04:07:11 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИСЛОМ КАРИМОВ ИНТИҚОЛИ ГАЗРО БА ТОҶИКИСТОН ҚАТЪ КАРД

 

Аз замоне,  ки илми таърихнигорӣ оғоз гардид, башарият тавассути он аз чеҳраҳои гуногуни таърихӣ  огаҳӣ пайдо кард. Чеҳраҳои таърихӣ гуногунанд – зишту зебо - шоҳони одил, золим, сипаҳсолорони ватандӯст, лашкаркашҳои истилогар, қаҳрамонони миллӣ ва ғайраву ва ҳоказо. Масалан, Анӯшервон чун шоҳи одил, Наполеон – истилогар, Пётри 1 – шоҳи ободкору навовар, Адолф Гитлер – лашкаркаши ҷангчӯйи аҳдшикан  дар ҷаҳон шинохта шудаанд.

Ислом Каримов Дар бораи фоидаи таърих ҳанӯз асрҳои пеш Абулҳасани Байҳақӣ гуфта буд, ки таърих – хазоини асрори умур аст. Яъне ҳар он чӣ дар таърих чун саҳву иштибоҳ шинохта мешавад, бояд сиёсатмадорон аз он ҳазар кунанд. Таърих мавқеи ҳар як сиёсатмадореро, ки дар даврони хеш ҳукм меронад, муайян месозад. Назари таърихнигоронро намедонам, вале назари банда бештар ба мавқеи Президенти кишвари ҳамсоя Каримов Ислом нигаронида шудааст. Мавқеи ӯро дар таърих чӣ гуна ҷой медода бошанд? Ҳамчун шахси бахил? Хасис? Нотавонбин? Ҷоҳил? Роҳзан? Роҳбанд? Ё дар маҷмӯъ як инсони бад?

Оре, мавқеи роҳбари давлати ҳамсоя дар таърих бароям муҳим аст, аниқтараш муаммост. Нафаре, ки солиёни зиёде ҳукм меронад, шояд аз таърих ҳам бохабар бошад, на танҳо мардуми худро зери зулму тааддӣ қарор дода, балки нисбати ҳамсоякишвар низ нотавонбинӣ мекунад. Тинати ӯро дар оянда чӣ гуна арзёбӣ мекарда бошанд?

Ҳақиқат куҷост? Кишвари Ӯзбекистон аз оби Тоҷикистон заминҳои васеи пахтазорашро обёрӣ карда, чандин НБО ва обанборҳои беқайду бақайд бунёд мекунаду, аммо ба ҷои шукргузорӣ нисбати Тоҷикистон чунин вайронкориҳоро раво мебинад - ё раҳро мебандад, ё метарконад, ё газро  маҳкам мекунад, ё  нархи тарифҳоро зиёд мекунад, ё дар сарҳади кишвар ба «номардиҳои» дигаре роҳ медиҳад. «Арбоб ҳамезанад ба ҳар боб».

Дар урфият гуфтаанд: «Аз ҳамсояи бад Худо нигаҳ дорад». Дар ҳақиқат, раҳбари имрӯзаи кишвари ҳамсоя то ҳадде пешравии Тоҷикистонро дида наметавонад, ки рӯйирост аксуламали зишти худро зоҳир менамояд. Танҳо ба хотири он ки сохтмони НБО «Роғун» сохта нашавад, чӣ узру баҳона ва далелҳои носаҳеҳро бофта бароварда, ҳатто мардуми ӯзбекро ба муқобили ин иншоот бархезонидааст.

Аз ҷониби Ўзбекистон як системаи пуриқтидори  таблиғотӣ ташкил ёфтааст, Ки танҳо барои сафедкунии онҳо истифода бурда мешавад. Бояд иқрор шуд, ки  системаи мазкур ба манфиати ӯзбекҳо ба таври васеъ истифода шудааст. Дар натиҷа, бисёриҳо бар он ақидаанд, ки ҳар  дурўғеро мумкин аст ба рост табдил дод, чӣ тавре ки Ўзбекистон ин корро нисбат ба сохтмони иншооти стратегии мо моҳирона пеш бурда истодааст.

Соли гузашта, вақте ки ин «монеаи пешравии таърих» роҳи вагонҳои моро баста буд, аксари онҳо иборат аз масолеҳи сохтмонии НБО Роғун буданд. Ҳатто баъди  мулоқот бо Президенти кишвари Тоҷикистон низ, Каримов вагонҳои ҳомили таҷҳизоти марбут ба неругоҳи Роғунро иҷозаи убур надод. То он замоне, ки ба сари сокинони вилояти Кӯлоб мусибати сел наомад, «бародарони» сангдили мо роҳи оҳанро боз накарданд.

Дар бораи таркиши «мармузи» роҳи оҳани Амузанг ва боло бурдани харҷи роҳи оҳан гуфта намегузарам. Зеро бидуни таҳлил ҳам ба ҳамагон маълум аст.

Инак, бастани гоз аз ҷониби ҳамсоягони нотавонбинамон бадкории навбатии онҳост, ки коре карда, ба мардуми Тоҷикистон дар ҳамин фасли сармо мушкил пеш оранд. Соли гузашта чунин тахминҳо мерафт, ки Каримови ҳарис дар оянда ҳар ҳазор метри мукааби гозро аз 130  ба 210 доллар бардошта, ба Федератсияи Русия хоҳад фурӯхт. Шояд он дурнамо амалӣ гашта бошад…

Ин ҷо ман намехоҳам ҳамаи мардуми ӯзбекро гунаҳкор созам. Дар Тоҷикистони азиз миллати ӯзбек баробари мо кору фаъолият мекунанд, саҳми худро дар сохтмони иншоотҳои бузург мерасонанд, аммо мардуми оддии Ӯзбекистон илоҷе надоранд, худашон аз кирдори ноҷавонмардонаи ӯ хаста шудаанд.

Ягона роҳи раҳоӣ аз ҳама гуна бунбастҳо барои Тоҷикистон бунёди неругоҳҳои барқӣ-обист, зеро дар ин бӯҳрони иқтисодӣ бо ҳарисиву чашмгуруснагии чунин ҳамсояву шарикони беэътимод муқовимат кардан мушкил аст.

Махфират Дадабоева



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi