21:58:13 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШИКОЯТИ ДУБОРАИ ТӮРАҶОНЗОДА АЛАЙҲИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ИСЛОМӢ

 

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруф, муҷаддадан алайҳи раиси Шӯрои уламои исломии Маркази исломии Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят кардааст. Бузургмеҳр Ёров, вакили оқои Тураҷонзода, ба мо гуфт, ки асноди шикоят алайҳи Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, рӯзи 3 январ ба додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонӣ ирсол шудааст.

Хочи Акбар ТурачонзодаДодгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонӣ рӯзи 22 декабр пас аз баррасии шикояти оқои Тӯраҷонзода алайҳи раиси Шӯрои уламо аз ӯ хостааст, ки далоили бештаре барои тақвияти шикояти худ пешниҳод кунад. Додгоҳ аз ҷумла гуфтааст, ки баёнияи марбут ба баргузории "Ошуро" тавассути Тураҷонзодаҳоро Шӯрои уламо содир карда, вале оқои Тураҷонзода алайҳи раиси ин шӯро шикоят бурдааст. Додгоҳ хостааст, ки оқои Тураҷонзода далоили бештаре барои масъул донистани оқои Абдулқодирзода ироа кунад.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи оқои Тӯраҷонзода, гуфт: “Изҳорот аз сӯйи маҷлиси шӯро набуд. Барои ҳамин, мо далел ҷамъоварӣ кардем, ки ҳеч гуна ҷаласаи Шӯрои уламо барои қабули изҳороти мавриди назар барпо нашуд ва ҳатто бархе аз муфтиҳо алайҳи муҳтавои он изҳорот будаанд.”

Яке дигар аз тақозоҳои додгоҳ ин будааст, ки дар матни шикояти оқои Тураҷонзода ба ҷойи нишонии Маркази исломии Тоҷикистон бояд нишонии маҳалли зисти раиси Шӯрои уламо ва иттилоъи бештар дар бораи ӯ, аз ҷумла иттилоъ дар бораи синну сол ва аҳволи хонаводагӣ дарҷ шавад.

Аммо оқои Ёров гуфт: “Мо иттилоъе дар бораи сабти маҳалли иқомати оқои Абдулқодирзодаро пайдо накардем, шояд вай дар ҳудуди шаҳр расман иқомат надорад, аммо ба ҳар ҳол мо санад пеш овардем, ки ҷамъоварии иттилоъот дар бораи як шахс алорағми қонун аст ва бояд аз тарафи додгоҳ дархост шавад.”

Шикояти Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода алайҳи Сайидмукаррам Абдулқодирзода пас аз нашри баёнияе марбут ба ӯ аз номи Шӯрои уламо оғоз шуда буд. Оқои Тӯраҷонзода раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистонро ба тақаллуб дар таҳияи баёнияи ин ниҳод ва таҳвин алайҳи хонаводаи худ муттаҳам кардааст.

Дар баёнияи Шӯрои уламои исломӣ омада буд, ки бародарон Ҳоҷӣ Акбар ва Нуриддин Тӯраҷонзода дар масҷиди таҳти назари худ дар ноҳияи Ваҳдат маросими "Ошӯро"-ро, ки хосси мазҳаби шиъа аст, баргузор карда ва аз ин роҳ қасд доштаанд дар миёни мусалмонон "фитна" ангезанд. Аммо бино ба иддаъои оқои Тӯраҷонзода, раиси Шӯрои уламои исломӣ бидуни машварат бо аъзои ин шӯро аз номи ин ниҳод баёния мунташир карда ва хонаводаи ӯро ба пайравӣ аз мазҳаби шиъа муттаҳам кардааст.

Ин амр ба ихтилофоте ҷиддӣ миёни бародарон Тӯраҷонзода ва раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон доман зад ва онҳо ҳар кадом дар тавҷеҳи кори худ далоиле аз қуръону аҳодис интишор додаанд. Билохира ин қазия ба додгоҳ кашида шуд. Додгоҳи шаҳри Ваҳдат 23 декабр бародарон Тӯраҷонзодаро дар таҳқир ва тавҳини раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон муҷрим шинохта ва ҳар яке аз онҳоро 350 сомонӣ ҷарима кард.

Оқои Тураҷонзода мегӯяд, ки бино ба тасмими додгоҳ, Нуриддин Тураҷонзода Сайидмукаррам Абдулқодирзодаро “садқаи ин салла шав” ва “яҳудӣ” гуфтааст, ки ин бар асоси қонун таҳқир маҳсуб мешавад. Додгоҳ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро низ дар ин ки оқои Абдулқодирзодаро пайрави Салафия номидааст, муҷрим шинохт.

Аммо ба ақидаи оқои Тӯраҷонзода, салафӣ номидани як фард таҳқир набуда, балки мансуб донистани фард ба равия ё ақидаеро нишон медиҳад. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода он замон гуфта буд, ки аз ин ҳукми додгоҳ ба додгоҳи истинофӣ шикоят нахоҳад бурд, зеро “ин амр бефоида аст.”

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi