18:40:19 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БАРКАНОРИИ АБДУҶАББОР РАҲМОНОВ АЗ СИМАТИ ВАЗИРИ МАОРИФ

 

Президент Раҳмон субҳи рӯзи сешанбе бо фармони худ Абдуҷаббор Раҳмоновро аз симати вазири маъорифи Тоҷикистон барканор карда ва ӯро раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон таъйин кард. Бо судури фармони дигаре Нуриддин Саидов, ки то ҳол симати раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, вазири ҷадиди маъорифи кишвар таъйин шуд.

Абдучаббор РахмоновБарканории оқои Раҳмонов дар ҳоле сурат мегирад, ки бештаре аз расонаҳои дохилии Тоҷикистон истеъфои вазири маъорифи Тоҷикистонро як амри зарурӣ дар бахши ислоҳоти кодрӣ меномиданд. Сойти интернетии хабаргузории “Tojnews” эълом кардааст, ки дар пайи як назарсанҷии хонандагони ин сомона, 21,8 дарсади пурсидашудагон хостори истеъфои оқои Раҳмонов шудаанд.

Абдуҷаббор Раҳмонов, ки ҳудуди даҳ сол ахир раҳбарии бахши омӯзишу парвариши Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, бо манъи пӯшиши либоси исломӣ дар мадорис ва донишгоҳҳо, манъи мондани риш барои устодон, лағви баргузории маросимҳои “Иди Алифбо”, “Занги охирин”, манъи телефунҳои ҳамроҳ барои шогирдони мадорис “шӯҳрат” пайдо кард.

Бо ин вуҷуд, соҳибназарон пайваста аз вазъи маъорифи кишвар изҳори нигаронӣ карда ва фаъолияти “ғайримуассири” оқои Раҳмоновро яке аз омилҳои пойин рафтани дониши шогирдон ва донишҷӯён унвон мекарданд. Оқои Раҳмонов низ дар нишасти матбуъотии охирини худ, ки рӯзи душанбеи 9 январ баргузор шуд, вуҷуди мушкилоти фаровон дар арсаи маъорифро таъйид кард.

Бо фармони дигари худ раиси ҷумҳури Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимовро раиси Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон таъйин кард. Ин симат дар ҳафтаи гузашта баъд аз пешниҳоди номзадии Ҳайбулло Латипов, раиси пешини ин ниҳод ба муъованати дабири Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ озод шуда буд.

Хайриддин Абдураҳимовсолҳои тӯлонӣ дар симати раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ифои вазифа карда буд. Вале, дар моҳи августи соли 2010 баъд аз фирори гурӯҳи 24-нафарии маҳбусон аз боздоштгоҳи ин ниҳод дар маркази шаҳри Душанбе, оқои Хайриддинов аз раҳбарии ин ниҳоди муҳим дар сохтрои амнияти кишвар барканор шуда буд.

Президент раҳмон ҳамчунин Бобохон Маҳмадовро ба симати раиси Маркази мутолеъоти истротежики вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Дар авохири соли гузашта Сӯҳроб Шарипов, раиси пешини ин марказ вакили порлумони Тоҷикистон интихоб шуд. Шоъеоте вуҷуд дошт, ки оқои Шарипов ба далели вокунишҳои тунди худ “ба порлумон бадарға” шудааст.

Бобохон Маҳмадов, ки то соли 2010 дар симати сафири Тоҷикистон дар Ӯзбакистон ифои вазифа мекард, аз чеҳраҳои саршинос дар сиёсати Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Вай тӯли солҳои зиёд симати вазири фарҳанг ва раиси Куимтаи родию ва телевизиюнро низ бар ӯҳда дошт. Бархе аз соҳибназарон оқои Маҳмадовро кодри “тарбиятёфтаи замони шӯравӣ” арзёбӣ мекунанд.

Зимнан, фармонҳои ахири Президент Раҳмон идомаи раванди ислоҳоти кодрӣ дар кобинаи давлати Тоҷикистон аст, ки ҳафтаи гузашта оғоз шуда буд. Ба эътиқоди коршиносон, то 18-уми январ, рӯзе, ки баргузори ҷаласаи кобинаи давлат дар назар аст, ин раванд идома хоҳад дошт.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi