13:46:28 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР КОБИНАИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН

Президент Раҳмон раиси дафтари худро ба симати муъовини нахуствазири Тоҷикистон интисоб кард. Матлубхон Давлатов ба курсии муъовинати нахуствазири Тоҷикистон баъд аз фавти Асадулло Ғуломов дар тирамоҳи соли гузашта даст меёбад.

Эмомали РахмонБа симати раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар силсиламаротиби маносиби давлатӣ панҷумин ва аз симатҳои калидӣ маҳсуб мешавад, Бахтиёр Худоёров, вазири собиқи адлия интисоб шудааст. Рустам Менглиев, ки қаблан муъовини раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ буд, акнун ба симати вазири адлия ё додгустарии Тоҷикистон мансуб шудааст. Вай дар гузашта муддате муъовинати вазири адлияро ба ӯҳда дошт.

Шаби гузашта расонаҳо аз барканории Абдураҳим Қаҳҳоров аз симати вазири умури дохилаи Тоҷикистон хабар доданд. Гуфта мешавад, ки ба ин симат Рамазон Раҳимов, ки дар гузашта муъовини аввали вазири кишвар буд, таъйин шудааст. Абдураҳим Қаҳҳоров акнун ба симати дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъйин шудааст. Ин симат аз замони интихоби Амирқул Азимов ба узвияти порлумони Тоҷикистон холӣ шуда буд.

Ҳамчунин, Президент Раҳмон Ҳайбулло Латипов, раиси Кумитаи умури изтирории Тоҷикистонро барканор ва ӯро ба муъованати дабири Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ номзад кардааст. Бо фармони дигаре раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Амонҷон Эшонқулов, муъовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистонро барканор ва ӯро ба раёсати яке аз бахшҳои дафтари Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд номзад кардааст.

Руасои навоҳии Ашт, Исфара, Спитамен ва шаҳри Чкаловски вилояти Суғд низ аз симатҳояшон барканор ва афроди дигаре ба ин симатҳо мансуб шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон раиси Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, бо судури қароре Нурулло Шулашов, раиси ширкати “Нерӯгоҳи “Роғун” ва Маҳмадалӣ Гулов, раиси корхонаи “Химзавод”- ро аз симатҳояшон барканор кардааст.

Ба гуфтаи манобеъи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти кадрӣ  дар кобинаи давлати Тоҷикистон идома хоҳад дошт. Ин дар ҳолест, ки дар авохири соли гузашта бархе аз расонаҳо бо ишора ба вазъи бади иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон тақозо карда буданд, ки бояд кобинаи давлат ба таври комил иваз шавад.

Бархе ҳатто хостори он шудаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон низ бояд аз симати раиси Ҳукумати Тоҷикистон даст кашад, зеро дар даҳ соли ахир собит шудааст, ки "тамаркузи қудрат дар дасти як нафар" барои пешрафти кишвар муассир нест.

Таҳлилгарон мӯътақиданд, ки тағйироти кадрӣ  дар оғози соли нав иқдоме маъмулӣ аст, ки ҳамасола раиси ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад, вале аз "ҷойивазкунии кодрҳо" натиҷаи хубе наметавон таваққӯъ дошт.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi