21:42:45 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

“БОЗГАШТ МУБОРАК!” Ё “БИДУНИ ШАРҲ”?

Дар Тоҷикистон бозгашти генералҳо ба мансаб пас аз барканорӣ ё истеъфо одатан кам иттифоқ меафтад ва намунаи Абдураҳимов низ як истисност.

Abdurahimov10-уми январ бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Хайриддин Абдураҳимов раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар таъйин шуд. Ин фармонро Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо кард. Касе, ки 2-юми сентябри соли 2010 фармони барканории ӯро аз мақоми раиси собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ имзо карда буд.

ҚАЗИЯИ БАРКАНОРИИ АБДУРАҲИМОВ

Генерал Абдураҳимов даҳ рӯз пас аз фирори бемисли 25 маҳбус аз боздоштгоҳи ниҳоди зери сарварии ӯ, ки сару садои зиёдеро ба вуҷуд овард, ҳамроҳ бо се муовинаш аз мақом барканор шуданд. Генерали бознишаста Абдуллоҳ Ҳабибов он вақт дар гуфтугӯ бо мо барканории Абдураҳимовро баҳои раҳбарони давлат ба қазияи фирори маҳбусон ва иқдоме дуруст шуморид: “Чунки ин ашхос аз ӯҳдаи кор набаромаданд ва бо амале, ки ҷой дорад, ба обрӯву эътибори давлати Тоҷикистон хеле халалдор шуд, паст рафт.”

Таҳлилгарони дигар низ он вақт ин истеъфоро “посухи дуруст ба воқеа” номида буданд. Аз он замон то январи соли 2012 ҷаноби Абдураҳимов ба ҳеҷ яке  аз ниҳодҳои давлатӣ ҷалб нашуд ва мисле ки  ҳодисаи фирори маҳбусон аз зиндони зери назорати ӯ дигар болои «карйера»-и нуқта гузошт.

Дар ин тақрибан ҳеҷ кас бовар надошт, ки генерал Абдураҳимов рӯзе ба курсии давлатӣ хоҳад баргашт. Вале акнун раиси ҷумҳурӣ дубора масъулияти яке аз ниҳодҳои ниманизомии ин кишварро ба дӯши ӯ гузошт. Ва ҳамакнун саволи матраҳ ин аст ки чаро нафареро, ки дар замони раёсати ӯ як чунин иштибоҳи сангин рух дод, такроран ба мақоми раҳбарӣ таъйин карданд.

“БОЗГАШТ МУБОРАК!” Ё “БИДУНИ ШАРҲ”?

Масъулони ниҳодҳои қудратии кишвар, ҳамкорони собиқи ҷаноби Абдураҳимов ва ҳатто бознишастагоне, ки ӯро хуб мешиносанд аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ намуданд. Як нафари онҳо, ки муддати дароз бо генерал Абдураҳимов ҳамкорӣ кардааст, мегӯяд, назари ӯ дар мавриди ин таъинот «каме дигартар» аст ва нафари дигари ворид дар умури амниятию интизомии кишвар гуфт, «ин як мақомест, ки мебоист, ҳадди ақал як муҳандис» онро ишғол мекард.

​​Вале Комёб Ҷалилов, таҳлилгар аз Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва сарҳанги мустаъфии мақомоти амниятӣ, гуфт, то ҷое огоҳ аст, як комиссияи вижа фаъолияти Хайриддин Абдураҳимов ва ҳамчунин ҳодисаи  фирори зиндониёнро бозрасӣ карда, кадом камбуд ва нуқсеро дар кори ӯ пайдо накард ва ин боис шуд, ки ӯ дубора барои кор дар ҳукумат  ҷалб шавад:

«Баъди ҳодисаи фирори зиндониҳо дар расонаҳо ҳарфу хабари зиёд нашр шуд. Ин ҳодисаро додгоҳ баррасӣ карда, ҷавобгаронро ба ҷазо кашид. Вале як комиссияи махсус ҳамин ҳодисаро таҳқиқ кард. Ягон асос наёфтанд, он чизе, ки мегуфтанд тасдиқ нашуд. Гӯё кадом камбуди маблағ низ гуфта мешуд, ки он ҳам беасос баромад.»

МУТАХАССИСИ БЕҲАМТО Ё ПАЙВАНДҲОИ МАХСУС?

Генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимов дастпарвари Донишкадаи омӯзгории Душанбе ва Мактаби олии КГБ-и СССР-ро аст. Вай дар соли 1999 ба ҷойи Сайидамир Зуҳуров, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъйин шуда ва дар моҳи сентябри соли 2010 аз ин мақом барканор гашт. Ӯ дар ниҳодҳои амниятӣ фаъолиятро аз корманди одии шӯъбаи ҷустуҷӯи фаврӣ шурӯъ карда, то сардори раёсати ин ниҳод дар вилояти Хатлон “сабзид”.

Давраи раҳбарии ӯ ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ин ниҳод чанде аз фармондеҳони ҷангҳои дохилӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла Раҳмон Сангинов, Мансур Муаккалов, Ғаффор Мизоев, Ёқуб Салимов ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ё кушта ва ё ба зиндон кашонида шуданд. Амалиёти ҳарбии зидди гурӯҳи Сӯҳроб Лангариев дар Кӯлоб ва тарафдорони Мирзо Зиёеву худи ӯ дар шарқи Тоҷикистон низ замоне иттифоқ афтод, ки ҷаноби Абдураҳимов раёсати Кумитаи амниятро бар дӯш дошт. Ҳарчанд ниҳодҳои умури дохилӣ масъули ин амалиёт дониста мешаванд, онҳо ғолибан иҷрокунандаи тарҳҳое буданд, ки кумита омода кардааст. Дар ҳамаи ин ҳолатҳо генерал Абдураҳимов фаъолияти ин ниҳодро ба унвони як нафар низомии ҳирфаӣ ва содиқ пеш бурда, роҳбарияти кишварро аз кори худ қонеъ кардааст.

​​Аз ин ҷост, ки Султони Ҳамад, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, Хайриддин Абдураҳимов як низомии касбӣ аст ва ҷаноби раиси ҷумҳурӣ дар шароити феълӣ ба чунин афрод, ки эътимоду бовар дорад, такя мекунад. Ва сабаби ҷалби дубораи ӯ ҳам дар ин аст ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як ниҳоди низомӣ низ ба шумор меравад: «Аввал ин ки ӯ як низомии ҳирфаӣ яъне «кадровий военний». Чизи дигар ин эътимод аст. Дар чунин як давраи нозуки байналмилалӣ, ки чандон рӯшан нест, мушкилот дорем ҳам бо ҳамсояи наздикамон, ҳам печидагие дорем бо Русия, дар чунин як вазъият роҳбари давлат кӯшиш мекунад, ки дар паҳлуяш нафароне бошанд, ки такя кунад.»

Аммо бархе дигар аз коршиносон бар инанд, ки омили маҳал, садоқати шахсӣ ва хешутаборӣ барои бозгашти Хайриддин Абдураҳимов ба ҳайати ҳукумат нақш бозидааст. Амруллоҳи Собир, коршиноси масоили амниятӣ мегӯяд, ҳоло мутахассисони ҷавон, ки битавонанд, ин идораро беҳтар роҳбарӣ кунанд, кам нестанд ва баъзе аз онҳо ҳатто ин риштаро ба таври ҳирфаӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ хондаанд, дар ҳоле, ки Абдураҳимов мутахассиси умури изтирорӣ нест. «Ин танҳо ба маҳал, хешутаборчигӣ ва дар дасти як гурӯҳ қарор доштани ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазифаҳо марбут аст. Ҳоло мутахассисҳое ҳастанд, ки  дар Русия, Чин ва Амрико хонда омадаанд ва нафарони баландихтисосе ҳастанд, ки аз ин вазифаҳо канор мемонанд.»

ҲУҚУҚ ВА ОДАТИ РАИСИҶУМҲУР

Онҳое, ки шебу фарози тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистонро дунбол мекунанд, дар наздик ба ду даҳаи охир шоҳиди бархе аз “қонунмандиҳо” шудаанд. Яке аз онҳо ин аст, ки шахси барканоршуда, сарфи назар аз бузургӣ ё хурдии иштибоҳу камбудиҳояш, агар давраи “бадарға” ё барканориро бо садоқат ба раҳбар ё ақаллан, сукут паси сар кунад, мумкин аст, дубора ба долонҳои ҳукумат баргардад. Агар ин шахс дар вақти кораш ба раисиҷумҳур хуш омада бошад ё хидмати хотирмон карда бошад, шансҳояш дучанд хоҳанд буд.

Як намуна, раиси ширкати “Барқи Тоҷик” Шарифхон Самиев аст, ки бо вуҷуди сарзанишҳои сахти раисиҷумҳур ва барканории пурсарусадояш раҳбари нерӯгоҳи “Норак” ва баъдан шаҳрдори Қӯрғонтеппа таъйин шуд. ​​Таъйиноти дубораро баъзе аз коршиносон ба нафарони озмудашуда ва қобили эътимод будани онҳо марбут медонанд. Коршинос Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, Абдураҳимов низ яке аз чунин нафарҳост, ки раиси ҷумҳурӣ ба садоқати ӯ итминон дорад.

Гузашта аз ин ӯ узви тими президент ба шумор меравад ва дар ин муддате, ки ӯ аз вазифа барканор шуд як навъ танбеҳ ҳам гирифт, ин ҷазоро хомӯшона пазируфт ва ҳеҷ нороҳатие ҳам нишон надод: «Ҳангоми фирори маҳбусон ҷазо гирифт, вале азбаски одами гурӯҳ буд, ӯро баргардониданд.»

Дар робита ба таъйиноту барканориҳои охир дар ҳайати ҳукумат бархе аз нашрияҳои Тоҷикистон як сухани машҳури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шудаанд, ки гуфта буд, “дигар кадр намонд”. Вале бархе аз коршиносон бар инанд, ки такия ба кадрҳои озмудашуда мумкин аст, барномаи соли 2013, соли интихоботи президентиро низ дар назар дошта бошад.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi