12:05:39 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДИДОРИ ФИРИСТОДАИ РАҲБАРИ ЧИН БО РАҲМОН

Аз оғози даврони истиқлоли Тоҷикистон то ба ҳол табодули коло миёни ин кишвар ва Чин 600 баробар афзоиш ёфтааст, ки дар муқоиса бо кишварҳои дигар беназир аст. Дар ин бора Чэн Чжили, фиристодаи вижаи раҳбари Чин ва муъовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси ин кишвар, рӯзи панҷшанбеи 12 январ, пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар кард.

mulokotБа гуфтаи вай, агар дар соли 1992, замони барқарории муносиботи диплумотик миёни Тоҷикистон ва Чин табодули коло миёни ин ду кишвар 8,9 милюн дулор буд, ин рақам дар 11 моҳи соли гузашта ба 1 милёрду 800 милюн дулор расидааст. Ин дар ҳолест, ки манобеъи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва Чин дар соли гузаштаи милодиро болиғ ба 615 милюн дулор арзёбӣ карданд.

Аскар Нуралиев, раиси бахши омӯзиши бозори ин вазорат, фарқи ин арқомро ба тафовут дар гузоришҳои гумрукии ду кишвар марбут хонд ва гуфт, ки дар низоми гумрукии Тоҷикистон 6 тарзи ҳисобкунии арзишҳои гумрукии колоҳо мавҷуд аст, ки бо ҷониби Чин тафовут дорад.

Дигар аз кишварҳое, ки бо Тоҷикистон табодули колои ҳангуфте дорад, Русия маҳсуб мешавад. Дар канори табодули коло муҳоҷирони тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон ҳамасола ба миқдори беш аз 2 милёрд дулор пул ворид мегардад. Аз сӯйи дигар, Чин аз бузургтарин кишварҳои вомдиҳанда ба Тоҷикистон маҳсуб шуда ва тибқи иттилоъи Вазорати молияи Тоҷикистон, вомҳои “Эксимбонк”-и Чин ба ин кишвар 800 милюн дулори омрикоиро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо вомҳои Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ду баробар бештар аст.

Аз ҷумла, дар соли гузашта “Эксимбонк” барои иҷрои тарҳи бунёди зеристгоҳи “Суғд-500” 28 милюн дулор ва барои тармим ва бозсозии роҳи утумубилрави “Душанбе-Данғара” 192 милюн дулор ихтисос дода буд. Зимнан, мизони вомҳои Тоҷикистон дар соли гузашта 8 дар сад афзоиш ёфта ва то 1 октябр ба 2 милёрду 100 милюн дулор расидааст, ки муъодили 33,4 дар сади маҷмӯъи маҳсулоти нохолиси миллии ин кишвар аст.

Хонуми Чжили гуфт, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Чин дар бахшҳои илм, фарҳанг, фанноварӣ, маъориф ва расонаҳо низ дар ҳоли тавсеъа аст. Гуфта мешавад, то ҳол дар Тоҷикистон беш аз 50 ширкати чинӣ фаъъолият доранд ва дар зарфи даҳ соли ахир ин кишвар дар заминаи роҳсозӣ, энержӣ ва тиҷорат ба Тоҷикистон сармояи ҳангуфте ворид кардааст.

Намояндаи раҳбари Чин гуфт, ки ҳоло миёни Тоҷикистон ва Чин ҳеч гуна ихтилофи назар ё масоили мавриди баҳс вуҷуд надорад. Ду сол қабл, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон низ, ба ҳангоми баррасӣ ва тасвиби созишномаи Тоҷикистон ва Чин дар масоили марзӣ гуфта буд, ки бо имзои ин санад ҳама гуна масоили мавриди баҳс миёни ин ду кишвар аз миён рафтааст.

Пас аз имзои ин санад ҳудуди 1142 килуметри мураббаъ аз хоки мавриди баҳси ду кишвар дар ихтиёри Чин гузошта шуд. Дар масоили сиёсӣ мақомоти Тоҷикистон мукарраран аз мавзеъи Чин дар масоили минтақа ва ҷаҳон пуштибонӣ кардаанд ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидор бо хонуми Чжилӣ гуфтааст: "Мавқеъи Тоҷикистон доир ба ягонагӣ ва якпорчагии кишвари ҳамсоя бо принсипи "Чини Ягона" устувору тағйирнопазир аст."

Чин дар қиболи тамомияти арзиаш ва талошҳои ҷудоихоҳонаи уйғурҳо ва тибетиҳо ҳассос буда ва ҳама гуна тазоҳуроту эътирозоти сокинони бумии ноҳияи мухтори Шинҷон ё Уйғуристон ва Тибетро зуҳуроти теруристӣ ва бунёдгароӣ талаққӣ намуда ва саркӯб кардааст.

Дар ҳамин ҳол, дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддон, дарёфти вомҳои зиёд аз Чинро навъе хатар барои амнияти иқтисодии Тоҷикистон арзёбӣ карда ва гуфт, ки мумкин аст Тоҷикистон дар пардохти бамавқеъи ин бидеҳиҳо бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ шавад.

Аз ҷумла, ба гуфтаи дуктур Умаров, роҳи утумубилрави Душанбе-Хуҷанд бо воми бонкҳои Чин бунёд шуда ва ширкати машкуки "Инновейтив Роудз Солюшенз" аз пулҳои ҷамъоваришуда дар ин роҳ на барои пардохти ин бидеҳӣ истифода мекунад, балки онҳоро ба минтақае офшорӣ интиқол медиҳад.

Коршиносон аз тавсеъаталабии иқтисодии Чин дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва мегӯянд, ки ин кишвар тавассути ворид кардани сармояи зиёд ба бахшҳои роҳсозӣ ва энержии Тоҷикистон ва ширкати мутахассисону коргарони чинӣ дар тарҳҳо барои афзоиши нуфуз ва ҳузури бештари худ дар Тоҷикистон талош мекунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi