04:27:38 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

ОҒОЗИ ТАҒЙИРИ КАДРӢ ДАР ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

 

Дигаргуниҳо дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле шурӯъ шуд, ки аз эҳтимоли тағйироти ҷиддӣ сухан меравад. Дар ҳоле ки вазири умури дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дабири Шӯрои амният таъйин мешавад, муовини аввали ӯ - Рамазон Раҳимов курсии ӯро дар садри вазорат ишғол хоҳад кард. Ин, зоҳиран оғози силсилаи тағйирҳо дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон аст, ки як бахши онҳо дар ҷаласаи солонаи ҳукумат ҷараён мегирад. Бо наздик омадани ин ҷаласа коршиносон ва нашрияҳо аз эҳтимоли тағйири кадрӣ ҳадс мезананд.

КаххоровДар баҳсҳои марбут ба тағйир дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ҳам коршиносон, ҳам расонаҳои ахбори ом ва ҳам ҷомеа умдатан гӯё машғули ҳадсу гумон ва кашфи чистону муаммо мешаванд. Аммо ҳама гуна тағйир дар фазои пинҳону сиррӣ омода мешавад ва то эълони фармонҳои раисиҷумҳур ё қарорҳои ҳукумат ҷомеа маҷбур аст, овозаҳои гуногунеро радду бадал ё ҳазм бикунад.

Тақрибан чанд сол аст, ки матбуот ва коршиносон бо назардошти синни болои сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, ки акнун ба 68 расидааст, ҷойгузини ӯро аз рӯйи нишонаҳои муайян (технократ, иқтисоддон, зодаи шимоли кишвар...) "ҷустуҷӯ" мекунанд.

Ин сӯҳбатҳо имсол ҳам ба чархиш омада, бисёриҳо ба курсии ӯ нишастани раиси феълии вилояти Суғд Қоҳир Расулзодаро пешгӯӣ мекунанд. Ҳамчунин коршиносон аз бознишастагии эҳтимолии вазири умури хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифии 63-сола ҳарф мезананд.

Дар айни замон, бархе бар инанд, ки мумкин аст, мисли соли гузашта дар ҳайати ҳукумат дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ напайвандад. Аммо Сӯҳроб Шарифов- узви Кумитаи робита бо ҷомеа ва умури байналмилалӣ дар Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, дар шароити феълии кишвар, навсозии кадрҳо дар ҳукумат ба як амри зарурӣ табдил шудааст.

​​Ҷаноби Шарифов мӯътақид аст, ки бархе аз мансабдорони давлат масъули тира шудани муносибатҳои Тоҷикистон бо Русия ва Узбакистоанд. Ба ин далел, мегӯяд ҷаноби Шарифов, навсозии кадрҳо дар ҳукумат "на танҳо омили субъективӣ, балки объективӣ низ дорад."

Дар маҳфили коршиносони кишвар бо таваҷҷӯҳ ба холӣ будани бархе аз курсиҳои ҳукумат, аз ҷумла курсии муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ва низ дабири Шӯрои амният, номи бархе аз афрод ба забон гирифта мешавад, ки имкон дорад ба ин мақомҳо таъйин шаванд.

Як манбаи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, асноди Давлаталӣ Саидов- раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ барои ишғоли вазифаи муовини аввали сарвазир омода шудаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки номзадии Музаффар Исҳоқов, раиси феълии ширкати «Тоҷик Эйр» барои таъйин шудан ба мақоми вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ҳоли баррасист.

​​Манобеи дигар ба эҳтимоли иваз шудани бархе аз вазирон ва сарварони кумитаҳои давлатӣ ишора мекунанд, вале маълум нест, то куҷо ин овозаҳо ҳақиқат доранд. Коршиносонро бештар ин масъала саргарм кардааст, ки тағйир дар ҳайати ҳукумат имсол, пас аз силсилаи рӯйдодҳое, ки баъзе аз таҳлилгарон онҳоро "бӯҳрони системавии ниҳодҳои давлатӣ" номиданд, то куҷо ҷиддӣ хоҳад буд.

Зафар Абдуллоев, коршиноси мустақил бар ин аст, ки тағйири кадрӣ дар ҳукуматро дар ҳоле метавон ҷиддӣ ҳисобид, ки шеваи муносибат ва бархӯрд бо кадрҳо иваз шавад. Аммо дар ҳоли ҳозир меафзояд ӯ бӯҳрони низом дар Тоҷикистон ба ҳадде расидааст, ки эҳсос мешавад раиси ҷумҳурӣ низ мустақилона ин масоилро ҳал карда наметавонад.

Ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, аз тарафи дигар, ҳукумати Тоҷикистон даст ба ислоҳоти ҷиддии кадрӣ заданро як навъ гузашт ва ё ақибнишинӣ меҳисобад, ки комилан нодуруст аст: "Дар ҷомеаҳои шарқӣ ва худкома вақте, ки кадрҳои нав махсусан бо талабу дархости мардум сари кор меоянд, он як навъ фишор ва як навъ гузашт ба ҳисоб меравад."

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз коршиносони дигар, аз ҷумла Нуралӣ Давлат дар сӯҳбат ба хабаргузории «Азия-Плюс» ин масъаларо матраҳ кардааст, ки дар шароити феълӣ беҳтар буд, агар раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз

​​масъулияти раисии ҳукумат шона холӣ кунад. Зеро иҷрои ду вазифаи муҳим - ҳам раиси ҷумҳурӣ ва ҳам раиси ҳукумат натиҷаҳои матлуб ба бор наовардааст. Зимнан дар расонаҳои гурӯҳӣ, ки дар арафаи маҷлиси солонаи ҳукумат дар робита ба масъалаи ислоҳоти кадрӣ матолиб ба нашр мерасонанд, фаъолияти ин ё он вазир арзёбӣ шуда ва гоҳе бархе аз мансабдорон аз тарафи хонандагон ба «истеъфо» фиристода мешаванд.

Барои мисол дар ин навиштаҳо чанд навбат исми вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев зикр ва ҳатто дар ҷойи он номи нафари дигар ишора мешуд. Вале он гуна, ки шоҳиди ҳолем, ӯ дар мақоми худ боқист ва кори худро пеш мебарад.

Дар ҳоле, ки ҳадсзаниҳо дар мавриди тағйироти кадрӣ дар маҳофили сиёсӣ идома дорад, дар тозатарин таҳаввулот рӯзи чаҳоршанбеи 4-уми январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури чанд фармон дар сохторҳои ҳукумати кишвар, ғолибан дар миёни раҳбарони шаҳру навоҳии вилояти Суғд тағйирот ҷорӣ кард. Аз ҷумла, раисони  ноҳияи Спитамен (Зулфия Узоқова), шаҳри Исфара (Субҳон Ашӯров), шаҳрдори Чкалов (Шавкат Бобоев), раиси ноҳияи Ашт (Абдуҷамил Сатторов) бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа сабукдӯш шуданд.

Инчунин, тибқи иттилои сайти расмии президенти Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди ҳукумати кишвар Ҳайбулло Латипов аз вазифа сабукдӯш шудааст.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi