15:57:14 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 27 28
29 30          

ДАРХОСТИ РАҲМОН АЗ КАРИМОВ БАРОИ "МУСОИДАТ БА ИНТИҚОЛИ ГАЗ"

 

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба ҳамтои ӯзбаки худ аз ӯ хостааст, ки ба ҳалли мушкили интиқоли гази Ӯзбакистон ба Тоҷикистон мусоидат кунад. Бино ба хабари дафтари матбуъотии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 4 январ сафири Ӯзбакистон дар Душанбе ба Вазорати хориҷа даъват шуда ва мақомоти тоҷик паёми расмии раиси ҷумҳурии ин кишвар ба раиси ҷумҳурии Ӯзбакистонро ба сафири он кишвар таслим кардаанд.

Каримов - РахмоновДавлат Назриев, сухангӯйи ин вазорат, гуфт, ки дархостҳои қаблии сутуҳи мухталифи давлати Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбакистон барои ҳалли ин мушкил натоиҷи мусбате надошта ва ҳамакнун муроҷиъати расмӣ дар сатҳи олӣ сурат гирифтааст. Сойти интернетии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар ин замина менависад:

"Ҷониби Тоҷикистон бо такия ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории тӯлонии мутақобилан судманд миёни халқҳои тоҷику ӯзбек изҳори умедворӣ мекунад, ки масъалаи зикршуда дар рӯзҳои наздик ҳалли мусбати худро пайдо хоҳад кард."

Зимнан, субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 4 январ Ӯзбакистон интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ кард. Ба гуфтаи Шавкат Шоимов, муъовини аввали раиси ширкати давлатии “Тоҷиктрансгаз”, ширкати “Узтрансгаз” бидуни огоҳӣ ва шарҳи ин иқдом интиқоли газро ба Тоҷикистон мутаваққиф кардааст.

Оқои Шоимов гуфт, ки то ҳол миёни ширкатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон дар бораи интиқоли газ санаде имзо нашудааст. Ӯ далели ин амрро ба таъвиқи музокираи ҷонибҳо бар сари қимати газ ва имзои тавофуқ аз ҷониби Ӯзбакистон марбут хонд. Гуфта мешавад дархостҳои мукаррари ширкати “Тоҷиктрансгаз” аз ҳамтоёни ӯзбаки худ барои баррасӣ ва ҳалли ин масъала натиҷае надодааст.

Аз ҷумла, Муродалӣ Алимардонов, муъовини нахуствазири Тоҷикистон, дар номае расмӣ аз Рустам Азимов, ҳамтои ӯзбаки худ, хостори имзои созишнома дар мавриди интиқоли газ шуда, аммо вай дар посух ба ин нома гуфтааст, ки пас аз анҷоми музокирот бо Русия ва Чин, воридкунандагони аслии гази Ӯзбакистон, мавзӯъи интиқоли газ ба Тоҷикистон матраҳ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрдории Душанбе эълом кардааст, ки ба далели қатъи интиқоли газ аз Ӯзбакистон, ҳаракати васоили мусофирбарии ин шаҳр бо мушкил мувоҷеҳ шудааст. Ба гуфтаи Шавкат Саидов, сухангӯйи шарҳрдории Душанбе, теъдоде аз утубусу минибусҳое, ки бо истифода аз гази табиъӣ ҳаракат мекунанд, аз фаъъолият бозмондаанд.

Шаҳрдории Душанбе аз сокинон хостааст, ки нисбат ба ин "нороҳатии муваққатӣ бо ҳусни тафоҳум муносибат" кунанд. Ба гуфтаи мақомоти шаҳрдорӣ, онҳо барои ҳалли ин мушкил талошҳое анҷом медиҳанд. Дар соли гузашта ширкати "Тоҷиктрангаз" бо ширкати "Узтрансгаз" дар мавриди интиқоли 180 милюн метри мукаъъаб газ ба Тоҷикистон созишномае имзо карда, аммо ба далели боло рафтани қимати газ танҳо 160 милюн метри мукаъъаб газ ворид карда буд.

Дар моҳи ноябри соли гузашта "Узтрангаз" арзиши 1000 метри мукаъъаб гази содиротӣ ба Тоҷикистонро ба 311 дулори омрикоӣ боло бурд, ки ин қимат дар муқоиса бо баҳои қаблии ҳамин миқдор газ 26 дулор бештар будааст. Корхонаи олуминиюм ё Талко аз масрафкунандагони аслии гази воридотӣ аз Ӯзбакистон маҳсуб мешавад.

Аммо намояндагони давлат ва ҷомеъаи мадании Ӯзбакистон ин корхонаро борҳо ба олудасозии ҳаво дар манотиқи марзии он кишвар бо Тоҷикистон муттаҳам кардаанд. Аз ҷумла Ҷунбиши муҳити зисти Ӯзбакистон, ки як созмони вобаста ба давлат ва порлумони Ӯзбакистон хонда мешавад, дар гузашта корзорҳое алайҳи корхонаи олуминиюми Тоҷикистон созмон додааст.

Равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон аз авохири даҳаи 1990 ба ин сӯ тира буда ва дар солҳои ахир ихтилофоти ду кишвар бар сари тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" дар ҷануби Тоҷикистон бештар шудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi