00:17:18 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАБРАА ВА БОЗГАШТИ РУСТАМ ҲУКУМОВ БА ТОҶИКИСТОН

 

Константин Рибалов, вакили мудофеъи Рустам Ҳукумов, мегӯяд, ки додгоҳи истинофии вилояти Маскав бегуноҳии муваккилашро собит карда ва ӯ озод шудааст. Оқои Рибалов дар веблоги худ хабар дода, ки рӯзи 28 декабри гузашта ҷаласаи додгоҳи истинофӣ ба ин натиҷа расидааст, ки Рустам Ҳукумов бидуни далоили ҷиддие ба зиндон маҳкум шудааст.

moscow court

Оқои Ҳукумов писари Амонулло Ҳукум, раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" аст. Падари ӯ аз афроди наздик ба Президент Раҳмон ва аз шахсиятҳои бонуфуз дар арсаи сиёсии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар торнигор ё веблоги оқои Рибалов аз ҷумла омадааст: "Аъзои ҳайъати мунсифаи додгоҳи истинофӣ якдилона ба ин натиҷа расиданд, ки ҳукми додгоҳ алайҳи Рустам Ҳукумов бар пояи тахайюл ва гумон содир шуда буд ва ба ин тартиб, бегуноҳии муввакили ман собит шуд."

Додгоҳ ҳамчунин дастур додааст, ки пайгарди қонунии Рустам Ҳукумов мутаваққиф шавад. Дар ҳамин ҳол, манобеъи огоҳ мегӯянд, ки Рустам Ҳукумов рӯзи 30 декабр ба Душанбе парвоз карда ва аҳли хонаводаи ӯ ба муносибати озодии писарашон ҷашне барпо кардаанд.

"Бархӯрди талофиҷӯёна"

Тайи рӯзҳои ахир сару садоҳое дар бораи озод шудани оқои Ҳукумов аз зиндон пахш шуда буд. Манобеъи расмӣ аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ мекарданд. Рустам Ҳукумов дар баҳори соли 2010 дар вилояти Маскави Русия боздошт шуда буд.

Аммо маҳкумияти вай дар Русия баъд аз қазияи зиндонӣ шудани ду халабони русу эстуниёӣ дар Тоҷикистон дар авоили моҳи ноябр ба мавзӯъи доғе табдил шуд. Он замон бархе аз нашрияҳои Русия навишта буданд, ки маҳкумияти халабонҳои русу эстуниёӣ як иқдоми талофиҷӯёнаи мақомоти тоҷик дар баробари маҳкумияти Рустам Ҳукумов дар Русия аст.

Аз ҷумла, телевизиюни НТВ-и Русия, он замон иттилоъ дод, ки оқои Ҳукумов соли гузашта аз сӯйи маъмурони интизомии ин кишвар дар шаҳри Шелковои вилояти Маскав ба иттиҳоми қочоқи ҳеруин боздошт шуда буд.

Маъмурони интизомӣ иддаъо доштанд, ки аз ӯ ва се шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳудуди 10 килуграм ҳеруин кашф ва мусодира кардаанд. Додгоҳи вилояти Маскав Рустам Ҳукумовро барои 9,5 сол ба зиндон маҳкум кард.

Озодии Рустам Ҳукумов дар ҳолест, ки қаблан додгоҳи истинофии вилояти Маскав аз ҳукми додгоҳи Шелково алайҳи ӯ ҳимоят карда буд. Вале баъд аз ҳалли қазияи халабонҳо, Додгоҳи олии Русия дастури бознигарӣ дар қазияи оқои Ҳукумовро содир кард ва додгоҳи истинофии вилояти Маскав акнун ӯро озод кардааст.

Бархе аз расонаҳои Русия пештар навишта буданд, ки дар гузашта мақомоти тоҷик "талошҳои бебароре" барои озодии Рустам Ҳукумов анҷом додаанд. Аз ҷумла, нашрияи “Ивестия”-и чопи Маскав бо такия ба манобеъи Вазорати хориҷаи Русия иддаъо карда буд, ки барои бори нахуст нест, ки мақомоти тоҷик бо Русия шарту шурут мегузоранд.

Ин манбаъ афзудааст: “Чунин бархӯрд маъмулан ҳангоми мустақар кардани нерӯҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва ё имзои созишномаҳои иқтисодӣ сурат мегирад ва як амри маъмулӣ шудааст.”

"Бонуфузтарин шахсият"

Саймуддин Дӯстов, раиси Сандуқи таҳлилии мавсум ба “ИНДЭМ”, низ дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ ба ин мавзӯъ ишора карда буд. Вай гуфт, ки Амонулло Ҳукум "бонуфузтарин шахсият дар минтақаи Қурғонтеппа" аст ва баъид нест, ки аз нуфузи худ барои озодии писараш истифода кунад.

Аммо сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов гуфта буд, ки дурустии иддаъои расонаҳои Русия танҳо замоне собит хоҳад шуд, ки агар баъд аз чанд моҳ писари оқои Ҳукум аз зиндон озод шавад.

Ҳоло, ки Рустам Ҳукумов озод шудааст, барои бисёре ин бовар тақвият хоҳад ёфт, ки ӯ дар пайи муъомалае байни мақомоти ду кишвар "дар ивази озодии халабонҳои русу эстуниёӣ" озод шудааст, ҳарчанд вакили мудофеъи вай ин иддаъоро намепазирад.

Константин Рибалов мегӯяд: "Бархе аз хабарнигорону сиёсатшиносон ин мавзӯъро бо ҷанҷол перомуни қазияи халабонҳо дар Тоҷикистон рабт медиҳанд. Ба назари ман ин дуруст нест. Ман аз соли 2010 ба мароҷеъи мухталифи қазоӣ шикоят бурдам, аммо танҳо Додгоҳи олии Русия шкиояти назоратии маро қабул кард ва онро барои баррасӣ ба додгоҳи вилояти Маскав фиристод."

Оқои Рибалов мегӯяд бознигарӣ дар ин қазия хеле пештар аз ҷанҷол перомуни халабонҳо оғоз шуда буд ва мақомоти Русия ё Тоҷикистон ҳеч гуна таъсире дар тасмимгирии додгоҳ надоштаанд. Вазорати хориҷаи Русия низ ҳангоми озодии халабонҳои русу эстуниёӣ дар Қурғонтеппа дар авохири моҳи ноябр эълом карда буд, ки озодии онҳо ба қазияи Рустам Ҳукумов ҳеч рабте надорад.

Боздошт ва маҳкумияти халабонҳо ба тирагии бештари равобити Тоҷикистон ва Русия мунҷар шуд. Дар пайи маҳкумияти ин ду халабон садҳо муҳоҷири кории тоҷик дар Русия боздошт ва иддае ихроҷ шуданд. Дар пайи ин амр, додгоҳи вилояти Хатлон баъд аз ду ҳафтаи ҳукми додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа давраи маҳкумияти халабонҳоро коҳиш дода ва тибқи қонуни афв онҳоро озод кард.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi