20:32:56 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲОҶӢ АКБАРИ ТУРАҶОНЗОДА, ШУМО КИСТЕД?

Боиси хурсандист, ки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва роҳи бебозгашти он ба сӯи ҷомеаи демократӣ ва давлати ҳуқуқбунёд фазои озоди изҳори назар ва андешаи сиёсиро фароҳам овардааст. Дар ин замина шаҳрвандон метавонанд, бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои худ фикру дархост ва назари шахсиашонро озодона баён намоянд.

/images/stories/2011/12/19_turajonzoda_191211.jpgДар айни замон фаъолияти теъдоди зиёди ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ дар ҷомеа далели равшани ин аст. Ҳар кадоме аз сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруфи аҳзоб нақшаю барномаҳои хоси сиёсии худро ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа доранд. Ҳамзамон маълум аст, ки барномаҳои пешниҳодгардидаи ҳизбҳо, ҷаҳду талоши шахсиятҳо, гурӯҳҳо ва доираҳои алоҳида аз тариқи васоити ахбори омма далолат бар он мекунанд, ки онҳо садоқатқатмандона ба ватану миллат хидмат менамоянд. Онҳо мардумро бовар мекунонанд, ки ҳадафи аслиашон баланд бардоштани сатҳи иқтисод ва беҳдошти зиндагии халқ мебошад. Дар мавриди ба даст овардани манфиат ва ҳокимият кам ҳарф мезананд.

 Вақте, ки мо дар давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ҳаёт ба сар мебарем, ҳамаи хостаҳоямон бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳои роиҷ амалӣ гардонда шаванд. Дар ҳамаи корҳои дунявӣ ва ухравиамон лозим аст, ки аз адолат кор бигирем. Алҳол дар ҳудуди 99 фоизи мардуми Тоҷикистон мусулмон мебошанд. Бинобар ин агар аз назари ҳукми шариати исломи ноб нигоҳ кунем, адл ин худ риояи фармудаҳои Худо (ҷ) ва амали он дар ҳудуди сура ва ояҳои Қуръони маҷид ва аҳодиси Расули акрам мебошад ва дар ҷумҳурии демократӣ бошад, ин риояи Конститутсия ва қонунҳои давлат маҳсуб меёбад.

Чуноне, ки ояи 58, сураи Нисои Қуръони маҷид фармудааст: «Ва изо ҳакамтум байнан носи ан таҳкуму бил адл»

Яъне, чун дар миёни мардум ба доварӣ нишинед, ба адл доварӣ кунед. Ва дар навбати худ гуфтан мумкин аст, ки ҳар касе ҳудуди фармудаҳои Худову (ҷ) Пайғамбарро (сс) ба миқдори тавоноияш риоя накунад, аз қабили гунаҳкор назди Худову(ҷ) Паёмбар (сс) ҳисобида мешавад.     

Чуноне, ки ояи 286, сураи Бақараи Қуръони маҷид фармудааст: «Ло юкалифуллоҳу нафсан илло вусъаҳо»

Яъне, аз ҳар кас ба миқдори тавоноияш талаб карда мешавад. Ва аз паҳлӯи дигар шаҳрванде, ки сарҳади талаботи Конститутсия ва қонунҳои давлатро риоя намекунад, ӯ ҷинояткор ҳисобида, душмани миллат ва давлат маҳсуб меёбад.

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, ҳар як соҳа мутахассиси худро бояд дошта бошад, ва ё солҳои тулонӣ бо омӯхтани тахасуси худ дар донишкадаю таҳсилоти илмӣ соҳиби маълумоти муайяне гардида, баъдан миёни мардум доир ба соҳаи худ маслиҳату пешниҳоду дастур бояд диҳад ва агар мутахассис набошад дар ин ва ё он соҳа маслиҳату пешниҳод карданаш худ акси фармудаи Худову Пайғамбар мебошад. 

Чи тавре, ки дар ояи 36, сураи Исрои Қуръони маҷид фармудаанд: «Ва ло тақфу мо лайса лака биҳи илмун…»

Яъне, аз паи он чӣ надонӣ, ки чист, марав, …

Ва ё ояи 66, сураи Оли имрони Қуръони маҷид фармудааст:

«Ҳо антум ҳоулои ҳоҷаҷтум фимо лакум биҳи илмун фалима туҳоҷуна фимо лайса лакум биҳи илмун валлоҳу яъламу ва антум ло таъламуна»

Яъне, ҳон, эй аҳли Китоб, гирифтам, ки дар он чӣ бад-он илм доред баҳсу мунозара раво бошад, чаро дар он чӣ илм надоред баҳсу муҷодала мекунед?

Ин ҷо Худо (ҷ) инсонро фармудааст, ки агар дар соҳаи мухталиф илм надоред, баҳс накунед.

Аз ин рӯ барои ҳар як шаҳрванд зарур аст, ки пеш аз он, ки амале содир мекунад ва ё маслиҳату дастуре ба мардум медиҳад, аввало дар ҳудуди фармудаҳои Худову (ҷ) Паёмбар (сс) ва Конститутсияву қонунҳои давлат худро қарор диҳад ки ин аст пиёда кардани адл ва дар навбати худ ин масъулияти тахасусиро ба ҷо овардан мебошад.

Аз паҳлӯи дигар барои ҳар як фард ва гурӯҳ воҷиб аст, ки дастуру пешниҳодҳоро омӯзад, гӯш кунад ва таҳлилу таҳқиқ карда ва дар натиҷа бо ақли солим ҳақро аз ботил, дӯстро аз душман фарқ карда, барои худ роҳи дурустро интихоб намояд.

Чи тавре, ки ояи 18, Сураи Зуммари Қуръони маҷид, фармудааст:

{الَّذِينَ يَسْتَمِعُونَ الْقَوْلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُ أُوْلَئِكَ الَّذِينَ هَدَاهُمُ اللَّهُ وَأُوْلَئِكَ هُمْ أُوْلُوا الأَلْبَابِ}(الزمر/18)

 «Аллазина ястамиъуналқавла фаяттаъбиуна аҳсанаҳу улоикаллазина ҳадоҳумуллоҳу ва улоика ҳум  улулалбоб».

Он касоне, ки ба сухан гӯш медиҳанд ва меомӯзнд, аз беҳтарини он пайравӣ мекунанд, эшонанд касоне, ки Худо ҳидояташон карда ва инон хирадмандонанд.

Яъне, онҳое, ки суханро гӯш мекунанду меомӯзанд ва бо таҳлилу тафаккуру тадаббур беҳтаринашро интихоб мекунанд, онҳо аз ҷониби Худо (ҷ) ҳидоят ёфтагон ва хирадмандон мебошанд. 

Дар ин маврид шайх Саъдӣ фармудаанд:

Шамшери қавӣ наояд аз бозуи суст,

Ё аз андешаи бе илм на тадбири дуруст.

Ҷои дигар мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармудаанд:

Ғарқи дарёи тафаккур шудаам,

Таҳнишин чун садафу дурр шудаам.

Шахсоне, ки ин воҷиботи Худоро(ҷ) риоя намекунанд аз гурӯҳи гумроҳон маҳсуб меёбанд.

Имрӯзҳо ба амали баъзе шахсиятҳо, гурӯҳҳо ва ҳизбҳо назар кунед, мебинед, ки баъзан фармудаҳои Худову(ҷ) Паёмбар (сс) ва Конститутсияву қонунҳои давлат риоя намешавад, ва ҳамзамон қазоват кардан душвор аст, ки гуфтори рафтори онҳо ҳақ аст ё ботил ва онҳо дӯсти ин миллатанд ва ё душмани он.

Ин одати банда ҳаст, ки агар далел дошта бошам, суханро рӯирост баён медорам. Аз он ҷумла, барои мисол амалҳои бародари мӯҳтарам Акбари Тӯраҷонзодаро зикр кардан мумкин аст. Банда ҳамчун як фарди мусулмон ва исломшинос дар дини мубини ислом ҳамчун як шахсияти донишманд мешинохтам. Баъди ба чоп расидани китоби ҳаштумам ба номи «Доми тазвир макун Қуръонро…» бо дархости Акбари Тӯраҷонзода ва бародарҳояш ба воситаи мудири бахши дини ноҳияи Ваҳдат онро дастраси онҳо кардам ва дар зимн чун як бародари мусулмон ва олими шинохтаи дини ислом хоҳиш кардам, ки китоби маро мавриди омӯзиш ва муколама қарор дода, барои ислоҳ кардани камбудиҳоям маслиҳату пешниҳоди худро дареғ надоранд.

Мутаасифона, ин хоҳишу орзуи ман ҷомаи амал напӯшид. Баъд аз он, ки маротибаи сеюм ба воситаи шахсони номбурда муроҷиат кардам, ҷавобҳои берун аз доираи талаботи шариати исломро шунидам, ки гуфтаанд: Мо на Рашидов Тоҳир ва на китобашро шинохтан мехоҳем ва ба ӯ маслиҳату пешниҳод надорем. Аммо дар сӯҳбатҳояшон аз тариқи рӯзномаҳо оиди соҳаҳои гуногун маслиҳату пешниҳодҳо ироа мекунанд. Аз ин хотир ман барои дурустар шинохтан аз бародари мӯҳтарам Акбари Тӯраҷонзода ва бародаронаш мехоҳам як чанд саволе пурсам:

1.Шумо бародари азиз он ҷавоби дағалу бемаъниро тибқи фармудаи кадом дину шариат баён кардед. Оё таҳаммулпазирии мазҳаби муборакаи ҳанафии мо ҳаминро талаб мекунад?

2.Шумо чӣ тахассус доред, ки мардум аз солҳои 90-уми асри гузашта  то имрӯз чеҳраи аслии шуморо дуруст нашинохтаанд?

Аз ин хостаҳо боз суолҳои дигаре бармеоянд, ки на танҳо ман, балки асари кулли мар дум мехоҳанд ба онҳо равшанӣ андозем:

а) Чанд сол қабл мегуфтед, ки заводи Алюмени тоҷикро бояд ба Русия фурӯшем.

б) Мисли баъзе «падару модарони миллат» дар бораи сохтан ё насохтани НБО «Роғун» маслиҳатҳо ва пешниҳодҳо мекардед.

в) Ворид шудани Тоҷикистонро ба Иттиҳоди Авроосиё маслиҳат   медодед.

г) Дар бораи ворид шудани Тоҷикистон ба иттиҳоди гумрукӣ пешниҳод карда будед.

д) Нисбати амали халабонҳои Русия ва муносибати Тоҷикистону  Руссия маслиҳатҳо додед ва ғайра.

 Ҳамин тавр дар давоми бист соли охир оиди бисёр соҳаҳо маслиҳату пешниҳодҳо кардед ва наше гузоштед.

3. Оиди воқеаҳои нанговари солҳои 1991-1993, ки гӯё барои ҳимояи  дини мубини ислом рух дод ва барои миллати тоҷик зарбаи фалокатбор овард, яъне даҳҳо ҳазор нафар ҷавонон кушта шуданд, ҳазорҳо хона сӯзонда шуд ва ҳазорҳо оила бесарпараст монданд, чӣ таасурот мондааст? Дар ин масъала ҷуръат карда, даст ба рӯи дил гузоред ва ҳамчун мусулмон гӯед, ки чанд фоиз ҳисса доред?

 Аз ҳама аҷибаш он аст, ки Шумо ва бародаронатон назди мардум чӣ намозҳои рӯзҳои ҷумъа дар масҷид ва дар ҷамъомадҳои дигар бисёр муаддабона нисбати давлату сарвари он сӯҳбатҳо мекунед. Аммо ҳама вақт оромона интизорӣ мекашед, ки камбудие дар ягон соҳа аз ҷониби Ҳукумат рух диҳаду ҳамзамон онро асос ва дастак карда, дар родиёҳо ва маҷаллаю рӯзномаҳо эроду пешниҳодҳои шумо авҷ мегирад. Бад-ин  тартиб миёни як гурӯҳи омиён ба худ обрӯ месозед ва аз он манфиат  меҷӯед. Дар ин маврид шоир фармудааст:

Агар душман ба по афтад ба таъдибаш машав мағрур,

Ки хам- хам рафтани сайёд баҳри қатли мурғон аст.

Чанде пеш шуморо бародари мӯҳтарам дар рӯзномаҳо ҳамчун ҷосуси ғайрирасмии мақомоти бехатарии собиқ Иттиҳоди шуравӣ бо далелҳои дақиқ муаррифӣ карда буданд, ки сиёсати зиддиисломӣ бурда, айни замон манфиатҳои давлатҳои хориҷаро низ ҳимоя мекунед. Гумон мекунед, ки аҳли ислом инро мебахшад ё ҳадди ақал фаромӯш мекунад?

Аз ин рӯ, ба андешаи инҷониб аксари тоҷикистониён дар асоси таҳлилҳои солҳои 1990- ум то ба имрӯз аллакай ҳақро аз ботил, дӯстро аз душман қиёс карда, онро шинохтаанд, ки ин худ воҷиботи ҳар як мусулмон аст.

Пӯшида нест, ки имрӯз дар давлати ҷавони мо норасоиву камбудиҳо ба назар мерасад. Ба монанди бо ҷои кор пурра таъмин набудани ҷавонон, паст будани музди меҳнати соҳаҳои иҷтимоие, ки аз буҷаи давлат таъмин мегарданд, норасоии пурраи барқ дар деҳот, норасоиҳо дар сиёсати кадрӣ ва ғайраҳо, ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ доир ба ин масъалаҳо тадбирҳоро анҷом дода истодааст ва масъалаҳои мазкур дар ояндаи наздик роҳҳои ҳалли худро меёбад. Чуноне мегӯянд, «Оила бе камбудӣ намешавад».

Аммо чизи муҳиме, ки давлат барои халқ бояд таъмин кунад, мо онро дорем. Аввалаш амнияти шаҳрвандон, дуюмаш озодиву истиқлолияти мо, сониян рӯз ба рӯз паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтару хубтар шудани зисту зиндагонӣ ва ҳолати иқтисодии шаҳрвандони мо. Барои мисол, дар деҳаи Нилӯи ноҳияи Ҳисор, ки зиёда аз 5 ҳазор аҳоли зиндагӣ мекунад ва ман дар онҷо таваллуд шудаам, солҳои беҳтарини шӯравӣ, яъне солҳои 1975-1985 ҳамагӣ чор ва ё панҷ мошини шахсӣ буду халос. Ҳоло дар ин деҳа зиёда аз 400 мошини сабукрави шахсӣ ҳаст.

 Дар ин маврид аз бародари азизам- акои Акбари Тӯраҷонзода мехоҳам пурсам, ки имрӯз шумо соҳиби заводи калони пахтатозакунӣ, даҳҳо мағоза ва садҳо гектар замин мебошед, ҳамаи ин мулку моликиятро кадом давлату миллат тақдим кард? Аз ин рӯ, ба қавли мардуми тоҷик дастатонро болои дилатон монед ва гӯед, ки аз ин давлат нисбати шумо боз чӣ бадӣ рафта бошад. Ман ва бисёр дигар мардуми бедор фикр мекунанд, ки баъди ин қадар соҳибмулк шудан ба Тураҷонзода боз чӣ намерасида бошад, ки ба сиёсати ин давлат ба ҳар шаклу найранг зид баромада, бо ин гуна аксуламалҳо ва фармудаҳои шариат миёни мардум нофаҳмию фитна фароҳам оварда, мардумро гумроҳу ба гурӯҳҳо тақсим мекунад. Хоҳ-нохоҳ ин амалҳо воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро ба ёд меорад. Магар ин гуна кирдорҳо нишонаи рӯирости душманӣ  нисбати  миллату ватан нест?

Аз ин рӯ, ман аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки биёед рӯ ба фармудаҳои Худову (ҷ) Пайғамбар(сс) ва Конститутсияву қонунҳои давлат карда, дар якҷоягӣ бо ҳукумат ва миллат барои ободӣ ва пешравии ватанамон хидмат ва кор кунем.

Дар мавриди масъалаҳои муносибати давлат ва дин агар андешаҳоямонро баён кунем, метавон гуфт, ки миёни собиқ давлатҳои шуравӣ беҳтарин давлате, ки ин муносибатро хуб ба роҳ мондааст, ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар давоми бист сол дину диндорӣ, шариати исломӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва сохторҳои ҳамоҳангсози он танзим карда шуданд. Идораву иттиҳодияҳои динӣ ташкил гардида, якчанд қонуну санадҳои ҳуқуқие қабул карда шуданд, ки  барои аз байн бурдани хурофотҳо ва расму анъанаҳои номатлуб мусоидат карданд. Гузашта аз ин мардуми Тоҷикистон онҳоро бо майли том пазируфтанд.

Дар ин давра Кумитаи оид ба корҳои динни назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои илми маркази исломӣ Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии исломии ба номи Имоми Аъзам, 19-то мадраса, 39-то масҷиди ҷомеаи марказӣ, 344-то масҷиди ҷомеа, 3363-то масҷидҳои панҷвақта, 74-то иттиҳодияҳои диннии ғайри исломӣ ва 499-то комиссияҳои доимии танзими анъана ва ташну маросимҳо дар вилояту шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таксис ёфтанд. Ғайр аз ин дар вазорату идораҳо ва корхонаҳо 8401-то комиссияҳои ҷамъиятӣ новобаста аз моликияташон, ки аз 30 нафар зиёд кор мекунанд, фаъоият доранд.

 Барои муқоиса дар яке аз ҷумҳуриҳои тараққикардаи собиқи шӯравӣ -Қазоқистон, ки дар ҳудуди 11 млн. мусулмон дорад, 2500 масҷид мавҷуд мебошад, аммо дар ҷумҳурии мо, ки наздики 8 млн. мусулмон зиндагӣ мекунад, зиёда аз 4 ҳазор масҷид зиёд фаъолият дорад. Ва ҷои дигар дар Қазоқистон муллое, ки навҷавононро бе хати ЗАКС никоҳи шаръӣ кардааст, 22 доллар ҷарима карда мешавад, аммо дар ҷумҳурии мо дар ҳалли ин масъала танҳо бо фаҳмондадиҳӣ иктифо мекунанд.

Дар давлате, ки дунявӣ ва демократӣ эълон шудааст, табиист, ки масъалаҳои дину диндорӣ бояд аз ҷониби давлат танзиму назорат шавад. Аз ҷумла, сарфи назар аз он, ки дар Ҷумҳурии Туркия ҳизби исломӣ сари қудрат аст, ҳатто имомхатибҳои масҷидҳои берун аз кишварашро, ки турктаборҳо таъсис додаанд, масалан дар Олмон давлати Туркия таъйин мекунад.

Дар фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом, ки Муҳиддин Кабирӣ сарварии онро бар ӯҳда дорад, низ амалҳое ба мушоҳида мерасад, ки ҳаракатҳои солҳои 1990-1993-ро ба ёд меорад. Яъне, бо амалҳои номутаносиби худ дар миёни мардум нофаҳмӣ ва гумроҳиро доман мезананд. То дирӯз ин ҳизб даъвои зиёд кардани масчидҳоро дошт ва имрӯз бинед, ки сарвари ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар рӯзномаи «Миллат» изҳор медорад, ки сохтани масҷиди бузургтарини Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе бо маблағи зиёда 100 млн. долар, ки давлати Қатар ба ӯҳда гирифтааст, лозим нест. Ӯ пешниҳод мекунад, ки ба ҷои ин масҷид ягон корхона созанд. Мақсади ин худ дидаву дониста дар миёни мардум нофаҳмиҳо эҷод кардан аст. Зеро  медонад, ин маблағе, ки ҷудо карда шудааст, фақат барои сохтумони масҷид мебошад. Аз ҷониби дигар Муҳиддин Кабирӣ зиёдаравӣ карда, талаботи оинномаи ҳизби худ ва қарордодҳои ҳукумати ҷумҳурро сарфи назар намуда, хоҳиш кардааст, ба ӯ иҷозат диҳанд то, ки бо давлати Қатар вориди гуфтугӯ шуда, маблағи номбурдаро барои сохтани корхона ихтисос диҳад.  Ана, ёбеду гиред, ки киҳо дар андешаи ривоҷи ислом дар Тоҷикистон аст!                         

Ҳамин тавр баъзе шахсиятҳо ва ҳизбҳо худро зоҳиран ғамхори миллату ватан ва мусулмон дониста барои манфиат шуда, фармудаҳои Худову Пайғамбар (сс) ва Конститутсияву қонунҳои ҷумҳуриро риоя намекунанд. Аммо бо сабабҳои номаълум ашхоси масъул бетарафиро пеша мекунанд. Дар вақтҳои лозимӣ ба мухолифин ҷавоби муносиб намедиҳанд. Ба ақидаи банда Маркази исломӣ, яъне раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон бо аъзои шӯрояш ва ходимони дин дар минтақаҳо бо таҳлилу таҳқиқи васеъ аз назари шариат бояд ба ҳар як масъалаи дар миён афтода ба мардум равшанӣ андозанд. Аз ҷониби дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд пеши роҳи гуфтори беасосу номатлуби одамонро дар байни ҷомеа гиранд ва ба онҳо баҳои сазовор диҳанд, то ки суботи ҷомеа халалдор нашавад.

Банда ҳамчун як шаҳрванди ҷомеа, ки дорои тахассуси исломшиносӣ ҳастам, тибқи фармудаҳои Худову Пайғамбар(сс) аз алоқамандон ва шахсиятҳои дар боло номбурда хоҳиш мекунам, ки агар дар навиштаам ба хатоҳо роҳ дода бошам, узр мепурсам. Ҳамчун як бародари мусулмони шумо хоҳиш дорам, ки мо ҳамагӣ бояд ҳушёру зирак бошем ва дар ҳали ин ё он масъала бо таҳлилу таҳқиқи амиқ ҳақро аз ботил ҷудо кунем, дӯстро аз душман фарқ кунем ва нагузорем, ки ҳеҷ вақт воқеаҳои солҳои 1991-1993 ба сари мардум наояд. Роҳи дурустро интихоб карда, дар ободию пешравии миллату ватан саҳми худро гузорем. 

Тоҳир Рашидов, исломшинос



Шарҳҳо   

 
0 #5 Guest 20.12.2011 14:41
Хулосаи калом ин шахсиятхо ки дар аз Ислом мезананд, "МУЛЛОХОИ ДАРБОРИ" номида мешаванд. Аллох хидояташон кунад.
 
 
+1 #4 Guest 20.12.2011 07:04
Dar hamin sharoiti hozira hamin bechorai Turajonzoda yagona MARDEST ki natarsida oidi mushkilii mardum gap mezanad. Digar hama ba shatta odat kardagi va Tohir rashidov boshad az jumlai kasone metobad, ki az shatta kaif ham mekunand.
 
 
+2 #3 Guest 19.12.2011 20:25
Салом
Барости пас аз мутолиаи ин макола нафратам омад, аз ин гуна услубу таълиф.
Мухтарам Тоҳир Рашидов, "исломшинос" Ин услубу бардошти шумо пешаи окилону мутафаккирон нест.
Вакте, ки то ин хад дар дилат хасду кина дори нисбати ин хонавода, чаро ин кадар ба истилох( шаф-шаф мекуни) дар мукаддимаи худ.
Ман боварии кимил дорам, ки ин хасаду кинаи шумо аз дустдориятон ба миллта ватан нест чигуна ,ки иддао доред.
Шоир бехуда нагуфтааст:
"СУХАН ЗОХИР КУНАД СУЗИ НИХОНРО
ЗИ ШАМъИ ДИЛ БАРАФРУЗАД ЧАХОНРО ".
Бал, ки бо дигар сабабхову омилхо тааллук дорад.

Банда дуст дории худро нисбати ин хонавода пихон намекунам, ва касам ёд мекунам ба он зоте,ки моро халк кардаст. Ба ин хонадон ягон пайванди (хешу табори) ва алокае надорам.
Танхо ин хонадонро ба хотири Худо дуст медорам.
 
 
+5 #2 Guest 19.12.2011 14:53
Бародари азиз навиштаат хамаги дуругу тухмату адоват аст.Ту агар илм медошти бояд услубхои илмиро истифода карда макола менавишти.бо адовату душмани ту наметавони иззати як шахсияти арзандаро паст намои. Ту инчо аз куръон истидлол оварди , оё намедони худо дар куръон мегуяд иззат ва обуру аз чониби ман аст. Ёин ки ба ин оят чашмат нахурд. Агар ба ин оят бовар медошти хеч гох обуруву иззати Турачонзодахоро ба макру хиллаашон нисбат намедоди. Пас маълум мешавад дар дилат кинаву адоват дори на имону мухаббат. Хохиш мекунам аз шумо ва аз касонеки ба шумо тарафдоранд харгиз фикри паст задани Турачонзодахоро накунед.Мо мардум онхоро дуст медорем ва ин дустдоштани мо хамун иззатест, ки Худо ба онхо додааст.Боки саломат бошед, Худо хидоятат кунад акои Тохир.
 
 
+4 #1 Guest 19.12.2011 11:35
амин мошинои одамора Шумо хариден доден
рахмат ба хамин хизматхо
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi