13:08:29 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

КӢ ВА ЧАРО БА ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛО КОРД ЗАДААСТ?

 

Дар робита ба ҳамлаи хушунатбор ба Додоҷони Атовулло фарзияҳои гуногун баён мешаванд. Полиси Русия як нафарро, ки дасташ хунолуд будааст, бо гумони ҳамла ба Додоҷони Атовулло боздошт кард, аммо ба зудӣ рабт надоштани ӯро ба ин ҳамла муайян ва ӯро раҳо намуд.

Додочони АтовуллоХабаргузории "Интерфакс" ба нақл аз сухангӯи полиси Маскав гуфт, сабти камераҳои дидбонӣ нишон доданд, ки ин ҷавон гуноҳ надорад. Дар ҳоли ҳозир полис гумонбаршудаи дигаре надорад. Он наворҳои видеоиро баррасӣ ва Додоҷони Атовуллоро пас аз беҳбуди вазъаш бозпурсӣ хоҳад кард.

Доро Забеҳов, язнаи Додоҷони Атовулло, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Вай ҳамеша зери фишор ва таъқиб буд. Ҳатто пас аз тарки Тоҷикистон ҳам ӯро таъқиб мекарданд. Ӯро ҳамеша таҳдид мекарданд, аммо намехост, дар ин бора ҳарф занад. Вай намегуфт, душманонаш кистанд ва ман ҳоло наметавонам, тахмин занам."

МУХОЛИФИ ОШТИНОПАЗИРИ РАҲМОН

Додоҷони Атовулло моҳи декабри соли 1992 Тоҷикистонро тарк кард. Сар аз он вақт асосан дар Маскав мезист, аммо як солро ҳам дар Олмон сипарӣ кардааст. Дар ҳамаи ин муддат вай ҳамчун журналист фаъол буд ва мақомоти Тоҷикистонро таҳти танқид қарор медод. Бори охир ӯ дар соли 2004 ба Тоҷикистон сафар кард, аммо пас аз се рӯзаш зимни таҳдидҳои ҳабс ба Маскав баргашт. Вай бунёдгузор ва сардабири нашрияи "Чароғ рӯз", нахустин нашрияи хусусӣ ва мустақили Тоҷикистон аст, ки ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон назари танқидӣ дорад.

​​Даниил Кислов, сардабири Ferghana.Ru - торнамои мустақили Осиёи Марказӣ, ки дар Маскав марказ дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, паногоҳи амни Атовулло дар Маскав муддатҳои зиёде буд, ки ҳукумати Тоҷикистонро нороҳат мекард. "Додоҷон Атовуллоев ба дигарандеше табдил ёфт, ки режимро дар Тоҷикистон нороҳат мекард. Вай ба яке аз душманони оштинопазири иттилоотии Раҳмон табдил ёфт."

Ахиран, Додоҷони Атовулло аз бӯҳрони байни Русия ва Тоҷикистон сари қазияи халабонҳои маҳбус низ истифода кард. Вай нахустин касе буд, ки гуфт, ҳабси халабонҳо ба талошҳои озодии писари яке аз хешони раисиҷумҳур аз маҳбаси Русия рабт дорад. Бӯҳрони шадиди байни ду кишвар сабаби он шуд, ки садҳо муҳоҷири тоҷик дар моҳи ноябр дар Русия боздошт ва бахше аз онҳо аз Русия ихроҷ шаванд. Тоҷикистон дертар ҷазои халабонҳоро коҳиш дод ва онҳоро озод кард. Охири моҳи декабр писари мансабдори тоҷик низ бо ҳукми додгоҳи Русия "сафед" шуд ва ба Тоҷикистон баргашт.

Пеш аз ин қазия Тоҷикистон борҳо аз Русия истирдоди Додоҷони Атовуллоро дархост кардааст. Зимни баёнияҳои додситонҳои тоҷик ва таъсиси ҷунбиши мухолифи "Ватандор" дар соли 2007 вай, ки дар солҳои 1980 бо мақолаҳояш дар "Комсомоли Тоҷикистон" "ояндаи журналистикаи тоҷик" унвон шуда буд, ба як симои намоёни сиёсӣ табдил ёфт.

ТАЛАБҲОИ ТАҲҚИҚИ КОМИЛИ ҲАМЛА

​​Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро маҳкум кард ва умедвори ҳарчӣ зудтар ошкор шудани омилони ин сӯиқасд шуд. Сухангӯи ин вазорат Давлат Назриев ба ИТАР-ТАСС гуфт, дар Душанбе шеваҳои муҷозоти худсаронаро қатъиян қабул надоранд.

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), Медия Алянси Тоҷикистон (МАТ), Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон (АФРӮЗ) ҳамла ба журналисти тоҷик Додоҷони Атовуллоро қатъиян маҳкум карданд ва аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия хостаанд, воқеа ба таври дақиқ пажӯҳиш шавад.

Созмони байнулмиллалии "Хабарнигорони бидуни марз" гуфт, аз хабари ҳамлаи хушунатбор ба Додоҷони Атовулло "такон хӯрдааст". Ин ниҳод хостааст, дар таҳқиқи ин воқеа "бояд ҳамаи ҷанбаъҳо, аз ҷумла фаъолияти ҳирфаии журналисти саршиноси мухолиф ба таври ҷиддӣ баррасӣ шаванд. Додоҷон Атовуллоев як симоест, ки бо мавзеъгирии хеле интиқодияш нисбати ҳукумати Тоҷикистон шинохта шуда, таҳдидҳои ҷиддӣ сабаб гашта буд, ки Олмон ба ӯ паноҳандагии сиёсӣ диҳад. Фаъолиятҳои сиёсии ӯ дар ҷунбиши "Ватандор" низ барояш душмани зиёде эҷод кардаанд."

Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон дар изҳороти худ ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро "сӯиқасд ба озодии баён ва ҳуқуқи инсон" номида, аз мақомоти марбутаи Русия хостори "таҳқиқи сареи ин қазия, ошкор кардани иҷрокунанда ва фармоишгари ин сӯиқасд" хостааст.

Дар ин баёния гуфта мешавад: "Интизор дорем, ки мақомоти Тоҷикистон низ дар амри ҳимоят аз шаҳрванди худ, ошкор кардани омилони ин ҷиноят аз тамоми имконоти ихтиёрашон кор хоҳанд гирифт. Зеро ин сӯиқасд ба ҷони як журналисти маъруф ва шинохта ба обрӯ ва эътибори ҳар ду кишвар соя меафканад."

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон дар изҳороти муштараки худ гуфтаанд, солҳои охир Додоҷони Атовулло худро ҳамчун сиёсатмадори мухолиф муаррифӣ мекард. "Ҳанӯз рӯшан нест, ки ҳамла ба ӯ ба фаъолияти ҳирфаияш ҳамчун журналист бастагӣ дорад ё не, бо вуҷуди ин тасфияи ҳисоб бо мухолифон ба чунин шева амали ҷиноист ва бояд тибқи тамоми сахтии қонун муҷозот шавад."

Ҳомиёни ҳуқуқи башар, корбарони шабакаи Фейсбук, сиёсатмадорон ва коршиносон низ ин ҳамларо маҳкум кардаанд.

ДУ НАЗАРИ ХИЛОФИ ҲАМ

Шореҳи нашрияи "Время новостей" Аркадий Дубнов мегӯяд, мутмаин аст, ки ҳамла ба Додоҷони Атовулло фармоишӣ буда, ба эҳтимоли зиёд аз Тоҷикистон маншаъ гирифтааст. Ҷаноби Дубнов ба хабаргузори "Азия-Плюс" гуфтааст, вай охирин касе буд, ки пеш аз ҷарроҳӣ бо ҷабрдида ҳамсӯҳбат шуд. "Вай ба ман ҳамин қадар гуфта тавонист, ки шабонарӯзи охир ӯро дар ҳама ҷо таъқиб мекарданд, ҳамшеа занг мезаданд ва мехостанд, мулоқот кунанд. Ин ягона чизе буд, ки вай ба ман гуфта тавонист, пизишкон нагузоштанд, беш аз ин чизе гӯяд," - гуфтааст Дубнов.

Бархе аз манобеи хабарӣ ва таҳлилгарон ин ҳамларо як авбошӣ ё тасодуф номидаанд. Онҳо мегӯянд, хадамоти ҷосусӣ ё қотилони ҳирфаӣ чунин амал намекунанд. Аммо нашрияҳои Русия ба нақл аз манобеи полис менависанд, ҳамлавар баъд аз задани корд онро ба боло, ба самти дил кашидааст, ки ба гуфтаи онҳо хоси қотилони касбист.

​​Вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Сӯҳроб Шарипов ба Додоҷони Атовулло шифои зуд хост ва гуфт, ӯиқасд ба журналистон пасттарин кор аст ва дар фарҳанги башарӣ ғайри қобили қабул мебошад". Вай ақидаи бархе аз коршиносонро, ки гуфтаанд, ин ҳамла аз Тоҷикистон сарчашма мегирад, рад кард ва афзуд: "фикр мекунам, ин агар бошад, эҳтимол бозиҳои сиёсии структураҳои ҷосусии худи Русия аст. Ин давоми ҳамон бӯҳронҳои равобити Тоҷикистону Русия аст. Агар ин гуна бошад, хеле боиси таассуф аст."

Ҷаноби Шарипов ҳамчунин эҳтимоли заминаҳои маишӣ ё бизнесии ин воқеаро рад накард, аммо гуфт, бино бар мавзеъгири тунд ва интиқодии Атовулло нисбати раҳбарияти Тоҷикистон таҳлилгарон суиқасдро ангезаи сиёсӣ додаанд. Вале, гуфт Сӯҳроб Шарипов, Атовулло ҳамчун мухолиф ба ҳаёти сиёсии Тоҷикистон таъсир надорад ва ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз ба мухолифони аз ӯ қавитараш низ дар хориҷи кишвар сӯиқасд накардааст ва ҳамеша бо роҳҳои сиёсӣ ба онҳо посух дода, ё аз роҳҳои қонунӣ боздошт ва истирдоди онҳоро дархост кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi