар муроҷиатнома омадааст, ки "ҳукуматдорон бояд райъпурсӣ доир намоянд ва аз сокинони Тоҷикистон пурсанд, ки онҳо дар замини худ будани пойгоҳи ҳарбии Русияро мехоҳанд ё не".

Намояндаи маркази медиа-ресурс дар Душанбе Ҷамшед Мамадҷонов тахмин мекунад, ки "ин кӯшишест барои нишон додани худ аз тарафи онҳое, ки бо фондҳои амрикоӣ ҳамкорӣ мекунанд, на бештар аз ин". "То донорҳо онҳоро фаромӯш накунанд" бо табассум илова менамояд ӯ.

Мавзӯи пойгоҳи ҳарбӣ дар зерматни (контекст) ҳодисаи сарнишинҳо ҳам баррасӣ шуд. Дар Тоҷикистон пешниҳодҳое ҳам садо доданд, ки масъалаи ҳузури минбаъдаи низомиҳои Русия дар ҷавоб ба депортатсияи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба миён гузошта шавад. Рости гап, дар ин масъала ҳамфикрӣ вуҷуд надорад.

-Масъаларо дар бораи пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия ба миён гузштан лозим нест. Ҳозир мо муносибатҳои байниҳамдигарии ду давлатро бояд ба маҷрои мӯътадил баргардонем. Ҳоло чораҳои ҷавобӣ андешидан дурандешона нест, -изҳор дошт лидери Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ.

Ҳамзамон бо ин дар пойгоҳи ҳарбӣ ҳаёти муқаррарӣ идома дорад. Дар ин ҷой сиёсатро муҳокима намекунанд ва асосан дар бораи хизмат ва дар маҷмӯъ дар бораи зиндагӣ сухан меронанд. Ҳамагӣ чанде пеш дар ин ҷой парчами нави ҷангиро барафрохтанд. Боз ба ин ҷой техникаи нав омад: мошинҳои зиреҳпӯши "Паланг" ("Тигры"). "Ин техникаи Русия аст. Инҳоро бо тонкҳои замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ омехта кардан лозим нест", -шӯхӣ кард Дмитрий Матушкин ва ваъда дод, ки мошинҳои навро дар машқҳои ҳарбии наздиктарин дидан мумкин мешавад.

Калисои хурди як сол пеш дар ин ҷой сохта шударо афсар бо ифтихор нишон дод. Ба қавли ӯ рассомони ҳаваскор деворҳои онро ороиш додаанд. Лекин баъд маълум шудааст, ки расмҳо тамоман нодурустанд. Баъд дар байни сарбозон рассоми ҳирфавӣ ва ҳатто рӯҳонӣ (кашиш) ҳам пайдо шуданд. "Мо иконаҳои қадимаи русро гирифтем ва аз рӯйи онҳо образҳоро кашидем", -гуфт сарбози қаторӣ Александр Кукшев, ки ба артиш бо дипломи мактаби динӣ омадааст. Рӯзҳои наздик бояд ба Душанбе ҳафт зангӯла оранд. "Қарор шудааст, ки онҳо бояд дар як рӯз се маротиба занг зананд", -гуфт ҳангоми худоҳофизӣ Дмитрий Матушкин.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi